Як пайкараи Исмоили Сомонӣ кифоя аст, ки ифтихори миллӣ бошад
Ба ҳамаи алоқамандони арҷмани ҳафтанома салом арз мекунем. Дар мавриди шумораи ҳафтаи гузашта зангҳои телефонии зиёд доштем ва чун аксари онҳо ҳамнаво бо баъзе зангҳои гузашта буданду ба саволҳошон посух ҳам дода будем, ин ҷо зарур ба такрор намедонем. Аммо ин гуна, ки мо ба ҳамаи онҳо дар маврид ва дар ҳамон суҳбати телефонӣ посухи такрорӣ додем ва ишора ҳам кардем, ки барои маълумоти бештар фалон шумораро варақ зананд.
Муҳоҷирати мардону хори фарзандон: киро гунаҳгор кунем?
Гулнигор аз шаҳри Қӯрғонтеппа таъкид кард, ки дар масоили муҳоҷирати мардону хории фарзандон ва занони онҳо бештар матлаб нависем. Ба назари хонанда ин як масъалаи хеле муҳим аст. Аксари фарзандоне, ки ҳоло по ба ҷиноят мегузоранд, аз ҳисоби ҳамин гуна хонаводаҳое мебошанд, ки падаронашонро қариб 10 сол мешавад надидаанд ва баъзе онҳо ҳатто симои ӯро аз ёд баровардаанд. Дар атрофи ин мавзӯъ Шакарбек Мирзоюнус ҳам ибрози назар намуд. Вай нагуфт, ки мақола чоп кунем, балки гуфт, ки ин мушкил бояд дар сатҳи ҳукумат мавриди баррасӣ қарор гирад. Фарзанд ёфтан осону тарбияи он мушкил аст ва бори таълиму тарбияро бар души занон гузоштани баъзе мардони гурезпо аз рӯи хирад ва инсоният нест",-гуфт ӯ.
"Рӯзгор" аслан ба ин гуна андешаҳо ҳамнавост. Мо борҳо кушидем ин мушкилро инъикос кунем ва мақолаҳо низ интишор додем. Вале мушкил ба ҳадде азим аст, ки бо як мақолаву ду мақола чоп кардан кор ба анҷом намерасад. Бояд ҷиддитар ва фаротар аз мақола кор кард. Шояд дар ҳақиқат дуруст бошад, ки ҳукумат ҳам дар асоси қонуни масъулияти падару модар, ки дорем, даст ба иқдомоте дар ин замина занад. Вале ҳоло заминаҳои ҳуқуқии он ки падарони гурезӣ ба ватан баргардонида шаванд, муҳайё нест. Хадамоти муҳоҷират ҳам мегӯяд ин кор аз онҳо сохта нест. Пас ҳоло ҳам бояд ба виҷдони онҳо ҳавола кунему ба инояти Худованд, ки ҳидояташон кунад.
Як пайкараи Исмоили Сомонӣ кифоя аст, ки ифтихори миллӣ бошад
Посухи шумо ба ҳайкалканиҳои замони муосир маро ба андеша бурд. Ошкор мегӯям, ки узви ҳизби коммунист ҳастам ва то ҳол билети ҳизбӣ дар даст дорам. Қатори садҳову ҳазорҳо ҳамҳизбҳоям зидди ин гуна амалҳо мебошам. Аммо на барои он ки Ленинро басо зиёд дӯст медорам. Барои он ки нокомии ҷомеаро дар ҳайкал намебинам ва бори гуноҳ ба сангпора андохтанро камоли бехирадӣ медонам.
Пайкара асари санъат аст ва он аз ҷониби як марди ҳунар сохта мешавад. Барои қомат кашидани он пайкартарош чӣ қадар заҳмат мекашад. Пас чаппа кардану боз бо путки вазнин бар сару рӯи он задан беэҳтиромӣ ба ҳамон пайкартарош аст.
Аз сӯи дигар ман боз ҳам ҷурми ҳайкалро намебинам. Зеро Ленин дар ҷое нагуфтааст, ки баъди маргаш дар ҳама ҷо пайкараи ӯро гузоранд. Ин кори баъдиниҳо буд, то аз ӯ муқаддасот офаранд, ӯро парастиш кунанд. Вақте инсон мавриди парастиш қарор мегирад, хор мешавад. Агар дар пайкарамонӣ ба доҳӣ низ меъёр риоя мешуд, кор ба ин ҳад намерасид. Кифоя буд, ки 15-20 пайкара дар қаламрави Шӯравӣ гузоранд. Он вақт ҳайкал ҳам боқадр мешуд. Вале мутаассифона ин принсип риоя нашуд ва барои доҳӣ на як ва на ду, балки даҳҳо ҳазор ҳайкал гузоштанд.
Ва чизи дигар: Имрӯз мебинем, ки баъди пайкараи Амир Исмоили Сомонӣ дар Душанбе, дар марказҳои вилоятҳо низ ҳайкалҳои шабеҳи ӯро гузоштанд ва ё мегузоранд. Гумон мекунам агар ба ин "анъана" хотима дода нашавад ва пайкарагузорӣ ба Исмоили Сомонӣ дар маркази ноҳияҳо шуруъ гардад, беқадр намешавад? Ба андешаи ман танҳо дар Душанбе қомат афрохтани Исмоили Сомонӣ кифоя буд, ки ифтихороти ягонаи миллӣ бошад.
Каримхон Мусоев, омӯзгори собиқадор
Маҷаллаи "Душанбе"-ро бори аввал мешунавам
Ҳамфикри Аброри Зоҳирам, ки мегӯяд "хонандаи имрӯзро ҳатто "Робинзон Крузо" ба ваҷд оварда наметавонад. Ба назари ман ин гуна асарҳо тадриҷан қиммати бадеии худро гум ҳам накунанд, вале зарурати худро аз даст медиҳанд. Чунки дар ин замон шояд нуқтаи кашфношуда дар Сайёра намондааст ва рӯ овардан ба интернет кофист, ки маълумоте аз асрори олам ёбед.
Ва ин адиб дуруст қайд мекунад, ки "мутолиа зеҳнро тақозо дорад". Имрӯз ин гуна асарҳо бояд офарид, ки зеҳнҳо онҳоро пазиранд.
Вале аз суҳбат бо Аброри Зоҳир чизи дигарро хондам, ки пештар намедонистам. Дар пойтахти кишвар маҷаллаи адабии "Душанбе" чоп мешудааст, ки мутаассифона ман хабар надоштам. Агар дар ягон шумораи "Рӯзгор" дар бораи ин маҷалла чизе чоп мекардед, миннатдор мешудем.
Муниса Қурбонова, донишҷӯ
"Рӯзгор": Мо ин хоҳиши шуморо ҳатман ба ҷо меорем. Дар саҳифаҳои ояндаи "Пурсишеву посухе" аз Аброри Зоҳир хоҳиш мекунем ба саволатон ҷавоб диҳанд.
Муҳоҷир хор аз дасти муҳоҷир?
Аз суҳбат бо Муриватшо Маликшоев хушам омад. Бори аввал шоҳиди он шудем, ки як сарвари диаспора ҷинояткоронро ошкор ном мебарад. Вале мебинам, ки ӯ ҳам бо вуҷуди шахсияти шинохта буданаш, дасткутаҳ аст. Вай ҳатто наметавонад мақомоти интизомии вилоят ё шаҳрро бовар кунонад, ки инҳо ҷинояткоронанд ва бояд боздошт ва ба ҷазо кашида шаванд.
Ман ҳам муҳоҷир будам ва дар Самара чор сол зиндагонӣ кардам. Дар ин шаҳр ҳам ба истилоҳ "рекетҳо"-и тоҷик буданд. Ман дар сохтмон кор мекардам ва онҳо медонистанд, ки мо на ҳамеша сари вақт маош мегирем. Аз ин рӯ ба мо наздик намешуданд. Вале ҷиянам Алишер, ки бозорнишин буд ва соҳибкорӣ мекард, борҳо ногузир шудааст пора диҳад. Оқибат яке аз онҳо дар садама ҳалок шуду Алишер аз чанголаш халос хӯрд. Яъне, Муриватшо ҳақ аст. Тоҷик дар хориҷ пеш аз ҳама аз дасти тоҷик озор мебинад.
Аминҷон Шоҳинзода, корманди маориф, ноҳияи Шоҳмансур
Аз бегонагон ҳам нолему аз худиҳо ҳам
Чанд сол пеш бо тақозои кору вазифа ба Русия рафта будам ва ҳадаф ҳам ошноӣ бо ҳаёти муҳоҷирин ва интишори як китоб аз рӯзгори онон буд. Мехостам ҳам маълумот ҷамъоварӣ кунам ва ҳам дар шакли як қомус бинвисам, ки дар кадом шаҳри Русия чанд тоҷик зиндагонӣ мекунад ва аз куҷову чикора аст. Ин талоши ман аз ҷониби диаспраҳои муҳоҷират дастгирӣ ва иноят шуда буд. Ва шукронаи Худованд то ҷое муваффақ ҳам шудам, китоб ҳам интишор ёфт.
Дар иртибот ба мусоҳибаи Муриватшо Маликшоев гуфтаниам, ки тоҷики "рекет" гапи дурӯғ нест. Ман худ шоҳиди ин кор будам ва худ аз ҷумлаи қурбониёни ин гуна "рекетҳо" будам. Маро ғорат карданд ва баъде фаҳмиданд, ки журналистаму аз ҳаёти муҳоҷирин китоб навиштаниам, бо ханда гуфтанд, ки хайр дар бораи мо ҳам навис. Ман ин рӯйдодро ба қалам додам, ҳарчанд ному насаби онҳоро намедонистам.
Аз ин рӯ хеле хуб гуфтааст акаи Муриватшо, ки мо дар хориҷ хорӣ аз дасти худ мекашем, бегонагон зиёд азият намекунанд, ки худиҳо мекунанд.
Талабшо Холиқзод, журналист
Имом Шомил бузургтарин марди Худо буд
Сарнавишти имом Шомилро мехонаму китоби Расул Ғамзатов "Доғистони ман" ёдам меояд. Сабки шинос, дар ҳамон равия дар бораи имоми муслимин Шомил навиштааст.
Ман китоби зиёд хондаам ва ҳоло ҳам мехонам, вале кам китобе мисли "Доғистони ман" маро ҷалб кардааст. Мисли хотирот аст, вале услуби нигориш хеле ҷолиб. Аз он ҳам миллатҳои Доғистонро метавонӣ дарёбӣ ва ҳам дар бораи урфу одати онҳо матолиби ҷолиберо мутолиа намоӣ. Ҳоло ҳам агар фурсат даст диҳад, онро варақ мезанам.
Имом Шомил чӣ бузур қаҳрамонест, ки 25 сол ҷангид, ба дасти русҳо аз хиёнати ҳамватанонаш асир уфтод, вале матонати ӯ ба ҳадде буд, ки императори рус шахсан ҳамроҳаш мулоқот кард, вале аз куштанаш даст бардошт. Метавонист ӯро сар занад ё ба дор кашад, вале ин корро накард. Гумон мекунам на аз он буд, ки раҳмаш омад, балки аз он буд, ки Худованд сиёсати Имомро барҷаста нишон дод ва императори рус гумон кард аз куштани ӯ нафъе намебинад. Ва боз ин ки Шомил дар маросими ҳаҷ дар зиёрати хонаи Худо вафот кард. Ошиқи Худо мухлисона ба даргоҳаш рафт ва ҳамон гуна ошиқона ҷон дод. Ин гуна марг орзуи ҳар мусалмони худшинохтаву Худошинохта аст.
Садриддин, исломдӯсти душанбегӣ
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №29, 18 декабри соли 2013
-
06.01.2026 20:24
582
Худогоҳии миллӣ ва муттаҳидии ҷомеа - посухи устувор ба ифротгароӣ ва терроризм
-
31.12.2025 13:59
761
Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026
-
24.12.2025 15:32
668
Паёми Пешвои миллат – ҳидоят дар роҳи созандагӣ
-
26.09.2025 12:42
786
«Мурофиаи судии Токио»
-
07.09.2025 20:36
978
«Шаҳрванд, сиёсатмадор, сарбоз»
-
08.05.2025 09:39
1681
Иди Ғалаба муборак, ҳамватанони азиз!
-
22.12.2025 20:28
660
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
10.12.2025 17:00
629
Доир ба заминаҳои қонунгузории гузариш ба иқтисоди рақамӣ ҳамоиш баргузор гардид
-
10.12.2025 16:54
614
Иштироки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми 11-уми байналмилалии “БОР”
-
24.12.2025 15:28
464
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1040
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2048
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
01.02.2026 18:31
228
Комиссияи Аврупо талаботро барои интиқолдиҳандагони хориҷӣ сахттар намуд
-
22.01.2026 21:30
488
“Эй сорбон оҳиста рон!”
-
21.01.2026 21:15
409
“Ҳаёти инсон олитарин арзишро дорост!”
-
12.11.2025 14:38
672
«Давлатхоҷа Довудӣ муҳаққиқи бузурги марзи Хатлон!»
-
24.09.2025 19:57
907
«Синои тоҷик - фарзанди башарият аст!»
-
24.09.2025 19:54
1201
«Абуалӣ Ибни Сино ва худшиносии миллӣ!»
-
10.12.2025 16:56
613
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
930
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
888
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2000
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2057
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3038
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
1625
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
1588
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
2835
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
21.11.2025 11:56
751
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
879
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
880
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
27.04.2025 14:10
1406
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров
-
19.04.2025 15:59
1657
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
1443
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
07.10.2019 10:46
4043
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
4235
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
4613
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
06.01.2026 01:02
771
Ҷанги маводи мухаддир не, ҷанги нафту доллар аст!
-
28.08.2025 19:30
1128
Вақте ҳамлу нақл боҳуштар мешавад: Ӯзбекистон ба сӯи пешрафти технологияҳои рақамӣ ҳаракат мекунад
-
16.08.2025 12:02
1076
Русия ва ИМА ба барқарор кардани муносибатҳо шурӯъ карданд










































