Пурсишеву посухе: Шаҳре, ки инсоният 1200 сол аз он ёд накард
Суолоти худро аз тариқи пустаи электронии "Рӯзгор"Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ва ё телефонҳои 907-91-59-34, 934-26-00-43 метавонед ирсол кунед.
Кадом намоишномаҳо дар театрҳо аввалин буданд?
Дар шумораи гузаштаи “Рӯзгор” дар бораи театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ муаррифиномаеро хондам. Ва беихтиёр ин савол ба зеҳнам омад, ки аввалин намоишномаҳои театрҳои кишвар кадомҳо бошанд?
Субҳонназар Келдиёров, Ваҳдат.
Ҷолиб аст донем, ки кадом театри кишвар бо кадом намоишнома ба фаъолият пардохт ва мардум онро чӣ гуна пазируфтанд. Масалан, театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ соли 1929 дар рӯзи пирӯзии инқилоби Октябр-7 ноябр таъсис гардид ва он театри давлатии Комиссарияти маорифи халқи Тоҷикистон номида мешуд. Тавре Ҳунарманди Хизматнишондодаи Тоҷикистон Шералӣ Абулқайсов ба “Рӯзгор” гуфта буд, “ҳайати аввалини он якчанд аъзои маҳфили ҳаваскорони санъати назди баталиони кӯҳӣ-тирандозии тоҷик ва ҳунарпешаҳои бригадаи консертии дастаи сайёри Бухоро иборат будаанд. Аввалин намоишномаҳои он аз саҳнаҳои хурди таблиғотӣ иборат буданд, чун рӯҳияи замон ҳаминро тақозо мекард. Ва тадриҷан ҳунармандони касбӣ ба кори он ҷалб шудаанд”.
Иттифоқан театри русӣ-драмавии ба номи Маяковский низ 7 ноябр оғоз ба фаъолият кардааст, аммо соли 1937, яъне баъди 8 соли рӯи кор омадани театри Лоҳутӣ, дар авҷи террору тарсу ларз аз «тройка». Аввалин намоишномаи он “Замин” ном доштааст ва муаллифи песа Н. Вирт будааст.
Театр опера ва балетаи ба номи Садриддин Айнӣ соли 1940, дар базаи театри мусиқии Тоҷикистон бунёд шудааст. Аввалин балети тоҷикӣ “Ду гул”–и А.С. Ленский буда, соли 1941 аз ҷониби балетмейстери машҳури Шӯравӣ К.Голейзовский ба саҳна гузошта шудааст. Коргардон бо кӯмаки Ғаффор Валаматзода, ки он замон як ҳунарманди ҷавон буд ва нав по ба арсаи санъат мегузошт, тавонистааст намоишномаро дар пояи рақсҳои халқӣ оро диҳад.
Ва аввалин операи театр “Шӯриши Восеъ” ном доштааст, ки бо “Коваи оҳангар” соли 1941 дар рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Маскав намоиш дода шудааст. Театри Ҷавонони ба номи М.Воҳидов соли 1965 таъсис шудааст, вале маросими ботантанаи ифтитоҳи он 27 декабри соли 1971 бо намоишномаи «Васса Железнова»-и Горкий баргузор шудааст. Роҳбари бадеии он О.И. Пижикова буд.
Албатта, ҳамаи театрҳои кишвар як сарнавиште замони таъсису фаъолияти худро пушти сар гузоштаанд, ки метавон дар мавридҳои хос аз онҳо ёд кард.
Шаҳре, ки инсоният 1200 сол аз он ёд накард
Аз куҷое хонда будам, ки олимон шаҳри ғарқшудаеро дар Миср пайдо кардаанд. Оё ин ҳақиқат дорад?
Сабрина, донишҷӯ
Оре, тибқи гузоришоти илмӣ шаҳри қадимии Гераклион, ки мансуб ба давлати Миср буд, бештар аз 1200 сол пеш аз ин зери оби баҳри Миёназамин мондаву мардуми он бо ҳама дороии худ ба қаъри баҳр рафта буданд. Гераклион худ як шаҳри муҳими бандарии Миср маҳсуб мешудааст ва санаи пайдоиши онро олимон садсолаи ҳаштум то солшумории мо медонанд.
Маҳз аз тариқи ҳамин шаҳр колои юнонӣ ба кишвари Миср сарозер мешудааст ва як тиҷорати муфиду самаранок миёни давлатҳои ҳавза дар ҷараён буд. Аммо бо гузашти солҳо ин шаҳр ба ҳадде нопадид гардид, ки ҳатто дар ёду хотираи мардуми сарзамин ҳам боқӣ намонд ва инсоният аз фоҷеаи мудҳиши як шаҳри бандарии бузург фаромӯш кард. Аммо бо амри тасодуф соли 2000 киштии зериобии Археологӣ (IEASM) таҳти роҳбарии бостоншинос Франко Годдио ин шаҳри қадима ва зери обрафтаро кашф намуд.
