САРФИ 76 МИЛЛИОНИ САҲМИЯҲО ДАР СОХТМОНИ РОҒУН
Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, дар соли ҷорӣ аз 820 миллион сомонӣ маблағҳои мардумӣ барои нерӯгоҳи Роғун 76 миллион сомонӣ дар сохтмони нерӯгоҳ сарф шудааст. Маблағҳои боқимонда дар бонкҳои кишвар нигоҳдорӣ мешавад. Сафаралӣ Наҷмуддинов, вазири молияи Тоҷикистон зимни як нишасти хабарӣ гуфт, 300 миллион сомонӣ аз ин маблағҳо бо баҳраи аз 12 то 13 дарсад ба ихтиёри 5 бонки тиҷоратии кишвар вогузор шуда, маблағҳои боқимонда дар Бонки Миллии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад. Вале, мегӯяд ӯ, маблағҳое, ки дар Бонки Миллӣ ҳастанд, бекор нахобидаанд.
СаҳмияфурӮшӢ идома дорад
Ба гуфтаи вазири молия, фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар кишвар қатъ нашудааст ва то охири соли ҷорӣ маблағи фурӯши он ба 880 миллион сомонӣ хоҳад расид. Ҳоло асосан саҳмияҳои 100 сомонӣ ва 500 сомонӣ ба фурӯш мераванд. Сафаралӣ Наҷмуддинов, вазири молияи Тоҷикистон, ки дар ҷамъи хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, то кунун сокинони кишвар ба маблағи 820 миллион сомонӣ, баробар ба бештар аз 180 миллион доллар, аз ин саҳмияҳо харидорӣ кардаанд.
Давлати Тоҷикистон ба хотири мустақилона шурӯъ кардани сохтмони нерӯгоҳи Роғун, дар оғози соли 2010 саҳмияҳои ин нерӯгоҳро ба маблағи 6 миллиард сомонӣ, муодили 1 миллиарду 350 миллион доллар ба фурӯш бароварда буд. Вале баъдан маҷбур шуд, ки бо дархости ниҳодҳои байналмилалии молӣ ва кӯмакрасонҳои Тоҷикистон то замони анҷоми ташхиси фанниву иқтисодӣ ва зистмуҳитии тарҳи нерӯгоҳ, ки Бонки ҷаҳонӣ онро бар ӯҳда гирифтааст, таблиғи густурдаи саҳмияҳои Роғунро муттаваққиф кунад.
850 миллиони буҷа барои Роғун
Гуфта мешавад, дар буҷаи соли ояндаи Тоҷикистон барои бахши энержии кишвар 1 миллиарду 400 миллион сомонӣ ихтисос хоҳад ёфт, ки аз ин маблағ 850 миллион сомонӣ барои неругоҳи Роғун масраф хоҳад шуд. Ҳамчунин, давлати Тоҷикистон тасмим дорад, ки барои пулҳои ҷамъшуда аз фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун як суратҳисоби алоҳидаи бонкӣ ташкил кунад.
Вазири молияи Тоҷикистон дар ин сӯҳбаташ бо хабарнигорон ҳамчунин дар бораи қарзҳои берунии Тоҷикистон сӯҳбат кард. Вай гуфт, ҳоло қарзҳои хориҷии Тоҷикистон аз марзи 1 миллиарду 790 миллион доллар, баробар ба бештар аз 31 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар убур кардааст.
Баҳси қарзи Душанбе аз Тошканд
Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, ки Душанбе бо Тошканд дар масъалаи ба таъвиқ андохтани муддати бозгардондани қарзҳояш ба тавофуқ расидааст.Сафаралӣ Наҷмуддинов, вазири молияи Тоҷикистон, мегӯяд, агарчӣ то ҳол дар ин замина санаде имзо нашудааст, аммо ҷонибҳо тавофуқ кардаанд, ки Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ба ивази ёздаҳ миллион доллар, ҳашт миллион доллар пардохт карда, муддати пардохти маблағҳои боқимонда то соли 2014 тамдид мешавад.
Тоҷикистон аз Узбакистон 30 миллион доллар қарздор аст ва ин вомҳо дар солҳои 1990 гирифта шудааст, ки муддати ниҳоии пардохташ соли 2016 мебошад. Ҳамчунин вазири молия дар бораи роҳандозии молиёти аксизии 3 дарсадӣ барои истифода аз телефонҳои ҳамроҳ дар Тоҷикистон, ки ахиран боиси норизоятии мардум ва ширкатҳои телефонӣ шудааст, изҳори назар кард ва гуфт, ки тарҳи ин қонун дар ҳоли баррасист.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/rogun/3419--76-----.html
-
09.06.2025 13:12
221
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
227
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
29.05.2025 11:19
278
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
07.05.2025 23:59
448
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
558
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
441
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
100
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
165
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
172
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
940
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1649
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3339
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
76
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
94
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
136
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
479
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
728
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
848
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
420
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
461
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
431
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
709
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
984
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1840
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
589
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
567
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1761
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
2075
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2287
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2968
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
480
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
432
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
913
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3032
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3476
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3459
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
619
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
644
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
590
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?