Тоҷикистон дари Роғунро барои Ӯзбакистон боз мегузорад
Вокуниши Ӯзбакистон ба натиҷаҳои ташхиси тарҳи Роғун барои Тоҷикистон ғайриинтизор шумурда намешавад, вале мумкин аст, дар сармоягузории тарҳ мушкил ба бор орад.
Изҳороти Ӯзбакистон дар миёни шаҳрвандони қатории Тоҷикистон, ки бархе аз онҳо саҳҳомони Роғунанд, тааҷҷуб ва нофаҳмиро ба миён овардааст. Онҳо мегӯянд, ин ташхисро худи Ӯзбакистон хоста буд ва маҳз Тошканд пойфишорӣ мекард, ки онро бояд ягон созмони байнулмилалӣ анҷом диҳад. Ҳоло, вақте ки гурӯҳи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ дар мавриди Роғун хулосаи мусбат дод, Ӯзбакистон мегӯяд, ташхис дуруст анҷом нашудааст ва бояд як ташхиси дигар гузаронд.
Аммо намояндагони расмии Тоҷикистон аз шарҳи паёми ахири Тошканд худдорӣ мекунанд ва мегӯянд, танҳо пас аз эълони натиҷаи ниҳоии арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ, ки 15 августи соли ҷорӣ нашр хоҳад шуд, дар ин бора изҳори назар хоҳанд кард. Аммо Хайрулло Сафаров, раиси ширкати нерӯгоҳи "Роғун", ки дар нишасти Алма-Ато ширкат кардааст, мегӯяд, мавзеи Узбакистон дар қиболи арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ аз қабл рӯшан буд. Ҷаноби Сафаров рӯзи душанбеи 4 август дар вокуниш ба изҳороти муовини нахуствазири Узбакистон роҷеъ ба натиҷаҳои арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ гуфт, "ташхиси фаннӣ ва зистмуҳитии нерӯгоҳи Роғун аз сӯи ин бонк 4 сол ва бо риояи тамоми меъёрҳои байналмилалӣ сурат гирифтааст ва набояд шакку шубҳае дар он бошад."
Зеро ба таъкиди ҷаноби Сафаров, коршиносони гурӯҳи байнулмилалиро худи Бонки Ҷаҳонӣ интихоб кардааст ва маблағгузории кори ҳайат низ аз тарафи ин бонк анҷом шудааст, «мо дар чандин вохӯриҳо намояндагони кишвари ҳамсояро даъват кардем, аммо онҳо ҳузур надоштанд ва ё танҳо мактуб мефиристоданд. Бонки Ҷаҳонӣ аз кори анҷом додааш ҳимоят кард ва ба суолҳои кишварҳои ҳамсоя дар мулоқоти Алма - Ато посух дод. Мо аз рӯи ҳамсоядорӣ кор мекунем ва корамон низ шаффоф аст. Дари мо барои ҳамкорӣҳамеша боз аст."
Ба таъкиди раиси ширкати нерӯгоҳи Роғун, ин лоиҳа на танҳо ба манфиати Тоҷикистон, балки барои тамои кишварҳои минтақа аст.
Ин ҳам дар ҳоле, ки Рустам Азимов, муовини аввали сарвазири Узбакистон гуфтааст, кишвараш ин хулосаи ташхисро қабул надорад ва ба ҳеҷ ваҷҳ аз тарҳи мазкур пуштибонӣ нахоҳад кард. Мансабдори Узбакистон ҳамчунин афзуд, ки ҷараёни ташкили ташхиси тарҳи нерӯгоҳи барқи обии Роғун, интихоби мушовирон, сармоягузорӣ, мушаххас кардани супоришҳои фаннӣ ва дигар параметрҳои муҳимтарин, ки ба натиҷаи ниҳоии ташхис таъсир доштанд, ба меъёрҳои эътирофшудаи байнулмилалии пажӯҳиш ва арзёбии бетарафона, мунсифона ва шаффофи тарҳҷавобгӯ нестанд.
Ҳарчанд ин мавқеи мақомоти Узбакистон рӯзи18-уми июл дар мулоқоти ниҳоии намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Алмаато садо дод, аммо танҳо рӯзи 1 августи соли равон дар торнамои расмии Ҳукумати Узбакистон ба нашр расид. Дар ҳамин ҳол ҷониби Узбакистон пешниҳод дорад, ки боз як ташхис, ин бор амиқтар гузаронда шавад
Ин ҳам дар ҳолест, ки Бонки ҷаҳонӣ бо такя ба лоиҳаи хулосаи ниҳоӣ дар мавриди Роғун мегӯяд, бо назардошти ҳисоботи коршиносони байналмилалии мустақил бунёд ва истифодаи нерӯгоҳ имконпазир аст, вале бояд доимо монитор шавад.
