23:15:44 14-уми Июни 2026 сол
ХОҲИШМАНДОНИ ХИЗМАТ ДАР САФИ АРТИШ МЕАФЗОЯД 27.10.2011 20:30 1039
Аз даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ ҳамагӣ 25 рӯз сипарӣ шуда бошад ҳам, аллакай 49 – 50 фоизи нақшаи даъват таъмин гаштааст.
НОЗИЯ, МЕҲРНИГОР ВА ЗИКРУЛЛОҲ. ДАР “НЕБО СОДРУЖЕСТВА” 27.10.2011 13:52 1290
Ҷашнвораи “Небо содружества” бо иштироки овозхонҳои кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе баргузор хоҳад шуд. Олим Акрамов, раҳбари кулли ширкати “Базморо”, ки ташкили консертҳо ва сафарҳои ҳунариро бар дӯш дорад, ба хабаргузории “Азия-Плюс” гуфтааст, ки Тоҷикистонро дар ин ҷашнвора Нозияи Кароматуллоҳ, Меҳрнигори Рустам ва Зикруллоҳ Ҳакимов намояндагӣ мекунанд.
БОЗДОШТИ ГУРӮҲИ ҚОЧОҚБАРОНИ ӮЗБАК ДАР ТУРСУНЗОДА 26.10.2011 11:34 1218
Ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода, дар ғарби ин кишвар як гурӯҳи созмонёфтаи қочобари маводди мухаддир боздошт ва аз онҳо 233 килугромм маводди мухаддирро мусодира кардаанд. Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти Кумитаи амнияти миллии...
МАРШАЛ ФАҲИМ БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯД 25.10.2011 20:02 1337
Интизор меравад, рӯзи чаҳоршанбе Муҳаммадқасим Фаҳим, муовини аввали раисиҷумҳури Афғонистон вориди Душанбе шавад. Ин хабарро як манбаъ дар вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар сӯҳбат ба мо таъйид кард.
«ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН» БЕҲТАРИН БЛОГИ ТОҶИКӢ ДАР ШАБАКАИ ҶАҲОНИИ ИНТЕРНЕТ 25.10.2011 09:37 2958
Тибқи пажӯҳишҳои ахири «Яндекс» дар шабакаи ҷаҳонии Интернет бештар аз як миллион блог мавҷуд аст, ки бо ҳуруфи кириллӣ эҷод  шудаанд. Аксари блогнависон ба ҳайси платформа барои ба роҳ мондани минбари интернетии хеш хадамоти Wordpress-ро ...
КОРХОНАИ ПАНБАИ МАРБУТ БА ТӮРАҶОНЗОДА БА КОМИ ОТАШ РАФТ 24.10.2011 14:17 1308
Субҳи рӯзи 24-уми октябр дар корхонаи коркарди панбаи марбут ба Ҳочӣ Акбар Тӯраҷонзода, дар ноҳияи Ваҳдат оташсӯзии бузурге рух додааст. Гурӯҳи оташнишонӣ тавонистааст аз соати се то шаши субҳ оташро дар ин корхона хомӯш кунад, аммо бозрасон мегӯянд ...
“РУСТАМ ВА СӮҲРОБ” БА ТОШКАНД РАФТ 24.10.2011 14:16 1401
Театри русии ба номи Маяковскии шаҳри Душанбе барои ширкат дар Ҷашнвораи байналмилалии театрии "Theatre.UZ/2011"-и Ӯзбакистон озими шаҳри Тошканд шуд.
ДАР ТУРКИЯ ШУМОРАИ КУШТАШУДАГОНИ ЗИЛЗИЛА АЗ 200 ГУЗАШТ 24.10.2011 12:34 1116
Дар зилзилаи шарқи Туркия шумораи ҳалокшудагон ба бештар аз 200 нафар расидааст. Идрис Наим Шаҳим-вазири корҳои дохилӣ таъйид кард, ки шумораии кушташудагон дар шаҳраки Эрҷис ба 117 ва дар шаҳри Вон ба 100 нафар расидааст.
CӮХТОР ДАР КОРХОНАИ ПАХТАИ ҲОҶӢ АКБАР ТӮРАҶОНЗОДА 24.10.2011 12:29 1797
Як корхонаи пахта, воқеъ дар ноҳияи Ваҳдат, ки ба Ҳ.А.Тӯраҷонзода марбут аст, ба коми оташ рафтааст. Ин ҳодиса соати сеи шаби гузашта сурат гирифта, бар асари он ҳудуди 600 баста ё кипи 220-килоии пахта сӯхтааст. Кормандони интизомӣ дар аввалин вокуниш...
СӮХТОР ДАР БОЗОРИ ШАҲРИ ХОРУҒ 22.10.2011 16:15 2227
21-уми октябр соати 11- шаб дар бозори шаҳри Хоруғ сӯхтор ба амал омад. Ҳарчанд хадамоти оташнишонии шаҳр се адад мошини оташнищонӣ ва тамоми ҳайати идораро барои хомӯш кардани ин сӯхтор сафарбар карда бошад ҳам, вале ба онҳо танҳо соати 6-и субҳ муяссар шуд ...
ҲИЛЛАРӢ КЛИНТОН ВОРИДИ ДУШАНБЕ ШУД 21.10.2011 20:29 1134
Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико соати 8 шоми рӯзи ҷумъа вориди Душанбе-пойтахти Тоҷикистон шуд. Хонум Клинтонро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Ҳамроҳхон, Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон истиқбол кард.
САРНАВИШТИ НОМАЪЛУМИ САЙФУЛИСЛОМ, ПИСАРИ МУЪАММАР ҚАЗЗОФӢ 21.10.2011 18:45 1254
Сарнавишти Сайфулислом Қаззофӣ, писари Муъаммар Қаззофӣ, ки бисёре ӯро ҷонишини падараш медонистанд, ҳамчунон номаълум аст.
МУАММАР ҚАЗЗОФӢ КУШТА ШУДААСТ 20.10.2011 20:38 1355
Маҳмуд Ҷабраил, нахуствазири муваққати Либия гуфт, Муаммар Қаззофӣ, раҳбари суқуткардаи ин кишвар кушта шудааст. Ӯ дар ки раҳбари шӯрои миллии гузори Либия аст, дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Троблус, гуфт, “мо муддати тӯлонӣ мунтазири ин лаҳза будем“.
МУЛОҚОТИ ЛОРИҶОНӢ БО РАИСИ ПОРЛУМОНИ ТОҶИКИСТОН 20.10.2011 20:37 1520
Алии Лориҷонӣ, раиси порлумони Эрон, баъд аз зӯҳри имрӯз (20 октябр) ба манзури анҷоми як дидори дурӯзаи расмӣ вориди Тоҷикистон шуд. Дар нахустин рӯзи сафар ба Душанбе оқои Лориҷонӣ бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси порлумони Тоҷикистон, мулоқот карда ва масоили марбут ба ҳамкориҳои порлумонӣ ва равобити ду кишварро баррасӣ кардааст.
САФАРИ ҒАЙРИМУНТАЗИРАИ ҲИЛЛАРӢ КЛИНТОН БА КОБУЛ 20.10.2011 13:47 1241
Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико, дирӯз дар як сафари аз қабл эъломнашуда ба Кобул рафтааст. Сухангӯи сафорати Амрико дар Афғонистон мегӯяд, "Ҳилларӣ Клинтон сафари кӯтоҳе ба Кобул намуда ва қарор аст, бо Ҳомид Карзай мулоқот кунад."