05:56:22 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
30 31        

Пурсишеву посухе: Ордени "Дӯстӣ" ба Стеблин-Каменский: Кист ӯ?

Суолоти худро аз тариқи пустаи электронии "Рӯзгор" Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ва ё телефонҳои 907-91-59-34, 934-26-00-43 метавонед ирсол кунед.

Филмҳои сердаромад дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Салом кормандони ҳафтаномаи "Рӯзгор". Мутолиаи саҳифаи "Пурсишеву посухе" хушам омад. Ва зимнан ба ин суол хостам посух дарёфт кунам: Оё дар кишвари мо ниҳоде вуҷуд дорад, ки масрафот ё суду зиёни филмҳоро андоза кунад. Умуман оё метавонем дар бораи филмҳои сердаромад дар Тоҷикистон ва ҷаҳон маълумот пайдо кунем?

Соҳибназар Қувватов, ноҳияи Варзоб

kinomania-4654545Аслан таърихи филмсозии кишвари мо ёд надорад, ки ин ё он филмеро аз рӯи сертамошобин будану фоидаи бештар овардан арзёбӣ карда бошанд. Ин кор замоне имконпазир аст, ки саноати филмсозӣ рушд кунад ва синамо механизми қайди маъруфияти филмҳоро дарёбад. Дар Тоҷикистони имрӯза ин кор амалан номумкин аст, чун синамои кишвар дар ҳоли рушд нест, балки ҳоло роҳҳои наздик шудан ба офариниши филмҳои касбиву пурхаридору сертамошобин таҷриба мешавад. Агар шумо шумораҳои гузаштаи "Рӯзгор"-ро мутолиа карда бошед, мутахассисон ва  ҳунармандони касбӣ вазъи имрӯзаи филмсозӣ дар кишварро ба риштаи таҳлил кашида буданд. Ва хулоса ҳамин аст: ин вазъ беҳбудӣ мехоҳад.

Аммо дар таҷрибаи кишварҳои дигар, бахусус ИМА арзёбии филмҳои серхаридор ва сербинанда имкон дорад. Барои посух ба саволи шумо, чандин пойгоҳҳои интернетиро мурур кардем ва аз миён даҳ филми сербинанда ва сармояоварро зарфи 15 соли охир ҷудо намудем.

Аввалин филми сердаромади ҷаҳонӣ филми фантастикии амрикоӣ "Авотар" аст, ки аз ҷониби коргардони хеле машҳури ин кишвар Ҷеймс Кэмерон наворбардорӣ шудааст ва муаллифи сенария низ худи ӯст. Нахустнамоиши ҷаҳонии он 10 декабри соли 2009 дар Лондон баргузор шудаву аз 18 декабри ҳамон сол ба экрани калон роҳ ёфтааст. Ин филм 25 январи соли 2010 аллакай 1,8 миллиард доллар ҷамъ оварда буд.  "Авотар" аз сердаромадтарин филмҳои Кэмерон аст, ки ҳатто рекорди ҷаҳонии "Титаник"-ро ҳам гузашта буд. Масалан, агар "Титаник" дар 40 ҳафта 1,8 миллиард доллар ҷамъ оварда бошад, "Авотар" ин миқдорро дар 6 ҳафтаи аввал соҳиб шудааст. 

"Титаник" дуюмин филми сердаромади ҷаҳон аст, ки соли 1997 аз ҷониби Ҷеймс Кэмерон ба навор гирифта шуда буд. Он як лаҳзаи фоҷеабори таърихи башар-ба уқёнус ғарқ шудани бузургтарин киштии замон-"Титаник"-ро рӯи навор овардааст ва нақшҳои асосиро дар он Кейт Уинслет ва Лионардо ди Каприо бозиданд. Нахустнамоиши он 19 декабри соли 1997 дар ИМА баргузор шуд. "Титаник" дар таърихи филмсозии ҷаҳонӣ рекорди нав гузошт ва дар сар то сари олам 1,8 миллиард доллар ҷамъоварӣ намуд. Маъруфияти он муддати 12 сол, то замони рӯи кор омадани филми фантастикии "Авотар" боз ҳам дар таҳияи Кэмерон боқӣ монд. 

