Истиқболи Душанбе аз "ОК"-и Бонки ҷаҳонӣ ба тарҳи Роғун
Мақомот ва иқтисоддонҳои тоҷик хулосаи коршиносони Бонки ҷааҳониро, ки бунёди сарбанди нирӯгоҳи Роғунро имконпазир хондаанд, худ истиқбол карданд. Акнун, мегӯянд онҳо, масъала пайдо кардани пул барои сохтани ин нирӯгоҳ аст.
Бонки ҷаҳонӣ рӯзи 1 сентябр бо нашри натиҷаҳои ниҳоии арзёбиаш гуфт, “сохтмони амн ва истифодаи сарбанд дар ҳудуди Роғун имконпазир аст”, вале харҷи бузурги сохтмони ин нирӯгоҳ рискҳои зиёдеро низ дар пай дорад. Дар ҳар сурат, бино ба хулосаи ин ниҳод, сохтани сарбанд дар Роғун арзонтарин василаи бароварда сохтани эҳтиёҷи Тоҷикистон ба ниирӯи барқ будааст.
Хулосаҳои ба сурати умум мусбати коршиносони Бонки ҷаҳонӣ аз тарафи мақомоти масъули сохтмони нирӯгоҳи Роғун ва иқтисоддонҳои тоҷик мусбат истиқбол шуданд. Акнун, ба ақидаи онҳо, бо дарёфти "ок"-и Бонки ҷаҳонӣ тӯб дар тарафи Душанбест, ки оё барои сохтани ин нирӯгоҳи барояш ҳаётан муҳим сармояи кофӣ пайдо мекунад ё на.
Хайрулло Сафаров, раиси ширкати нерӯгоҳи "Роғун" рӯзи 2 сентябр дар сӯҳбат ба мо аз гузориши Бонки ҷаҳонӣҷиҳати сохмони НБО-и «Роғун» истиқбол кард. Ба ин суол ки акнун Тоҷикистон чӣ тасмим хоҳад гирифт ва бо кадом сармоя «Роғун»-ро хоҳад сохт?” ҷаноби Сафаров гуфт, бино бар пешниҳоди Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистон метавонад бо як қисми маблағҳои худӣ ва ҷалби маблағҳои грантӣ «Роғун»-ро бисозад. Вай гуфт, он маблағе, ки Тоҷикистон аз ҳисоби саҳмияҳои мардум ҷамъоварӣ карда буд, ҳанӯз ҳам як қисматаш дар хазинаи вазорати молия нигоҳдорӣ мешавад ва дар сохтмони «Роғун» аз ин маблағҳои мардумӣ низ истифода хоҳад шуд.
Дар ҳоле ки бисёриҳо мехоҳанд, худи Бонки ҷаҳонӣ ба Роғун сармоягузорӣ кунад ва таъсиси консортсиуми байналмилалиро сарварӣ намояд, иқтисоддони шинохтаи тоҷик Ҳоҷимуҳаммад Умаров бар ин аст, ки беҳтар мешуд, агар Тоҷикистон дар сохтмони «Роғун» аз кӯмаки Сандуқи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ ё дигар сохторҳои байналмилалӣ истифода накунад: «Тоҷикистон худаш маблағи кофӣ дорад, ки Роғунро бисозад. Он маблағҳое, ки аз Тоҷикистон гурезонда, ба офшорҳо бурдаанд, бояд баргардонида шаванд. Дигар ин ки Роғун барои содирот кор мекунад. Харидорони барқи Роғун Афғонистону Покистон, Чин ва шояд Ҳиндустон ҳам бошад. Мо метавонем бо роҳи шарикии давлативу хусусӣ аз онҳо даъват кунем. Имкони бо ин роҳ сохтан ҳаст. Ҳатто агар мо бо Узбекистон муносибати хуби сиёсӣ медоштем, метавонистем маблағҳои Узбекистонро ҳам ҷалб кунем.»
Мақсуд Собир, иқтисоддони дигари тоҷик мегӯяд, тарҳи «Роғун» ба як нанги миллӣ табдил ёфтааст барои тоҷикон. Бино бар ин бо ҳар роҳе бояд он сохта шавад: «Ҳукумати Тоҷикистон вазифадор аст, ки ҳар гуна риске ки ҳаст, бартараф кунад. Албатта, ҳеҷ сохтмон бидуни риск намешавад. Он маҳалле, ки гуфта мешавад, ҳангоми сохтмони Роғун зери хатар мемонад, аҳолияш бояд ба дигар ҷо кӯчонида шавад.Аммо набояд аз сохтани ин нирӯгоҳ заррае дасту дил шуст.»
