00:37:28 15-уми Июни 2026 сол
ШАҲРДОРИ КӮЛОБ: БАРОИ МАҲБУСОНИ АФВШУДА КОР ПАЙДО КУНЕД 01.10.2011 14:28 1553
Ҳамид Абдуллоев, шаҳрдори Кӯлоб ба роҳбарони ҳамаи ниҳодҳо ва муассисаҳои шаҳр супориш додааст, то маҳбусонеро, ки дар пайи иҷрои қонуни афв озод шудаанд, вобаста ба тахассусашон ба кор бигиранд. Дар ин супориш омадааст, он идда аз зиндониёни афвшуда, ки тахассус надоранд, бояд то вуҷуди имкон “дар сохторҳои мувофиқ ба кор ....
РАШИД РАҲИМОВ АЗ ВАЗИФААШ ИСТЕЪФО ДОД 30.09.2011 14:17 1885
Рашид Раҳимов, собиқ бозигари “Помир”-и Душанбе, аз вазифаи сармураббии дастаи “Амкар”-и Перм истеъфо дод. Раҳбарони бошгоҳи “Перм” истеъфои Рашид Раҳимови 46-соларо пазируфтанд ва қарордод миёни ҳарду ҷониб лағв гардид.
ПИРӮЗИИ СЕ МУШТЗАНИ ТОҶИК ДАР ДАВРИ АВВАЛИ САБҚАТИ ҶАҲОНӢ 30.09.2011 14:15 1778
Дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси ҷаҳон, ки дар шаҳри Боку ҷараён дорад, боз ду варзишгари тоҷик дар даври аввал пирӯзӣ ба даст оварданд ва ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд. Диловаршоҳ Абдураҳмонов дар вазни то 81 кило дар раунди аввал бо бартарии комил бар рақибаш Стойман Дмитрови булғор дастболо шуд.
МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН БО ДАБИРИ КУЛЛИ СММ 27.09.2011 21:18 1569
26 сентябри соли 2011 дар Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун мулоқот анҷом дод.
МУЛОҚОТИ Ҳ.ЗАРИФӢ БО МУОВИНИ ДАБИРИ КУЛЛИ СММ, МУДИРИ БАРНОМАИ РУШДИ СММ 27.09.2011 21:16 1516
26 сентябри соли 2011 дар Ню-Йорк мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо муовини Дабири кулли СММ, Мудири Барномаи рушди СММ Ҳелен Кларк баргузор гардид.
МЕДВЕДЕВ БА КУДРИН ТО ИМРӮЗ ФУРСАТ ДОД, КИ БО Ӯ МОНДА Ё ИСТЕЪФО РАВАД 26.09.2011 20:04 1725
Президенти Русия Дмитрий Медведев имрӯз ба Алексей Кудрин то охири рӯз фурсат дод, ки аз иҷрои масъулиятҳои таъйини сиёсати иқтисодии Кремлин канор рафтан мехоҳад ё на.
ПУТИН ПЕШНИҲОДИ НОМЗАДӢ БА ПРЕЗИДЕНТИРО ПАЗИРУФТ 24.09.2011 19:06 1417
Владимир Путин, сарвазири Русия пешниҳоди анҷумани ҳизби ҳокими “Русияи воҳид”-ро барои номзадии ӯ ба мақоми раёсатҷумҳурии Русия пазируфт:
МЕДВЕДЕВ ГУФТ, ИН НАВБАТ ПУТИН ПРЕЗИДЕНТ МЕШАВАД 24.09.2011 19:05 1367
Раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев имрӯз гуфт, бояд Владимир Путин раисиҷумҳури ояндаи кишвараш шавад.
ЗАРИФӢ ИҶРОИ ТАРҲҲОИ МИНТАҚАИИ ЭНЕРЖИРО ПЕШНИҲОД КАРД 24.09.2011 19:05 1461
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Ҳамроҳхон Зарифӣ дар ҷаласаи вазирони умури берунаи ҷомеаи “Роҳи нави арбешим” дар Ню Йорк ширкат кард.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ҚАТЛИ РАББОНИРО МАҲКУМ КАРДААСТ 21.09.2011 21:53 1581
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Абдуғафур Орзу Ахтармуҳаммадро ба ҳузур пазируфт.
УСТОД РАББОНӢ ДАР ЯК ҲАМЛАИ ИНТИҲОРӢ КУШТА ШУД 20.09.2011 20:24 2350
Устод Бурҳониддин Раббонӣ, раиси Шӯрои Олии сулҳи Афғонистон ва раиси ҷумҳури собиқи ин кишвар бар асари як ҳамлаи интиҳорӣ дар манзили зисташ дар минтақаи Вазир Акбархони шаҳри Кобул ба шаҳодат расид.
МАҲФИЛИ ЁДБУДИ ШАҲИД АҲМАДШОҲИ МАСЪУД 20.09.2011 09:29 1834
Шоми 19.09.2011 бо ибтикори «Бунёди баналмилалии Масъуди шаҳид» ва «Анҷумани «Пайванд»-и  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тарабхонаи «Роҳат»-и пойтахт маҳфили ёдбуди шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд  таҳти унвони «Масъуд устурае дар таърихи раҳоии ...
ОҒОЗИ РАЗМОИШИ НЕРӮҲОИ СОЗМОНИ ПАЙМОНИ АМНИЯТИ ДАСТАҶАМЪӢ 19.09.2011 22:09 1368
Нерӯҳои зудамали Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ барои бартараф кардани ҳар гуна хатари дохиливу хориҷӣ дар кишварҳои узв омода ҳастанд.
ЗАВОҲИРӢ: БАҲОРИ АРАБӢ ЗАРБАИ САХТЕ БА АМРИКО БУД 19.09.2011 10:14 1645
Узви гурӯҳи террористии «Ал-Қоида», инқилобҳои кишварҳои арабиро сабаби тағйири арзёбиҳои Амрико ва зарбаи сахт бар ин кишвар донист.
ПРОФЕССОР ИБРОН ШАРИПОВ 80-СОЛА ШУД 17.09.2011 09:00 5405
Дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. М. Баҳовуддинови АИ ҶТ ба ифтихори 80-солагии зодрӯзи файласуфи маъруфи кишвар, доктори илмҳои фалсафа, профессор Иброн Шарипов ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.