17:51:07 08-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Парвози баланд

"Авиатсияи гражданӣ симои кишвар аст. Дар шароити мустаҳкам намудани пояҳои истиқлолият саҳми он дар пайвастани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамаддуни ҷаҳонӣ бебаҳо мебошад. Авиатсия фарҳангҳо, мардумон ва тамаддунҳоро мепайвандад".

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар китоби бузурги таърихи кишвар,оғози фаъолияти авиатсияи граждании Тоҷикистон 3-сентяри соли 1924 сабт гардидааст.Яъне,аввалин парвоз тавассути ҳавопаймои Ю-13 (Юнкерс Ф-13) аз Бухоро ба Душанбе дар ҳайати сарнишинон Пётр Комаров ва Рашидбек Ахриев маҳз дар ҳамин рӯз сурат гирифт ва он дар таърих ҳамчун рӯзи авиатсияи граждании Тоҷикистон боқӣ монд.

1 parvoz 656565Ҳар боре ки ҷониби фурӯдгоҳи байналмиллалии Душанбе роҳ пеш мегирам,ё худ тайёраеро дар осмони ватан мебинам суҳбате,ки ду сол қабл бо собиқ директори генералии ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Сомон-Эйр"Алишер Рустамов доштам хотирам меояд:

-Аввалин директори ширкати "Сомон-Эйр"ин шодравон Мирзо Мастонгулов буд ва мо ҳама ифтихор дорем,ки шогирдони он кас мешавем...

Оғози парвозҳо дар ширкати "Сомон-Эйр" ба 5-феврали соли 2008-ум рост меояд. Мардони ҳавонавардаш бо 6-тайёраи замонавӣ дар хизмати мусофирон камар бастаанду ба гӯшаҳои мухталифи олам парвоз мекунанд. Қаҳрамони навбатии мо низ дар ҳамин коргоҳи бонуфуз бо шиори "Хизмат ба мардум" фаъолият дорад.

Бачаи деҳотӣ

Файзуллоҳ зодаи русто аст. Ба деҳаи азизаш Сармантой, ки дар як гӯшаи ноҳияи Панҷ, дар иҳотаи зебоиҳои табиат маъво гирифтааст, муҳаббати беандоза дорад. Миёни фарзандони падар Файзуллоҳ бо қобилӣ, дониши хубу аъло ва меҳнатдӯстиаш фарқ мекард.Устодон ба ҳунари рассомияш низ баҳои баланд медоданд. Модараш холаи Майдагул аз эъҷози дастонаш завқ мебурду падараш амаки Ҷумъа ба рассоми моҳир шуданаш боварӣ дошт. Худи Файзуллоҳ ҳам он айём чунин орзуро дар дили хеш мепарварид. Вале чархи қисмат калобаи умрашро ба самти дигар тоб дод.

Файзуллоҳ ва командаи ӯ

Одил Ғурбатов:-Дустӣ бо Файзуллоҳ ба ман аз овони кӯдакӣ насиб гардидааст. Қадамҳои нахустинамонро низ якҷо ба остонаи мактаби деҳа гузоштаем. Ҳамеша ва дар ҳама ҷо Файзуллоҳ аз дигарон як қадам пеш буд. Хеле хуб дар ёд дорам, ҳамон солҳо филме бо номи Темур ва командаи ӯ ба экран баромад, ки аз ҳаёти ибратбахши мактаббачаҳо қисса мекард. Файзуллоҳ ҳам аз ҳисоби наврасони деҳа як гуруҳеро ташкил кард, ки кӯмакашон ба тамоми шахсони ниёзманду барҷомонда мерасид.

Ифтихорномаю раҳматномаҳоеро, ки соҳиб мешудем, ҳамааш аз файзу баракати Файзуллоҳ буд.Ҳунари хуби расмкашӣ дошт ва мо фикр мекардем, ки ҳатман рассом мешавад. Вале хабари ҳавонавард гаштанаш ҳамаро дар ҳайрат гузошт. Кампиракони деҳа гиребон доштанду бачаҳои шӯхаш ҳаёҳуйкунон болои теппаҳо баромаданд. Имрӯз бошад ҳама хурду бузурги деҳа бо Файзуллоҳи хеш ифтихор доранд. Ба иродаи мардона ва дили бузургаш аҳсан мехонему барояш парвози баландро таманно дорем.

