Оғози бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун
Имрӯз дар шаҳри Роғун бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳили дарёи Вахш маросими оғози бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун барпо шуд.

Дар маросими оғози корҳои бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки яке аз марҳалаҳои муҳимми сохтмони ин иншооти бузург ба шумор меравад, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро як гурӯҳ аъзои Ҳукумати мамлакат, вакилони Маҷлиси намояндагон, аъзои Маҷлиси миллӣ, намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, зиёиён ва як гуруҳ ҷавонони кишвар ҳамроҳӣ карданд.
Ин тадбири муҳим ба хотири идомаи корҳои созандагию бунёдкорӣ дар иншооти стратегӣ Нерӯгоҳи барқи обии Роғун амалӣ шуда, ҳадаф аз он расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошад.
Мавриди зикри хос аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ савори булдозери вазнин аз соати 10-и субҳ то 11:30 расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста ба бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки барои мардуми Тоҷикистон ҳаёту мамоташ аст, ҳусни оғоз бахшиданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу оянда хизмат мерасонад. Он барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмуъ барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Баъди ба истифода додани нерӯгоҳ имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таъмини зиндагии шоиста барои мардуми шарафманди тоҷик се самти асосию стратегиро дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд, ки бо татбиқи пурраи онҳо Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои пешрафтаву аз бисёр ҷиҳат тараққикарда мубаддал мегардад.
Вобаста ба ҳадафи стратегии расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ дар кишвар бо дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои гидроэнергетикӣ сохтмону таҷдиди неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд шуданд.
Оғози корҳои барқарорсозии Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, Бунёди нерӯгоҳҳои барқии обии “Сангтуда 1” ва “Сангтуда 2”, оғози татбиқи лоиҳаи КАСА - 1000, таҷдиди нерӯгоҳи Барқии обии Норак, мавриди истифода қарор додани дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 220 ва 500 киловолта дар шаҳри Норак, бунёди зеристгоҳи барқии “Лолазор”, Хати интиқоли барқи баландшиддати 220 киловолтаи “Лолазор - Хатлон”, Зеристгоҳи барқии “Хатлон”, Хати интиколи барқи баландшиддати 500 киловолтаи “Ҷануб Шимол”, ба истифодадиҳии навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии 2 - и Душанбе бо иқтидори 100 мегаватт, идомаи бунёди навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии 2 - и Душанбе бо иқтидори 300 мегаватт, аз ҷумлаи комёбиҳои бузурги Тоҷикистон дар самти расидан ба истиқлолияти комили энергетикист, ки миллати куҳанбунёди тоҷик бо роҳбарии Пешвои хирадманду дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он ноил гардидааст. Дар маҷмӯъ, дар зарфи бисту панҷ соли истиқлолият дар кишварамон зиёда аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нави энергетикӣ ба истифода дода шуданд.
Нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар силсилаи неругоҳҳои руди Вахш аз боло нӯҳум буда, дар минтақаи 110 километр дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Неругоҳ аз 6 чарха иборат аст, ки қудрати ҳар кадом 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Сарбанди нерӯгоҳи «Роғун» бо баландии 335 метр баландтарин садди заминӣ (гиливу сангӣ) дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт - соат) калонтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд, ки ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳи барқи обии «Норак» якуним баробар зиёд мебошад. Барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи нерӯгоҳ имконият медиҳад, ки эҳтиёҷоти ба барқ доштаи Тоҷикистонро комилан қонеъ карда, барои инкишофи иқтисодиёти кишвар такон бахшад.
Барои корҳои барқарорсозӣ ва сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» дар давраи истиқлолият зиёда аз 12,5 миллиард сомонӣ маблағ азхуд карда шудааст. Айни замон дар ин иншооти муҳимми аср қариб 15 ҳазор нафар мутахассисону коргарон машғули кор буда, зиёда аз 2100 адад техника ва мошину механизмҳо сафарбар гардидааст.
Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Нерӯгоҳи барқи обии Роғун бо рафти корҳо дар нақбҳои обпарто аз наздик шинос шуда, ҷараёни тавассути нақбҳои обпарто ба берун баромада, аз он тарафи сарбанд боз дар дарёи Вахш ба маҷрои пешина ҷорӣ шудани обро мушоҳида карданд.
Аз сифати хуби бунёдкорӣ, ҳамчунин руҳияи болидаи коргарони ин кохи нурофарин баръало аён аст, ки дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро оид ба устувору босифат анҷом додани ҳар як амал сармашқи кори худ кардаанд.
