Пурсишеву посухе: Нишонаҳои нашъамандии наврасон кадомҳоянд?
Суолоти худро аз тариқи пустаи электронии "Рӯзгор" Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ва ё телефонҳои 907-91-59-34, 934-26-00-43 метавонед ирсол кунед.
Маслиҳати шаръии рост кардани дандонҳои каҷ
Салом ба ҳамаи кормандон ва масъулини "Рӯзгор". Саволи маро шаръӣ ҳам гуфта мешавад. Дандонҳои духтари ман бо ҳикмати худовандӣ каҷалаанд. Баъзешон ба чапу рост хам хӯрдаанд. Ду дандони дигараш аз болои дандонҳо баромадаву намуди зоҳирии ӯро то ҳадде нозебо кардааст. Дирӯз назди духтур барои машварат бурдам. Гумон доштам дандонҳои болоиро мекананд ва ба ҷои он шояд дандонҳои нав рух зананд. Ва табиб диду гуфт, ки инҳоро рост мекунем. Онҳоро сим мемонем ва симҳо муддати як сол на танҳо ин, балки ҳамаи дандонҳои каҷро рост мекунанд. Шукри Худованд оилаи мо аз шариат бохабаранд ва намеоҳем коре кунем, ки хилофи фармудаи Худо бошад. Ва медонам, ки тағйири андон гуноҳи бузург аст. Аммо дар ин маврид чӣ кунам? Ягон маслиҳати шаръӣ мехостам.
Мардон Абдуллозода, сокини шаҳри Турсунзода
Ба суоли хонанда руҳонии шинохтаи кишвар эшони Маҳмудҷон Тураҷонзода посух дод.
Бародари исломӣ! Дар ҳақиқат Худованд тағйир додани андомро манъ кардааст. Вале ин ҳамон ҳукм аст, ки агар инсон бо роҳҳои ҷарроҳиҳои пластикӣ мехоҳад узвҳои бадани худро бузургу кучак кунад ва ё тағйири ҷинс намояд. Аммо дар мавриди мушкили духтари шумо ҳукм дигар аст. Рост ва зебо кардани дандон дар тағйири халқи Худо дохил намешавад. Аз ин сабаб шумо бемалол метавонед дандонҳояи ҷигарбандатонро рост ва зебо кунед. Худо нигаҳбонатон бошад.
"Ҷомадони ҳастаӣ" кай ва чӣ гуна аз даст ба даст мегузарад?
Дар бораи ҷомадони ҳастаӣ ва тарзи интиқоли он аз роҳбаре ба роҳбари дигар мехостам матлабе хонам.
Асрор Баёнов, Панҷакент
Хеле хуб. Аслан худи мавзуъи барномаҳои ҳастаӣ ва бахши силоҳи атомии он хеле мароқангез ва аз ҷониби дигар ҳассос аст. На ҳар кишвари олам дорои силоҳи ҳастаӣ мебошад. Агар хато накунам, дар бораи "Клуби ҳастаӣ" мо посухе доштем. Дар идомаи он метавон ба дархости хонандаи худ посух дод, ки оид ба ҷомадони ҳастаист. Маъмулан президентҳо баъди анҷоми ваколати худ ин ҷомадонро ба шахси тоза интихобшуда месупоранд. Масалан, 25 декабри соли 1991 соати 19:38 президент Иттиҳоди Шӯравӣ М. Горбачёв қабл аз муроҷиаташ аз тариқи телевизион дар мавриди вогузоштани ваколатҳои хеш "ҷомадони ҳастаӣ"-ро ба президенти Русия Б. Елсин супурд ва танҳо баъди он парчами Иттиҳоди Шӯравӣ дар Кремл ба парчами Русия иваз карда шуд.
Расман эълон шуда буд, ки соли 1996 президенти Русия Б.Елсин ҳангоми амали ҷарроҳии қалбаш "ҷомадони ҳастаӣ"-ро ба сарвазири ин кишвар В. Черномирдин супорид. Аммо бино ба маълумоти ҷонишини хадамоти амниятии президенти Русия Геннадий Захаров, Елсин "ҷомадони ҳастаӣ"-ро ба Виктор Черномирдин надод. Афсарони масъул дар роҳрав мунтазир монданд ва чун Борис Елсин ба худ омад, зуд онро ба палатааш бурда таслим карданд.