"Арбоби ҳалқаҳо: Бозгашти шоҳ" сеюмин филми сердаромади ҷаҳонист, ки соли 2003 ба навор гирифта шуда, қисмати хотимавии кинотрилогияи "Бозгашти шоҳ" мебошад. Дар кинопрокати ҷаҳонӣ 1,1 миллиард доллар ҷамъ овардааст ва аз ҷиҳати пуртамошобинӣ дар мақоми сеюм қарор дорад.

"Роҳзанони баҳри Кариб: Сандуқи мурда", ки дар он Ҷонн Депп, Орландо Блум ва Кира Найтли нақшҳои асосиро бозидаанд, бо ҷамъоварии бештар аз 1 миллиард доллар дар ҷои чорум қарор гирифтааст.

Ба дунболи ин "Таърихи бозичаҳо 3", филми компутарии мултипликатсионии студияи Pixar, ки нахустнамоиши он 17 июни соли 2010 баргузор шудааст, "Алиса дар кишвари Аҷоибот"-и Тим Бертон, "Ритсари торикӣ" - дуюмин наворбардории танзҳо оид ба Бэтмен, ки онро Кристофер Нолан якҷо бо Кристиан Бэйл ва Майкл Кейн таҳия кардаанд, низ бештар аз 1 миллиард долларӣҷамъоварӣ кардаанд. 

Филмҳои "Гарри Поттер ва санги фалсафӣ", ки аз ҷониби коргардони Крис Коламбус наворбардорӣ шудааст, "Роҳзанони баҳри Кариб: Дар гӯшаи олам", 7-умин филми "Гарри Поттер", ки аз рӯи китоби ҳафтуми ҳамноми он наворбардорӣ шудааст, ба ҳадди як миллиард доллар нарасидаанд, вале аз ҷумлаи сердаромадтарин филмҳои ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад, ки аз ҳазинаи тавлиди худ ба маротиб бештар даромад овардаанд.

Ҳамчунин филмҳои "Қасосгирандагон", "Одами оҳанин-3", "Замони яхбандӣ", "Ғоратгарони баҳри Кариб: Дар соҳилҳои аҷоибу ғароиб"-ро низ ба ҷумлаи филмҳои серхаридор ва сердаромад шомил кардаанд.

Ҳамин гуна дараҷотро филмҳои тавлиди Ҳиндустон низ доранд ва метавон дар бораи онҳо дар алоҳидагӣ сӯҳбат кард. Вале дар посух ба саволи хонандаи худ натавонистем аз охирин хабар аз ин силсила чашм пӯшем, ки ба филмҳои тозатавлиди Боливуд дахл дорад. Филме, ки ахиран бо ширкати Шоҳруххон ва Дипика Падуконе рӯи навор омадааст, дар 21 рӯз 30 миллион доллари амрикоӣҷамъоварӣ намудааст.  Дар хабар гуфта мешавад, ки то ин замон танҳо филми "Cе аҳмақ" бо 29 миллион доллар дар cе ҳафтаи намоиш мақоми аввал дошт. 

Ордени "Дӯстӣ" ба Стеблин-Каменский: Кист ӯ?

Чанд сол пеш дар ким-кадом маросиме қатори дигарон Президенти Тоҷикистон Иван Михайлович Стеблин-Каменскийро сазовори ордени "Дӯстӣ" донист. Вале дар Тоҷикистон мисли ман касоне, ки ӯро нашиносем, шояд хеле зиёданд. Оё Шумо наметавонед дар бораи ин олими рус маълумотномае дарҷ кунед?

Исломиддин Зоҳиров, сокини шаҳри Қурғонтеппа

ruzgor steblin 44Иван Михайлович Стеблин-Каменский донишманди маъруфи рус, академики Академияи илмҳои Русия, аз ҷумлаи дӯстдорони забон ва фарҳанги тоҷикӣ, муаллифи даҳҳо рисола ва мақолаҳои таҳлиливу пажуҳишӣ дар бораи Тоҷикистон аст, ки 5 ноябри соли 1945 дар шахри Ленинград (Санкт-Петербург) дар хонаводаи донишманди шинохтаи рус, профессори искандинавшиноси Донишгоҳи Ленинград Михаил Иванович Стеблин-Каменский ба дунё омадааст. Модараш Олга Сергеевна муҳаққиқи соҳаи харитасозӣ ва дотсенти бахши ҷуғрофиё дар донишгоҳи Ленинград буд. Падараш соли 1981 дар синни 78-солагӣ ва модараш чор сол баъди ӯ дар синни 72-солагӣ чашм аз олам пӯшидаанд.

