НАМОЯНДАГИИ БОНКИ ҶАҲОНӢ: "ТАШХИСИ РОҒУН ШУРӮЪ ШУД"
Бонки Ҷаҳонӣ гузориши муқаддамотии шеваҳои ташхиси фаннӣ - иқтисодӣ ва иҷтимоию зистмуҳитии тарҳи Роғунро ба Тоҷикистон пешниҳод кардааст.
Дар мулоқоте, ки рӯзи панҷшанбе, 12-уми май, миёни Теодор Алерс, раиси бахши стратегӣ ва амалиёти Бонки Ҷаҳонӣ дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ ва Моту Кониши, раиси Бонки Ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ боЭмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон сурат гирифт, масоили ҳамкориҳои дуҷониба, бахусус раванди баргузории ташхиси фаннию иқтисодӣ ва иҷтимоию зистмуҳитии нерӯгоҳи Роғун баррасӣ шудаанд.
Диля Зоирова, сухангӯи дафтари Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе ба радиои "Озодӣ" гуфт, "ин ҳисобот методологияи таҳқиқоти фанниву иқтисодӣ ва иҷтимоию зистмуҳитӣ аст. Дар ин ҳисобот нақшаи корӣ, масоиле, ки бояд мавриди ташхис қарор бигирад ва дар маҷмӯъ раванди кори таҳқиқоти тарҳи Роғун матраҳ аст."
МАРҲИЛАИ НАХУСТИ ТАҲҚИҚОТ
Ба таъкиди хонум Зоирова, "ташхиси тарҳи Роғун ҳамакнун шурӯъ шуда ва аз 12 то 18 моҳро фаро мегирад. Ҳисоботе, ки пешниҳод шудааст, ба марҳилаи нахусти таҳқиқот рабт дорад."
Ҳамзамон, сухангӯи дафтари Бонки Ҷаҳонӣ дар Душанбе иттилоъ дод, ки ин созмон ба зудӣ шарҳи матбуотиеро дар робита ба ҳисоботи методолияи тадқиқоти тарҳи Роғун нашр хоҳад кард, ки тафсилоти ин гузоришро бозгӯ мекунад.
Диля Зоирова афзуд, дар нишасте, ки бо иштироки намояндагони ҳукуматҳо ва ҷомеаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, ки қарор аст рӯзи 19-уми майи соли ҷорӣ дар Алматои Қазоқистон баргузор мешавад, ҳисоботи мазкур мавриди баҳсу баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
ҲАДАФИ ТАШХИС ЧИСТ?
Дар ҷараёни мулоқоти раҳбарони Бонки Ҷаҳонӣ бо раисҷумҳури Тоҷикистон, Теодор Алерс таъкид кардааст, ки "ҳадаф аз ташхиси ҳамаҷонибаи лоиҳаи бунёди нерӯгоҳи Роғун ва ҳам муҳокимаи ин мавзӯъ бо ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор "дарёфти беҳтарин роҳҳои қобили қабул ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти сангини энергетикии Тоҷикистон мебошад."
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибҳо дар ин музокирот аз он изҳори умед кардаанд, ки бояд натоиҷи ташхис аз сӯи кишварҳои минтақа бидуни баҳс пазируфта шаванд. Зеро ташхис тавассути мутахассисони ботаҷриба ва ҳирфаии Бонки Ҷаҳонӣ гузаронида мешавад.
Нишасти намояндагони ҳукуматҳо ва ҷомеаи мадании Осиёи Марказӣ ва Афғонистон барои баррасии гузоришоти муқаддамотии тарҳи Роғун дар ҳолест, ки мақомоти Узбакистон дар машварат бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ гуфтаанд, тарҳи нерӯгоҳи Роғун бар хилофи муқаррароти байналмилалӣ таҳия шудааст.
ИХТИЛОФИ УЗБАКИСТОН
Ба таъкиди мақомоти Узбакистон барои бунёди Роғун маҳалли ба истилоҳ "ларзонак"-е интихоб кардаанд, ки хатари заминларзаҳоро меафзояд, намак дар таркиби обро зиёд мекунад ва муҳандисони тоҷик ба он андоза ботаҷриба нестанд, ки битавонанд, як чунин нерӯгоҳи бузургро мудирият кунанд ва дар сурати фалокат қодир ба рафъи зуди паёмадҳои он бошанд.
Ҳамчунин, коршиносони узбак ба ин боваранд, ки дар сурати коҳиши маҷрои об солона Узбакистон бар асари табоҳшавии заминҳои кишт бештар аз 4 миллиард доллар ва бар асари маҳви олами набототу ҳайвонот 146 миллион доллар зиён мебинад. Ва дигар ин, ки коршиносони Узбакистон, ки тақрибан 20 сол аз ҳаққи дидани Роғун маҳрум будаанд, бисёр мехоҳанд, ба чашми худашон нерӯгоҳро бубинанд.
Аммо ҷониби Тоҷикистон иддаои Тошкандро беасос медонад ва мегӯяд, бунёди нерӯгоҳи Роғун ба манфиати на танҳо Тоҷикистон, балки кулли кишварҳои минтақа аст.
Хуршеди Ҳамдам, «Озодӣ»-
09.06.2025 13:12
221
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
227
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
29.05.2025 11:19
278
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
07.05.2025 23:59
448
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
558
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
441
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
100
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
165
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
172
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
940
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1649
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3339
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
75
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
94
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
136
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
479
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
728
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
848
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
419
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
461
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
431
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
709
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
984
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1840
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
589
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
567
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1761
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
2075
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2287
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2968
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
480
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
432
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
913
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3032
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3476
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3459
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
619
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
644
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
590
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?