PÖYRY ENERGY LTD: «МО ПУШТИБОН Ё МУХОЛИФИ РОҒУН НЕСТЕМ»
Роберт Звален, мутахассиси умури муҳити зист ва рушди иҷтимоӣ дар ширкати Pöyry Energy Ltd. ба саволҳои мо посух дод.
Роберт Звален, мутахассиси умури муҳити зист ва рушди иҷтимоӣ дар ширкати Pöyry Energy Ltd. (Женева, Швейсария), ки раҳбарии тими таҳқиқкунандаи Роғунро ба ӯҳда доштааст, дар як сӯҳбати телефонӣ бо мо аз Душанбе ба саволҳои аслӣ дар заминаи гузориши нашршуда оиди арзёбиҳои муҳитзистӣ ва иҷтимоии нирӯгоҳи барқии обии Роғун посух дод.
-Хоҳиш мекунам, муҳимтарин хулосаҳои таҳқиқоти анҷомдодаи худро бигӯед.
-Вақте мо дар бораи таъсири ин нирӯгоҳ сӯҳбат мекунем, бояд гуфт, ки ин масъала аз се бахш иборат аст. Аввалӣ ин муҳити зисти табиӣ аст, ки пеш аз ҳама масъалаи обро дар назар мегирад. Дар ин масъала саволи аслӣ ин аст, ки оё Роғун ба обҳои поёноби Вахшу рӯди Ому чӣ таъсир хоҳад гузошт. Ин масъалаи хеле муҳим аст, чунки ин об ба қаламрави Ӯзбакистон ва Туркманистон ҳаракат мекунад ва бахши азими аҳолии ин ду ҷумҳурӣ аз ин обҳо вобаста ҳастанд. Ин бахши масъала бояд хеле рӯшан ва эҳтиёткорона таҳқиқ шавад.
Ҳоло мо бо мушовирони техникӣ ҳамоно натиҷаҳоро арзёбӣ мекунем ва ҳанӯз натиҷаҳои ниҳоиро дар даст надорем. Бахши дуюми масъала ба муҳити зисти биологӣ марбут аст, ки ба сабзавоту ҷонварон ва муҳити зисти моҳӣ дар маконҳои ҳимоятшуда таъсиргузор аст. Ин ҷо аслан масъалаи бузурге вуҷуд надорад. Тарҳ бунёди як обанборро бо дарозии 70 км дар назар мегирад ва он ба хусус, мавҷудоти зиндаро асар нахоҳад кард. Маълум аст, ки то ҳол ба рӯдхона обанбори Норак таъсир кардааст ва ин маҳал барои моҳӣ чандон муҳим ба шумор намеравад.
Аз назари биологӣ гуфта метавонем, ки ин ҷо ҳеҷ масъалаи бузурге буда наметавонад. Сеюм бахши мавзӯъ ва яке дигар аз масъалаҳои муҳим ин аҳолии маҳаллӣ аст. Шумори мардуме, ки бояд аз ин маҳал ба маҳалҳои дигар кӯч дода шаванд, тақрибан 30 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Ва мо бояд дар нақшаҳои ҷобаҷокунии ин мардум ширкат кунем. Ин мардум бояд мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ, яъне меъёрҳои аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ муқарраршуда ҷо ба ҷо карда шаванд.
-Аз рӯи вокунишҳои мақомоти соҳаи энержии Тоҷикистон маълум мешавад, ки онҳо аз натиҷагириҳои муқаддамотии шумо қаноатманд ҳастанд, вале масъала дар онҳо нест. Кишварҳои мисли Ӯзбакистон солҳои охир хеле шадид мухолифи бунёди нирӯгоҳи Роғун ҳастанд ва ҳоло мешавад тахмин зад, ки ин хулосаҳои шумо ба онҳо писанд намеояд. Оё шумо омода ҳастед, ки ба ихтилоф ва шояд фишорҳои навбатии Тошканд посух диҳед?
-Ин масъалаи марказии ин барнома аст. Бонки Ҷаҳониву Душанбе машваратҳои навро барои барқарор кардани музокираҳо ба роҳ монданд, ки метавонанд аз ҷониби тарҳ халалдор шаванд. Натиҷаҳои гузориши мо дар мулоқоти онҳо баррасӣ мешавад. Тахминан баъди як моҳ бояд ки ингуна як музокирот барпо шавад, натиҷаҳои аввалия баррасӣ мешаванд. Аз ин рӯ, натиҷаҳои гузориши мо на фақат дар сайти Бонки Ҷаҳонӣ нашр шудаанд, балки ҷараёни музокираҳо бо ширкати ин кишварҳо барои барқарор кардани машваратҳо идома доранд.
-Ҳоло дар доираи журналистон саволҳое матраҳ мешавад, ки то куҷо гузориши шуморо мешавад ба унвони натиҷагириҳои Бонки Ҷаҳонӣ арзёбӣ кард. Мунаққидон мегӯянд, ки дар даъват шудани ширкати шумо барои анҷоми ингуна таҳқиқот аз ҷониби ин сохтори ҷаҳонии молиявӣ шубҳа доранд.
-Ин як ҷараёни тӯлонӣ буд. Мо тахминан чор ё панҷ сол пеш гуфтем, ки мехоҳем дар ин тарҳ ширкат кунем. Соли 2010 мо дархости худро ба унвонии Бонки Ҷаҳонӣ ирсол кардем, онҳо моро дар қатори дигар ширкатҳо ба рӯйхати ширкатҳои мунтахаб ворид карданд. Ширкати мо аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ ва «Барқи Тоҷик» барои анҷоми ин корҳо интихоб шуд. Корро мо дар оғози соли 2011 шурӯъ кардем. Мо созишномае дорем, ки бо «Барқи Тоҷик» феврали соли 2011 имзо шуда аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ тасвиб шудааст. Ман намедонам, ки ин хабар аз куҷо бармеояд.
-Пас, ба ин тартиб, мӯҳлати шурӯи таҳқиқи паёмадҳои сиёсиву иҷтимоии масъала, ки шумо зикр кардед, кай шурӯъ мешавад?
-Мо сари ин масоил кор мекунем. Моҳи июн мо бахши аввали гузоришеро дар заминаи шароити аз маконҳои зист дар навбати аввал кӯч додани аҳолии маҳаллӣ ироа кардем. Ин гузориш дар бораи зарурати ба таври оҷил хезондани сокинони рустоҳое ҳарф мезанад, ки дар маҳалли сохтмон ҷойгиранд.
Ин гузориш ҳоло дар баррасии Бонки Ҷаҳонӣ ва «Барқи Тоҷик» қарор дорад. Ҳамин ки ин гузориш натиҷагирӣ шуд, дар сайти Бонки Ҷаҳонӣ нашр мешавад. Ҳамчунин, мо сари гузориши арзёбиҳои таъсири иҷтимоии ин тарҳ кор мебарем, ки се масъалаи ман зикркардаро дар худ гунҷоиш додааст. Ин гузориш ҳанӯз анҷом нашудааст ва на танҳо аз мо вобаста аст.
-Яъне ҳанӯз шумо намедонед, ки натиҷагириҳои ниҳову комил кай анҷом мешаванд?
-На. Бо сабабҳои муайян мо аз назари мушовирони фанниамон вобаста ҳастем. Ва ман ба кори онҳо таъсир карда наметавонам.
-Як саволе, ки шояд дар зеҳни бисёриҳо мечархад ин аст, ки вақте сиёсатмадорони аврупоӣ, аз ҷумла Струан Стивенсон ба нишони пуштибонӣ аз тарҳи Роғун садо баланд карданд, дигарҳо гуфтанд, ки мақомоти Тоҷикистон ба лоббисозӣ машғул аст. Ҳоло шояд нафароне дар бетарафу мустақил будани хулосаҳои шумо шак кунанд. Оё ба иттиҳомоти мисли ин ки шумо шояд аз ҳукумати Тоҷикистон пуштибонӣ мекунед, чӣ посух медиҳед?
-Чӣ ҳам бигӯям? Мо як ширкати байналмилалӣ ҳастем, ки дар саросари ҷаҳон сари чунин тарҳҳо кор мекунад. Дар чунин ҳолатҳо мо маъмулан кулли маълумоти дастрасро ҷамъоварӣ карда, корҳоеро анҷом медиҳем, ки бояд дар маҳалли кор карда шаванд. Мо бо тамоми нафароне, ки аз ҳар ҷиҳат ба ин барнома робита дошта, нигарониҳое дар ин замина доранд, ҳамсӯҳбат мешавем. Баъдан тамоми ин маълумот барои санҷиши ҳама ҷонибҳо дар гузориш ворид мешавад.
Мо, ба ҳайси як ширкат, на пуштибон ва на мухолифи ин барнома нестем. Ҳадафи мо анҷоми кор бо сифати баланд буда, вазъро ҳар чи мунсифона арзёбӣ кардан аст. Ин гузориш аз ҷониби «Барқи Тоҷик» ва Бонки Ҷаҳонӣ, инчунин, аз ҷониби кишварҳи дахил санҷида шудааст. Хулоса ин аст, ки мо тасмим намегирем. Мо танҳо вазъро арзёбӣ карда, машваратҳо медиҳем. Қарори ниҳоӣ аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ ва ҳукумати Тоҷикистон гирифта мешавад.
«Озодӣ»
-
09.06.2025 13:12
225
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
231
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
29.05.2025 11:19
285
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
07.05.2025 23:59
451
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
561
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
445
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
104
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
171
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
175
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
945
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1652
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3343
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
81
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
98
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
140
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
482
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
730
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
850
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
424
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
464
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
435
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
713
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
987
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1845
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
592
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
571
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1764
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
2078
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2291
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2971
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
485
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
435
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
916
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3035
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3479
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3462
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
622
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
648
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
595
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?