Аммо коршиносони тоҷик даъвоҳои ҷониби Узбакистонро дар мавриди зиёни сохтмони Роғун бепоя медонанд. Аз ҷумла, Ғуломиддин Сайфиддинов, коршиноси масоили энержӣ дар ин робита мегӯяд, «чунин ташхисҳоро чандин борҳо дар замони Шӯравӣ анҷом додаанд. Бонки Ҷаҳонӣ низ тӯли чанд сол лоиҳаро арзёбӣ кард. Намояндагони парлумони Аврупо ҳам баъди он, ки ошно шуданд, гуфтанд, бояд сохта шавад. Наход ин қадар ташхисҳоро одамони гумроҳ анҷом дода бошанд, ки агар ягон паёмаде баде дошта бошад, нодида бигиранд. Узбакистон танҳо аз як чиз метарсад, ки агар ин нерӯгоҳ бунёд шавад, Тоҷикистон рушди мустақим мекунад. Дар тӯли ин 20 соле, ки мушкили барқ вуҷуд дорад, заводу фабрикаҳо фаъолияти собит карда наметавонад ва дар пешрафти кишвар низ ин раванд монеъа эҷод мекунад.»
Коршиноси мустақил Зафар Абдуллоев мегӯяд, "ҳукумати Тоҷикистон бояд нишон диҳад, ки ба ин тарҳҳамчун як тарҳи тақсими об муносибат мекунад. Ҳарду тараф ҳам бояд дарк кунанд, ки Роғун ҷои бархӯрдҳои сиёсӣ нест. Мавқеи Ӯзбакистон ҳоло заиф аст. Дар сурати ҷалби ҷонибҳои бештар, масалан ташкили консорсиуми байналмилалӣ, механизмҳои байналмилалӣҳам ба кор медароянд."
Ба ақидаи ин коршинос агар ниҳодҳои дигари байнулмилалӣ ба ин баҳс шарик шаванд, ҳатман байни онҳо сохторҳое буда метавонанд, ки Ӯзбакистон ҳам аз онҳо вобастааст. Дар сурати идомаи мухолифатҳо ин кишвар дар инзиво мемонад.
Ҳамзамон Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари масоили сиёсӣ мегӯяд, эътирози Узбакистон дар амри бунёди Роғун метавонад барои пайдо кардани сармояи бунёди ин нерӯгоҳ монеа шавад. Вай гуфт, «албатта ҳар як сармоягузор, ки ба ин минтақа меояд, мавқеи Узбакистонро ба назар мегирад. Ва Русия ҳам бо вуҷуди он, ки дар баъзе аз марҳилаҳо ба тарҳи Роғун назари мусбат баён мекард, то охир ба он розӣ нашуд, чунки Узбакистон тамоман мухолиф буд. Яъне, дар нисбати пайдо кардани маблағ, албатта, таъсири манфӣ мерасонд. Аммо фикр намекунам, ки тибқи талаби Узбакистон, Бонки Ҷаҳонӣ аз нав ташхисро анҷом диҳад.»
Зимнан, сохтмони нерӯгоҳи Роғун, дар тақрибан 90-километрии шарқи Душанбе, бо иқтидори 3600 мегаватт ва тавони тавлиди 13,1 миллиард киловат/соат нирӯи барқ дар як сол ҳанӯз дар поёни солҳои 70 оғоз ёфта, сарбанди 335-метриаш мебоист баландтарин сарбанди дунё мешуд. Вале бо суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ин сохтмон нотамом монда, дар як сели шадиди баҳори соли 1992 нақбҳои обпартои алакай сохташудааш зери лой монда, тақрибан 70 метр сарбанди бунёдшудаашро ҳам сел шуста бурд.
Ҳукумати Тоҷикистон баъди талошҳои бебарори ҷустуҷӯи сармояи хориҷӣ дар оғози соли 2010 ба шурӯи мустақилонаи ин сохтмони барояш ҳаётан муҳим ибтикор кард ва тавассути як маъракаи нимаиҷбории фурӯши саҳмияҳои Роғун аз мардум ва корхонаҳову ширкатҳо тақрибан 186 миллион доллар ҷамъ овард, вале баъди ҳамагӣ се моҳ маҷбур шуд, таҳти фишори кишварҳои поёноб ва бо дархости созмонҳои байналмилалии молӣ, саҳмияфурӯширо қатъ кунад.
Гуфта мешавад, барои сохтани танҳо навбати аввали ин нирӯгоҳ 590 миллион доллар ва барои бунёди пурраи он 2,2 миллиард доллар лозим аст, ки худи давлати Тоҷикистон чунин сармояро надорад.
«Озодӣ»
-
22.06.2025 14:51
111
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
233
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
237
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
464
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
567
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
454
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
111
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
178
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
185
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
953
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1658
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3350
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
90
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
106
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
147
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
489
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
735
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
857
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
434
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
470
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
441
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
718
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
991
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1854
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
598
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
579
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1770
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2091
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2082
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2298
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
492
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
441
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
920
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3045
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3485
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3466
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
629
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
656
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
600
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?