11:59:51 17-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Пурсишеву посухе: “Инаугуратсия” ё савгандёдкунӣ: кадомаш дуруст?

Суолоти худро аз тариқи пустаи электронии "Рӯзгор" Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.  ва ё телефонҳои 907-91-59-34, 934-26-00-43 метавонед ирсол кунед.

16 ноябри соли равон Президенти Тоҷикистон савганд ёд кард ва мо ҳама аз тариқи гузоришоти мустақими шабакаҳои телевизиони кишвар шоҳиди ин маросим будем. Он аз гузашта фарқ мекард ва мо инро низ мушоҳида кардем. Вале саволи ман дар дигар бора аст. Дар аксари мамолики олам ҳамин гуна маросим вуҷуд дорад ва сарвари тозаинтихоб қасам ёд мекунад ва худро пойбанди Сарқонуни кишвараш мегардонад. Аммо он ҷо истилоҳи “инаугуратсия” истифода мешавад. Мехостам дар ин бора аз “Рӯзгор” матлабе бихонам.

Аъзамшоҳ Қосимҷонов, Хуҷанд

presiden.tj 454545“Инаугуратсия” аслан лафзи лотинии inauguro буда, ба маънои “мебахшам” аст. Дар гузашта маросимҳои тоҷгузорӣ ба шоҳон ҳамин гуна оине дошт, шаҳи нав қасам ёд мекард, ки ҳаёташро ба рушди кишвараш ва таъмини амнияти шаҳрвандонаш хоҳад бахшид. Ҳарчанд ҳоло ҳам давлатҳои низомашон шоҳаншоҳӣ  мавҷуданд, вале шакли пештараи маросим аз миён рафтаву ба шакли имрӯз такмил шудааст. 

Агар нек таваҷҷӯҳ шавад аксари мамолики олам шакли савгандёдкунии президентиро аз ИМА нусхабардорӣ кардаанд ва шояд ин маросим танҳо дар Амрико таърихи қадимитар дорад. Масалан, дар ИМА маросими қасамёдкунии президент ҳатман дар назди парламон сурат мегирад ва бинандагони зиёдеро гирди ҳам меорад ва ба ин муносибат сафороии ҳарбӣ ва маросими шодмониву шодкомӣ баргузор мешавад.

Ва дар ИМА то соли 1933 маросими савгандёдкунии президент ва ноиби ӯ 4 март сурат мегирифт, аммо баъди ворид сохтани бистумин илова ба конститутсия баргузории ин маросим ба 20 январ кӯчид. Яъне, дар ин кишвар муддати 80 соли охир интихобот то оғози соли нав ба анҷом мерасад ва 20 январ президенти тозаинтихоб ҳатман қасам ёд мекунад. 

Ҳамин низоми баргузории қасамёдкунии сарварони нав интихобшуда дар аксар мамолики олам рӯзи мушаххаси худро дорад. Масалан, президентон дар  Мексика 1 декабр, дар Бразилияя -15 март, дар Колумбия - 7 август, дар Олмон - 1 июл савганд ёд мекунанд. Дар кишварҳои дигар вобаста ба баргузории интихобот аст ва метавонад рӯзи мушаххаси даҳсолаҳо таъиншуда надошта бошад.

Ва боз: қариб дар ҳамаи кишварҳои олам маросими савганди президент назар ба низоми ИМА соддатару хоксоронатар сурат мегирад. Ба назар мерасад модели фаронсавӣ дар ин мамолик чун асос қабул шудааст. Чун анъана дар ин рӯз президенти интихобшуда нишони президентӣ ва “рамзи силоҳҳои ҳастаӣ”-ро ба даст мегирад. Ва ин маросим бо тирпаронӣ аз артиллерия хотима меёбад. Муҳимтар аз ҳама дар Фаронса президенти нав савганд ёд намекунад. 

Дар Русия чун дар дигар ҷамоҳири собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ маросими савганди президент нав аст, чун худи институти президентӣҷадид аст. Аммо панҷ маросими қасамёдкунии таърихи ин давлат нишон медиҳад, ки дар марҳилаҳои аввал он рӯзи ягона ва мушаххас надошт. Масалан, Елсин бори аввал 10 июли 1991 ва бори дуюм 9 августи соли 1996 савганд ёд кард. Путин се маротиба ва Медведев як маротиба президент интихоб гардиданд ва ҳамаи он дар таърихи 7 май доир шуд.  Ба назар мерасад ин маросим дар Русия ба танзим даромадааст.

Бародарон Люмерҳо кистанд?

