00:06:14 21-уми Июни 2018 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014


Qissahoi hijrat - 2015
 
1-Ruzgor_Plast_2016.jpg
 

Тақвим

<< < Июн 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Пурсишеву посухе: Аввалин оромгаҳи муслимин дар Мадинаи мунаввара буд?

Мегӯянд дар садри Ислом Пайғамбар (с) дар Мадина қабристонеро бино кардаанд, ки аввалин саҳобагону аҳли байти он ҳазрат (с) дар он мадфунанд. Оё метавонем дар ин бора маълумоте пайдо кунем?

Шамсиддин Назарзода, сокини Хуҷанд

jannat-ul-baqi-125487.jpg

Ба саволи хонанда муаллифи "Тафсири навини Қуръон", корманди Энсиклопедияи миллии тоҷик Абдушариф Боқизода посух медиҳад.

Оре, ин қабристон Бақеъ ном дорад ва гумон мекунам нақл дар бораи он хеле шавқангезу ҳавасангез бошад, ки дар доираи як посухи кутоҳ ғунҷоиш надорад. Вале мухтасар ин аст, ки Бақеъ аввалин ва машҳуртарин гӯристони мусулмонон дар Мадина мебошад ва дар канори масҷиди Паёмбар (с) дар шарқи ин шаҳр ҷойгир шудааст. Бузургони саҳоба чун Усмон ибни Аффон (р), имом Ҳасан, Аббос ибни Абдулмутталиб, духтарон ва аксари ҳамсарони Паёмбари акрам (с) ва дигар бузургони садри аввал дар он мадфунанд.

Минтақаи Бақеъ дар рӯзгори Расули Худо (с) дар гӯшаи шаҳри Мадина ҷойгир шуда ва онро аз се ҷониб киштзорҳои мардум иҳота мекард. Пас аз тавсиаи Мадина гӯристони Бақеъ дар миёнаи шаҳр қарор гирифт ва пас аз тавсиаи масҷиди набавӣ дар давраҳои ахир он бо соҳаи масҷид пайвастааст ва онҳоро роҳрав ва хиёбони борике аз ҳам ҷудо месозад. Бақеъи ғарқад яке аз бузургтарин осори боқимонда ва мероси замони нубувват аст, ки дар назди уммати Ислом арзиши динии хосе дорад ва ҳамин кофист, ки Расули Худо (с) вориди он мешуд ва барои хуфтагони дар он дуо мекард.

Гуфтанист, ки мусулмонон пеш аз ҳиҷрат ҳамроҳи мушрикон дар гӯристонҳои умумӣ дафн мешуданд ва нахустин касе аз муҳоҷирон, ки дар гӯристони Бақеъ ба хок супорида шуд, Усмон ибни Мазъун - саҳоба ва бародари разоии Расули Худо (с) буд, ки соли дуюми ҳиҷрӣ пас аз ҷанги Бадр вафот кардааст ва нахустин нафар аз ансор Асъад ибни Зурора - аз асҳоби байъати Ақаба аст, ки ӯ низ соли дуюми ҳиҷрӣ пеш аз ҷанги Бадр вафот кардааст.

Охирин саҳобае, ки дар гӯристони Бақеъ ба хок супорида шуда, Саҳл ибни Саъди Соидии Ансорӣ мутаваффои соли 91 ҳ. аст. Вай дар синни 96 ва бар асоси баъзе сарчашмаҳо дар синни 100 солагӣ вафот ва дар гӯристони Бақеъ дафн гардид. Дар баъзе сарчашмаҳои таърихӣ аз имом Молик ривоят шуда, ки даҳ ҳазор (10 000) саҳобаи Расули Худо (с) дар Мадина вафот карда, дар гӯристони Бақеъ ба хок супорида шудаанд.

Гулназар Келдӣ нафақат муаллифи Суруди миллист

Ростӣ, дар бораи шоири шинохта Гулназар Келдӣ ба ҷуз он ки муаллифи Гимни Тоҷикистон аст, чизи зиёде намедонам. Бисёр мехостам мухтасар ҳам бошад, дар бораи ӯ нависед.

Шодмон Назарбек, хонандаи мактаби миёна

gulnazar-keldi-001Муаллифи гимни Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ 69 сол пеш, яъне 20 сентябри соли 1945 дар деҳаи Дар-Дари  ноҳияи Айнии вилояти Суғд дида ба олам кушодааст. Баъди хатми факулттаи забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон фаъолияти кории худро аз нашрияи "Комсомоли Тоҷикистон" оғоз карда, баъдан дар маҷаллаи "Садои Шарқ" идома додааст. Солҳои 1975-1977 дар Афғонистон тарҷумон будааст, аз соли  1991 муддате сармуҳаррири ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат" будааст.

Аввалин  маҷмӯаи ашъораш соли 1969 бо номи "Расми сарбозӣ"  аз чоп баромадааст. Баъдан бо номҳои "Дастархон", "Нардбон", "Ағба", "Паҳно", "Лангар", "Пайи дарё", "Чашми нигин" "Табхола" китобҳояш чоп шудаанд.

Соли 1981 аввалин китобаш бо забони русӣ чоп шуд, ки "Звеза Улугбека" ном дошт. Соли 1986 нашриёти он замон машҳури "Советский писател" китоби дигари ӯро бо забони русӣ бо номи "Безымянный родник" чоп кард. Маҷмуъаи дигари ашъори вай бо забони русӣ бо номи "Тень тутовника" соли 1989 дар пойтахти кишвар нашр шуд. Аввалин китобаш бо ҳуруфи форсӣ бо номи "Тахти Рустам" соли 1988 рӯи чопро дид. Гулназар Келдӣ муаллифи чандин асари саҳнавӣ низ мебошад.

Гулназарро аз ҷумлаи тарҷумонҳои хуби ашъори шоирони рус дар Тоҷикистон медонанд. Вай тӯли солҳои гуногун шеърҳои Марина Светаева, Римма Казакова, Михаил Светлов, Роберт Рождественский, Николай Гумилев, баъзе шеъру достонҳои Михаил  Лермонтовро тарҷума кардааст. Дорандаи ҷоизаи Ҷавонон ё комсомол ва мукофти давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ, Шоири халқии Тоҷикистон мебошад.

Аммо, чуноне хонанда ишора кардаанд, дар Тоҷикистон Гулназарро бештар чун муаллифи Суруди миллӣ мешиносанд, зеро аз мактабу боғча сар карда, то корхонаҳову муассисаҳои давлатӣ ин гимн навишта шудаву номи муаллиф ва оҳангсозаш зикр шудааст. Дар озмуни суруди миллӣ аз байни 114 суруди пешниҳодшуда навиштаи ӯҷои аввалро мегирад ва чун гимни Тоҷикистон қабул карда мешавад

Ҳайвонот ҳам гиря мекунанд?

Саге доштам, ки гоҳо медидам об аз чашмонаш берун мешуд. Модаркалони худораҳматиам ҳамеша мегуфт, ки ҳайвонҳо ҳам мисли инсонҳо дар мусибатҳо гиря мекунанд, онҳо ғамро ҳам дарк менамоянд. Вале бо вуҷуд, ки дили кампирро озор намедодам, боварам намеомад. Ҳарчанд намедонистам саги ҳамвлии мо аз чӣ оби чашм мекард.

Нуриддин Сабуров, Ваҳдат

bik-4656455445"Дар яке аз қассобхонаҳои Ҳонконг як барзагове, ки навбати қатли худро интизор буд, ногаҳон худро ба зер афканд ва оғоз ба гиря кард. Ба назари одамон менамуд, ки барзагов аз онҳо тараҳҳум ба ҷонаш мехост, аз чашмонаш беихтиёр ашк ҷорӣ буд ва яқинан мурдан намехост. Аз дидани ин манзара ҳатто қассобоне, ки маҳз аз куштани ин гуна ҳайвонот бурдаи нонашонро меёфтанд, ба риққат омаданд. Ин буд, ки говро хариданд ва зинда ба маъбаде супурданд, ки акнун то поёни умраш зиндагонӣ мекунад".

Ин қисса ривоятеро мемонад, ки метавонад ҳақиқат бошад ва метавонад бофта бошад. Вале олимоне, ки умри худро ба таҳқиқи ҳавоноту ҳашарот сарф кардаанд, низ ашкрезии онҳоро мушоҳида намудаанд. Дар аксар маврид онҳо ба ин хулоса расидаанд, ки ин ҳайвонот на аз ҳиссиёт, балки аз зиёдии намак дар организмашон оби чашм мекунанд.

Вале ин олимон ҳолатҳои дигареро ҳам мушоҳида кардаанд. Доктори илм Г. У. Стеллер, ҳайвоншинос аз донишгоҳи Гарвард, ки сагҳои обиро таҳқиқ мекардааст, мегӯяд, ки онҳо қодиранд бар асари ҳиссиёт гирянд. "Ман баъзан барои саломатии модасагҳо бачаҳояшонро ҷудо мекардам ва медидам, ки аз бадбахтӣ мисли одам мегиристанд", менависад ӯ. Филҳоро низ ба гуруҳи ҳайвонҳое шомил мекунанд, ки қодиранд гиря кунанд.

Ҳиндуҳои Бразилия нақл мекунанд, ки сангпуштҳои обие, ки аз баҳр ҷудо карда, ба хушкӣ гузоштаанд, аз ҷудоӣ аз ватанашон мегиристанд. Вале Фанге ва Шмидт-Нилсонҳо, ки сангпуштҳоро таҳқиқ мекарданд, ба хулоса расидаанд, ки онҳо низ чун аксари ҳайвонот ба хотири кам кардани намак дар баданашон ашк меравонанд. Ғадудҳои намакӣ ҳатто дар морҳо ва сусморҳои обӣ вуҷуд доранд. 

Аммо хулосаи ягона он аст, ки аз сари эҳсос гиря кардан танҳо хоси инсон аст ва ҳайвонҳо ин гуна ҳиссиёт надоранд.

Эҳтироми Островский дар театри хурди Маскав аз чист?

Русҳо дар бораи нақши муҳими Александр Островский дар рушди Театри хурди Маскав зиёд менависанд. Ин адиб аслан чӣ хизмате кардааст, ки ин гуна қадршиносӣ мекунанд?

Соҷида Гулова, донишҷӯ

news_big_454554.jpgТеатри хурди Маскав як муассисаи бузуги фарҳангӣ ба шумор меравад ва он моҳи октябри соли 1824 оғоз ба фаъолият кардааст. Дар бораи ин театр метавон хеле зиёд навишт ва хеле нуктаҳое ҳастанд, ки дӯстдорони таърихи театрҳо бояд донанд. Вале суоли хонанда дар бораи нақши Островский дар рушди ин театр аст ва мо низ посухро мухтасар мекунем.

Дар оғози фаъолияти он нависандагони машҳуре, аз қабили И.С.Тургенев ва  А. В. Сухово-Кобилин муаллифони хуби он буданд ва мекӯшиданд бештар барои ҳунармандони театри навтаъсис песаҳо нависанд. Аммо Александр Островский нақши муҳимтаре дошт, зеро песаҳои вай барои театр шуҳрати беандоза оварданд.

Аз ин рӯ ғайрирасмӣ онро "Хонаи Островский" низ меноманд. Он солҳо дар саҳнаи ин театр 48 песаи ӯ ба саҳна гузошта шуданд ва ҳамаи онҳо дар солҳои гуногун репортуари аслии ин Театри худро ташкил медоданд. Вай шахсан худаш дар тамринҳо ширкат мекард, бо ҳунармандон дӯстӣ дошт ва ҳатто баъзе аз песаҳои вай махсус барои ин ё он ҳунарманди театр навишта мешуданд.   

Соли 1929 дар даромадгоҳи театр пайкараи Островский гузошта шуд. Песаҳои ин дарамнависи шинохта бо ба имрӯз аз саҳнаи театр дур намераванд.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №15, 16 апрели соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ


RuzgorPlast-banner 1