Занон магар гунаҳгоранд, ки фиреби мардон мехӯранд?
Бо арзи салом ва дуруди бепоён хидмати ҳамаи он азизоне, ки ин ҳафта ҳам бо "Рӯзгор" буданд. Ва хайрамақдам мегӯем қадами онҳоеро, ки бори аввал ин ҳафта "Рӯзгор" хонданд ва бо як занги телефонӣ хотири моро шод карданд.

Аз ҷумлаи ин афрод Мӯҳсин Шодиев, сокини шаҳри Норак аст, ки бори нахуст шумораи "Рӯзгор" ба дасташ уфтодааст ва боз изҳори нороҳатӣ ҳам кард, ки на танҳо ҳафтаномаи мо, балки аксари нашрияҳои мустақили чопи Душанбе ба минтақаи онҳо ё намерасанд ва ё ба теъдоди кам бурда мешаванд, ки талаби на ҳамаро қонеъ месозанд.
Аммо Муҳсин Шодиев аз нахустин мутолиа маводҳои хубе барои табъу завқи худ аз "Рӯзгор" пайдо кардааст. Мегӯяд ӯ, ки мухлиси таронаҳои Аҳмад Зоҳир аст, мехост матлаби "Аҳмад Зоҳир ва сад шоир"-ро комил бихонад. Ба андешаи ӯ Аҳмад Зоҳир аз нобиғаҳои олами мусиқии ҷаҳонист, ки бояд ҳатман омӯхтаву пажуҳиш шавад.
Мастура Ҷӯраева аз Хуҷанд дар мавриди пешниҳоди ба осорхонаи Аҳмадшоҳи Масъуд табдил додани манзили иҷорави сипаҳсолор дар шаҳри Душанбе пуштибонӣ кард ва дар сӯҳбати телефонӣ иброз дошт, ки хеле хуб мешуд агар мо ин ташаббусро ҷиддан пайгирӣ мекардем.
Олими Ашраф ном хонандаи дигар аз мо шикоят кард, ки се бор телефонӣ ҳамроҳаш сӯҳбат доштем, вале номашро ақалан як бор қатори ҳамсӯҳбатони дигарамон дар ҳафтанома ҷо надодем.
Бо ташаккур аз дӯстамон Олими Ашраф иброз медорем, ки мо то ин замон кӯшидем ба ҳама пешниҳодоти зангҳои телефонӣ посух диҳем ва андешаҳояшонро дар саҳифа резем. Ва ҳоло, ки мегӯянд, мо фаромӯш кардаем, ки аз эшон ном барем, аслан ин тавр нест. Мо ба ҳар занги телефонӣ ва ба ҳар арзи матлаб аҷр мегузорем ва минбаъд ҳам хоҳем кӯшид касерову пешниҳодеро фаромӯш насозем.
Устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сафаралии Раҷаб ба идораи ҳафтанома ташриф оварданд ва бо ибрози назар дар бораи мазмуну мундариҷаи "Рӯзгор" чандин пешниҳоди судманде ҳам карданд, ки бахшеро мавриди омӯзиш қарор додем, то маълум шавад, ки то кадом ҳад мо метавонем сари он масоил барномарезӣ кунем ва мушкилотро инъикос намоем. Аз ҷумла устод хостори онанд, ки мо саҳифае дар мавриди волидон дошта бошем.
То ҷое мазмун гирифтем, мӯҳтарам Сафаралӣ Раҷаб мехоҳанд дар "Рӯзгор" саҳифае бошад, ки чун пули иртиботӣ миёни донишҷӯ ва падару модараш хидмат кунад. Ба андешаи устоди Донишгоҳ донишҷӯе, ки шартномавӣ мехонад, дар сурати бетаваҷҷӯҳии падару модараш метавонад аз бепарвоӣ ва холабеғамӣ бесавод аз донишгоҳҳо берун ояд. Шояд низоми шартномавии таҳсил омили фишор ба донишҷӯро надорад, ки ин гуна афкор ба миён омадааст. Ба ҳар ҳол мо мехостем мушкилот аз ҷониби худи устод Сафаралӣ Раҷаб масъалагузорӣ шавад, то мизони мушкил барои ҳамагон эҳсос гардад. Дар он сурат "Рӯзгор" омода аст онро пайгирӣ кунад.
Ва инак, муруре ба номаҳои расида:
Аз авлиё бихонем то пайравӣ аз онҳо кунем
Рӯзгори авлиёи бузург ва шахсиятҳои динии гузашта басо ибратомӯз аст. Ва ҷои хушист, ки "Рӯзгор" таваҷҷӯҳи хоса ба ин масъала дорад. Аз аввалин шумораи он то хеле вақт "Қиссаҳо аз рӯзгори ҳазрати Султон" чоп шуд, ки як сарнавишти пурфоҷеаи алломаи замонро ба риштаи тасвир кашида буд. Дар шумораи гузашта "Домуллои Сурихиён" ном мақолаи Бурҳон Салмоновро хондам, ки хеле писандам омад.
Ман дар ин бора хеле чизҳо шунида будам. Чун дӯстдори қиссаҳо аз гузаштаи олимонам, ҳар мақола ва ё пажуҳише, ки дар ин маврид мешавад, бозавқ мутолиа мекунам. Қиссаи Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳ низ басо омӯзанда будааст. Таъқиби солҳои сталинӣ ва раҳоии ин олими бофазл тавассути донишу савод аз шарри тройка як ҳодисаи нодири таърихи миллат аст. Зеро он замонҳо ҳар касе як ҳарф аз алифбои ниёгон хонда метавонист, кушта ва ё бадарға мешуд.
Аммо Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳро фиристодагони Маскав имтиҳон мекунанд ва дармеёбанд, ки ин шахсияти истисноӣ чаласавод набуда, балки профессори чаҳор фан: фалсафа, риёзиёт, нуҷум ва тиб будааст. Маҳз ҳамин фазлу дониш ӯро аз таъқиби сталиниву қатлу бадарға наҷот мебахшад. Ҳаққо, ки Худованд пӯяндагони илмро хор намекунад. Аз ин рӯ илм бояд омӯхт, то дар ду ҷаҳон азизу мукаррам бошӣ.
Муҳаммадҷовиди Насриддин, ноҳия Ҳисор
Ҷаноби Қодири Рустам, шумо бояд барои ҳамин 500 нафар ҳам нависед
Мусоҳиба бо адиб Қодири Рустам ба андеша водорам кард. Хеле ҷолиб буд, ки як суҳбати ошкоро ва дилрас баромадаст. Аммо банда чун хонанда ҳақ дорам интиқод кунам, ҳарчанд хеле мутаассифам, ки ба ҷуз ду-се мақолаи аз адиб чизе аз навиштаҳояш нахондаам. Аммо мутмаъинам, ки акнун хоҳам хонд.
Дар мусоҳиба назму насри имрӯз хеле мухтасару як навъ бо умумигӯӣ арзёбӣ шудааст. Ва Қодири Рустам ошкор мегӯяд, ки назму насри муосирро хеле кам мехонад, чун агар китоб дар ду ё се саҳифа мутолиа намудан писандаш наёмад, онро канор мегузарад. Ва аз арзёбӣ ҳам маълум мешавад, ки дар ҳақиқат чунин ҳам ҳаст. Адиб аз муосирон ҳамоно танҳо аз Сайф Раҳим ва Муҳммадзамони Солеҳи марҳуму аз адиби хушнависи дигари мо Баҳманёр ёд мекунад ва назмро ҳамоно пайванди мактаби шеъри Қаноату Бозору Лоиқ ва Гулрухсор медонад. Аз ин пайдост, ки дар ҳақиқат Қодири Рустам дуруст иқрор мешавад, ки ҳақи қазоват надорад, чун муддати дароз дар Ватан набуд ва дар будан ҳам кам мутолиа дорад.
Ва дар ҷои дигар мегӯяд, ки чун хонандаи кам дорад, кам менависад. Теъдоди онҳоро аз миёни 8 миллион аҳолии кишвар 500 нафар мегӯяд, яъне танҳо ҳамин миқдор шояд мухлисони навиштаҳояш бошанд. Ва мегӯяд, ки чаро нависад, вақте медонад, ки мухлиси кам дорад.
Албатта, ин андешаи худи адиб аст, вале ман чун хонанда мехоҳам аз ҳамин минбари "Рӯзгор" ба ӯ муроҷиат кунам: мӯҳтарам Қодири Рустам! Барои ҳамин 500 нафар ҳам шумо бояд нависед. Зеро онҳо мухлисони шумоянд ва шояд танҳо шуморо мехонанд. Ман ин иддиои шуморо, ки барои 500 нафар чаро нависам мегӯед, аслан қабул надорам. Ба ном нависандагоне ҳастанд, ки бо пули худ китоб чоп мекунанд, аммо шояд як хонанда ҳам надоранд. Вале онҳо менависанд ва намегӯянд ва қабул ҳам надоранд, ки хонанда надоранд.
Машҳура, донишҷӯ, шаҳри Душанбе
Савол ҳам мухтасару посух ҳам мухтасар бошад
Ин ҳафта аз саҳифаи "Пурсишеву посухе" хушам омад. Он аз саҳифаҳои гузашта фарқ мекард. зеро ба чанд савол посухи мухтасар дода мешуд. Ва агар боз ҳам посухҳо мухтасар бошанд ва ба саволҳои бештар ҷавоб дода шаванд, гумон мекунам он шавқовартар мешавад. Бигзор танҳо мавзӯъи Тоҷикистон набошад. Чуноне дар шумораи гузашта дидем, мавзӯъҳо фарогир буданд. Бигзор дар мавриди кашфиётҳои тозаи илмӣ бошанд, тибро дар бар гиранд, санъат, маориф, сиёсатро инъикос кунанд. Вале муҳим он ки посухҳо хеле мухтасар ва фарогиру шавқовар бошанд.
Азиза, Қурғонтеппа
Парҳез аз сеҳр меҳри Худоро бедор мекунад
Ман ин бор ҳам мақолаи "Сеҳру ҷоду-амали шайтонӣ"-ро хондам. Дар ҳақиқат як мавзӯъи бағоят муҳим аст. Баъзан шахсан ман аз намоиши телевизионҳои Душанбе дар мавриди ин гуна муллоҳо хушам намеояд. Зеро онҳо дар остонаи интихобот беғараз ва мунсифона нестанд. Аммо худ медонам, ки фиребгароне ояҳои каломи Худоро ба бозори тиҷорат табдил додаву, дониста ё надониста туморнависӣ мекунанд ва бо ин гуна афрод хеле зиёданд.
Ба истилоҳ рӯи китобкушоҳоро медонам, ки бо такя ба амалҳои шайтонӣ мехоҳанд ояндаи сарнавишти инсонро бигӯянд. Ва наузамбиллоҳ мехоҳанд бо сеҳр ин сарнавиштҳоро тағйир диҳанд. Ин дар ҳолест, ки танҳо Худованд қодир аст сарнавишти инсонро нависад ва донад. Банда агар ҳар қадар аз соҳирон дурӣҷӯяд, ҳамон андоза ба муҳаббати Худованд наздик мешавад. Зеро амали шайтони лаъин, бероҳакунандаи бандаи муъмину худоҷӯ гирифторӣ ба лаънати Ҳақ аст.
Мирисо Абдухолиқов, Вахш
Занон магар гунаҳгоранд, ки фиреби мардон мехӯранд?
Ситоиш намекунам, ки "Рӯзгор" мақола зидди сеҳр чоп кардааст. Ҳарчанд медонам, ки хуб ҳам ҳаст ин мақола рӯи чоп омадааст. Аммо як андеша дорам, ки мехоҳам бо истифода аз фурсат баён кунам.
Ростӣ, ман аслан дилам ба ҳоли занону модарон ва духтарон месӯзад. Зеро муштарии асосии ин гуна фолбинҳову муллоҳои китобкушо онҳоянд. Бубинед, мард бо баҳонаи кор ба Русия меравад ва муддати се солу панҷ сол он ҷо мемонад ва табиист, ки издивоҷ мекунад ва агар издивоҷ ҳам накунад, машғул ба зинокорӣ мешавад. Дар Тоҷикистон зану фарзандаш дар интизори омаданаш шабу рӯз даст ба дуоянд.
Вақтезанмефаҳмад, кибовуҷудимеҳрувафое, кибоӯдошт, вайзангирифтааст, оташирашкашалангамезанадвадигарилоҷеҷузқасоснамеёбад. Пас чӣ кор кунад? Наметавонад Русия равад ва ӯро бозпас орад ва ё бо ӯ бимонад ва сарвати ғункардаашро ба нияти ободонии хонаву дар ва беҳбуди фарзандонаш ҳифз кунад. Зеро занон амонатдорони хонаводаянд ва каси дигаре ба ҷуз онҳо ба ояндаи фарзанд намесӯзанд.
Аммо он зан илоҷи дигаре намеёбад ба ҷуз бовар ба сеҳр, то шавҳарро ба хона орад. Ва меравад дар ин амали шайтонӣ аз сӯзиши дил шарик мешавад. Ӯро маъзур доред, охир заъиф дигар чӣ кор кунад?
Ва дигар душизагоне, ки боз ҳам мардон фиребашон мекунанд, онҳо низ роҳи қасос ва низоми ояндаи хонаводагиро дар сеҳри мулло мебинанд ва ба эътиқод дари ӯро мекӯбанд. Аз сӯе ин бадбахтӣ барои ин қабил соҳирон манбаъи даромад мешавад ва онҳо аз ин ҳолат ба нафъи нафси ҳароми худ истифода мебаранд.
Шояд ғалат гуфтам, вале ин андешаи шахсии ман аст. Ман худ занам ва борҳо ба ҳалатҳои гирифтории рӯҳӣ аз фиребу озори мард рӯ ба рӯ шудаам. Ва ҳар бор ночор мемондам, ки чӣ кор кунам? Бовар кунед, ин хеле ҳолати бад аст, ҳолати ҳузнангез аст. Вале бояд касе бошад, ки ин бори кулфати занонро сабук кунад?
Моҳпайкар, Варзоб
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №19, 09 октябри соли 2013
-
12.11.2025 14:29
292
Маросими қабули эътимодномаҳо аз сафирони нави давлатҳои хориҷӣ
-
08.11.2025 13:52
475
Иштирок дар зиёфати корӣ дар чаҳорчӯби Ҳамоиши дуюм дар қолаби “Осиёи Марказӣ-ИМА” (С5+1)
-
08.11.2025 13:50
458
Вохӯрӣ бо Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп
-
26.09.2025 12:42
493
«Мурофиаи судии Токио»
-
07.09.2025 20:36
556
«Шаҳрванд, сиёсатмадор, сарбоз»
-
08.05.2025 09:39
1260
Иди Ғалаба муборак, ҳамватанони азиз!
-
10.12.2025 16:54
242
Иштироки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми 11-уми байналмилалии “БОР”
-
30.11.2025 19:52
476
Иштироки раиси Кумита дар мизи мудаввар дар мавзӯи “Муҳити соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ”
-
21.11.2025 12:03
493
Дар Душанбе ҷаласаи 67-уми Шурои электроэнергетикии ИДМ баргузор гардид
-
16.10.2024 00:22
1692
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
14.10.2024 18:41
1626
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
2327
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
19.10.2025 11:43
526
“Рашк- андешаи шайтонист!”
-
19.10.2025 11:37
557
Иштироки Вазири энергетика ва захираҳои об дар «Ҳафтаи энергетикии Русия”
-
12.10.2025 18:38
417
«Қонун зери назорат қарор дорад!»
-
24.09.2025 19:57
539
«Синои тоҷик - фарзанди башарият аст!»
-
24.09.2025 19:54
511
«Абуалӣ Ибни Сино ва худшиносии миллӣ!»
-
24.09.2025 19:51
641
«Забони мо ҷаҳони мо!»
-
30.11.2025 19:46
509
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
476
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
21.11.2025 12:01
442
Вохӯрии Вазири меҳнат бо намояндагони ширкати TELC GmbH – Олмон
-
28.02.2025 13:34
1617
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1667
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
2597
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
1263
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
1234
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
2444
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
21.11.2025 11:56
428
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
466
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
486
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
27.04.2025 14:10
1087
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров
-
19.04.2025 15:59
1257
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
1077
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
07.10.2019 10:46
3608
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
3775
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
4221
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
16.08.2025 12:02
686
Русия ва ИМА ба барқарор кардани муносибатҳо шурӯъ карданд
-
07.08.2025 16:09
694
Русия ва ИМА дар мавриди мулоқоти Путин ва Трамп ба мувофиқа расиданд
-
20.07.2025 13:13
758
Аз вазъи мураккаби ҷаҳон то Ваҳдати тоҷикон










