Дар яке аз шумораҳои “Рӯзгор” шумо дар бораи аввалин филм дар ҷаҳон маълумот додед ва он ҷо гуфта мешуд, ки нахустин касоне, ки дар таърихи башар филмбардорӣ карданд, бародарон Люмерҳо буданд. Бисёр мехостам дар бораи ин ду тан донам. Кистанд онҳо ва чӣ хизмате дар синамо кардаанд.

Моҳсанам Холматова, донишҷӯ

barodaron 6546565Бародарон Люмерҳоро метавон падари киноматография номид. Аввалин касоне, ки филм ба навор гирифтанд ва инқилоби фикрӣ дар санъат карданд, ҳамин ду бародар буданд. Огоюст Люмер 19 октябри соли 1862 дар Безансони Фаронса ба дунё омада ва 10 апрели соли 1954 дар Лион дида аз олам барбастааст. Луи Люмер бошад 5 октябри соли 1864 таваллуд шудааст ва 6 июни соли 1948 вафот кардааст. Инҳо писарони рассоме буданд, ки суратгирӣ низ мекард. Аслан асосгузори наворбардорӣ Луи ба шумор меравад, ки он замон соҳиби як корхонаи хурди тавлидӣ низ буд. Вале Огоюст дар ибтидо ба бародараш кӯмак мекард ва баъдан аз ширкаткунандагони басо фаъоли киноматографӣ шуд.

Аввалин намоиши филми онҳо соли 1895 дар арафаи таҷлили Мавлуди Исои Масеҳ (а) дар Гран-кафе, воқеъ дар Булвар-де-Капюсин баргузор шуд. Солҳои 1895-96 ин ду нафар наздик ба 50 филми кутоҳ наворбардорӣ карданд. Тадриҷан ин ду бародар бо афзудан ба дақиқаҳо филмҳои давомнокиашон зиёдтарро низ наворбардорӣ мекарданд.

Агар дар филмҳои аввал ҳаракатҳои парешон рӯи навор меомаданд, пас баъдтар тасвирҳои сужавӣ низ рӯи кор омаданд. Ҳамон солҳо аввалин филмҳо, ки ба филмҳои ҳуҷҷатии имрӯз монанд буданд, ба мисли “Омадани қатор ба Ла Сота”, баромадани коргарон аз корхонаи Люмер” аз ҷониби бародарон Люмерҳо ба навор гирифта шуда буданд. 

Аммо тадриҷан бо ба майдони фаъолият омадани ҳунармандони дигар бо дидгоҳҳои тоза, Люмерҳо дучори рақобат шуданд. Ҳатто соли 1898 баъди наворбардории филми “Рағбати Исавӣ” Л.Люмер изҳор дошт, ки аз ин ба баъд филмбардорӣ кори ӯ нест.

Соли 1919 вай узви Академияи илмҳои Фаронса интихоб гардид ва ду сол пеш аз маргаш наздик ба 1800 филмеро, ки ба ҳамроҳии бародараш наворбардорӣ карда буд, ба хазинаи синамои Фаронса супурд. Дар Фаронса ҷоизаи ба номи Л.Люмер таъсис дода шудааст.

Оё дуруст аст, ки Сталин аз соҳирон метарсид?

Мегӯянд Сталин хеле кам расм мегирифт ва вақтҳои охир сабаби инро марбут ба сеҳру ҷоду медонанд, ки доҳӣ гӯё аз он метарсидааст. Оё дуруст аст? Магар мумкин аст касоне, ки он замон ба дин эътиқод надоштанд ва як низоми бехудоиро мехостанд ба вуҷуд оранд, аз сеҳру ҷоду тарсанд? Пас агар чунин аст, маълум мешавад, ки эътиқод ҳам доштаанд?

Мастура Абдуллозода, омӯзгор, Душанбе

stalin 45544545Дар ҳақиқат дуруст пай бурдед, ки доҳии замон Иосиф Сталин хеле кам расм мегирифт ва агар ба коллексияи аксҳои ин шахсияти шигифтангези таърихӣ назар андозед, мебинед, ки расмҳо асосан дар ҷаласоту чорабиниҳо гирифта шудаанд ва хеле кам ҳолате шудааст, ки вай маҳз барои худнамоишдиҳӣ худро аккосӣ фармояд. Ва зимнан, худпараст ҳам ки буд, мисли баъдиниён аз худнамоишдиҳӣ худдорӣ ҳам мекард.

Ба монанди шумо бисёриҳо дар гузашта ин гуна саволгузорӣ кардаанд, вале касе натавонистааст посухи дақиқ диҳад. Аз ҷумла ҳоло мо ҳам роҷеъ ба як паҳлуи ин масъала, ки дар саволи шумо омадааст, таваҷҷӯҳ мекунем, ки ҳамон сеҳру ҷоду аст. Сеҳру ҷодуе, ки дар замони мо низ ҷойгоҳи хоса пайдо кардааст ва инсонҳо аз он ҳамеша дар тарсу ҳаросанд. Ва Сталин ҳам бо вуҷуди он ки сарвари як қудрати ҷаҳонӣ буд, мисли ҳар инсони дигар аз соҳирон ва экстрасенсҳо метарсид. Вай бар ин назар буд, ки онҳо метавонанд аз расм ба дарку идрок ва шуури вай таъсир расонанд.

