Дар ҷомеаи фасодзадаи мо лимити ройгон ҳам ба соҳибмансабону сарватмандон насиб мешавад
Ба ҳамаи дӯстону ҳаводорон ва хонандагони арҷманди “Рӯзгор” салом арз мекунем. Изҳори ташаккур аз ҳамаи онҳое, ки ин ҳафта ҳам бо мо буданд, бо зангҳои телефониву бо номаҳо андешаҳои худро атрофи мақолоти нашрия иброз доштанд. Ҳар пешниҳоду дархост ва ҳар арзи матлаб барои мо қиммати азим дорад.
“Рӯзгор” навсафари роҳи матбуот аст, ба дили хонанда роҳ меҷӯяд. Аз ҳар занги телефониву номаҳои шумо дармеёбем, ки он маҳбубияте касб кардааст ё на. Ва мебинем, ки шумораи хонандагони мо аз рӯз ба рӯзу аз ҳафта ба ҳафта ва аз моҳ ба моҳи дигар рӯ ба афзоиш дорад.
“Рӯзгор” дар Тоҷикободу Хуҷанд
Ин ҳафта ду занги телефонӣ аз Тоҷикободу Хуҷанд доштем ва хушҳол шудем, ки ду хонандаи қадрдон ҳам пайдо кардем. Аз он ки мутолиа кардаанду занг заданд.
Мӯҳсин Табаров аз Тоҷикобод дар сӯҳбати телефонӣ гуфт, ки бори аввал “Рӯзгор”-ро харида ба зодгоҳаш бурдааст ва аз хондани он хуш шудааст, ки боз як нашрияи адабӣ канори “Адабиёт ва санъат” рӯи кор омадааст, ки бештар дарди адабиёту фарҳангро менависад ва мушкилоти бефарҳангиро дар миён мегузорад. Ба ин хонандаи мо гӯшаи “Пурсишеву посухе” мавриди писанд уфтодааст ва зимнан саволеро ҳам ироа кард, ки ҳафтаи оянда дар ин саҳифа посухашро хоҳем дод.
Модари азиз Ҳабиба Азизмуродова аз ноҳияи Зафаробод сӯҳбат карданд. Гуфтанд аслан сокини Зафарободанд, вале ҳоло дар Хуҷанд беморбонӣ мекунанд. Духтарашон Муниса ранҷи гурда дорад ва ҳоло дар бемористони шаҳрӣ мехобад. Хоҳиш карданд, ки зимнан ба табиби ҷарроҳ Мирзамон Мирсоқов, ки барои наҷоти духтарашон аз табу тоби ин маризӣ заҳмат мекашад ва як инсони хоксору марди донишманд ва табиби ҳозиқ аст, аз номашон изҳори миннатдорӣ кунем. Ин модар гуфтаанд, ки мо агар дар бораи табибон ҳам бештар нависем, чуноне дар шумораи гузашта аз ҷарроҳии қалб мусоҳиба чоп кардем, хеле хуб мешавад.
Албатта, пешниҳоди модари азиз Ҳабиба Азизмуродоваро ба ҷон мепазирем ва хоҳем кӯшид, ки дар ин мавзӯъ минбаъд таваҷҷӯҳи бештар кунем. Ва зимнан ба духтарашон шифои комил аз даргоҳи Худованди ҷаҳониён хосторем ва табиб Мирзамон Мирсоқовро ҳам ташаккур мекунем, ки кӯшои сабук кардани дарди як бандаи мӯъмин асту мебинем аз корашу хислату рафтораш беморону бемордорон хушҳоланд.
“Рӯзгор” вориди дарсхонаҳо мешавад
Саидмуроди Холмуҳаммад ҳам аз Восеъ дар даст шумораи навбатии “Рӯзгор” занг зад ва гуфт, ки афсӯс мехӯрад, ки аз шумораи аввал онро пайдо накарда буд. Саидмурод муаллими фанни адабиёт аст ва мегӯяд метавонад аз он ки чанд шумораи “Рӯзгор”-ро дорад, баъзе матолиб, аз ҷумла охирин нафаси Лоҳутиро дар дарс ба хонандагон истифода барад.