31 декабри соли 1999 Борис Елсин аз тариқи телевизиони давлатии Русия эълон кард, ки аз мақоми худ истеъфо медиҳад ва худи ҳамон лаҳзаҳо ба иҷрокунандаи вазифаи президент, сарвазири вақт В.Путин "ҷомадони ҳастаӣ"-ро супурд. 7 майи соли 2008 бошад "ҷомадони ҳастаӣ" аз Путин ба Д.Медведев гузашт. Ин ҳодиса рӯзи қасамёдкунии ӯ иттифоқ уфтод.
Аммо дар мавриди аз даст ба даст гузаштани "ҷомадони ҳастаӣ" дар Русия аз ҳодисаи дигаре низ ёд мекунанд, ки метавонист барои ин кишвар фоҷеабор бошад. Дар замони ҳокимияти худ Путин борҳо савори ҳавопаймои қиркунандаи стратегии Ту-160 парвоз кардааст. Аз яке аз ин ҳаводис қисса мекунанд, ки Президенти Русия бо вуҷуди имкони хатари ин парвоз "ҷомадони ҳастаӣ"-ро ба сарвазири вақт Фрадков надод. Ва гуфт, ки барои ин кор эҳтииёҷе нест, зеро президент чун сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳ дар ҳавопаймое дар ҳоли парвоз аст, ки қобилияти иртиботи мустақим ба ҳамаи нуқтаҳои фармондеҳӣ дорад.
Театри аввалини олам дар Руми қадим буд?
Мегӯянд гаҳвораи театр Руми қадим аст. Мехостам дар ин бора матлабе чоп кунед.
Илёс Одина, Қурғонтеппа
Шояд мо баъдтар аз ягон нафари ворид ба таърихи театри ҷаҳон хоҳиш кунем, ки дар ин бора мақолае нависад. Чун ин масъала дар ҳақиқат аз ҷумлаи масоили ҷолиб ва шавқовар аст. Вале ҳоло ба таври мухтасар ба номаи хонанда посух медиҳед. Театри Руми қадим дар маросимҳои хосаи динии бахшида ба худоёни ҷудогонаи онҳо пайдо шудааст ва дар ин гуна маросимҳо бо пӯшидани пӯсти бузу ҳайвоноти дигар ҳар хел таронасароӣ мекарданд ва ё саҳнаҳои ҳаҷв иҷро менамуданд. Аммо соли тавлиди театр расман 534 то солшумории мо қабул шудааст. Ин замоне буд, ки шоири Афина Феспид дар як маросими худои юнониён Дионисий дар нақши як актёр ҳунарнамоӣ кард.
Аслан вай дар таронаи хор яккахонӣ кард ва бо ин васила ба хори умумӣ тағйирот ворид намуд. Баъдан Эсхил ба он хор актёри дуввумро ҳамроҳ намуд. Дар асри Y то солшумории мо Софокл актёри сеюмро дар хор ҳамроҳ кард. Дар натиҷа ин се тан имкон доштанд дар саҳна танҳо бо хори умумӣ не, балки бо якдигар дар муколама шаванд. Ва ин худ тадриҷан майдонро барои ба вуҷуд омадани шакли нави саҳнаофаринӣ боз кард.
Он замон танҳо ду жанри театрӣ маъруфият дошт: фоҷеа ва ҳаҷв. Ва онҳо асосан тибқи сужаҳои мифологӣ ва таърихӣ навишта мешуданд. Ҳамаи нақшҳоро мардон иҷро мекарданд. Ҳунармандон бо ниқобҳои бузург ба саҳна ворид мешуданд ва нақш меофариданд. Дар қадами аввал декоратсия вуҷуд надошт. Занонро на ҳамеша ба тамошо иҷозат медоданд ва агар ворид ҳам мешуданд, аз мардон ҷудо менишастанд. Он замон касби актёрӣ дар Юнон ифтихоромез буд, аммо дар Рум қобили қабул набуд, ҳатто шармандагӣ эълон мешуд. Драматургони варзидаи он замон Эсхил, Сафокл, Еврипид буданд, ки падари фоҷеаи Юнон номида мешаванд. Аристофанро падари ҳаҷв меноманд. Дар Юнон миёни драматургон мусобиқа эълон мешуд ва ғолиб ё ғолибонро тамошобинон муайян мекарданд.