Таҳлилгари тоҷик ҳамчунин мегӯяд, Ҳукумати Тоҷикистон бояд ба халқҳисобот медод, ки пули саҳмияҳои мардум куҷо шуданд? Зеро агар ин амалро анҷом надиҳад, минбаъд саҳомдорон аз идомаи маблағгузорӣ даст мекашанд.
Бонки ҷаҳонӣ: Сохтани Роғун имкон дорад, вале...
Бонки ҷаҳонӣ рӯзи 1 сентябр дар сомонаи расмиаш ҳамроҳ бо хулосаҳои ниҳоии арзёбиҳояш дар бораи тарҳи ниругоҳи Роғуни Тоҷикистон санади тозаеро бо номи “Масоили калидии мавриди баррасии минбаъда дар бораи тарҳи пешниҳодии НОБ-и Роғун” нашр кардааст.
Бонки ҷаҳонӣ дар санад хулосаҳои асосиаш аз тақрибан 4 соли арзёбии тарҳи ин нирӯгоҳи барои Тоҷикистон ҳаётан муҳимро натиҷагирӣ карда ва аз поёни марҳалаи арзёбии ин тарҳ хабар додааст.
Бонки ҷаҳонӣ аз ҷумла менависад, “сохтмони амн ва истифодаи сарбанд дарҳудуди Роғун имконпазир аст.” Ба ақидаи Бонки ҷаҳонӣ, “ҳар кадом аз 3 тарҳи сарбанди Роғун барои таъмини эҳтиёҷи Тоҷикистон ба нирӯи барқ назар ба алтернативаҳои бидуни Роғун аз нигоҳи иқтисодӣ бештар муносиб аст.” Ин се вариант, бино бар ин манбаъ, бунёди сарбанди Роғун ба баландии 1220, 1255 ва 1290 метрро дар назар дорад ва коршиносони Бонки ҷаҳонӣ аз ин миён варианти 1290 метрро муқбилтар донистаанд.
Аммо аз тарафи дигар, омадааст дар ин санад, “тарҳ хеле бузург аст (тақрибан 50 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохили соли 2013-ро ташкил медиҳад) ва ҳомили рискҳои бузурги моливу макроиқтисодист.” Бонки ҷаҳонӣ дар ин маврид аз ҷумла таъкид кардааст, ки аз ҳисоби худи Тоҷикистон анҷом шудани миллиардҳо доллар сармоягузории Роғун “метавонад боиси кам шудани даромади холис, танг кардани сармояи хусусӣ ва коҳиши ҷидди воридоте шавад, ки ба сохтмони нирӯгоҳи Роғун рабт надорад, аз ҷумла воридоти маҳсулоте, ки ниёзҳои аввалияи аҳолии бе он ҳам фақирро таъмин мекунад.”
Дар ин санад гуфта мешавад, ки консортсиуми байналмилалӣ метавонад бори хароҷоти ин сохтмонро аз дӯши Душанбе сабуктар карда, рискҳоро низ тақсим кунад. Коршиносони Бонки ҷаҳонӣҳамчунин ба зарурати ҳалли ду паёмади асосии экологӣ ва иҷтимоии ин сохтмони бузург – “кӯчондани аз 1294 то 5743 хонавода вобаста ба баландии сарбанд ва тағйири имконпазири ҷараёни об дар манотиқи поёноб” таъкид карда, гуфтаанд, ин ду масъала “бояд ба хотири рияои меъёрҳои байналмилалӣ пешгирӣ карда шаванд.”
Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ дар бахши тадбирҳои тавсиявӣ ба мақомоти Душанбе ба зарурати анҷоми зудтари ислоҳоте, ки ба таъмини эҳтиёҷоти энержии Тоҷикистон мусоидат кунад, таъкид кардаанд. Ин ислоҳот аз ҷумла бояд шаффофият, суботи молӣ ва идораи муносиби ширкати “Барқи Тоҷик”, истифодаи муассиртари нирӯи барқ аз ҷумла дар корхонаи ТАЛКО, коҳиши қарзи корхонаҳои давлатӣ ва шаффофияти бахши молии давлатро дар бар бигиранд.
Узбакистон чӣ назар дорад?
Бонки ҷаҳонӣ натиҷаи арзёбиҳои муқаддамотиаш дар бораи Роғунро ҳанӯз моҳи июн нашр кард ва моҳи июл дар Алма-Ато даври ниҳоии машваратҳо байни кишварҳои минтақа дар ин масъала доир шуд. СММ, Амрико ва Русия аз натиҷаҳои эълоншудаи арзёбии тарҳи Роғун истиқбол карда, онро имконе барои ҳамкорӣ дар масоили обу энержӣ дар Осиёи Марказӣ номиданд. Аммо Узбакистон – мухолифи асосии сохта шудани нирӯгоҳи Роғун дар минтақа - то ҳол мавқеи расмиаш дар мавриди натоиҷи нашршудаи ташхисҳои фанниву иқтисодӣ ва паёмадҳои зистмуҳитиву иҷтимоии тарҳи Роғун баён накардааст.
Аммо дар моҳи июн дар пайи нашри натиҷаҳои муқаддамотии арзёбиҳои Бонки ҷаҳонӣ дар сомонаи интернетии ба мақомоти Узбакистон наздики anons.uz матлабе бо номи “Рогунская ГЭС - навязчивая идея одного человека или горе миллионов людей?” (“Нирӯгоҳи Роғун – васвасаи як нафар ё бадбахтиии миллионҳо?”) аз номи “сиёсатшиноси мустақил” Тимур Зафаров нашр шуд, ки натиҷаҳои ба фоидаи Тоҷикистон анҷомшудаи ташхиси тарҳи Роғунро ҳосили сиёсати лоббиҷӯии Душанбе дар арсаи байналмилалӣ номидааст: “Тоҷикистон ҳар сол барои ташкили кор бо сохторҳои лоббист дар хориҷ маблағҳои бузург харҷ карда, бо кумаки онҳо дар майдони иттилоотӣ ақидаҳоеро таблиғ мекунад, к и дар зеҳни доираҳои сиёсатсози дунё талқин кардани фикри вуҷуди “зарфияти азими тавлиди барқи обӣ” дар ин кишварро ба ҳадаф дорад.”
Тимур Зафаров аз ҷумла аз як ширкати лоббисти Амрико бо номи “Фабиани & Компани” ном бурдааст, ки гӯё дар масъалаи лоббӣ кардани тарҳи Роғун бо ширкати “ТАЛКО менеҷмент”-и Тоҷикистон қарордод баста ва аз ширкати “Барқи Тоҷик” ҳар сол барои ин кораш 1,2 миллион доллар пул мегирад. Лоббии дигари Роғун, ба ақидаи муаллиф раҳбари исмоилиҳои дунё Оғохони 4 аст.
Тимур Зафаров натиҷаҳои ташхиси Роғунро зери суол бурда, навиштааст, дар сурати канда шудани сарбанди нирӯгоҳ 14 миллиард метри мукааб оби обанбораш метавонад сарбанди нирӯгоҳи Норакро низ биканад ва шаҳрҳоии Нораку Сарбанду Қӯрғонтеппа ва ноҳияи Румиро зери об кунад ва даҳҳо нафарро дар паҳнои бузурге то Узбакистону Туркманистон ҳам ҳалок гардонад. Ба бовари ин “сиёсатшиноси мустақил", ки зоҳиран мавқеи Тошкандро бозгӯ мекунад, Тоҷикистон ба Роғун алтернатива дорад: “Ин албатта, сохтани нирӯгоҳҳои хурд аст.”
Таърихчаи Роғун
Давлати Тоҷикистон нирӯгоҳи Роғунро масъалаи “маргу зиндагӣ” барои кишвар меномад. Ҳоло аксари манотиқи Тоҷикистон дар фасли сармо – маъмулан аз моҳи октябр то поёни апрел – ба лимити шадиди нирӯи барқ дучор мешаванд ва аксари қаламрави кишвар дар ин мавсим дар шабонарӯз ҳамагӣ чанд соат барқ мегиранд. Бунёди даҳҳо нирӯгоҳи хурд ва ду нирӯгоҳи миёнаи Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2 бори ин лимити барқро сабук карда натавонист. Дар Душанбе мӯътақиданд, ки танҳо дар сурати сохта шудани нирӯгоҳи Роғун лимити барқ дар Тоҷикистон ба афсона табдил хоҳад ёфт.
