Пурсишеву посухе: Интернет мағзи сари инсонро хурд мекунад
Суолоти худро аз тариқи пустаи электронии "Рӯзгор" Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ва ё телефонҳои 907-91-59-34, 934-26-00-43 метавонед ирсол кунед.
Имрӯзҳо набояд касе аз Тоҷикистон ба вилояти Краснодари Русия сафар кунад
Шунидем, ки Хадамоти муҳоҷират сафари шаҳрвандонро ба вилояти Краснодари Русия манъ кардааст. Чаро?
Аслиддин Хоҷаев, Роғун
Ба саволи хонанда сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати кишвар Абдуллои Қодирӣ посух дод.
Дар ҳақиқат Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ аз ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш кард, ки то замони анҷоми Бозиҳои Олимпиадаи зимистонаи Сочӣ фаъолияти меҳнатии худро дар вилояти Краснодар ба таври муваққатӣ қатъ намоянд ва муддате аз қаламрави ин вилоят хориҷ шаванд. Сабаби эълони ҳушдор дар андешидани тадобири шадиди амниятӣ дар ин вилоят аст, ки дар арафа ва рӯзҳои Олимпиада роҳандозӣ мешавад. Хадамот ҳамчунин аз онҳое, ки ба ин вилоят барои кор аз Тоҷикистон ва дигар минтақаҳои Федератсияи Русия мераванд, хоҳиш дорад, ки аз сафар ба ин вилоят худдорӣ намоянд.
Тавре аз Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати кишвар аз Русия ба мо иттилоъ доданд бо назардошти амнияти Бозиҳои олимпӣ, мақомоти навоҳӣ ва шаҳрҳои вилояти Краснодар додани ҳуҷҷат барои иҷозаи кор ё патентро то анҷоми ин мусобиқот қатъ кардаанд. Ва ҳар нафаре, ки патент ва ё иҷозати корӣ дарёфт накард, муҳоҷири ғайриқонунӣ шумурда мешавад.
Қарори маълум ба сабаби Олимпидаи зимистона тибқи қарори Ҳукумати Русия аз 1 августи соли 2013 то 21 марти соли 2014 додани иҷозаи кор ва иқомат барои шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави кишвари Краснодар манъ шудааст. Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон аз он нигарон аст, ки афрод наметавонад тӯли ин муддат соҳиби ҷои кор шаванд ва дар натиҷа хавфи он вуҷуд дорад, ки чун муҳоҷири ғайриқонунӣ ронда шаванд ва баъди ин дигар натавонанд муддати се сол вориди қаламрави Русия шаванд.
Инфиҷори "Шоҳ-бомб"
Ташаккур ба "Рӯзгор", ки матлаби хеле ҷолиберо дар мавриди чигунагии муносибат бо "ҷомадони ҳастаӣ" чоп кард. Аммо гумон мекунам тавлиди силоҳи ҳастаӣ саҳифаҳои дигари хонданӣ доранд, ки яке аз онҳо инфиҷори ба истилоҳ "Шоҳ-бомб" аст. Тақрибан 15 ё 20 сол пеш дар ин бора хонда будам, вале ҳоло тақрибан он ҳама аз ёдам рафтааст. Ва чун матлаби "ҷомадони ҳастаӣ"-ро хондам, "Шоҳ-бомб" ба хотирам расид.
Тоҷиддин Алихонов, Норак
Оре, шумо дуруст қайд кардед, ки таърихи бунёди силоҳҳои ҳастаӣ низ чун таърихи ҳар ихтирооти дигри башар саҳфаҳои хондании зиёд дорад. Аз ҷумлаи ин саҳфаҳо таърихи сохта шудани "шоҳ-бомб"-е мебошад, ки дар аҳди Хрушов дар Иттиҳоди Шӯравӣ рӯи кор омад. "Шоҳ-бомб", ки онро бо номҳои "Иван" ва ибораи ҳақоратии "Онаи зор…" ёд мекунанд, таҷҳизоти термоядроие мебошад, ки охири солҳои 1950 дар Иттиҳоди Шӯравӣ тавлид шуд. Гурӯҳи олимони шинохтае чун академик Андрей Сахаров, Виктор Адамский, Юрий Бобаев, Юрий Трутнев ва Юрий Смирнов таҳти сарварии академик И.Курчатов гирди ҳам омаданд ва бо фармони Котиби Генералии вақти ҳизби коммунисти Шӯравӣ дар зарфи 112 рӯз аз хатми кори он хабар доданд. Номи ҳақоратии "онаи зор" баъди таҳдиди басо машҳури Хрушов, ки гуфта буд "мо ҳоло онаи зори ИМА-ро нишон медиҳем" ба ин силоҳ дода шуд.
Зеро ҳамагӣ баъди чанд рӯзи ин таҳдид аслиҳаи термоядроии "Шоҳ-бомб" инфиҷор дода шуд. Яке аз мақсадҳои озмоиши он санҷиши принсипи бисёрқабата будани он буд. Татбиқи бомувафақонаи он нишон дод, ки сохтани заряди термоядроии нерӯманд имконпазир аст. Варианти аввалини бомбе, ки вазни он 40 тонна (10 мегатон)-ро ташкил медод, аз сабаби миқёсан бузург будани олудагии реактивии он рад карда шуд. Аммо тибқи тахминҳои дигар ин пешниҳод аслан аз ҷониби конструкторони ОКБ-156 (созандагони бомбандози Ту-95) ба иллати вазнин будани бомб пазируфта нашуд. Баъдан тасмим гирифтанд онро то 20 тонна коҳиш диҳанд. Ҳавопаймосозон бошанд дар навбати худ барномаеро пешниҳод карданд, ки тибқи он мебоист бомбандозҳои Ту-16 ва Ту-95 такмил дода мешуданд.
17 марти соли 1956 Қарори Шӯрои Вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ интишор ёфт, ки тибқи он ОКБ-156 мебоист ба муҷаҳҳаз сохтани Ту-95 ва интиқолдиҳандаи бомбҳои атомии нерӯманд оғоз мекард. Ин тайёра такмил дода шуд, интиқолдиҳандаи "Супербомб" низ сохта шуд, вале санҷиши амалии он бо мулоҳизоти сиёсӣ ба вақти номуайяне мавқуф гузошта шуд. Он шабу рӯз Никита Хрушов қасди сафари ИМА дошт ва дар чунин ҳолат салоҳ набуд, ки силоҳи нав озмоиш карда шавад.
Аммо соли 1961 вазъ ба гунаи дигар тағйир ёфт, ҳамлаҳо ва таҳдидҳои лафзӣ қувват гирифтанд, ҷанги сард шиддати бештар гирифт. Дар чунин вазъ ба озмоиши ошкорои "шоҳ-бомб" иҷозат шуд. Ту-95В бори дигар вобаста ба тағйирёбии ҳаҷми бомби озмоишӣ (24 тонна ва системаи парашютии 800 кило) муҷаҳҳаз карда шуд. Ва ниҳоят озмоиши қавитарин таҷҳизоти термоядроӣ 31 октябри соли 1961 иттифоқ уфтод. Ин замоне буд, ки дар Москав анҷумани таърихии 22-уми Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷараён буд. Бомб дар майдони ҳастаӣ дар баландии 4500 метр партов шуд. Қувваи таркиш берун аз ҳадди интизор - 57 мегатон бо экиваленти тротилро ташкил дод.
Манъи сигоркашӣ дар муассисаҳои тарбиявию таълимии Чин
Оё дуруст аст, ки дар Чин сигоркашӣ дар кӯдакистону мактабҳо манъ шудааст?
Абдукарим, омӯзгор
Дуруст аст. Охири моҳи январ дар Чин қонуне имзо шуд, ки сигоркашӣ дар кӯдакистонҳо, мактабҳои таълимоти ҳамагонӣ ва омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникиро манъ мекунад. Тибқи қонун, ки ожонсии Синхуа расонаӣ карда буд, дар ин муассисаҳои таълимӣ нишонаҳои махсусе гузошта хоҳанд шуд, ки баёнгари манъи сигоркашианд. Аз ин ба баъд дар ин муассисаҳо ҳатто ташкил кардани ҷойи махсус барои сигориҳо номумкин аст. Қонуни нав ба мактабҳо тавсия медиҳад, ки барои назорати иҷрои он нозирони махсусро ба кор гиранд.
Илова бар ин роҳбарони кӯдакистонҳо ва мактабҳо ҳақ надоранд аз муассисаҳои тавлиди маҳсулоти тамоку кӯмак дарёфт кунанд ва ё маҳсулоти онҳоро реклом кунанд. Дар мактабҳои олӣ низ кашидани сигор мамнуъ эълон шудааст, вале бо фарқ аз дигар муассисаҳо дар ин ҷо иҷозат дода мешавад, ки майдончаҳои махсусро барои сигоркашӣҷудо кунанд.
Чин дар олам яке аз бузургтарин тавлидкунанда ва истеъмолкунандаи тамоку маҳсуб мешавад. Дар ин кишвар тибқи омори расмӣ наздик ба 300 миллион нафар сигоркашони фаъол иқомат мекунанд. Мақолмоти чинӣ бо нигаронӣ аз вазъи истеъмоли тамоку тасмим гирифтаанд, ки зина ба зина то соли 2015 сигоркаширо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ комилан манъ кунанд. Охири соли гузашта дар Чин аллакай ба хизматчиёни давлатӣ кашидани сигор дар ҷоҳои ҷамъиятиро манъ карда буданд.
Интернет мағзи сари инсонро хурд мекунад
Вақтҳои охир дар бораи зарари интернет зиёд мегӯянду менависанд. Оё таҳқиқоти илмиие дар ин замина сурат гирифтааст? Гап сари он ки ин масъала хеле муҳим аст. Зеро мо мебинем, ки ҳатто дар мактабҳо хонандагон бештар аз интернет истифода мебаранд ва ба назар мерасад китоб аз таваҷҷуҳи хонанда дур мемонад.
Сабоҳат Мирзоева, Ваҳдат
Бале, таҳқиқот дар ин замина сурат гирифтааст ва на яку ду таҳқиқот. Ва тозатарини он кашфиёти олимони амрикоист, мегӯянд имрӯз дар сар то сари олам бештар аз 450 миллион нафар аз вобастагии интернетӣ ранҷ мебаранд. Яъне, интернет ҳам чун маводи мухаддир ва тамокуву нӯшокиҳои масткунанда инсонҳоро вобастаи худ мегардонат. Вале ин ҷо сухан танҳо аз соатҳои будан бо компютер ва интернет намеравад.
Бино ба гуфтаи олимон ҳузури бисёрсоатаи инсон дар назди монитори компютер ва ё экрани телевизион тафаккури ӯро хароб мекунад. Бахусус, кӯдакон афроди хеле осебпазиранд, чун руҳияи онҳо ҳамоно пурра шакл нагирифтааст. Аз ин рӯ руҳшиносон мегӯянд кӯдак бо нишастан назди компютер фарқ миёни олами воқеӣ ва виртуалиро дарк намекунад ва дар натиҷа ҳиссиёти воқеиро аз даст медиҳад. Бахусус, бачаҳое, ки дӯстдорони бозиҳои компютерӣ мебошанд, зудтар ба вайроншавии ҳолати руҳӣ омада мерасанд.
Гуруҳи олимон бо таҳқиқи нақши иттилоот ва таҷҳизоти рақамӣ дар ҳаёти инсон ба хулосаи тарсдиҳанда омадаанд: инсоне, ки муддати тӯлонӣ дар назди компютер менишинад, на танҳо мушакҳояш маълул мешаванд, балки мағзи сари ӯ низ хурд мегардад, зеро дигар зарурати фикр кардан, андеша рондан, хулоса баровардан вуҷуд надорад. Акнун ин ҳамаро ба ҷои вай диски компютер анҷом медиҳад. Аз ин рӯ олимон тавсия медиҳанд, ки бештар худро аз кори компютерӣ бояд канор кашид ва ба ҳаёти воқеӣ зиёдтар таваҷҷуҳ кард. Ин аст, ки чанд сол ба инҷониб пайи ҳам якшанбеи охири моҳи январро чун рӯзи Ҷаҳонии бидуни интернет қайд мекунанд ва дар ин рӯз аз сокинони Сайёра даъват мешавад, ки ҳаддиақал як рӯзро дар ин як сол бидуни муколамаҳои виртуалӣ пушти сар кунанд.
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №06, 12 феврали соли 2014
-
22.06.2025 14:51
112
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
234
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
238
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
465
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
570
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
456
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
112
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
179
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
186
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
954
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1659
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3351
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
91
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
107
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
148
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
490
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
736
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
858
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
435
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
471
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
442
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
719
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
992
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1855
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
599
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
581
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1773
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2093
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2083
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2299
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
493
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
442
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
922
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3047
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3486
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3468
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
630
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
657
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
602
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?