Нишонаҳои нашъамандии наврасон кадомҳоянд?
Чанд вақт инҷониб дар вуҷуди фарзанди худ тағйироте эҳсос мекунам, ки метарсам нашъаманд нашуда бошад. Бисёр мехостам нишонаҳои нашъаманд шудани наврасонро бидонам.
Шаҳло Носирова, Душанбе
Ба саволи хонанда мудири шуъбаи назорати маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон Алишер Ташрипов посух дод. Нишонаҳои асосии ба истеъмоли маводи нашъадор ҷалб гардидани наврасон бештар инҳо мебошанд: сафедшавии пӯст, калон ва ё танг шудани мардумаки чашм, сурх ва ё хира шудани чашмон, нутқи канда-канда ва номураттаб, аз байн рафтани иштиҳо, харобшавӣ ва ё истифодаи беҳадду андозаи таом, сулфаи дурудароз ва номавзунии ҳаракати дасту пой.
Ва боз нишонаҳои дигар: сустии бесабаби бадан, болоравии муваққатии қобилияти корӣ, афзоиши бетафовутӣ ба ҳодисаҳои атроф, харобшавии хотира ва таваҷҷӯҳ, бидуни сабаб аз хона берун рафтан, дарсгурезии пайваста нишонаҳои басо ошкори ҷалби наврас ба нашъамандӣ мебошад. Аз сӯи дигар дида мешавад, ки наврас басо ба мушкил ба ин ё он кор ҷалб мешавад, бехобӣ мекашад, танқидро бо дард қабул мекунад, зуд-зуд кайфиятии ҳолаш тағйир меёбад, хастагиаш меафзояд, оҳиста-оҳиста хоҳиши суҳбат бо одамонеро, ки бо онҳо хеле наздик буд, гум мекунад.
Донишаш дар мактаб паст мешавад, ҳамеша пул мепурсад, ҳатто волидон ҳисс мекунанд, ки аз меъёр бештар пул мехоҳад. Ашёи пурқиммати хона яке паси дигар гум мешавад, либосҳо, китобҳо, радио ва телевизион ғайб мезананд.
Дар телефон зиёд ӯро мепурсанд, аммо вай мекӯшад аз доираи дӯстон худро канор кашад. Ба дуруғгӯӣ бештар майл мекунад, ба саволҳо ҷавоб намедиҳад ё аз ҷавоб мекӯшад дурӣҷӯяд ё афсонабофӣ кунад. Шаклу андомаш зуд тағйир меёбад, чиркину ифлос ба кӯча мебарояд ва боз ифлостар аз он ба хона бармегардад.
Нишонаҳои ошкор
Пайи сӯзандору, харошҳо ва доғҳо дар сару рӯй, коғазҳо ва пулҳои коғазие, ки найчашакл печонида шудаанд. Қошуқчаҳои хурдакаки дудгирифта, ғилофакҳо, зарфҳо ва қуттиҳои тунукагӣ, доруҳои хобовар ва ё таскинбахш, пайдо кардани қуттии папироси "Беломор".
Ҳушдор: Агар Шумо ақалан чанде аз ин нишонаҳоро пайдо кунед, пас ҳатман кӯшиш намоед фарзандатонро аз ташхиси пешоб гузаронед. Ин шӯхӣ нест, маҳз дар пешоб метавон ҳатто нишонаҳои сустарини воситаҳои нашъаоварро ошкор намоед.
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №04, 29 январи соли 2014
-
09.06.2025 13:12
226
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
231
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
29.05.2025 11:19
285
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
07.05.2025 23:59
451
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
561
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
445
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
104
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
171
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
175
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
945
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1652
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3343
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
81
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
98
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
140
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
482
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
730
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
850
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
424
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
464
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
435
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
713
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
987
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1846
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
592
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
571
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1764
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
2078
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2291
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2971
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
485
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
435
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
916
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3035
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3479
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3462
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
622
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
648
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
595
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?