23:16:39 14-уми Июни 2026 сол
САРНАВИШТИ НОМАЪЛУМИ САЙФУЛИСЛОМ, ПИСАРИ МУЪАММАР ҚАЗЗОФӢ 21.10.2011 18:45 1254
Сарнавишти Сайфулислом Қаззофӣ, писари Муъаммар Қаззофӣ, ки бисёре ӯро ҷонишини падараш медонистанд, ҳамчунон номаълум аст.
МУАММАР ҚАЗЗОФӢ КУШТА ШУДААСТ 20.10.2011 20:38 1355
Маҳмуд Ҷабраил, нахуствазири муваққати Либия гуфт, Муаммар Қаззофӣ, раҳбари суқуткардаи ин кишвар кушта шудааст. Ӯ дар ки раҳбари шӯрои миллии гузори Либия аст, дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Троблус, гуфт, “мо муддати тӯлонӣ мунтазири ин лаҳза будем“.
МУЛОҚОТИ ЛОРИҶОНӢ БО РАИСИ ПОРЛУМОНИ ТОҶИКИСТОН 20.10.2011 20:37 1520
Алии Лориҷонӣ, раиси порлумони Эрон, баъд аз зӯҳри имрӯз (20 октябр) ба манзури анҷоми як дидори дурӯзаи расмӣ вориди Тоҷикистон шуд. Дар нахустин рӯзи сафар ба Душанбе оқои Лориҷонӣ бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси порлумони Тоҷикистон, мулоқот карда ва масоили марбут ба ҳамкориҳои порлумонӣ ва равобити ду кишварро баррасӣ кардааст.
САФАРИ ҒАЙРИМУНТАЗИРАИ ҲИЛЛАРӢ КЛИНТОН БА КОБУЛ 20.10.2011 13:47 1241
Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико, дирӯз дар як сафари аз қабл эъломнашуда ба Кобул рафтааст. Сухангӯи сафорати Амрико дар Афғонистон мегӯяд, "Ҳилларӣ Клинтон сафари кӯтоҳе ба Кобул намуда ва қарор аст, бо Ҳомид Карзай мулоқот кунад."
ҲИЛЛАРӢ КЛИНТОН ИМРӮЗ ВОРИДИ ДУШАНБЕ ХОҲАД ШУД 20.10.2011 07:13 1048
Бино ба хабарҳо, қарор аст, имрӯз вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон вориди Душанбе шавад.
ҲУКМИ ЗИНДОНИ 9 ПАЙРАВИ ТАРИҚАТИ СӮФИЯ 20.10.2011 07:12 1205
Дар Қазоқистон 9 пайрави ҷараёни тасаввуфро маҳкум ба зиндон кардаанд. Додгоҳи Алма-Ато онҳоро дар ҷароиме, чун ифротгароии динӣ, боздошти ғайриқонунӣ ва тахрибе, ки аз табобати онҳо ба саломати мардум расидааст, муҷрим шинохт.
ПУТИН: НАВБАТИ ТОҶИКИСТОН БАЪДИ ҚИРҒИЗИСТОН АСТ 20.10.2011 07:11 1282
Сарвазири Русия Владимир Путин дирӯз дар нишасти ҳамтоёнаш аз кишварҳои шӯравии собиқ дар Санкт-Петербург  гуфт, дарҳои Иттиҳоди гумрукӣ ва Паҳнои воҳиди иқтисодӣ барои кишварҳои дигар низ боз аст, вале Тоҷикистон ба маҳзи надоштани марзи мустақим бо аъзои кунунии ин ду иттиҳод танҳо баъд аз Қирғизистон метавонад ба онҳо бипайвандад.
ҲАВОИ НИМААБРӢ ВА ДАР ХОРУҒ БОРОНИИ 20 ОКТЯБР 20.10.2011 07:10 1229
Ҳавошиносон барои имрӯз, 20 октябр, дар Тоҷикистон ҳавои нимаабрӣ ва дар Хоруғ ҳатто ҳамроҳ бо борони кӯтоҳмуддатро пешбинӣ мекунанд.
НИЗОМИ ИМТИҲОНИ ВОҲИД ДАР ДОНИШГОҲҲОИ ТОҶИКИСТОН 20.10.2011 07:09 1199
Тоҷикистон қасд дорад, то 3 соли оянда дар донишгоҳҳояш низоми имтиҳони воҳиди дохилшавиро ба роҳ андозад.
ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ МАВОДИ МУХАДДИР ҲАМБАСТАГӢ МЕБОЯД 20.10.2011 07:07 1029
18 октябри соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ бо ширкати  масъулини Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таҳти сарпарастии муовини вазири корҳои дохилии ин кишвар генерал - полковник Бозмуҳаммад Аҳмадӣ нишасти матбуотӣ баргузор шуд, ки дар он намояндагони васоити ахбори бурунмарзӣ ва ҷумҳурӣ иштирок доштанд.
ГУЗАРГОҲИ "КОКУЛ" АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНД 19.10.2011 20:57 1329
Гузаргоҳи «Кокул» воқеъ дар ноҳияи Фархор, ягона гузаргоҳи расмӣ, ки навоҳии минтақаи Кӯлобро бо Афғонистон мепайвандад, аз фаъолият бозмондааст. Ин наздиктарин гузаргоҳ барои кишоварзони минтақаи Кӯлоб буд, ки барои интиқоли маҳсулоти кишоварзии худ аз он истифода мекарданд.
БАРРАСИИ МАСОИЛИ ОБИИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР ДУШАНБЕ 19.10.2011 20:56 1155
Дар шаҳри Душанбе ҳамоише ҷиҳати баррасии масоили обии Осиёи Миёна оғоз ба кор кард. Дар ин ҳамоиши дурӯза, ки бо ибтикори ҳукумати Тоҷикистон ва СММ доир мешавад, роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин дигар сохторҳои байналмилалӣ ширкат мекунанд.
ҲИЛЛАРӢ КЛИНТОН БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯД 18.10.2011 19:50 1215
Вазири умури хориҷии Амрико дар доираи сафари минтақавии худ, рӯзи 20-уми октябр аз Тоҷикистон дидан хоҳад кард.
ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК – ҚАҲРАМОНИ ГӮШТИИ КАМАРБАНДИИ ҶАҲОН 18.10.2011 12:21 1227
Маҳмудҷон Миров, паҳлавони тоҷик қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи гуштии камарбандӣ гардид. Ин сабқати ҷаҳонӣ бо ширкати 160 гӯштигир аз 19 кишвар дар пойтахти Қирғизистон-шаҳри Бишкек баргузор шуд.
"БРИТАНИЯ АЗ ШАРИКОНИ МУҲИМИ ТОҶИКИСТОН ДАР АВРУПО АСТ" 18.10.2011 12:18 1213
Эмомалӣ Раҳмон Британияи Кабирро «аз шарикони муҳими Тоҷикистон дар Аврупо» хонд. Ин ҳарфи раиси ҷумҳури Тоҷикистон баъд аз зӯҳри рӯзи душанбе зимни мулоқоти ӯ бо Алан Данкан, Вазири давлатии Британияи Кабир оид ба рушди байналмилалӣ садо дод.