ҲАМА БА РОҒУН, ҲАМА БАРОИ РОҒУН
Як гурӯҳ ҳунармандони Тоҷикистон тасмим доранд, маблағи аз як консерти муштарак ба даст овардаи худро ба ҳисоби сохтмони нерӯгоҳи Роғун бирезанд. Ин консерт 15-уми моҳи ҷорӣ дар Кохи Ваҳдат бо иштироки Таҳмина Ниёзова, Зикриаллоҳ Ҳакимов, Жанна Шаинян ва ҳунармандони дигари шинохта баргузор хоҳад шуд.
Баҳром Ғафурӣ, овозхони шинохтаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, саҳм гузоштан дар эҳдоси нерӯгоҳи Роғунро вазифаи шаҳрвандии худ медонад. Шуморе аз тоҷирони дохиливу хориҷии тоҷик низ омодагӣ изҳор кардаанд, то дар ин сохтмон саҳм бигиранд. Ин ҳама ибтикорот дар пуштибонӣ аз сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар замоне дубора матраҳ шуд, ки ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон аз ин нерӯгоҳ дидан кард. Ва сар аз моҳи ҷорӣ корҳои баста шудани маҷрои дарёи Вахш оғоз шудааст.
Анвар Латифов, раиси котиботи Вазорати рушди иқтисодӣ ва савдои Тоҷикистон гуфт, вазорат бо дастури ҳукумати Тоҷикистон ба тарҳрезии механизми дарёфти ёриҳо аз мардум ва корхонаҳо машғул аст.
Норӯшанӣ дар механизми ироаи ёриҳо дар ҳолест, ки бархе аз вазорату идораҳо интиқоли маблағ аз моҳонаи кормандон ба ҳисоби сохтмони Роғунро шурӯъ кардаанд. Барои мисол, Мирзоаҳмад Абдуллоев, корманди раёсати идораи автомобилии Вазорати нақлиёт ва алоқаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳуқуқи моҳонаи коргарони ин раёсат ба ҳисоби сохтмони Роғун интиқол дода шудааст.
Иқтисоддон Холмаҳмад Азимов дар як китобаш пешниҳоде ҷиҳати механизми ироаи ёриҳои мардум ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун кардааст. Ба эътиқоди ҷаноби Азимов, давлат бояд саҳмия чоп кунад ва ин саҳмияҳоро, ки қиммати ҳар кадом 103 долларро ташкил хоҳад дод, ба мардум бифурӯшад. Маблағи аз фурӯши саҳмияҳо ба дастомада бояд дар як бонк ҷамъоварӣ бишавад. Пас аз гузашти вақт саҳмиядорон тавонанд, ки саҳмияҳои худро ба давлат бируфӯшанд ва ё дар ивазаш нерӯи барқ бигиранд. Холмаҳмад Азимов мутмаин аст, ки дар ин сурат метавон дар 10 сол нерӯгоҳро бунёд кард.
Тоҷикистон барои иҷрои барномаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба беш аз 2 миллиард доллар ниёз дорад. Давлати Тоҷикистон тасмим дорад, то дар иҷрои барномаи эҳдоси дарғот ё платина ва ба кор андохтани нахустин агрегат ё чархаи тавлиди нерӯи барқи Роғунро аз ҳисоби моҳона ва ёриҳои мардум роҳандозӣ кунад. Вале бархе аз коршиносон ба иҷрои ин барнома, ки тавонад мавриди эътимоди мардум бошад, ва мардум довталабона саҳм гузоранд, баъид медонад.
Зулфиқори Исмоилиён, «Озодӣ»
-
22.06.2025 14:51
112
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
234
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
238
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
465
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
570
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
456
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
112
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
179
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
186
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
954
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1659
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3352
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
91
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
107
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
148
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
490
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
736
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
858
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
435
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
471
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
442
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
719
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
992
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1855
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
599
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
581
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1773
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2093
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2083
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2299
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
493
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
442
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
922
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3047
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3486
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3468
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
630
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
657
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
602
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?