ЧАРО БОНКИ ҶАҲОНӢ ТАШХИСИ РОҒУНРО ҚАТЪ КАРД?
Изҳороти охири БҶ дар бораи "Роғун", ихтилофи назарҳои марбут ба ин тарҳро дар маркази таваҷҷӯҳ қарор дод. Бонки ҷаҳонӣ аз «ҷараён ва усули таҳқиқ»-и тарҳи нерӯгоҳи Роғун изҳори нигаронӣ карда, аз Тоҷикистон хост, ки «дар шакли қаноатбахш» ба ҳама «суолҳои беҷавоб» посух диҳад.
Аммо дар паси парда боқӣ мондани ин «суолҳо» ба осиёби онҳое, ки Бонки ҷаҳониро абзори қудратҳои нуфузҷӯ дар минтақа ва омили боздорандаи сохтмони Роғун ба нафъи Узбакистон арзёбӣ мекунанд, оби фаровон рехт. Иддае ҳам бар инанд, ки ин ниҳоди байнулмилалӣ мухолифи манофеи миллии Тоҷикистон аст.
“Ин изҳорот як бозии ҷиддӣ аст,” – гуфт Сӯҳроб Шарипов, узви парлумони Тоҷикистон аз Ҳизби халқӣ – демократӣ. Ба ақидаи вай, агар мухолифате миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ пеш омадааст, мушкили ҳарду ҷониб аст ва набояд хилофи манофеи миллӣ ва ормонҳои мардуми Тоҷикистон бошад:
«Бонки ҷаҳонӣ чӣ мехоҳад, номаълум аст. Ҳамаи коршиносоне, ки Бонки ҷаҳонӣ ҷалб кардааст, ба як консепсия муттаҳид карда нашудаанд. Ҳар кас кӯрпаро ба сӯи худ мекашад. Ширкате, ки бо мутолеоти фанниву иқтисодӣ машғул аст, ба рӯи худ ва ширкате, ки бо масоили муҳити зист ва иҷтимоӣ машғул аст, ба рӯи худ. Ин вазъ Бонки ҷаҳониро гумроҳ мекунад. Агар усули корро онҳо имрӯз таҳти суол мегузоранд, пас то имрӯз аз рӯи кадом усул кор кардаанд. Шояд дар тарҷумаи ин изҳорот иштибоҳ рафтааст?»
Дар баробари Сӯҳроб Шарипов аксари коршиносон изҳороти ахири Бонки ҷаҳониро кӯшиши кашол додани “тарҳи иқтисодии сиёсишуда” арзёбӣ мекунанд. Аммо кадом «суолҳои беҷавоб» миёни Бонки ҷаҳонӣ ва ҳукумати Тоҷикистон пайдо шудаанд?
Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе мушкили пешомада дар ҷараёни фаъолияти 34 коршиноси Бонки ҷаҳонӣ дар таҳқиқи нерӯгоҳи Роғунро «сирф фаннӣ» арзёбӣ намуд. Ин манбаъ овозаҳоро дар бораи ин ки Тоҷикистонро коршиносони ширкати фаронсавии "Coyne et Bellier" тарк кардаанд, таъйид ва ё такзиб накард ва маслиҳат дод, ки шарҳи ин мавзӯъро аз манобеи ҳукуматӣ дастрас кунем.
Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон ва сарони сохтмони нерӯгоҳи Роғун масъулияти шарҳи мухолифатҳо бо Бонки ҷаҳониро ба Гурӯҳи таҳқиқоти иншооти обиву фаннии назди ҳукумати Тоҷикистон вогузор карданд.
Саидқул Қурбонов, як масъули нерӯгоҳи Роғун гуфт, салоҳияти ҳама гуна ҳамкориҳо бо гурӯҳи коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ба зиммаи ин гурӯҳ аст: «Супориш чунин аст, ки бо Бонки ҷаҳонӣ танҳо ин гурӯҳ таҳти раҳбарии Санъат Раҳимов сарукор дорад. Он коршиносон ба маҳалли сохтмон мераванд ва танҳо бо ҳамин гурӯҳ сарукор доранд.»
Аз сӯҳбат бо Санъат Раҳимов танҳо ин маълум шуд, ки бино ба созишномаи ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ ҳама гуна иттилоъ дар мавриди ташхиси сохтмони нерӯгоҳи Роғун бо мувофиқаи ду ҷониб пешниҳод мешавад. Маълум нест, сабаби чунин ношаффофӣ дар чист?
Дар ҳамин ҳол, манобеи наздик ба ҳукумат мавҷудияти мушкилоти фаннӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳониро инкор намекунанд. Ба гуфтаи ин манобеъ, пас аз изҳороти Узбакистон, ки дар он гуфт, ҳама гуна натиҷаи ташхиси Бонки ҷаҳониро қабул надорад ва коршиносони байнулмилалро «зархаридони» ҳукумати Тоҷикистон унвон кард, ширкати фаронсавии "Coyne et Bellier" хеле ҷиддӣ ба таҳқиқи нерӯгоҳ машғул аст. Ин ширкат дар таърихи 100 – солааш дар ягон тарҳ иштибоҳ накарда, бахусус намехоҳад дар тарҳи нерӯгоҳи Роғун шикаст хӯрад.
Онҳо таъйид мекунанд, ки ширкатҳо ба далоили афзудани хароҷоти худ коршиносонро муваққатан демобилизатсия ё худ ба рухсатии муваққатӣ гусел кардаанд. Мухолифатҳои «фаннӣ» -ро ин манобеъ ба ҷузъиёти таҳқиқ, аз қабили теъдоди чашмаҳо, олами набототу ҳайвонот, ёдгориҳои таърихии ҳудуди нерӯгоҳ, ки 44 ҳазор гектарро ташкил мекунад, марбут медонанд.
Аз ҷумла ҳатто ин нукта низ барои коршиносони байнулмилал муҳим аст, ки оё сангпуштҳои ҳудуди нерӯгоҳ метавонанд то пур шудани обанбор макони худро тарк кунанд ва дар ин ҳол, ҳатто бояд суръати хурдтарин сангпушт муайян карда шавад. Ва ё барои таҳқиқи коршиносони байнулмилалӣ иттилои саҳеҳ дар бораи як ёдгории таърихии беш аз 50 – сола, ки дар ҳудуди мавриди таҳқиқ вуҷуд дорад, хеле муҳим аст ва камтарин иштибоҳ дар ин самт дастаке барои созмонҳое, ба монанди ЮНЕСКО мешавад.
Бино ба иттилои манобеи мо, таърихи таҳқиқи нерӯгоҳи Роғун ба соли 1932, замони шурӯи омӯзиши дарёҳои Тоҷикистон аз сӯи ҳукумати Шӯравӣ бармегардад, ки дар ҳоли ҳозир беш аз 40 ҳазор ҷилд ҳуҷҷатро ташкил медиҳад. Бархе иттилоъро, ки бо гузашти вақт такмил мехоҳанд, мутахассисони тоҷик бояд дигарбора омода ва ба коршиносони байнулмилал пешниҳод кунанд.
Нурулло Шулашов, собиқ директори сохтмони нерӯгоҳи Роғун низ таҳқиқи як чунин иншооти бузургро кори содда намедонад: «Таҳқиқ чист? Ин як кори чандин сол аст. Ин шурӯъ мешавад аз геология ва ба охир мерасад бо масолеҳи сохтмонӣ, ки дар иншоот истифода мешавад. Бонки ҷаҳонӣ воқеан ҳоло мехоҳад ин таҳқиқро гузаронад, аммо ба зудӣ ва ин мӯҳлате, ки ҳаст, наметавонад. Замони раҳбарии ман масъалаи сармоягузории онҳо ҳал шуда буд. Аммо имрӯз чаро ин суолҳоро матраҳ мекунанд, ростӣ, барои ман рӯшан нест.»
Аммо оқои Шулашов ва коршиносони дигар низ бар ин фикранд, ки Бонки ҷаҳонӣ ҷараёни таҳқиқро дидаву дониста кашол медиҳад, зеро таҳқиқи пурраи сохтмони нерӯгоҳ ҳанӯз дар замони шӯравӣ ду маротиба такмил шуда, шакку гумонҳои мухолифони тарҳ пурра бартараф гаштаанд.
