Узбакистон гуфт, ки аз мухолифаташ зидди Роғун даст накашидааст
Узбакистон зидди изҳороти вазири энержии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода эътироз кардааст, ки даҳ рӯзи пеш гуфт, дар масъалаи Роғун миёни Душанбеву Тошканд ягон мушкиле вуҷуд надорад.
Узбакистон бо радди изҳороти Усмоналӣ Усмонзода - вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон, ки даҳ рӯзи пеш гуфт, миёни Душанбеву Тошканд дар масъалаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун нофаҳмие боқӣ намондааст, дубора ба ин мавзӯъ баргашт. Вазорати корҳои хориҷии Узбакистон 1 август бо чопи баёнияи расмӣ гуфт, ки ҳанӯз мухолифати онҳо бо тарҳи Роғун дар Тоҷикистон поён наёфтааст ва Тошканд таҳти ҳеч шароит аз сохтмони ин нерӯгоҳҳимоят нахоҳад кард.
Вазорати корҳои хориҷии Узбакистон мегӯяд, онҳо моҳи июли соли гузашта мавқеи ниҳоияшонро дар робита ба сохтмони Роғун ва ташхиси коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ дар нишасти Алмаато баён дошта буданд ва ҳоло низ дар ҳамон мавқеи худ ҳастанд.
Вазорат дар пайи ин гуфтаҳояш матни суханронии Рустам Азимов - муовини нахуствазири Узбакистонро дар ҷаласаи соли гузаштаи Алмаато низ овардааст. Оқои Азимов он вақт гуфта буд, ки хулосаи ташхиси фаннӣ, зистмуҳитӣ ва иқтисодии Роғун аз сӯи коршиносони байнулмилалӣ ба меъёрҳои қабулшудаи ҷаҳонӣ мувофиқат намекунад.
Узбакистон аз оғоз мухолифи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон аст ва кишвари ҳамсоя барои тақвияти даъвояш ҳамеша маҳалли гӯё зилзилахези Роғун ва садди баланди онро далел пеш меорад. Тоҷикистон мегӯяд, садди нерӯгоҳи Роғун 335 метр баландӣ хоҳад дошт ва аммо ҳадаф аз он на “ҷазо” додани кишварҳои поёнобе мисли Узбакистон бо назорати обҳои минтақа, балки таъмини сокинони кишвар бо нерӯи барқи доимист.
Ҳоло дар маҳалли сохтмони Роғун корҳои барқароркунии нақби нерӯгоҳ идома дорад. Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон 22 июл дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, ки "баъди ба охир расидани асосноккунии техникии лоиҳа, ки аз тарафи Бонки Ҷаҳонӣ ва коршиносони байнулмилалӣ хеле мусбат арзёбӣ шуд, Тоҷикистон ба корҳои барқароркунӣ идома медиҳад. Мо бо Узбакистон ягон мушкилӣ надорем. Дар баъзе ҷойҳо фикру мулоҳизаи онҳоро мешунавем. Ҳоло Тоҷикистон талош дорад, ки тамоми имкониятҳоро истифода карда, солҳои наздик мардуми кишварро пурра бо нерӯи барқ таъмин кунад."
Вазири энержӣ афзуд, барқарорсозии ду нақб ва сохтмони нақби сеюм, ки бо пешниҳоди Бонки Ҷаҳонӣ ба тарҳ ворид шудааст, ҷараён дорад ва солҳои наздик ду агрегати 400-мегаваттӣ фаъол хоҳанд шуд.
“Аз тамоми дунё ширкатҳо хоҳиши иштирок дар ин лоиҳа, аз ҷумла сохтмони сарбандро доранд. Дар ҳақиқат, дастгоҳҳои барқӣқисман дар замони Шӯравӣ ва қисман дар якчанд соли охир аз Украина ва дигар кишварҳо ба Тоҷикистон ворид шудаанд. Ду комплект, дастгоҳҳои барқӣ, генераторҳо ва дигар лавозимотро пурра омода кардаем,” – илова кард Усмоналӣ Усмонзода.
Арзёбиҳои байнулмилалии сохтмони нерӯгоҳи Роғун, ки соли 2014 нашр шуд, нишон додааст, барои иҷрои ин тарҳ аз 3 то 5 миллиард доллар зарур мешавад. Давлати Тоҷикистон соли 2009 гуфт, нерӯгоҳи азими Роғунро аз ҳисоби худаш ва бе ширкати сармоягузорони хориҷӣ месозад ва барои ин маъракаи аксаран маҷбурии фурӯши саҳмияҳои Роғунро ба мардумро шурӯъ кард.
Дар солҳои 2010 то 2012 аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳо бештар аз 800 миллион сомонӣҷамъ оварданд, вале баъдан ҳукумат зери фишори созмонҳои байнулмилалии молӣ фурӯши саҳмияҳоро қатъ кард. Дар куҷо нигаҳ доштани ин миллионҳо сомонӣҳам баҳси зиёдеро барангехтааст, ҳарчанд мақомот мегӯянд, ки ин пул ҳеч куҷо нашудааст ва барои бунёди Роғун сарф мешавад.
Нерӯгоҳи Роғун бо иқтидори 3600 мегаватт, дар саргаҳи рӯдхонаи Вахш, дар сурати такмили сохтмонаш метавонад, солона 13,1 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ тавлид кунад, ки ҳам барои Тоҷикистон кофист ва ҳам метавонад ба Афғонистону Покистон содирот шавад.
«Озодӣ»
-
22.06.2025 14:51
111
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
233
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
237
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
464
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
567
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
454
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
111
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
178
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
185
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
953
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1658
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3350
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
90
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
106
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
147
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
489
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
735
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
857
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
434
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
470
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
441
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
718
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
991
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1854
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
598
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
579
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1770
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2091
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2082
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2298
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
492
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
441
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
920
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3045
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3485
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3466
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
629
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
656
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
600
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?