“Мо дар китобҳои дарсӣ танҳо дар бораи рӯзгори адибон чизҳои маъмулиро мехонем ва ба хонанда дар доираи он дарс мегузарем. Вале агар хонандагон донанд, ки ин ё он адиб чӣ сухани вопасин гуфтааст ва ё дар рӯзгори хонаводагиаш чӣ мушкил доштаву чӣ осонӣ ва дар ҳаёти воқеъии берун аз навиштанҳо чӣ рӯзгоре доштааст, чӣ хуб аст. Саидмуроди Холмуҳаммад гуфт, ки дар атрофи мақола дар бораи охирин ҳарфи Лоҳутӣ як дарс гузаштааст. Ва ҳоло аз он хуш аст, ки дар ин шумора дар бораи устод Айнӣ матлаби ҷолиби дигар нашр шудааст.
Боз ҳам ташакур ба ин хонандаи арҷманд. Хеле шодем, ки матлаби интишорёфта қобили пазириш ва матлаби дарсӣ шудааст. Дуруст аст, ки хонандаро баъзан аз доираи китобҳои маъмулӣ берун бояд бурд, то тафаккураш рушд кунад, то бештар донаду ҷӯёи дониш бошад. Ва дар ҳақиқат матлаби интишорёфтаи “Сталин: Лаврентий не дури, Айни не виновен!” як чизи тоза аст, шояд назири он пештар чоп шуда бошад, вале ҳоло он як пажуҳиши нав аст ва метавонад барои хонанда ҷолиб бошад.
Хонанда бо сармуҳаррири “Рӯзгор” баҳс мекунад
Ин ҳафта хонандаи мо бо номи Бозоралӣ, ки дар бозори «Саховат» хайёт шуда кор мекунад, дар сӯҳбати телефонӣ бо муаллифи пажуҳиши “Аҳмад Зоҳир ва сад шоир” Султони Ҳамад вориди баҳс шуд ва ин баҳс боис гардид, ки дар бораи як таронаи дигари марҳум Аҳмад Зоҳир ҷузъиёти тоза кашф шавад. Сӯҳбати Бозоралӣ маҳбубияти Аҳмад Зоҳир миёни мардумро бори дигар ба намоиш гузошт ва дарк кардем, ки дар ҳақиқат ин хунёгари нотакрор бо таронаҳои худ то кадом ҳад дар умқи дили мухлисонаш роҳ ёфтааст. Бо гузашти даҳсолаҳо ҳамоно ӯро дақиқназарона гӯш мекунанд.
Бозоралӣ дар сӯҳбат гуфт, ки Аҳмад Зоҳир дар як таронааш байтеро аз Раҳии Муъайярӣ илова кардааст, ки мо шояд хабар надорем. Гуфтем кадом байт аст он. Посух дод, ки ин байт:
Расми дурангӣ оини мо нест,
Якранг бошад рӯзу шаби ман.
Дар ҳақиқат ин байт дар суруди “Зиндагӣ чист? Хуни дил хӯрдан” вуҷуд дорад ва муаллифи пажуҳиш бехабар буд, ки он моли Раҳии Муъайирист. Зеро матни ҳамин суруд то ба ҳол муаллиф надорад. Ба дигар маънӣ ҳамаи муфассирону пажуҳишгарони осори Аҳмад Зоҳир дар мавриди муаллифи матни суруди мазкур чизе нанавиштаанд ва то ҳол маълум нест, ки Аҳмад Зоҳир онро аз кӣ ё аз куҷо гирифтааст. Ва боз: ин услуби Аҳмад Зоҳир аст, ки метавонад дар як тарона аз чанд шоир байтҳои парешонро гирд оварад ва бихонад. Дар ҷараёни пажуҳиши осори хунёгари мумтоз борҳо ин мушоҳида шудааст.
Ҳамзамон дар рафти сӯҳбати телефонӣ бо Бозоралӣ, мунтахаби ашъори Раҳиро боз кардем ва аз миёни ғазалҳо ғазалеро бо номи «Мактаби ишқ» ёфтем, ки дар он ин байтро пайдо намудем. Ва ҳамзамон аз Бозоралӣ пурсидем, ки ӯ ин ғазалро аз куҷо хондааст. Посух дод, ки китобе дорад бо номи “Ганҷи ғазал”, ки бо кӯшиши шоири машҳури Эрон Маҳдии Суҳайлӣ чоп шудааст ва дар намуна аз осори Раҳӣ ин ғазал омадааст. Вақте Аҳмад Зоҳир месуруд, ба ёдаш ин байт омад ва ҳоло ба мо дар тамос шуд, ки шояд мо надонему ба мо бигӯяд.
Воқеъан барои мо ин як бозёфти хеле ҷолиб буд ва ба хулосае расидем, ки пажуҳиши осори мусиқиву суруди Аҳмад Зоҳир поён намепазирад. Ҳар қадар жарфтар меравем, чизҳои тозаву ҳайратангез пайдо мекунем. Дар суруди “Зиндагӣ...”дар ҳақиқат ин байт аз Раҳӣ роҳ ёфтааст, вале то ҳол муаммост, ки худи матни тарона моли кӣ бошад.
Хонанда эрод мегирад ва ӯ ҳақ аст
Амрия Шукрихудо аз Хоруғ мегӯяд, ки “Рӯзгор” аз фавти нобаҳангоми падари сарояндаи дӯстдоштаи ӯ Фарзонаи Хуршед хабар надод ва матлабе чоп накард. Ва мепурсад, ки чаро?
Эроди хонандаро қабул дорем. Ҳоло ҳам фурсат ҳаст, ки ба падари Хуршеди марҳум Ҳабиб Рабиев изҳори тасаллият намоем. Сармуҳаррири “Рӯзгор” дар маросими фотеҳаи Худораҳматӣ ҳузур дошт ва ба қиблагоҳи Хуршед арзи тасаллият намуд. Ва ҳоло бо истифода аз фурсати муносиб як бори дигар аз номи худ ва хонандагони арҷманди худ ба сарояндаҳои шинохта Фарзонаву Шабнам, бонуи ҳунар ва модари ин хонадон Сурайё Қосимова ва падари марҳум Ҳабиб Рабиев даргузашти ногаҳонии Хуршедро тасаллият арз мекунем. Худованд фирдавси баринро макони ҳамешагиаш қарор диҳад ва ба бозмондагонаш сабри ҷамил ато фармояд. “Мо аз Худоем ва ба сӯи Ӯ бозмегардем”.
Ҳабиб Рабиев аз ҷумлаи шахсиятҳои шинохта ва хидматкардаанд. Қабл аз ин ҳам тасмим доштем бо эшон сӯҳбате дошта бошем, вале ҳамеша бо сабабе он баргузор намешуд. Ҳоло кӯшиш хоҳем кард дар наздиктарин фурсат ин кор анҷом гирад ва дар ҷараёни сӯҳбат ҳатман аз Хуршеди марҳум, хонаводаи ӯ низ суол хоҳад шуд. Интизор бошед!
Хонандаи “Рӯзгор” табобати ройгонро афсона медонад
Дар ин нома хонанда андармони шубҳа шудааст ва тааҷҷуб мекунад, ки духтур аз табобати ройгон ва боз ҷарроҳии қалб сухан меронад. Ва боз дар Тоҷикистони имрӯза.