Аввалин парвоз

Соли 1985 . Фурудгоҳи таҷрибавии омӯзишгоҳи ҳавонавардӣ, воқеъ дар  даштҳои Фахробод, дар самти рости  паҷоҳкилометрии шоҳроҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа.  Ҳавопаймои "Як-18" бо идораи устод-халабон ва курсант Файзуллоҳ Сатторов ба само парвоз мекунад. Аз он баландиҳо Файзуллоҳ ба замини дар поёнмонда менигаристу мисраъҳои пурҳарорати шоири зиндаёд устод Мирзо Турсунзода аз хазинаи дилаш чун торҳои муҳаббат овезон мешуданд.

Дар фазо парвоз кардам гарчи аз рӯи замин,

Чашмро аммо намекандам ман аз сӯи замин.

Бо ситора ҳамнишин бо моҳ гаштам ҳамнафас,

Лек будам сархушу сармаст аз бӯи замин.

Инак аз он парвози нахустин ва бо ҳаяҷон очаҷон гуфтанҳо қариб 30-сол сипарӣ гардид. Дар ин муддат Файзуллоҳ Сатторов парвозҳои зиёдеро ба дохил ва хориҷи кишвар анҷом додааст.

Баҳои ҳамкорон

Ибодуллоҳ Саидов, ҳавонавард:-Бо Файзуллоҳ ҳамкор будану дӯстӣ доштан барои ман ҳам роҳатасту ҳам фароғат.Сӯҳбати марди Худо мардат кунад гуфтаанд, ки хеле олист. Файзуллоҳ бо истеъдоду маҳорати баланди касбӣ ва хислатҳои ҳамидаи мардонагиаш барои мутахассисони ҷавони авиатсияи граждании Тоҷикистон чун энсиклопедияи зиндаест, ки аз таҷрибааш меомӯзанду баҳра мебаранд. Бо Файзуллоҳ парвозҳои зиёдеро паси сар кардаем. Хушбахтии инсон дар он аст, ки бовариро сазовор гардад. Ман ба Файзуллоҳ ҳамчун дӯсту ҳамкор ихлосу эҳтиром ва эътимоду боварӣ дорам.

Хуршед Назаров, инструктор-роҳбалад: -Файзуллоҳ Сатторовро аз соли 1994 инҷониб мешиносам. Беҳтарин мутахассиси Тоҷикистон дар мактаби ҳавонавардӣ ба ҳисоб меравад. Серталабию сахтгириаш албатта ба фоидаи шогирдон аст. Барояш маҳалу миллати шахс фарқе надорад. Яъне дасти ёриаш ба ҳама мерасад.

Рӯзҳое,ки паси штурвали ҳавопаймо Файзуллоҳ Сатторов менишинад, ман ҳамчун роҳбалад дилпурам.Чаро, ки ба ӯ бовар дорам. Барояш осмони софу парвози бобарор мехоҳам.

Марди роҳ

Файзуллоҳ Сатторов, ки замоне шогирд буд, имрӯз устоди касби хеш гардидааст. Бале, устод, сарҳавонавард, дастурдиҳанда.Ӯ марди роҳ аст. Роҳе, ки тавассути фазо сурат гирифта, инсонҳоро ба манзил ва дидори ҳамдигар мерасонад. Аз ин роҳе, ки бо ҳавопаймои хеш мегузарад, хотираҳои бешумор дорад.

2 parvoz 656565-Вақти парвоз мо ҳуқуқи дар бораи марг фикр карданро надорем. Яъне мо бояд аз як нуқта то нуқтаи дигар мусофиронро бехатар интиқол бидиҳем. Ҳар рӯза парвозҳои Душанбе-Домодедова ва дигар шаҳрҳои Федератсияи Русияро ба дӯш дорем. Ин ҷо мехоҳам ду лаҳзаеро, ки миёни маргу зиндагӣ қарор доштем, ёдовар шавам. Моҳи январи соли 2000 ҳавопаймои мо "Яковлев-40" дар яке аз шаҳрҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон осеб дид, вале шукри Худои бузург мо саломат мондем.