Бо истифода аз таҷҳизоти навтарини пажуҳишӣ олимони ин гурӯҳ муваффақ ба таҳқиқи баъзе бахшҳои шаҳр шуданд ва исбот шуд, ки дар айни замон он дар чуқурии 50 метр дар зери об ва 6,5 километр дуртар аз соҳили халиҷи Абукир хобидааст. Олимон ҳамчунин таҳқиқ кардаанд, ки шаҳр 11 ба 15 километр арзу тул доштааст.
Дар ин росто аз кашфи пайкараҳои баландболое ҳикоят мекунанд, ки то 5 метр қад доранд. Тангаҳои тиллоӣ, плитаҳои сангӣ бо навиштаҷот бо забонҳои гуногун, шикастапораҳои киштиҳо ва чизҳои дигарро низ кашф намуданд.
Олимон бар ин назаранд, ки шаҳр бар асари тағйири ногаҳонии иқлим ва обхезии шадид зери об рафтааст ва ба ҳадде гумном шудааст, ки то оғози қарни 21 касе дар бораи он маълумоти мушаххасе надошт. Аммо тибқи тахмини дигар эҳтимол меравад шаҳр бар асари заминларзаи шадид зери об рафтаву нопадид шудааст. Аз миёни фарзияҳо бояд акнун пажуҳишгарон далелҳои дигарро мавриди санҷишу таҳқиқ қарор диҳанд ва таҳқиқоти илман собитшудаи ғарқ шудани шаҳрро пайдо кунанд.
Дарёҳои кишвар пуробтарин дар ҷаҳонанд
Оё метавонем дар бораи дарёву рудхонаҳои кишвар маълумот бигирем?
Саодат Назарова, Душанбе
Ин савол ҷавоби муфассал мехоҳад ва дар бораи дарёҳои хурду бузурги кишвар, пайдоиш ва сатҳи оби онҳо ва мушаххасоти дигарашон дар як мақолае назири посух ба суоли хонанда ғунҷоиш надорад. Аз ин рӯ хеле кӯтоҳ дар бораи муҳимтарин ва калонтарин дарёҳои кишвар маълумот медиҳем.
Тоҷикистон кишварест, ки бо бузургтарин дарёҳояш ифтихор дорад. Бахусус, дар замони ҷаҳонишавӣ истифода аз захираҳои табиӣ барои рушди кишвар муҳим аст. Аксари дарёҳои Тоҷикистон мутааллиқ ба ҳавзаи баҳри Араланд ва танҳо чанд дарё оби худро ба ҳавзи бузурги Қарокул ва ё ҳавзи Тарима (Чин) мерезанд.
Дарёҳои калонтарин ва муҳимтарин кишвар инҳоянд: Панҷ, Вахш, Амударё, Сирдарё, Зарафшон, Кофарниҳон. Инҳо рудхонаҳои хурушони кӯҳиянд ва манбаъи худро аз пиряхҳо мегиранд. Ин аст, ки баҳору тобистону зимистон оби онҳо тақрибан дар як сатҳ қарор мегирад. Басо кам ҳодисаҳое мешаванд, ки оби ин ё он дарё аз сатҳи маъмулии худ ба ҳадди мушоҳидашаванда кам ё зиёд шуда бошад.
Калонтарин дарё дар Тоҷикистон Панҷ аст, ки то 921 километр дар имтидоди марзи ҷанубии мамлакат ҷорӣ мешавад. Аз ин 921 километр 525 километр аз Тоҷикистон убур мекунад ва бештар аз дарёи Вахш сарчашма мегирад. Ҳангоми ба ҳам омадани Панҷ ва Вахш пуробтарин дарёи кишвар-Амударё ба вуҷуд меояд. Вале ҳамагӣ 85 километри он аз қаламрави Тоҷикистон убур мекунад.
Сирдарё бошад, яке аз калонтарин дарё дар қаламрави Осиёи Марказӣ номида мешавад ва 105 километри он аз Шимоли Тоҷикистон убур мекунад.
Дарёи Зарафшон аз водии Зарафшон ва Амударёву Кофарниҳон ҷануби Тоҷикистонро тай мекунанд. Ва боз ҳар дара дарёву рудхонаҳои худро дорад, ки номгӯи онҳо вақти зиёд мехоҳад.
-
22.06.2025 14:51
112
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
234
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
238
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
465
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
570
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
456
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
112
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
179
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
187
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
954
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1659
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3352
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
91
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
107
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
148
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
490
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
736
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
858
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
435
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
471
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
442
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
719
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
992
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1855
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
599
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
581
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1773
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2093
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2083
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2299
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
493
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
442
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
922
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3047
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3486
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3468
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
630
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
657
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
602
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?