Сталин медонист, ки дар олам одамони дорои имкониятҳояшон васеъ хеле зиёданд ва тахмин ҳам мекард, ки аз миёни касони ба сеҳу соҳирӣ алоқаманд инсонҳое ҳастанд, ки бо хадамоти ҷосусии кишварҳои дигар ҳамкорӣ доранд. Ин дар ҳолест, ки ниҳодҳои ҷосусӣ аз ҳар имкони мавҷуд барои ба даст овардани маълумот ва ё фосиду ранҷур кардани сарварони мамолике, ки бо он душманиву кина меварзанд, истифода мебаранд.

Аз рӯи хислат ҳам Сталин ҳич вақт иҷозат намедод, ки касе аз ӯ сӯистифода кунад. Аз ин рӯ наметавонист он имконеро фароҳам оварад, ки соҳирону ҷодугарон аз он истифода кунанд.

Албатта, ин ҳам метавонад танҳо як фарзияи кам ба аккосӣ рағбат доштани Сталин бошад. Шояд сабабҳои дигаре низ ҳастанд, ки ҳанӯз кашф нашудаанд.

Гиря фоида дорад ё зарар?

Ман зиёд мегирям. Гумон мекунам гиря дардаму ранҷамро сабук мекунад. Одат кардаам ба гиристанҳои беҳуда. Дирӯз ҳамсояам холаи Садафмоҳ гуфт, ки зиёд агар гиря кунӣ, зуд пир мешаваӣ. Гумон мекунам шӯхӣ кард. Аммо баъди ин ҳарфи ҳамсоя каме дар ташвиш ҳам шудам. Шояд рост гӯяд. Охир худашро мебинам, ки асло намегиряд ва хеле бардаму нерӯманд аст. Ва хостам аз шумо пурсам, ки дар асл гиряи зиёд фоида дорад ё зарар?

Бо эҳтиром Гулизор, Шаҳринав

girya-452541Суоли хеле ҷолиб. Баъзан инсон аз алам мегиряд, то дарду ранҷаш сабук гардад. Гумон меравад, ки гиря моро барои фаромӯшии ранҷи расида ва ё мушкилоти равонӣ наҷот мебахшад. Дар ҳақиқат ҳам гоҳе чунин мешавад, ки мегирему худро сабукшуда аз ранҷи равонӣ меёбем. Аммо илм исбот кардааст, ки гиряи зиёд на танҳо фоидаовар нест, балки зарар низ дорад. 

Ашк дар таркиби худ об ва намак дорад. Ҳоло наметавонем дар бораи об зиёд ҳарф занем, чун шояд гумон равад, ки он чандон ҷолиб ҳам нест. Аммо оё тасаввур мекунед, ки намак то кадом ҳад барои беҳбуди саломатии инсон ба пӯст кӯмак мекунад? Чӣ ҳолате пеш хоҳад омад, агар мо зиёд гиря кунем?

Намаке, ки дар таркиби ашк мавҷуд аст, ба пӯсти инсон таъсири механикӣ мерасонад, сӯрохиҳои пӯстро мебандад ва ё баръакс мехӯрад. Агар зиёд гиря кунанд, пас чеҳра як сурати басо пурожанг ба худ мегирад.

Ғайр аз ин ашк ба бисёре аз систмаи организм таъсир мерасонад. Гиряи зиёд тезии нури чашмро меравонад, фишори дохиличашмӣ тағйир меёбад. Инсонро бештар дарди сар азият ва безобита мекунад. Ба зудӣ ин тағйирот ба саломатии рӯҳонии инсон таъсир мерасонад.

Одамоне, ки зиёд гиря мекунанд, мӯи сарашон зуд сафед мешавад ва ба таври мушоҳидашаванда назар ба синну солашон пир ба назар мерасанд. Агар зиёд гиря кунед, он вақт маҷрои ашк ба резиши ҳамешагӣ одат мекунад ва инсонро тадриҷан ба ҳолати заъфи пирӣ мерасонад.

Чуноне дида мешавад, ашк на ҳамеша барои инсон фоидаовар аст. Аз гиряи бисёр бояд худдорӣ намуд, зеро аз резиши ашки зиёд мо ба саломатии худ зарар мерасонем. 

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №25, 20ноябри соли 2013

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi