"РОҒУН" - ЯКЕ АЗ 10 МАВЗӮИ СЕРХОНАНДАТАРИНИ УЗБАКИСТОН
Хабарҳо дар бораи зарари нерӯгоҳи «Роғун» дар Узбакистон ба қатори даҳгонаи серхонандатарини соли 2012 дохил шудаанд.
Хабаргузории минтақавии «СA-NEWS», ки аз панҷ кишвари Осиёи Миёна хабар пахш мекунад, эълон медорад, ки дар соли 2012-ум гузориши таҳлилӣ дар бораи зарари нерӯгоҳи Роғун, ки бар асоси пажуҳиши олимони донишгоҳҳои амрикоӣ таҳия гардид, дар Узбакистон мавриди таваҷҷуҳи зиёд қарор гирифт. Тибқи таҳлилҳои СA-NEWS гузориш оиди Роғун баробари хабарҳо дар бораи Гулнора Каримова, духтари раисиҷумҳури Узбакистон, баҳси МТС бо мақомоти узбак ва манъи туйу маъракаҳои бошукуҳ ба қатори даҳгонаи серхонандатрин дар Узбакистон ворид гардидааст.
СA-NEWS пажуҳиши Шоҳрух Мирзоҷалилов аз донишгоҳи New Mexico State University, Том М.ДеСуттер ва Ҷай Лейтч аз Донишгоҳи North Dakota State University-ро зикр кардааст, ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико анҷом додаанд. Тибқи он дар сурати бунёди нерӯгоҳи Роғун, ба бахши кишоварзии Узбакистон солона 600 миллион доллар зиён ворид мешудааст.
Пажуҳишгарон менависанд, дар сурати бунёди нерӯгоҳи Роғун кишварҳои поёноб, аз ҷумла Узбакистон, ба мушкили камбуди об рӯбарӯ шуда, Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ин кишвар то ду дарсад коҳиш хоҳад ёфт. "Ҳамчунин беш 300 ҳазор нафар ҷои кори худро аз даст медиҳанд",-гуфта шудааст дар пажӯҳиш.
Тибқи ин таҳқиқот, барои пур кардани обанбори Роғун 12 солу чаҳор моҳ вақт лозим будааст, ки дар ин муддат обанборҳои дигар ба камбуди об дучор хоҳанд шуд. Ба андешаи муаллифон, дар ҳолати ба истифода додани нерӯгоҳи Роғун, дар фасли тобистон рехтани об ба Узбакистон то 18 дарсад коҳиш ёфта, аммо дар фасли зимистон то 54 дарсад афзоиш меёбад.
Ин ба он маънист, ки бахши кишоварзии Узбакистон аз моҳи май то моҳи сентябр дучори камбуди об шуда, аммо дар вақти тирамоҳу зимистону баҳор дар пайи сарозер шудани оби бисёр дучори обхезиҳо мешавад. "Ин ҳолат ба он оварда мерасонад, ки 506 ҳазор гектар замин (11 дарсад заминҳои корам) корношоям ва 336 ҳазор бекор хоҳанд монд",-омадааст дар гузориш.
Нерӯгоҳи барқии обии Роғун, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон онро масъалаи “ҳаёту мамоти” кишвар хондааст, дар сурати бунёд бо иқтидори 3600 мегават бузургтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд ва Тоҷикистонро аз як кишвари муҳтоҷи нерӯи барқ ба содиркунандаи он табдил хоҳад дод. Аммо аз замони шурӯи корҳои сохтмонӣ дар ин нерӯгоҳ дар чанд соли пеш, кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ бахусус Узбакистон сарсахтона ба бунёди он муқовимат кардаанд.
Ин кишварҳо мегӯянд, дар сурати бунёди Роғун, ки маҷрои об аз рӯдхонаҳои Тоҷикистон, ки то ба Узбакистону Қазоқистону Туркманистон мерасанд, камтар шуда ва боиси камобӣ дар он кишварҳо хоҳад шуд. Давлати Тоҷикистон мегӯяд, ин иддао асосе надоранд, зеро об дар садди Роғун ба тадриҷ ва дар муддати бештар аз як даҳсола ҷамъ карда мешавад.
«Озодӣ»
-
22.06.2025 14:51
111
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
233
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
237
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
464
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
567
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
454
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
111
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
178
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
185
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
953
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1658
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3350
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
90
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
106
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
147
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
489
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
735
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
857
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
434
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
470
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
441
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
718
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
991
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1854
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
598
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
579
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1770
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2091
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2082
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2298
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
492
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
441
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
920
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3045
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3485
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3466
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
629
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
656
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
600
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?