01:34:17 09-уми Июни 2026 сол
Ифтитоҳи мактаб дар деҳаи Ҷилга 06.02.2015 07:44 1090
Намояндагони Сафорати ИМА ва раиси ноҳияи Шуробод Амирхон Икромзода дар маросими ифтитоҳи мактаби нав дар деҳаи Ҷилгаи ноҳияи Шурободи вилояти Хатлон иштирок доштанд.
Ҳадяи ИМА ба қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон 06.02.2015 07:41 1033
Бахши байналмилалии назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафорати ИМА (INL) ба Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хаймаҳои ҳарбӣ ва воситаи нақлиётро ҳадия намуд.
Яке аз авомили 11 сентябр шоҳзодагони Саъудиро муттаҳам кард 05.02.2015 20:55 1122
Закариё Мусавӣ, аз аъзои Алқоъида, ки дар иртибот бо ҳамалоти 11 сентябри 2001 дар Амрико зиндонӣ аст, иддаъо кардааст, ки баъзе аз аъзои Оли Саъуд ба таъмини будҷаи он ҳамалот кумак карда буданд.
"Давлати исломӣ" халабони урдуниро "зинда ба зинда сӯзондааст" 04.02.2015 22:33 1127
Гурӯҳи "Давлати исломӣ" бо пахши як видео иддао кардааст, халабони асири урдуниро зинда ба зинда сӯзондааст.
Покистон яке аз раҳбарони "Ансоруллоҳ"-ро ба Тоҷикистон дод 04.02.2015 22:32 985
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, Исломобод яке аз раҳбарони "Ҷамоати Ансоруллоҳ"-ро, ки аз ӯҚамариддин Аҳроров ном бурда мешавад, ба Душанбе таслим кардааст.
ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ: 2 вазир ва 5 раиси нав 03.02.2015 21:10 992
Бо фармонҳои нави раиси ҷумҳур, Неъматулло Ҳикматуллозода вазири рушди иқтисод ва савдо ва Шералӣ Ганҷалзода вазири нақлиёт таъин шуданд. Инчунин, раисони 5 ноҳияи кишвар иваз гардиданд.
Озодии Умаралӣ Қувватов ва 3 ҳамроҳи ӯ дар Туркия 03.02.2015 21:03 1038
УмаралӣҚувватов, раҳбари Гуруҳи 24, бо се ҳамроҳаш, ки дар нимаи дувуми моҳи декабри соли гузашта дар пайи шикояти фарди номаълуме дар Туркия боздошт шуда буд, аз "ҳабси хонагӣ" раҳо шуд.
Беҳзоди 13-сола - ҷавонтарин падар дар Эрон 03.02.2015 20:59 1029
Хабаргузории “Меҳр”-и Эрон рӯзи гузашта аксҳои як навҷавони 13-солаи эрониро ҳамроҳ бо писар ва хонумаш нашр кард ва Беҳзодро ҷавонтарин падар дар Эрон хонд.
Баҳси 200 000 ҷои кории нав дар ҷаласаи ҳукумат 31.01.2015 10:51 1157
Ҷаласаи навбатии ҳукумати Тоҷикистон баъд аз як ҳафтаи маҷлиси васеъ баргузор шуд, ки дар пайи он Шерхон Салимзода барканор гардида, ҷои худро дар ихтиёри Юсуф Раҳмонов гузошт.
Талоши салафиҳо ба узвият дар Ҳизби коммунисти Тоҷикистон 31.01.2015 10:40 1259
Шодӣ Шабдолов гуфт, то кунун чанд тан аз пайравони "Салафия" талоши шомил шудан ба ин ҳизбро кардаанд, вале ба онҳо иҷоза надодаанд, то аз минбари ҳизб ба манфиати худ истифода кунанд.
"Дасти рост"-и У.Қувватов ба Душанбе оварда шудааст 31.01.2015 10:39 1204
Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки Мақсуд Иброҳимов - раҳбари созмони ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон дар Русия ва яке аз ёрони УмаралӣҚувватов ҳоло дар боздоштгоҳе дар Душанбе қарор дорад.
Нигаронии Иттиҳодияи Байналмиллалии Ҳуқуқдонҳо аз маҳкумияти Қудратов 30.01.2015 07:49 999
Иттиҳодияи байналмиллалии ҳуқуқдонҳо аз ҳукми додгоҳи шаҳри Душанбе нисбат ба Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқдон ва муъовини раиси ҳизби мухолифи сусиол демукроти Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кардааст.
Душанбе: Хушбахтона, хабари ҳалокати 3 тоҷик дар Либия тасдиқ нашуд 30.01.2015 07:42 935
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, хушбахтона, хабари ҳалокати 3 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳамлаи мусаллаҳонаи рӯзи 27 январ ба як меҳмонхона дар пойтахти Либия тасдиқ нашуд.
Маҳфиле бахшида ба ёдбуди Суҳроб Шарифов 28.01.2015 08:26 980
Дар маҳфиле, ки дирӯз, 27.01.2015, бо ибтикори Бошгоҳи коршиносони масоили сиёсии Осиёи Марказӣ «Рушди АвруОсиё» бахшида ба ёдбуди сиёсатшиносу сиёсатмадор, собиқ раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ дар назди Президенти мамлакат, собиқ вакили Маҷлиси Намояндагони МОТ ...
Номзадии Шокирҷон Ҳакимов сабт нашуд 28.01.2015 07:21 999
Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, ҳарчанд ба тарафдорияш севуним ҳазор имзо ҷамъ овардаам, вале мақомот аз сабтиноми номзадии ӯ дар ҳавзаи рақами 19-и Конибодом худдорӣ кардаанд. Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ...