СТРУАН СТИВЕНСОН: "НЕРӮГОҲИ РОҒУН ТАРҲЕ БЕЗАРАР ВА ЗАРУР АСТ"
Струан Стивенсон, раҳбари гурӯҳи тағйироти иқлимии порлумони Урупо дар суханронии худ дар Фарҳангистони Улуми Тоҷикистон эътиқоди худро ба "безарар ва зарур" будани нерӯгоҳи Роғун барои кишварҳои кулли минтақаи Осиёи Миёна баён кард. Ӯ дар раъси гурӯҳе аз намояндагони порлумони Иттиҳодияи Урупо рӯзи 16-уми июл бо донишмандони тоҷик ва мақомоти мухталифи кишвар дидору гуфтугӯ кард.
Оқои Стивенсон дар суханрониаш дар фарҳангистони Улум аз ҷумла гуфт: "Ман муътақидам, ки тарҳи Роғун як тарҳи безарар ва ҳамзамон тарҳи муҳим барои тавсеъаи минтақа аст. Садди обанбори Роғун дар воқеъ аз садди обанбори нерӯгоҳи Норак фарқе надорад. Аммо ин садд бо таваҷҷӯҳ ба сохти хамшавандаи худ, дар баробари зилзила мустаҳкам буда ва 40 сол аст, ки дар зилзилаҳои мухталиф осеб надидааст."
Оқои Стивенсон афзудааст: "Ман намефаҳмам чаро садди Роғун, ки тарҳаш ба монанди тарҳи Норак таҳия шудааст набояд чунин устувор бошад."
Ин намояндаи порлумони Урупо дар суханрониаш аз кишварҳои Ғарб хостааст, ки барои анҷоми тарҳи Роғун дар Тоҷикистон ва дар беҳбуди муносиботи байни кишварҳои минтақа кумак кунад.
Вай мегӯяд: "Тоҷикистон барои танзими захоири оби минтақа талош мекунад, то ки худ ва кишварҳои минтақаро бо энержӣ таъмин кунад. Ин талош бояд бо пуштибонии Ғарб ҳамроҳ бошад, вале равобити сарди миёни ҳамсояҳои болооб ва поёноб мояи муноқишоти ҳамешагӣ аст."
Вай мегӯяд, ки Ӯзбакистон дар вокуниш ба талошҳои Тоҷикистон барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун марзҳои худро бастааст. Оқои Стивенсон ки давлати Тоҷикистон зоҳиран дар симои ӯ тарафдоре қавӣ барои ҳимоят аз тарҳи Роғун дар кишварҳои кумаккунандаи Ғарб ёфтааст, қаблан гуфта буд, ки омодааст барои музокираи миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон барои бартараф кардани ихтилофот миёни ин ду кившар "миёнҷигарӣ кунад."
Оқои Стивенсон дар баромади рӯзи душанбеи худ ҳамчунин гуфт: "Бо оғози баҳрабардорӣ аз нерӯгоҳи Роғун, ин нерӯгоҳ ба манбаъи иқтисоди сабз ва энержии арзон ва аз лиҳози зистмуҳитӣ пок мешавад. Он ниёзҳои худи Тоҷикистонро барои энержӣ бароварда сохта ва барои кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ва Покистон низ нерӯи барқ содир мекунад. Ба ин хотир метавон гуфт, ки чунин вазъ барои минтақа дар кул тарҳе судманд аст."
Давлати Тоҷикистон тарҳи сохтмони нерӯгоҳи "Роғун"-ро барои берун омадани кишвар аз камбуди нерӯи барқ дар кишвар ба вижа дар моҳҳои сарди солро калидӣ медонад. Вале ин тарҳ тайи солҳои мутаъаддид мояи баҳсу муноқишоти сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва кишвари ҳамсояи Ӯзбакистон шудааст. Ҳарчанд ин ихтилофот умдатан паси парда сиёсат сурат мегирад, аммо коршиносон ва кормандони муассисоти давлатии Ӯзбакистон алайҳи сохтмони Роғун дар Тоҷикистон мақолоти зиёде мунташир кардаанд.
Ҳарчанд давлати Тоҷикистон мукарраран дар бораи иродаи неки ин тарҳ ва алоқамандиаш барои ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя барои танзими оби обанбори нерӯгоҳи Роғун таъкид карда, нигаронии Ӯзабкистон умдатан ин будааст, ки пас аз қадд кашидани обанбори Роғун заминҳои кишоварзии Ӯзабкистон, ба унвони кишваре воқеъ дар поёноб беоб бимонанд.
Страун Стивенсон дар суханрониаш бо ишора ба ин нигарониҳо гуфт, ки кишварҳои "поёноб" дар вокуниш ба сохтмони Роғун ба таври асабонӣ дар ҳоли бунёди обанборҳо барои захираи об ҳастанд. Ба гуфтаи ӯ аз 90 обанборе, ки дар ҳавзаи баҳри Орол бунёд шуда 55-тоаш моли Ӯзбакистон аст, ки аксари онҳо дар 20 соли ахир сохта шудаанд. Вай гуфт, ки натоиҷи ин амр "талошҳо барои наҷоти Оролро ба бунбаст овардааст".
Дар ҳамин ҳол Ожонси сохтмон ва меъмории Тоҷикистон эълом карда, ки бахшҳое аз тунелҳои сохтмонии нерӯгоҳи Роғун барои бастани маҷрои оби рӯдхонаи Вахш омода нестанд. Бонки Ҷаҳонӣ низ, ки масъули тарҳи омӯзиши тарҳи сохтмони Роғун аст, қаблан аз масъулони давлати Тоҷикистон хоста буд, ки то анҷоми тарҳи омӯзиши тарҳи Роғун аз бастани маҷрои рудхона худдорӣ кунанд.
Нуралӣ Саидов, раиси ин ожонс дар нишасти матбуъотии рӯзи 16-уми июл гуфт: "Пас аз анҷоми корҳои бозсозии тунелҳои сохтмонӣ, ки дар солҳои 1990 дар асари обхезӣ осеб дидаанд, ширкатҳои хориҷӣ ва дохилӣ ширкат кардаанд. Пас аз анҷоми корҳои бозсозӣ дар бархе аз қисматҳои бозсозишуда камбудиҳо дар заминаи сементкорӣ ошкор шудааст.”
Вай гуфт, барои ҷилавгирӣ аз фурупошии дубораи деворҳои тунел ширкатҳои марбут муваззаф шудаанд, дар ин ҷо ва толори мошин симонкории дубора анҷом бидиҳанд. Оқои Саидов афзуд, ки ҳоло Бонки Ҷаҳонӣ дархости омӯзиши намунаҳои хок дар умқи 110-метрӣ дар маҳалли сохтмони обанбори Роғунро кардаанд ва ин кор тавассути ширкате эронӣ анҷом хоҳад шуд. Аммо хабарнигори Би-би-сӣ, ки тоза аз ноҳияи Роғун дидан кардааст, мегӯяд фаъъолиятҳо дар маҳалли сохтмони ин нерӯгоҳ зоҳиран қатъ шудаанд.
Сокинони маҳаллӣ, ки солҳост, дар ин сохтмон фаъъолият мекунанд гуфтаанд ки ширкатҳои хориҷӣ ва дохилӣ, ки дар ин маҳалл кор мекунанд, тайи як ҳафтаи охир фаъъол набуда ва маҳалли сохтмон сокит будааст. Ин дар ҳолест, ки ҳафтае қабл Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба маҳалли ин сохтмон сафар карда буд.
Ҳарчанд раиси ожонси сохтмон ва меъмарии Тоҷикистон дар бораи камбудиҳо дар корҳои бозсозии нерӯгоҳи Роғун сӯҳбат кардааст, вебсойти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтае қабл зимни интишори хабари марбут ба сафари президент Раҳмон ба Роғун аз “сифати баланди корҳо” дар маҳалли сохтмон гузориш дода буд.
Дар сойти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла омада: “Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо рафти барқарорсозии иншооти мавҷуда ва омодагӣ ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз сатҳ ва сифати баланди корҳо изҳори қаноатмандӣ кард.”
Оқои Раҳмон дар ҷараёни суханрониаш дар рӯбарӯи кормандони ин нерӯгоҳ ҳамчунин гуфта буд: “Нерӯгоҳи Роғун бояд асрҳо ба мардуми Тоҷикистон ва кулли минтақа хизмат карда, танҳо манфиат расонад ва ҳеҷ зиёне надошта бошад.”
Дар оғози соли ҷорӣ вазорати молияи Тоҷикистон эълом карда буд, ки дар соли 2012 давлати ин кишвар барои таъмири нерӯгоҳи Роғун 1.1 милёрд сомонӣ тахсис медиҳад.
Би-Би-Си
-
09.06.2025 13:12
225
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
231
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
29.05.2025 11:19
285
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
07.05.2025 23:59
451
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
561
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
445
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
104
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
171
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
175
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
945
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1652
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3343
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
81
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
98
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
140
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
482
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
730
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
850
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
424
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
464
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
435
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
713
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
987
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1845
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
592
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
571
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1764
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
2078
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2291
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2971
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
485
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
435
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
916
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3035
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3479
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3462
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
622
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
648
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
595
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?