11:59:38 17-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Пурсишеву посухе


Суолоти худро аз тариқи пустаи электронии "Р
ӯзгор" Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ва ё телефонҳои 907-91-59-34, 934-26-00-43 метавонед ирсол кунед.

Инсон табиатан кунҷков аст. Мехоҳад чизҳои зиёдеро донад, ки алоқаманд ба зиндагии ӯст. Бахусус, дар бораи сиҳативу саломатӣ. Дар ин замоне, ки бемориҳои гуногун рӯ ба рушд меоранд, масоили тиббӣ беш аз ҳар вақти дигар инсонҳоро безобита мекунанд ва мехоҳанд хеле чизҳоеро донанд, то аз гирифторӣ ба бемориҳо ҷилавгирӣ намоянд. Ва на фақат дар бораи тибб. Аз олами фарҳанг, сиёсат, фалсафа, маориф, дин суолоти зиёде дар сармон чарх мезананд, ки мехоҳем посухҳои илмиву асоснок дошта бошем. Тоҷикистон чун кишвари соҳибистиқлол даҳҳо вазорату кумитаву муассисаҳои илмиву фарҳангӣ дорад, ки куллан аз фаъолияти онҳо мардум хабар надоранд.

home-milk4545

Магар зарурате нест, ки аз ин гуна фаъолиятҳо суол шавад ва посух дарёфт кунанд? Ин миллати куҳанбунёд садҳову ҳазорҳо нобиға ба тамаддуни башарӣ додааст. Магар ҷоиз нест дар бораи ҳар кадоми онҳо ва саҳмашон дар рушди тамаддуни башарӣ маълумоти мухтассар дошта бошад?

Тоҷикон дар ҳеҷ замоне ҷангҷӯву пархошгар набуданд, вале меҳандӯсту қаҳрамон буданд. Оё на вақти он аст, ки қаҳрамонони худро бишносанд ва онҳоро қадршиносӣ кунанд?

Мо ин гӯша, яъне "Пурсишеву посухе"-ро  ба ҳамин ният боз кардем, то минбари мову шумо, як воситаи иртиботи ҳамешагии "Рӯзгор" бо хонандагонаш бошад. Суолоти худро аз тариқи пустаи электронии "Рӯзгор" Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ва телефонҳои 907-91-59-34 ё 934-26-00-43 метавонед ирсол кунед.

Ҳоло дар ин бахш аз миёни суолоте, ки дар силсиланомаҳои расида омада буданд, ба ин се суол посух мегӯем ва умедворем бо ширкати хонандагон ин саҳифаи "Рӯзгор" аз серхонандатарин ва шавқовартарин саҳифаҳо хоҳад буд. Мо ба танҳоӣ коре наметавонем кунем, агар дастгирӣ ва номаҳои Шумо азизони хонанда набошад.

Магар истеъмоли шир ҳам зарар дорад?

Пештар дар бораи фоидаи истеъмоли шир ба организм зиёд менавиштанд ва ҳатто медонем, ки дар ин бора даҳҳо рисолаву мақолаи илмӣ низ нашр шудаанд. Вале вақтҳои охир гоҳу ногоҳ мо дар бораи зарари истеъмоли пайвастаи маҳсулоти ширӣ мақолаҳо мехонем.  Магар исбот шудааст, ки шир ҳам ба инсон зарар дорад?

 Муҳиддин Одинаев, сокини Бохтар

ӯзгор": Албатта, то ҳол касе дақиқан собит накардааст, ки истеъмоли шир бар замми он ки фоида дорад, боз зарар ҳам дошта метавонад. Мо суоли Шуморо ба касоне, ки саргарми пажуҳиши илмии истеъмоли шир ҳастанд, пешниҳод мекунем ва умедворем вақтҳои наздик посухи илмиро ҳам интишор медиҳем.

Ва ҳоло баъзе назарҳо дар ин заминаро истинодан ба маҷаллаи "Наш мир", чопи Маскав пешниҳод мекунем. Ин маҷалла ахиран навиштааст, ки истеъмоли аз меъёр зиёди шир ва маҳсулоти ширӣ, бино ба пажуҳиши олимон, гоҳо мушкилоте ба инсон меорад. Ва яке аз сабабҳои инро риоя нашудани талабот ба истеҳсоли шир медонанд.

Масалан, собит шудааст, ки аслан говҳо бояд дар як сол 180 рӯз ҷӯшида шаванд. Аммо ин талабот риоя намешавад ва корхонаҳои тавлиди шир барои афзудан ба маҳсулнокии говҳои ширдеҳ бо хӯрокиҳое таъмин месозанд, ки дар таркибашон гармонҳои мухталиф доранд. Ва собит ҳам шудааст, ки гармонҳо на ҳамеша фоидаоваранд ва дар аксар маврид муҷиби ба бемориҳои ғадуд печидани ҳайвонот мегарданд.

Ин пажуҳишҳо нишон додаанд, ки чун дар таркиби шири гов равған зиёд аст, метавонад сабабгори печидани истеъмолкунанда ба бемории атеросклероз барои одам гардад ва дар ниҳояти кор сактаи дил шудан ҳам эҳтимол дорад. Гуфта мешавад, ки дар як пиёла шир тақрибан 10 фоизи меъёри шабонарӯзии холостерин ҷойгир шудааст.

Аз сӯи дигар ин олимон бар ин назаранд, ки шир ҳам метавонистааст сабабгори ба вуҷуд омадани бемориҳои бодигармӣ (аллергия) гардад. Вале ин маънои онро надорад, ки инсон бояд даст аз истеъмоли шир бардорад. Пажуҳиш таъкид ба истеъмоли аз меъёр зиёд дорад. Ва дар ҳақиқат ҳар чиз як меъёри хоси истеъмол дорад, риоя нашудани он боиси мушкилот ба организм шуда метавонад.

Ва таъкид мекунем: ин бардошт аз мақолае буд, ки "Наш мир" чоп кардааст. Посухи олимони тоҷикро баъдан интишор хоҳем дод.

Тарси нашъамандшавии тифли бехоб дар оянда аз куҷост?

Писараки чормоҳа дорам ва хеле муддат аст, ки аз бехобӣ азият мекашад. Пайваста бо духтурон дар иртибот ҳастам. Вале шунидам, ки ин бехобӣ таъсири баде ба ояндаи тифл доштааст ва ҳатто мегӯянд боиси дар оянда ба нашъамандӣ барин одатҳои бад ҷалб шудани ӯ мешавад. Магар чунин бошад?

Моҳсафар, Қӯрғонтеппа

ӯзгор": Наметавон фикри қотеъ дар ин бора иброз дошт, аммо таҳқиқотҳое ахиран рӯи кор омадаанд, ки ишора ба таъсири манфии бехобии кӯдакона дар наврасӣ доранд.

Муҳаққиқони Донишгоҳи штати Мичигани ИМА муддати 10 сол 267 кӯдакро омӯхтаанд ва ба хулосае боло расидаанд. Дар аввали таҳқиқот аз волидони атфол дар бораи хоби онҳо дар тифлӣ суол кардаанд ва ҳар посухро дар парвандаи ӯ навиштаанд.  Дар 11- солагӣ ширкаткунандагони пурсиши таҳқиқотӣ аз зинаи дигари таҳқиқот гузаштаанд. Дар ин зина олимон аз рӯи як силсила тестҳои равонӣ атфолро пурсидаанд ва дар бораи интелект, таваҷҷӯҳ ва хотираи онҳо маълумот ҷамъ кардаанд. 

Ва билохира дар синни 14-солагӣ пурсиши охирин гузаронидаанд ва ин бор олимон кӯшидаанд аз тарзи ҳаёти онҳо маълумот дастрас кунанд. Ва чуноне пажуҳиш нишон додааст, наздик ба ҳар сеюмин шахси дар пурсиш иштироккарда дар гузашта мушкилот бо хоб доштааст. 

Ва маҳз аксарияти ҳамин кӯдакон майл ба нӯшокиҳои спиртӣ ва сигор кардаанд. 75 дар сади сигоркашон аз миёни ҳамсолони дар пурсиш иштироккарда бачаҳое буданд, ки дар тифлӣ ранҷи бехобӣ кашидаанд. Олимон дар ин бачаҳо мушкилот дар раванди таҳсилро низ ба мушоҳида гирифтаанд ва мегӯянд аксари онҳо рағбат ба дарсҳо надоштанд ва хотироташон низ дар қиёс ба дигарон заъф дошт.   

Аммо бо вуҷуди ин олимон ба хулосаи қатъӣ наомадаанд, ки воқеъият маҳз чунин аст. "Яқинан, вайроншавии низоми хоб, ки хоси тифлон аст, худ аз худ наметавонад сабаби сар задани мушкилот дар синни наврасӣ гардад, - мегӯяд дар шарҳи ин роҳбари таҳқиқот доктор Роберт Сукер.- Ман фикр мекунам, ки мо ба кадом як вайроншавии неврологие рӯ ба рӯ шудаем, ки нишони он бехобӣ чун майли равонӣ дар синну соли баъдӣ аст. Вале ҳоло ин ҳамагӣ як  тахмин аст ва на чизе аз ин беш".

Ва ба модари азиз, ки фарзандашон шояд ба бехобӣ рӯ ба рӯст, маслиҳат медиҳем, ки алҳол набояд ба ин андеша дода шаванд, ки агар тифл бехоб аст, пас вай чун нашъаманд ба воя мерасад. Ин гуна афкор комилан ғалат аст. Вале маслиҳат он аст, ки зуд пайи табобат шаванд, вагарна бехобӣ дар ҳамин синну сол ҳам метавонад мушкилоти равонӣ ва асабӣ ба бор орад.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi