ҲАВЛИҲО ОБ ЗАДА, РӮФТА, БА ҚАБУЛИ КОРШИНОСОНИ БОНКИ ҶАҲОНӢ ОМОДА
Ҳайати коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ барои арзёбии имкони азсаргирии экпертизаи нерӯгоҳи Роғун ба Тоҷикистон бармегардад.
Ин сафар рӯзҳои наздик сурат гирифта, дар ҷараёни он имкони азсаргирии экпертизаи фанниву иқтисодӣ ва таъсири иҷтимоиву зистмуҳитии нерӯгоҳи Роғун баррасӣ мешавад. Масъулони бонк бовар доранд, ки ҳайат бо ҳукумати Тоҷикистон ба мувофиқат хоҳад расид. Аз ин ҷост, шӯрои мудирон мӯҳлати истифодаи гранти ин таҳқиқотро тамдид кардааст.
Ҳайати коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ тасмим гирифтааст, дар Душанбе имкони азсаргирии экпертизаи нерӯгоҳи Роғунро баррасӣ кунад. Рӯзи панҷшанбе дар як сӯҳбати телефонӣ бо мо Ранҷит Ломак, масъули бахши энергетикаи Бонки Ҷаҳонӣ дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ аз Вашингтон гуфт:
“Аз замони боздиди ахири мо дар моҳи май то имрӯз ҳукумати Тоҷикистон ба пешрафти муайяне дар мавриди тарзу услуби таҳқиқоти нерӯгоҳ муваффақ шудааст ва аз ин рӯ, мо имкони дарёфти гранти Бонки Ҷаҳонӣ дар ин соҳаро тамдид намудем. Вале кори зиёде бояд иҷро шавад. Ҳафтаи оянда ҳайати фаннии Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон сафар мекунад, то бо ҳукумати ин кишвар як чорчӯби муроқибати кор дар нерӯгоҳ ва аз ҷумла тармиму ҳифзи иншоотро тартиб диҳад. Иҷрои ин амал заминаро барои идомаи таҳқиқот дар нерӯгоҳи Роғун таъмин мекунад”.
Ба назар мерасад, ки Тоҷикистон ҳам ба пешвози ҳайати бозрасони Бонки Ҷаҳонӣ омода асту интизор дорад, ки экпертизаи байналмилалии фанниву иқтисодӣ ва иҷтимоиву зистмуҳитии нерӯгоҳи барқи обии Роғун аз сар гирифта мешавад.
Моҳи маи соли равон дар Душанбе ноиб-президенти Бонки Ҷаҳонӣ дар умури минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Филипп Ле Уеру гуфта буд, ки марҳилаи феълиии сармоягузории экпертизаи лоиҳаи нерӯгоҳи барқи обии Роғун 30-уми июни соли 2012-ум ба охир мерасад. Ҳамчунон ӯ афзуд, ки Шӯрои Мудирони Бонк сармоягузории иловагии экпертизаи Роғунро тасдиқ кардааст, вале барои татбиқи ин созиш ҳукумати Тоҷикистон бояд дар шакли қобили қабул ба суолҳои мавҷуда оиди ҷараён ва тарзи таҳқиқот посух диҳад.
Касе аз ходимони бонк дар бораи муҳтавои ин суолҳо тафсилоте надодааст. Вале дар пайи ин изҳороти масъули Бонк Шӯрои нозирони нерӯгоҳи барқи обии Роғун бо иштироки сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ва вазири энергетика ва саноати ин ҷумҳурӣ Гул Шералӣ таъкид кард, ки аз сабаби пешниҳод нашудани хулосаи
экспертҳои байналмилалӣ дар мавриди асоснокии фанниву иқтисодӣ ва баҳодиҳии таъсири иҷтимоиву экологии нерӯгоҳи Роғун барқарорсозии дарғот ва тағйири маҷрои рӯди Вахш дар соли 2012-ум ба таъхир гузошта мешавад.
Аслан Тоҷикистон 27 декабри соли 1987 бунёди дарғот ё ба қавли русӣ “перемичка”-и нерӯгоҳро шурӯъ намуда, маҷрои Вахшро тағйир дода буд. Вале баъд дар солҳои муқовимати шаҳрвандии Тоҷикистон сохтмон амалан беназорат буду 9-уми майи соли 1993 сели шадид пояи ин дарғотро аз байн бурд ва рӯди Вахш ба маҷрои худ баргашт.
Чор сол пеш бо эҳёи сохтмони Роғун ҷумҳурӣ аз нав барномаи тағйири маҷрои Вахш ва бунёди дарғотро оғоз намуд. Вале зоҳиран бо сабабҳои мухталиф ва аз ҷумла ихтилофи сарсахтонаи Ӯзбакистон ба сохтмони Роғун тағйири маҷро чанд дафъа ба таъхир афтод ва баҳори соли 2011-ум ҳукумати Тоҷикистон бо машварати Бонки Ҷаҳонӣ мувофиқат кард, ки бо сармоягузории Бонки Ҷаҳонӣ экпертизаи фанниву иқтисодии Роғунро ширкати фаронсавии Coyne & Bellier ва таҳқиқи таъсири иҷтимоиву зистмуҳитии Роғунро ширкати швейтсарии Poyry доир намуда, натиҷаи онро моҳи марти соли 2012-ум эълон кунад.
Вале дар моҳи феврали соли равон, яъне тахминан як моҳ пеш аз вақти муқарраршуда, яке аз масъулони ширкати Poyry Роберт Свален, ки сарварии ҳайати коршиносони Роғунро бар дӯш дорад, тақозо кард, ки мӯҳлати экпертизаи Роғун тамдид ёбад.
Коршиносони тоҷик бар ин назаранд, ки мушкили Роғун на фанниву иқтисодӣ ва на иҷтимоиву зистмуҳитӣ, балки сиёсӣ мебошад ва таъхири экспертиза ҳам бо ҳадафи рафъи ҳамин ихтилофи сиёсӣ рабт дорад.
Собиқ раҳбари сохтмони нерӯгоҳи Роғун Нурулло Шулашов дар як нишасти байналмилалӣ дар Алмаато гуфта буд, ки Бонки ҷаҳонӣ пешниҳод мекунад, ки баландии сарбанди нерӯгоҳи роғун на 335 метри тибқи нақшаи ибтидоӣ, балки 180 метр бошад, тавре баъзе кишварҳои ҳамсоя мехоҳанд. Шулашов коршиносони Бонки Ҷаҳониро масъули таъхири экпертизаи Роғун номида гуфт:
“На фақат дар Тоҷикистон, балки дар саросари олам вақте масъалаҳои ҳалношудаи сиёсӣ зоҳир мешаванд, Бонки Ҷаҳонӣ истифода мешавад. Онҳо зарур ояд, то 20 сол ҳам кори Роғунро кашол медиҳанд. Мо фурсатро аз даст додем. Ҳар қадаре, ки беморӣ идома меёбаду дахолати ҷарроҳ ба таъхир гузошта мешавад, ҳолати мариз бадтар мешавад".
Дар ҳамин ҳол аввалин раиси сохтмони нерӯгоҳи Роғун Николай Савченков, ки то соли 1992 раҳбарии онро бар дӯш дошт, мегӯяд, воқеан барои оғози эҳёи дарғот омодагии бештар ва дастгирии Бонки Ҷаҳонӣ зарур аст ва чанд моҳ вазъро тағйир намедиҳад. Ба қавли Савченков муҳим ин аст, ки сарбанди нерӯгоҳ тибқи нақшаи ибтидоӣ ба 335 метр баробар бошад:
“Ба фикри ман дуруст аст, ки ҷумҳурӣ пофишорӣ дорад, ки сарбанди нерӯгоҳ 335 метр бошад.Сарбанд бояд аз хок бошад. Мо метавонем нерӯгоҳи Норакро мисол орем, ки ҳамин гуна баланд асту мушкиле эҷод накардааст. Ёдатон бошад, ширкати “РусАл” ҳам вақте ба сохтмони Роғун омада буд, пешниҳод мекард, ки сарбанд кӯтоҳтар шаваду на аз хок, балки аз бетон сохта шавад. Хуллас, ин гуна баҳсҳо воқеан сохтмонро ба таъхир гузоштанд."
Сарфи назар аз таъхири марбут бо чуну чароҳои экспертизаи Роғун ва баландии сарбанд як воқеиятро ҳама қабул кардаанд, ки Роғун барои ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон, ки дар фасли зимистон бо шадидтарин камбуди барқ мувоҷеҳ мешавад, хеле бештар аз як нерӯгоҳ аст ва он ба ҳар қимате такмил хоҳад шуд.
«Озодӣ»
-
08.05.2025 15:28
156
Иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ ва паради ҳарбӣ дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе
-
08.05.2025 09:32
107
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ғалаба
-
04.05.2025 13:40
143
Таъиноти кадрӣ дар сохторҳои низомӣ ва як қатор вазорату идораҳои дигар
-
07.05.2025 23:59
184
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
314
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
144
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
14.05.2025 23:45
111
Баррасии ҳамкориҳо бо Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти Араб
-
14.05.2025 23:38
70
Ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории муштараки Лоиҳаи «CASA-1000» оғоз гардид
-
12.05.2025 23:24
113
Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷаҳони нави исломӣ: стратегияи ҳамкорӣ
-
14.10.2024 18:41
713
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1411
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3104
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
22.03.2025 12:38
273
Иштироки вазири корҳои хориҷӣ дар чорабинии сатҳи баланди кишвар оид ба об ва пиряхҳо дар СММ
-
23.02.2025 18:20
394
Фишори Трамп ба USAID ва оқибатҳои он барои Тоҷикистон – оё таҳдид воқеӣ аст?
-
14.10.2024 18:43
692
Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд
-
20.03.2025 11:59
275
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
513
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
634
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
212
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
223
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
233
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
446
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
736
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1527
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:19
332
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1531
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
07.03.2022 09:26
1650
ИДАТОН МУБОРАК, МОДАРОНИ АЗИЗ!!!
-
03.09.2021 08:38
1848
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2049
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2740
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
257
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
233
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
682
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
2739
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3184
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3172
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
391
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
454
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
392
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?