Аммо кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ ва бахусус давлати Узбакистон шадидан мухолифи сохтани Роғунанд ва мегӯянд, ки дар сурати бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар саргаҳи рӯди Вахш, маҷрои об ба кишварҳои поёноб кам мешавад ва киштзорҳои васеъи онҳо беоб мемонанд. Душанбе мегӯяд, ки ин иддаои кишварҳои поёноб асосе надорад.
Сохтмони нирӯгоҳи Роғун, дар тақрибан 90-километрии шарқи Душанбе, бо иқтидори 3600 мегаватт ва тавони тавлиди 13,1 миллиард киловат/соат нирӯи барқ дар як сол ҳанӯз дар поёни солҳои 70 оғоз ёфта, сарбанди 335-метриаш мебоист баландтарин сарбанди дунё мешуд. Вале бо суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ин сохтмон нотамом монда, дар як сели шадиди баҳори соли 1992 нақбҳои обпартои алакай сохташудааш зери лой монда, тақрибан 70 метр сарбанди бунёдшудаашро ҳам сел шуста бурд.
Ҳоло барои сохтани танҳо навбати аввали ин нирӯгоҳ 590 миллион доллар ва барои бунёди пурраш 2,2 миллиард доллар лозим аст, ки худи давлати Тоҷикистон чунин сармояро надорад.
Покистон дар соли 1992 бо ҳукумати вақти Тоҷикистон қарордод баста, барои Роғун ваъдаи 500 миллион доллар сармоягузорӣ карда буд. Вале ин қарордод дар пайи шурӯи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон иҷро нашуд.
Русия ҳам дар соли 1994 бо имзои як созишномаи байнидавлатӣ сохтани Роғунро бар дӯш гирифт, вале ин тавофуқ низ дар рӯи қоғаз монд. Маскав бори дигар дар соли 2004 ба Роғун чашм дӯхт ва ширкати ба Кремл наздики РусАл бо ваъдаи 600 миллион доллар сармоягузорӣ дар Роғун як муддат дастбакор шуд. Вале баҳси РусАл бо мақомоти тоҷик бар сари баландии сарбанд (РусАл тарафдори 280 метр буду Душанбе ба ҳамон 335 метри қаблӣ пойфишорӣ мекард) ва таркиби маҳсулоте ки барои сохтанаш истифода шавад, боис шуд, ки РусАл аз сохтани Роғун даст кашид.
Ҳукумати Тоҷикистон баъди ин ҳама талошҳои бебарори ҷустуҷӯи сармояи хориҷӣ дар оғози соли 2010 ба шурӯи мустақилонаи ин сохтмони барояш ҳаётан муҳим ибтикор кард ва тавассути як маъракаи нимаиҷбории фурӯши саҳмияҳои Роғун аз мардум ва корхонаҳову ширкатҳо тақрибан 186 миллион доллар ҷамъ овард, вале баъди ҳамагӣ се моҳ маҷбур шуд, таҳти фишори кишварҳои поёноб ва бо дархости созмонҳои байналмилалии молӣ саҳмияфурӯширо қатъ кунад. Ба дунбол анҷоми ташхиси фанниву иқтисодӣ ва паёмадҳои зистмуҳитии тарҳи нирӯгоҳи Роғунро ба Бонки ҷаҳонӣ супурданд, ки билохира, баъди 4 сол натоиҷи муқаддамотии ин ташхисҳоро дар маърази муҳокима гузошт.
«Озодӣ»
-
22.06.2025 14:51
126
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
249
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
256
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
477
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
585
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
471
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
25.06.2025 11:36
126
Мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ
-
23.06.2025 14:53
129
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
195
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
14.10.2024 18:41
966
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1674
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3366
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:34
122
«CASA-1000» намунаи ҳамкориҳои энергетикии минтақавӣ
-
25.06.2025 11:31
107
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
124
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
20.03.2025 11:59
501
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
746
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
869
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
447
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
484
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
455
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
734
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1007
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1870
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
610
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
592
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1784
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2105
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2100
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2312
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
513
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
458
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
935
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3059
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3500
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3489
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
641
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
669
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
615
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?