Нерӯгоҳи барқи обии Роғун аҳамияти на танҳо ҷумҳуриявӣ, балки минтақавӣ низ дорад. Баъди бунёди ин иншооти муҳими гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дар оянда ҳамчун як кишвари содиркунандаи нерӯи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза метавонад кишварҳои ҳамсоя ва минтақаро бо барқ таъмин намояд. Обе, ки дар обанбори Роғун ҷамъ мегардад, барои истифода дар вақтҳои камборишӣ ва хушксолӣ ҳамчун манбаи захираи бузурги об аз он баҳрабардорӣ карда мешавад.
Тибқи нақша навбати аввали нерӯгоҳ, яъне агрегати якум охири соли 2018 ва агрегати дуюм моҳи апрели соли 2019 ба истифода дода шуда, нерӯи барқи истеҳсолшуда ба системаи энергетикии кишвар интиқол дода мешавад. Ҳамин тавр моҳи декабри соли 2018 нерӯгоҳи Роғун ба истеҳсоли нерӯи барқ оғоз мекунад. Нури Роғун ба хонадони ҳар як тоҷикистонӣ ворид шуда, барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ қадами ниҳоӣ гузошта мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати дурандешона ва башардӯстонаи худ барои мардуми кишвар ғамхорӣ менамоянд. То имрӯз дар Тоҷикистон роҳҳову пулҳои мошингузар, нақбҳо ва иншооти гидроэнергетикӣ бунёд шудаанд, ки аксари онҳо аҳамияти минтақавӣ доранд ва ба манфиати Тоҷикистону кишварҳои ҳамсоя равона гардидаанд. Ин сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби сарони кишварҳо эътирофу борҳо қадршиносӣ гардидааст.
-
06.01.2026 20:24
576
Худогоҳии миллӣ ва муттаҳидии ҷомеа - посухи устувор ба ифротгароӣ ва терроризм
-
31.12.2025 13:59
755
Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026
-
24.12.2025 15:32
663
Паёми Пешвои миллат – ҳидоят дар роҳи созандагӣ
-
26.09.2025 12:42
782
«Мурофиаи судии Токио»
-
07.09.2025 20:36
971
«Шаҳрванд, сиёсатмадор, сарбоз»
-
08.05.2025 09:39
1677
Иди Ғалаба муборак, ҳамватанони азиз!
-
22.12.2025 20:28
656
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
10.12.2025 17:00
625
Доир ба заминаҳои қонунгузории гузариш ба иқтисоди рақамӣ ҳамоиш баргузор гардид
-
10.12.2025 16:54
611
Иштироки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми 11-уми байналмилалии “БОР”
-
24.12.2025 15:28
460
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1035
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2045
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
01.02.2026 18:31
222
Комиссияи Аврупо талаботро барои интиқолдиҳандагони хориҷӣ сахттар намуд
-
22.01.2026 21:30
478
“Эй сорбон оҳиста рон!”
-
21.01.2026 21:15
402
“Ҳаёти инсон олитарин арзишро дорост!”
-
12.11.2025 14:38
669
«Давлатхоҷа Довудӣ муҳаққиқи бузурги марзи Хатлон!»
-
24.09.2025 19:57
903
«Синои тоҷик - фарзанди башарият аст!»
-
24.09.2025 19:54
1198
«Абуалӣ Ибни Сино ва худшиносии миллӣ!»
-
10.12.2025 16:56
608
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
925
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
883
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
1994
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2052
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3033
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
1623
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
1586
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
2831
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
21.11.2025 11:56
749
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
874
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
873
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
27.04.2025 14:10
1404
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров
-
19.04.2025 15:59
1652
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
1439
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
07.10.2019 10:46
4038
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
4230
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
4608
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
06.01.2026 01:02
766
Ҷанги маводи мухаддир не, ҷанги нафту доллар аст!
-
28.08.2025 19:30
1123
Вақте ҳамлу нақл боҳуштар мешавад: Ӯзбекистон ба сӯи пешрафти технологияҳои рақамӣ ҳаракат мекунад
-
16.08.2025 12:02
1071
Русия ва ИМА ба барқарор кардани муносибатҳо шурӯъ карданд








































