Моҳи ноябри худи ҳамон сол бошад, дар шаҳри Бандарбоси ҳамин кишвар нафароне, ки арабзабон буданду дар ҳоли ҳозир эшонро тероррист ном мебаранд, мехостанд ҳавопаймои моро забт карда ҷониби дигар давлат баранд. Дар ҳамон ҳолат мо тайёраро бо 31-нафар мусофиронаш рӯи замин овардем ва мукофоти давлатӣ ҳам дорем аз Ҷумҳурии Исломии Эрон. Қабл аз ҳама бояд ҳавопайморо сиҳат нигоҳ дорем. Дар он сурат мусофирон ҳам иншоАллоҳ сиҳату саломат ба макони хеш мерасанд.

Файзуллоҳ Сатторов тоҷики асил аст.Тоҷикона салом мегӯяд, тоҷикона дӯст медорад, тоҷикона пешвоз мегираду тоҷикона гусел мекунад. Ифтихор аз тоҷик буданаш дораду шукрона мекунад, ки Худованд барояш чунин сарзамини биҳиштосо, ҳамватанони бо нангу ор, дилбари зиндагиаш Дилбарбону ва фарзандони солеҳро лоиқ донистааст. Ин марди наҷиб, хешро лаҳзае бидуни Модар-Ватан тасаввур карда наметавонад. Агарчӣ гӯшаҳои зебои оламро бисёр дидааст, вале барояш гуворотар аз бӯи ватан, зеботар аз рӯи ватан ва гармтар аз оғӯши ватан ҷое нест.

-Ду сол парвозҳоро дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ду сол дар Аморати Муттаҳидаи Араб анҷом додаам. Ин касби ман аст. Вале аз ватан ба хотири кору зиндагӣ рафтану дар дигар кишвар монданро ҳатто ба гӯшаи хаёлам намеорам. Барои ман берун аз Тоҷикистон рафтан баробари аз парвоз мондан аст.То ҷон дорам барои ватанам дар ватанам хизмат хоҳам кард. Агар як мусофирро аз як нуқта то нуқтаи дигар ба воситаи фазо расонаму аз эшон ташаккур шунавам, бароям басанда аст. Мегӯяд Файзуллоҳ Сатторов.

Идомаи роҳ

Писари калонии Файзуллоҳ Фирдавс мехоҳад роҳи тайнамудаи қилагоҳашро идома диҳад. Яъне орзу дорад, чун падар бо ситора ҳамнишину бо моҳ ҳамнафас гардад. Се сол қабл маҳз ҳамин орзу ӯро ба шаҳри Кировоград, аниқтараш ба Академияи авиатсияи граждании кишвари Украина, бурд. Дар сӯҳбати телефоние, ки бо Фирдавс доштем, иброз кард, ки гирди номи падар гаштан намехоҳад. Мехоҳад, ки бо меҳнати ҳалоли хеш дар майдони рӯзгор ҷойи худро дошта бошад. Мехоҳад, ки бо сари баланд ба ватан омада паси чамбари ҳавопаймоҳои "Сомон-Эйр" бишинад. Мехоҳад, ки дар роҳҳои нопайдоканори фазо ҳамкору ҳамсафари падар бошаду барои пешрафти Тоҷикистони азизаш саҳме гузорад.

Мо низ бо чунин мардони асил, фарзандони содиқу вафодор ва номбардори ватан ифтихор дорем. Барои амалӣ гаштани орзуҳояшон дуо мекунем. Боварӣ дорем, ки Фирдавс ба нияту мақсадҳои неки худ мерасаду мисли падараш Файзулло Сатторов фарзанди бошарафу обрӯманди диёри азизаш мегардад.

Илоҳо, ҳар боре, ки ҳавопаймоҳои чунин мардони ҷонбаркаф бо ҳадафи ба маконе расондани мусофирон боло мешаванд, боз ба фурудгоҳи муайяншуда нарму гуворо биншинанд! Омин!

Холбегим Давлатова, "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №04, 29 январи соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi