23:58:42 20-уми Июни 2018 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014


Qissahoi hijrat - 2015
 
1-Ruzgor_Plast_2016.jpg
 

Тақвим

<< < Май 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Пурсишеву посухе: Бонки ҷаҳонӣ даъвои Тошкандро рад кард?

Суолоти худро аз тариқи пустаи электронии "Рӯзгор" Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ва ё телефонҳои 907-91-59-34, 934-26-00-43 метавонед ирсол кунед.

Оё дуруст аст, ки Бонки Ҷаҳонӣ иддаои мақомоти ҷониби Узбакистонро оид ба тарҳи  "CASA-1000" рад кардааст?

Абдулло Шоҳсаидов, Турсунзода

worldbank 58621455Бале, дуруст аст. Тибқи хабаре, ки охири ҳафтаи гузашта расонаӣ шуд, Лора Так муовини раиси Бонки Ҷаҳонӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ бо ирсоли як нома  ба мақомоти Узбакистон ҳимояти худро аз тарҳи CASA-1000 эълон кард. Аз ин пештар Галина Саидова, вазири иқтисоди Узбакистон ба Бонки ҷаҳонӣ муроҷиат карда буд, ки аз ин тарҳ пуштибонӣ накунад. Ба андешаи ин соҳибмақоми давлати Узбакистон  сохтмони хати интиқоли нерӯи барқ аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон мувозинати энержиро дар минтақа вайрон мекунад.

Аммо дар номаи ҷавобии худ Лора Так, ки онро торнамои Бонкии ҷаҳонӣ ҳам интишор додааст, навиштааст, ташхиси ҳамаҷонибаи тарҳи CASA-1000 ҳанӯз дар соли 2011 ба поён расид ва натиҷааш ҳам ин буд, ки барномаи мазкур ба муҳити зисти Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ надорад. "Ташхиси мазкур давраи 20-сола (аз 2016 то 2035)-ро дар бар мегирад ва дар ин муддат ҳарду ҳам Ҷумҳурии Қирғизистон ва ҳам Тоҷикистон дар фасли тобистон нерӯи кофӣ ва изофии барқи обӣ хоҳанд дошт, то бидуни афзудани тавоноиҳои нави тавлиди барқи обӣ ба Осиёи Ҷанубӣ содир кунанд."

Албатта, ҳама талошҳои Узбакистон ба хотири аз даст надодани бозори энергияи барқ дар минтақа аст. Ба андешаи мутахассисоне, ки ин масъаларо хуб пайгирӣ кардаанд ва омӯхтаанд, барқеро, ки Қирғизистону Тоҷикистон ба Покистону Афғонистон мехоҳанд фурӯшанд, замоне Узбакистон аз Тоҷикистон мехарид. Ҳоло ин кишвар аз мо барқ намехарад ва Тоҷикистон илоҷе надорад ба ҷуз он ки оби обанборҳояшро ройгон сар диҳад. Узбакистон ҳоло барои бозори барқ талош дорад ва як киловатт/соат барқро ба Афғонистон ҳоло ба қиммати 7 сент мефурӯшад. Ва агар ин тарҳ амалӣ шавад, нархи он арзон мешавад ва бозори Узбакистон, ки кишвар шомили тарҳи мазкур нест, касод мешавад. Талоши Тошканд низ барои он аст, ки аз татбиқи амалии лоиҳаи CASA-1000 бар зарари он анҷом мешавад.

Кохи Сафед аз кай "сафед" шуд?

"Кохи Сафед". Ин номро мо шояд аз тариқи ВАО  рӯзе на як бору ду бор, балки садҳо бор бишнавему бихонем. Вале як суол ҳамеша дар сарам чарх мезнанад: чаро Кохи Сафед? Чаро сиёҳу сабзу кабуду ё дигар ранг не ва маҳз сафед?

Аловиддин Ҷӯраев, Вахш

capitol 455124545Кохи Сафед на ҳамеша сафед буд ва он на ҳамеша бо ин ном ёд мешуд. Вале он аз ибтидо то ба имрӯз қароргоҳи расмии президенти ИМА маҳсуб мешавад.  Аслан он як бинои хеле қадимӣ низ ҳаст. Гуфта мешавад, ки пойдеворашро 13 октябри соли 1792 гузоштанд ва тарҳи онро меъмори ирландӣҶеймс Хобан кашида буд. Ҷеймс аз миёни ҷандин тарҳи пешниҳодӣ дар озмун пирӯз шуда буд. Дар ибтидо он Хонаи президент номида мешуд ва ё Кохи президент мегуфтанд. Вале суоли хонанда бомаврид аст. Дар ҳақиқат чаро он Кохи Сафед номида мешавад?

Мегӯянд дар оғоз вай аз санги қаҳваӣ сохта шуда буд.  Соли 1912 инглисҳо Вашингтонро ишғол карданд ва ин биноро ба оташ кашиданд. Аз он танҳо деворҳояш боқӣ монд. Таҳти роҳбари Хобан ин бино то соли 1817 куллан аз нав сохта шуд. Ба хотири он ки аз сӯхтор ҳифз карда шавад, санги қаҳваӣ дар бунёди дубораи кох бо санги сафед иваз карда шуд. Ин буд, ки мардум аз ҳамон замон ба он Кохи Сафед унвон доданд ва аввал ғайрирасмӣ ва баъдан соли 1902 расман аз ҷониби  Теодор Рузвелт Кохи Сафед номида шуд. 

Ҷолиб он аст, ки ҳар утоқи бо ранге аз дигар утоқ фарқ мекунад. Хонаи кабуд байзашакл аст ва он утоқи қабули президент ва ҳамсари ӯ мебошад. Хонаи сурх бо мебели замони Империя оро дода шудааст.  Дар утоқи сабз мебел ва ашёҳои замони Ҷон Адамс ва Томас Ҷефферсон гузошта шудаанд. Болотар аз инҳо утоқи гулобӣҷойгир шудааст, ки дар он оилаи президент зиндагонӣ мекунад. 

Нахустин садамаи ҳавопаймоӣ кай иттифоқ уфтод?

Дар шумораи гузашта аз "Рӯзгор" дар бораи ҷонсӯзтарин садамаи ҳавопаймоӣ матлаби ҷолибе хондам. Вале мехостам донам, ки аввалин маротиба дар таърихи башар ҳавопаймо кай суқут кард ва он фоҷеа чӣ асароте аз худ боқӣ гузошта буд?

Моҳсанам Рабиева, Ваҳдат

Нахустин садама ҳавопаймо соли 1908 иттифоқ уфтодааст. Садамаи аввал бо нахустин намунаи ҳавопаймо. Он замони аввалин парвозҳои инсон бо тайёраҳо, ки бо имрӯз қиёснашаванда мебошанд, сурат мегирифтанд ва он парвозҳо маъмулан озмоишӣ буданд. Он рӯз яке аз бародарон Райтҳо - Орвил Райт ба ҳалокат расида буд. Ҳоло бошад ҳар сол дар сар то сари олам ҳазорҳо тан бар асари садамаҳои тайёраҳои мухталиф ҷони худро аз даст медиҳанд.

Ва ин басо марги ногаҳонӣ ва таъсиргузор аст. Тасаввур кунед, инсонҳо азизонашонро ба ҳавопаймо менишонанд ва ба он умеданд, ки онҳо бардаму саломат бармегарданд. Вале дар лаб садҳо каломи ногуфта, васиятҳо нонавишта онҳо дар ҳоли парвоз аз ҳам пош мехӯранд. Дар аксар мавридҳо ҷасади сӯхтаву порашудаи мусофирон низ ақалан барои тасаллои дили пайвандонашон пайдо намешавад.

То солҳои 1960 парвозҳои мусофирбарӣ чандон маъмул набуданд. Тайёраҳо теъдоди басо маҳдуди одамонро кашидаанд. Шумораи садамаҳои ҳавопаймоии мусофирбарӣ баъди солҳои 1960 афзоиш ёфтанд. Аз соли 1971 то соли 1980 дар ҷаҳон 585 ҳавопаймоӣ суқут кардаву бар асари он 16 398 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Он чӣ ин шабу рӯз мегузарад, яъне садамаҳои ҳавопаймоии солҳои охир дар матбуот инъикоси густарда доранд, ки такрорашонро ҷоиз намедонем.

Компютер аз кай ихтироъ шуд?

Ҳаёти имрӯзаро бе компютер тасаввур кардан маъно надорад. Вале шояд на ҳама донанд, ки он аз кай ва чӣ гуна инсониятро фаро гирифт.

Насиба Шоҳҷонова, Шаҳритус

komputar-4546521212Дуруст аст. Ҳаёти имрӯза бидуни компютер дигар маъно надорад. Ин кашфиёти башар имрӯз бо фаъолияти худ миллионҳо амалиёти хурду бузургро анҷом медиҳад, миллионҳо маълумотро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад. То ҷоест, ки барои баъзе инсонҳо коғазу қалам маънову мафҳуми худро гум кардааст. Ва чун ҳама кашфиётҳои илмӣ он низ таърихи худро дорад, ки мухтасаран чунин аст: Аввалин компютери автоматии амалкунандасоли 1944 аз ҷониби профессори Донишгоҳи Гарварди ИМА Говард Эйкен ва гуруҳи муҳандисони корхонаи "Интернешнл Бизнес Машинз" бунёд ёфт. Ва онҳо таҷҳизоти навсохти худро "Гарвард Ай Би Эм-1" номиданд.

Ин мошинебуд, киметавонистрӯйхатидурударозиамалиётҳоиҳисобукитобродарҳофизаашнигоҳдорад. Вай метавонист 23  шумораи рақамиро ба ду ин гуна шумора дар муддати 0,3 сония зам кунад ва онҳоро дар 4 сония зарб занад ва ҳосилашро бароварад. Дар он таҷҳизоти механикӣ, электронӣ ва барқӣ истифода шуда буданд. Ва чун ба он бештар таҷҳизоти электрониро зам карданд, суръаташ ба маротиб афзуд. Дар айни замон компютерҳои электронӣ чандин миллион амалияти арифметикиро дар як сония ба анҷом мерасонанд ва теъдоди беҳисоби маълумотро дар ҳофизаи худ нигоҳ медоранд. Яъне, бо гузашти 70 сол аз эҷоди аввалин компютер он ба ҳадде соддаву муфид шудааст, ки бидуни истифода аз он амалан фаъолияти ҷомеа номумкин гаштааст. 

Давлатҳо ва мубориза бо сӯхтор

Моҳе қабл ҳавлии ҳамсояи мо оташ гирифт. Агар мошинҳои сӯхторхомӯшкунӣ сари вақт намерасиданд, бо сатил обкашонии садҳо одамони атроф ва хешу табору ҳамсояҳо таъсире надошт. Мошинҳо омаданд ва баъди 20 дақиқа ба ғайр аз дуди ғализу бӯи сӯхта осоре аз алангаи оташ намонд. Ва беихтиёр ба фикр фуру рафтам. Ташкили бригадаҳои сӯхторхомӯшкунӣ маҳсули тафакури кӣ буда бошад? Яъне, аз кай ин гуна бригадаҳову созмонҳо таъсис шуда бошанд?

Шарафи Муҳаммадраҷаб 

pozhar 45565456Албатта, ҳар кор ва ҳар иқдом таърихи худро дорад, аз ҷумла мубориза бо оташ низ. Агар ба таърихи ташаккули башар бингарем, шояд дарёбем, ки инсоният дар ибтидо чандон зарурат ба он надоштааст, ки бо алангаи оташ мубориза барад ё худро омодаи хатари эҳтимолӣ созад. Зеро дар оғоз инсон хонаи ҳамешагии истиқоматӣ надошт ва ҳар ҷое рост меомад шабро рӯзу рӯзро шаб мекард. Аммо бо гузашти солҳову асрҳо ба муҷарради пайдо шудани макони истиқоматӣ инсонро зарур омад худро омодаи мубориза бо хатароти ҷонӣ, аз ҷумла оташсӯиҳо низ кунад. Ва далолили таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки хеле пештар аз солшумории мо командаҳои сӯхторхомӯшкунӣ созмон дода шуда буданд, ки бештар дар шаҳрҳои бузург амал мекарданд.

Масалан, румиёниқадимбароимуборизабооташсӯзиҳоибузургғуломонроистифодамебурданд. Ҳамзамон бо ин қайд кардан ҳам бомаврид аст, ки маҳз румиҳои қадим аз аввалинҳо шуда обпошакҳои зидди сӯхторҳои калонро сохтанд. Ба муқобили забонаи оташ онҳо табар, сатил, нардбонро истифода мебурданд. Вале ин сохторҳои сӯхторхомӯшкунӣ чандон муташаккилу муназзам набуданд.

Соли 1722 дар Англия аввалин бригадаҳои зидди сӯхтор созмон ёфтанд. Соли 1833  системаи муташаккили зиддисӯхторӣ дар Ландан таъсис ёфт. Дар ИМА ва дигар кишварҳои қудратманди Аврупо ва ҷаҳон то аз ҷониби давлат сохта шудани созмонҳои зидди сӯхтор сокинон худашон мустақиман ва бо кӯмаки якдигар даст ба ин кор мезаданд.

Вале имрӯз созмонҳои зидди сӯхтор дар кулли кишварҳои дунё амал мекунанд ва ҳукуматҳо мекӯшанд бо сармоягузории бештар ин созмонҳоро фаъол нигоҳ доранд, то аз рӯйдодҳои нохуш бештар ҷилавгирӣ созанд.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №9, 05 марти соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ


RuzgorPlast-banner 1