Мухолифати сарсахтонаи Узбакистон ба сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” Тоҷикистонро маҷбур карда буд, ки соли 2009 бо Бонки ҷаҳонӣ сари ташхиси байнулмилалии ин тарҳ созиш кунад.Зимни як музоядаи Бонки ҷаҳонӣ далелҳои молию фаннӣ (ТЭО) – и нерӯгоҳи Роғун ба зиммаи ширкати фаронсавии "Coyne et Bellier" ва санҷиши зистмуҳитӣ ва иҷтимоии нерӯгоҳ бар ӯҳдаи ширкати шветсарии "Poyry Energy" вогузор шуд. Натиҷаҳои ибтидоии ташхис мебоист охири соли 2011 омода ва имсол ниҳоӣ мешуданд. Ахиран вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ эълом кард, ки натиҷаи ташхиси нерӯгоҳи Роғун моҳи феврали соли 2013 анҷом мешавад.
Нахустин мухолифатҳои Бонки ҷаҳониву Тоҷикистон сари тарҳи нерӯгоҳи Роғун дар ҷаласаи аввалини коршиносони ду ҷониб дар Алмаато ба миён омада буд.Тибқи манобеъи гуногун, он замон Бонки ҷаҳонӣ пешниҳод кард, ки дар оғоз асноди фанниву иқтисодии сарбанди нерӯгоҳ бо баландии 140 то 180 метр омода шавад. Ин пешниҳодро ҷониби Тоҷикистон ба зудӣ рад кард.
Баҳром Сироҷев, сарвари собиқи «Тоҷиэнерго», ҳоло «Барқи тоҷик» ва аз иштирокдорони ин ҷаласа мегӯяд, сафари Ҳилларӣ Клинтон, вазири корҳои хориҷии Амрико ба минтақа ва изҳороти ӯ пас аз мулоқот бо сарони Тоҷикистону Узбакистон дар бораи ба ҷои нерӯгоҳи Роғун пайдо кардани ягон иншооти дигар ҳам метавонист сари фаъолияти коршиносони Бонки ҷаҳонӣ таъсири худро дошта бошад: «Ман ҳозир сари ҳамин масъала кор мекунам. Хулосаи ман ин аст, ки ягон нерӯгоҳи атомӣ ё бо сӯзишворӣ фаъолияткунанда ба нерӯгоҳи Роғун алтернатива шуда наметавонанд. Акнун як раҳбари Амрико, ки ин гапро гуфт, шояд инҳо корро кашол диҳанд.»
Манобеи наздик ба ҳукумат бар инанд, ки мухолифатҳои ахир далели сардии равобити Бонки ҷаҳониву Тоҷикистон нест. Онҳо ин нуктаро муҳим мешуморанд, ки тибқи низомнома Бонки ҷаҳонӣ ба ягон тарҳи баҳсноки минтақавӣ ворид намешавад. Онҳо «Эксимбонк» - и Чинро ҳам мисол меоранд, ки чунин қоидаи фаъолият дорад ва ба зудӣ аз сохтмони нерӯгоҳи Ёвон, рӯи рӯдхонаи Зарафшон пас аз норизоиятии Узбакистон даст кашид.
Аммо онҳо мегӯянд, тарҳи Роғун бар пояи созишномаи соли 1972 миёни Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Туркманистон сохта мешавад, ки ҳама ҷонибҳои ризоияти худро дода буданд. Соли 1992 ҳам дар шаҳри Нуқуси Қароқалпоқистон сарони Осиёи Марказӣ санаде ба имзо расонида буданд, ки тамоми созишномаҳои замони шӯравиро ҳамагӣ эътироф хоҳанд кард.
Коршиносон мегӯянд, ихтилофи назарҳои Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ бар сари тарҳи сарнавиштсоз бояд баррасӣ ва ҳаллу фасл шаванд, аммо дар ин раванд сохтмони нерӯгоҳи Роғун бидуни таъхир бояд идома ёбад.
Фарҳоди Милод, «Озодӣ»
-
22.06.2025 14:51
132
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
256
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
266
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
491
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
593
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
482
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
25.06.2025 11:36
136
Мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ
-
23.06.2025 14:53
137
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
207
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
14.10.2024 18:41
973
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1682
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3373
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:34
131
«CASA-1000» намунаи ҳамкориҳои энергетикии минтақавӣ
-
25.06.2025 11:31
115
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
130
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
20.03.2025 11:59
507
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
753
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
875
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
455
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
490
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
463
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
754
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1013
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1878
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
621
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
601
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1791
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2112
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2106
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2319
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
522
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
468
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
942
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3067
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3506
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3499
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
653
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
675
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
621
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?