“Сӯҳбати ҷарроҳи қалб, доктори илми тибб, профессор Алиҷон Ғоибов маро ба андеша водор кард. Аксаран дар кишварҳои муттараққии олам ташхису таҳқиқ шудааст, ки кадом қишр ё табақаи аҳолӣ ва ё намояндагони кадом касбу кор ба бемориҳои дил бештар мубтало мегарданд. Аммо дар ҷумҳурии камбизоати мо ин кор амалан номумкин ба назар мерасад. Ва профессор ба саволи хабарнигор дар ин маврид посухи дақиқ надодааст. Маълум мегардад, ки ин навъ пажуҳишҳо гузаронида намешаванд, шояд аз он бошад, ки маблағу воситаҳо талаб мешавад. Вале намешавад, ки хотирҷамъ буд ва гуфт, ки чун мо маблағ надорем, пас намекунем. Бояд таҳқиқ шавад ва бояд тибқи таҳқиқот амал кард.
Аз ҷониби дигар профессор Алиҷон Ғоибов мегӯяд, ки ҳукумати шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст амали ҷарроҳии 150 бемори мубтало ба касалии дилро аз миёни оилаҳои камбизоат маблағгузорӣ кунад. Лекин метарсам, ки дар ҷомеаи фасодзадаи мо ин лимити ройгон ҳам ба соҳибмансабону сарватмандон насиб шавад. Басо мушкил аст, ки камбағале ба листи шаҳрдорӣ роҳ ёбад ва роҳ ҳам агар ёбад ҳамонҳое хоҳанд буд, ки дар долонҳои ҳукуматӣ хешу табори наздик доранд. Албатта, фарзияи ман рад карда мешавад ва посух хоҳанд дод, ки ҳаргиз чунин нест. Вале мо ба воқеъият кор дорем ва чашмамон онро мебинад”.
Таваккал Нусрат, Ваҳдат
Хонандаи интизори “Рӯзгор”: Сталин чӣ гуна Айниро аз марг наҷот дода бошад?
Бузургони ин миллат ҳама азияткашидагонанд. Ман дар бораи устод Айнӣ ва талошҳояш барои бақои забону миллати тоҷик хеле зиёд хондаам ва хуб медонам, ки мисли устод Айнӣ кам касоне буданд, ки дар ҳамон замони истибдодӣ талоши забон, хат ва миллат кунанд. Аммо устод Айнӣ ба хотири бақои ин миллат ва мушти маҳкам задан ба даҳони пантуркистон асари машҳури худ “Намунаи адабиёти тоҷик”-ро навишт ва исбот кард, ки тоҷикон миллати қадимитарини Осиёи Марказианд ва сазовори он мебошанд, ки давлати мустақил дошта бошанд.
Ин иқдом боиси душмании пантуркистон шуда буд ва асосан касоне, ки устодро санг мезаданд ва мехостанд бо тӯҳмат нобуд созанд, ҳамин афрод буданд. Вале натавонистанд.
Мақолаи “Сталин: Лаврентий, не дури, Айни не виновен!” шояд паҳлуҳои тозаи зиндагиномаи Қаҳрамони Тоҷикистон, Садриддин Айниро боз мекунад. Дар шумораи гузашта бахше аз муколама бо фарзанди устод, марҳум Камол Айниро хондам ва аз сарлавҳа дида мешавад, ки маҳз Сталин ба ҳимояи ин абармард баромадаст ва ӯ буда, ки аз тӯҳмат алломаи замонро наҷот додааст. Мунтазир мешавем, ки нақли Камол Айнӣ ба чӣ меанҷомад.
Насриддин, омӯзгор, Ҳисор
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №20, 16 октябри соли 2013
-
09.06.2025 13:12
226
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
231
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
29.05.2025 11:19
285
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
07.05.2025 23:59
451
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
561
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
445
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
104
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
171
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
175
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
945
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1652
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3343
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
81
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
98
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
140
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
482
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
730
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
850
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
424
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
464
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
435
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
713
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
987
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1845
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
592
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
571
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1764
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
2078
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2291
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2971
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
485
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
435
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
916
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3035
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3479
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3462
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
622
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
648
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
595
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?