Иван Михайлович Стеблин-Каменский солҳои 1963-1968 дар бахши филологияи Эрони Донишгоҳи давлатии Ленинград таҳсил кардааст. Баъдан аспиранти шуъбаи ленинградии Институти шаркшиносии АИ Иттиҳоди Шуравй будааст. Рисолаи номзадии худро бо номи "Фонетикаи таърихии забони вахонй" соли 1971 ҳимоя кардааст. 13 сол баъд муваффақ ба ҳимояи рисолаи доктории худ дар мавзуъи "Баррасии муқоисавй ва таърихии вожаҳои кишоварзии забонҳои помирӣ" шудааст.

Фаъолияти меҳнатиаш аз соли 1971 ҳамчун корманди хурди илмӣ дар шуъбаи Ленинградии Института шарқшиносии АИ Иттиҳоди Шуравй оғоз шудааст ва дар ин вазифа даҳ сол кор кардааст. Ва баъд аз соли 1981 муддати чор соли дигар муаллими калони кафедраи филологияи эрони факултаи шарқшиносии Донишгоҳи ёдшуда, солҳои 1984 - 1987 дотсент, солҳои 1987-1991 профессори ҳамин кафедра будааст. Аз соли 1991 то соли 2006 мудири кафедра, солҳои 1994-2005 декани факултаи шарқшиносии Донишгоҳи Санкт-Петербург будааст.

Шӯҳрати илмӣ барояш пайи ҳам омадааст. Соли 1997 узви вобаста ва соли 2003 узви пайвастаи АИ Русия интихоб гардидааст. Ҳамзамон И.М.Стеблин-Каменский дар  созмонҳо ва анҷуманҳои байналмилалии Русия ва кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла, Ҷамъияти илмии созмони ҷуғрофияшиносони рус (1966), Созмони генеалогии Русия (1989), Кумитаи байналмилалии Мероси хаттии мардумони эронитабор (1989), Созмони эроншиносони Аврупо (1990), узви ҳайати таҳририяи силсилаи "Асотир, ҳамоса, адёни шарқ" (1993), Анҷумани тоҷикои ва форсизабонони ҷаҳон -Пайванд (1997), Созмони шарқшиносони Русияи Академияи илмҳои Русия (1997) ва боз чандин шӯроҳои илмӣ ва созмонҳои фарҳангӣ узвият дорад.

Аммо бахши муҳими пажуҳишҳои илмии олими пуркор ва маъруфро омӯзиши фарҳанг ва забони тоҷикӣ дар бар гирифтааст. "Афсонаҳои мардуми Помир" (1976, бо ҳамкории А.Л.Грюнберг), "Забонҳои Ҳиндукуши шарқӣ. Забони вахонӣ, Матнҳо, луғот, сарфу наҳв" (1976, бо ҳамкории А.Л Грюнберг), "Афсона ва қиссаҳои Сиистон" (1981, бо ҳамкории Грюнберг), "Нақлҳо дар бораи таърихи вожаҳои забонҳои помирӣ" (1982), "Авасто" (1990,1993), "Фарҳанги этимологии забони вахонӣ" (1999), "Таҷрибаи баррасиҳои таърихӣ-генеологй" (2005) аз ҷумлаи даҳҳо рисола ва мақолаиҳои ӯ мебошанд, ки чун натиҷаи пажуҳишу омӯзишҳояш рӯи чопро дидаанд. Ҳамзамон бо ин вай муаллифи мақолоти зиёд бо забонҳои инглисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, испонӣ, форсӣ ва ғайра мебошад. 

Ва ҳамчуноне ёд кардед, соли 1999 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои хидматҳояш дар таҳқиқи фарҳанг, забон ва муҳаббаташ ба тамаддуни мардуми тоҷик И.М.Стеблин-Каменскийро бо ордени "Дӯстӣ"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонид.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi