Пурсишеву посухе: Қаҳр то се рӯз аст, вале…
Суолоти худро аз тариқи пустаи электронии "Рӯзгор" Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ва ё телефонҳои 907-91-59-34, 934-26-00-43 метавонед ирсол кунед.
Салом ба "Рӯзгор". Дар бораи низомии кори адибони машҳурамон хеле кам медонем. Ба назарам русҳо вақте дар бораи ин ё он шоир ё нависандаи худ менависанд, ҳатман аз низоми кораш ёд мекунанд. Вале дар мо чунин нест. Аҳён-аҳён мешавад мефаҳмем, ки фалонӣ ё субҳ эҷод мекардааст, ё шаб ё нимирӯзӣ. Мехостам дар ин мавзуъ аз низоми кории устод Лоиқ Шералӣ чизе бихонам. Шоири маъруф чӣ гуна шеър менавишт ва кадом режимро риоя мекард.
Муродҷон Таваллоев, Душанбе
Ба саволим хонанда ҳамсари шоири бузург Зебунниссо Қутбиддинова посух дод:
-Лоиқ низому тартиби махсуси корӣ надоштанд. Ҳама вобаста ба илҳомашон буд. Ҳар вақте ба ёдашон фикре мерасид, зуд мешастанду менавиштанд ва баъд паси корашон мерафтанд. Доим дар ҷустуҷӯи мавзуъ барои шеърҳояшон буданд. Вақте илҳомашон меомад, мо халал намерасонидем. Пай мебурдем, ки саргарми навиштани чизе ҳастанд, ки ба хотирашон омадааст. Аз чеҳра ва аз таваҷҷуҳашон дида мешуд, ки хеле банд ҳастанд ва набояд халал расонд.
Лекин режими муайяни корӣ надоштанд ва режимро дӯст намедоштанд. Ҳолате буд, ки соати чори саҳар бедор мешуданд ва сари мизи корӣ менишастанд. Баъзан аз шом то сари субҳ кор мекарданд, агар шеъре барои навиштан ба ёдашон намеомад, китоб мехонданд. Ҳолати бехобиро бо мутолиаи китоб рӯз мекарданд. Ва зиёд мехонданд. Аслан мутоилаи Лоиқ беш аз ҳадди тоқати мо буд. Ҳамеша китоби нав, ки ба дасташон мерасид, зуд мехонданд. Аммо дар ин миён китобҳое доштанд, ки басо зиёд мехонданд. Ҳофизро, Мавлавиро ва Соибро зиёд мехонданд. Бекор монанд ё Соиб ба даст мегирифтанд ё Мавлавиву Ҳофиз.
Ман дар тӯли умр боре ёд надорам, ки гуфта бошанд "ман соати фалон хеста шеър менависам". Не, ин тавр набуд. Вақте илҳомашон меомад, хоҳ шом хоҳ саҳар хоҳ вақти таом зуд аз пайи навиштан мешуданд. Ва муҳим он буд, ки чизи ба ёдашон расидаро ба вақти дигар намемонданд.
Ва боз дар ҳамин иртибот:
Адибони оламшумул лабораторияи эҷодии аҷиб доштанд ва то ҷое маълум аст, аксари онҳо ба гунаҳои гуногун сари мизи нависандагӣ менишастанд ва ҳатто дар фосилаи кори ба истилоҳи худашон "навис-навис" машғулиятҳои дигаре ҳам доштанд.
Масалан, Шиллер танҳо ҳамон вақте метавонист бинвисад, ки дар мизи кориаш себи пӯсидаро бинад.
Эмил Золя барои он ки кораш дар таълифи роман муваффақона бошад, худро дар курсӣ маҳкам мебаст.
Шарлотта Бронте ҳамгоми навиштаи романи навбатӣ пайваста худро канор мегирифт ва ба тоза кардани картошка машғул мешуд. Эдгар По метавонист соатҳои тӯлонӣ сари мизи корӣ биншинад ва басо дақиқкоронаву бо сукути ҳайратангез ба як пора коғази тоза бингарад ва ин муддат сатре дар он нанвисад.
Метерлинк низ тақорибан ҳамин гуна рафтор дошт. Вай субҳгоҳон се соати дароз паси мизи корӣ менишаст ва баъзан дар ин муддат ягон фикри навиштан ба сараш намеомад.
Писари Дюма барои бедор кардани илҳомаш дӯст медошт, ки панҷ маротиба шикамсерӣ хӯрок хӯрад.
Худи Александр Дюма бошад, дӯст медошт танҳо дар варақҳои тозаи хоначадор бинвисад ва агар ин гуна варақҳо тамом мешуданд, зуд аз навиштан бозмеистод.
Жорж Санд ҳар рӯз 11 соат менавишт ва агар романи нави худро он рӯз дар даҳуним соат ба анҷом мерасонд, ҳатман романи навро оғоз мекард ва ним соати дигар онро менавишт.
Қаҳр то се рӯз аст, вале…
Масъалае, ки аз шумо суол мехоҳам кунам, иртибот ба худи мо дорад. Гап сари он ки ману бародарам бо ҳам қаҳрием ва сабаб он буд, ки бародарам бо модарам ҷанҷол кард ва ҳатто ӯро заданӣ шуд, аммо ман нагузоштам ва ҷониби модарам шудам. Ҳоло аз миён хеле вақт гузашт, воситае нашуд, ки оштӣ шавем. Чӣ бояд кард? Ҳукми шаръии он чӣ гуна бошад?
Н.Б. Норак
Мехостем номаро ба ягон руҳонии саршинос диҳем ва посухашро дарёбем, вале дар ҳамин замон чашмамон ба посухи эшони Нуриддинҷон Тӯраҷонзода ба саволи як корбари сомонаи хонаводагии Тураҷонзодаҳо уфтод, ки шабеҳи ҳамин савол буд. Арзишмандтар аз он посухро наёфтем: олимона ва басо соддаву фаҳмо. Эшони Нуриддинҷон посух дода:
"Дар асл аз се руз зиёд қаҳрӣ кардан бо бародари мусалмон ҳаром аст. Паёмбар алайҳиссалом дар ҳадиси саҳеҳ мегӯянд: "Барои мусалмон ҳалол нест, ки бо бародараш зиёда аз се рӯз каҳрӣ бошад". Ривояти Бухорӣ. Ин дар ҳолате аст, ки қаҳрӣ кардан ба хотири нафси худ бошад. Шариъат дар ин ҳолат то се рӯз иҷоза додааст мусалмон бо бародараш қаҳрӣ кунад. Вале аз се рӯз зиёд қаҳриро дар ин ҳолат иҷоза надодааст. Аммо агар қаҳрӣ кардан ба хотири дин бошад, пас аз се рӯз зиёд қаҳрӣ кардан ҷоиз аст.
Ҳамчуноне, ки Паёмбар алайҳиссалом ва саҳобагон бо се саҳобӣ ҳангоме, ки аз ҷанги Табук тахаллуф карданд, 50 рӯз ҳаҷр (қаҳрӣ) карданд. Вале ин қаҳрӣ кардан замоне машруъ аст, ки ғолиби гумон ин бошад, ки шахси қаҳришуда аз ҷурми кардааш пушаймон мешавад ва тавба мекунад. Бинобар ин он бародари шумо, ки барои ҳамсараш бо модари шумо ҷанг кардааст ва қасди задани модарро кардааст, муртакиби гуноҳи бузург шудааст. Аз ин сабаб агар ғолиби гумони шумо ин бошад, ки қаҳрӣ кардан бо бародаратон болояш таъсир мегузорад ва аз ин кораш пушаймон шуда тавба мекунад, пас ҷоиз аст бо ӯ аз се руз зиёд то пушаймон шуданаш қаҳрӣ кунед.
Уламо мегӯянд: ҳаҷр ё қаҳрӣ кардан доруест, ки бояд дар вақташ ва бо андоза истифода шавад ва истифода кардани он дар ғайри вақташ ва аз андоза зиёд ҷоиз нест. Худо нигаҳбонатон бошад".
Саҳнаҳои сарнавиштӣ дар асарҳои Чехов
Соли гузашт дар театри машҳури Маскав намоишномаи "Боғи гелосӣ"-Антон Павлович Чеховро тамошо кардам. Хеле мавриди писанд буд. Билети онро ман моҳе пеш харида будам, чун орзу доштам, ки ягон намоишномаи Чеховро дар саҳнаи театри рус бубинам. Саҳнаҳои ҷолиб дошт, вале як муроҷиати қаҳрамони он Гаев ба ҷевон сахт маро мутаваҷҷеҳ кард. Вақте берун шудем, Сергей Иосевич, як марди руси солхӯрда, ки дар барам менишаст, гуфт, ин лаҳзаи зиндагии худи Чехов аст. Аввал пай набурдам, вале баъд мароқ зоҳир кардам, ки чӣ гуна як пора муроҷиат метавонистааст, пораи зиндагии адиб бошад.
Соҳибзамон Комилҷонов, омӯзгор аз шаҳри Душанбе
Муҳтарам Соҳибзамон! Адибон дар офариниши асарҳои худ зиёд ба рӯзгори гузаштаашон муроҷиат мекунанд ва пораҳои зиндагии худро бо шеваи дигару бо лаҳни дигар ҷо медиҳанд. Ва таърихи олами адаб ин гуна мисолҳо зиёд дорад. Ин ҷо бомаврид медонем, ки як мисол орем. Романи машҳури "Мартин Иден"-и Ҷек Лондон шояд 90 дар сад сарнавишти худи адиб аст.
Муроҷиати Гаев дар "Боғи гелосӣ"-ро низ мунаққидони осори Чехов мансуб ба сарнавишти овони кӯдакии адиби оламшумул медонанд. Нақл мекунанд, ки дар Таганрог хонаводаи Чеховҳо ҷевоне доштанд, ки аз чӯби сурх тарошида шуда буд. Модари хонадон Евгения Яковлева аз бачаҳо дар он ҷевон шириниҳоро пинҳон мекард. Кӯдакон, аз ҷумла Антошаи хурдакак пинҳонӣ аз модар ба он ҷевон наздик меомаданд ва сар фуруд овардаву ба номаш қасамҳо мехӯрданд ва шӯхиомез онро "муҳтарам" ва "басо маҳбуб" меномиданд. Албатта, ба он хотир, ки маҳз аз ҳамин ҷевон комашон доим ширин буд.
Ҳангоми кор дар ин пиесса Чехов маҳз ҳамин саҳнаи зиндагии худро ба ёд овардааст ва аз забони Гаев муроҷиате ба ҷевон кардааст, ки тақрибан ҳамон суханони тифлонаи худи муаллиф ва бародарону хоҳаронаш мебошанд.
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №20, 11 июни соли 2014
-
09.06.2025 13:12
215
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
218
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
29.05.2025 11:19
273
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
07.05.2025 23:59
444
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
553
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
435
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
92
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
158
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
167
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
934
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1645
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3332
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
69
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
83
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
130
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
472
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
723
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
843
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
412
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
455
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
425
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
700
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
977
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1834
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
584
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
560
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1754
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
2068
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2282
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2964
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
473
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
426
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
907
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3026
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3471
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3453
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
614
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
640
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
583
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?