Адли Умар (р) танҳо як дарси ёрони Пайғамбар (с) аст
Салом ба ҳамаи алоқамандони ҳафтаномаи "Рӯзгор". Чун ҳамеша ошноӣ бо муҳтавои навиштаҳои шумо ва суҳбатҳои телефонии шумо сароғози кори мо дар таҳияи шумораи навбатии нашрия буд.
Мо эродҳоятонро омӯхтем, пешниҳодатонро баррасӣ кардем ва оне ки қабул шуданӣ буду иҷрояш вақти дигар намехост, амалӣ кардем ва пешниҳодоти дигарро низ хоҳем омӯхт ва ба муаллифон посух хоҳем дод. Он чизе ки дар бахши нави "Хабарҳои фарҳангии ҷаҳон" гуфтанд, пазируфтем ва аз ҳамин шумора амалӣ кардем. Умедворем бештар аз ҳар вақти дигар бо ин гуна пешниҳодоти худ хотири моро шод мекунед ва барои мо низ будан бо шумо роҳат аст.
Инак, чун анъана рӯ меорем ба номаҳову суҳбатҳои ҳафтаи гузашта:
Барзу ба қирғизҳо даркор шуду ба худамон не?
Ман ҳамоно аз изҳори назари сарварони вазорати фарҳанг дар мавриди муҳоҷирати Барзу Абдураззоқов дар шигифтам. Ба назар мерасад касеро парвои рафтани истеъдодҳо нест. Ва ҳатто басо бедардона мегӯянд, ки бигзор раванд ва ин рафтан ба нафъи мост. Ва агар вазорати фарҳанг ин гуна мавзеъгирӣ дошта бошад, пас вой ба ҳоли фарҳангу тамаддуни тоҷик. Ба ояндагон аз мо магар ҳамин бетафовутӣ ба нобиғаҳо мемонад? Ман ин ҷо намегӯям Барзу нобиға аст, балки дар умум гуфтам. Имрӯз Барзу рафт, фардо кӣ равад? Оё касе итминон дода метавонад, ки бо ин гуна андешаҳо фардо ҳунарманди сатҳи болотар аз Барзу моро тарк намегӯяд?
Ва ёдам меояд аз солҳои аввали барпо шудани Иттиҳоди Шӯравӣ. Шахсиятҳои бузурге назири Мирзо Турсунзодаву Боқӣ Раҳимзода деҳ ба деҳу шаҳр ба шаҳр мегаштанд то истеъдодҳои фарҳангиро гирд оваранд ва ба пойтахт даъват кунанд. Тоҷикистон ҳоло дар ҳамон марҳила аст, чун тоза истиқлол ёфтааст, пас бояд афроде мисли Барзу пойдевори санъати миллиро гузоранд. Чаро Барзу ба қирғизҳо даркор шуду ба худамон не? Мо аз қирғиз пешрафтатарем магар?
Остон Амниҷон, Ваҳдат
Эрониҳо дар филми "Муҳаммад" (с) низ муваффақ хоҳанд шуд
Оре, ман мутмаъинам. Баъди хондани мақолаи "Филми "Муҳаммад" (с) аз дурбинӣ..." ба ёдам филми "Ҳазрати Юсуф" расид. Аҷаб сериёли дидание буду ҳаст. Ман онро гаштаву баргашта тамошо мекардам ва ҳар серияи онро ҳафтае интизорӣ мекашидам. Ҳоло боз ҳам эрониҳо даст ба офариниши филми Пайғамбари гиромӣ (с) заданд ва бо он ҳазинаи ҷудошуда яқинан филми дидание рӯи кор хоҳад омад. Мунтазир мешавем.
Соро Назарзода
Бахши хабарҳо фарҳангии олам фарқ кунад
Хуб шуд, ки бахши хабарии фарҳанги оламро ҳам роҳандозӣ кардед. Ин корро бояд хеле пеш анҷом медодед. Вале "Дер ояду шер ояд" гуфтаанд. Ҳоло ҳам сари вақт аст. Аммо ба ин бахш пешниҳод дорам: бигзор хабарҳои он сарлавҳа ва сурат дошта бошанд, то аз гӯшаи резаахборатон фарқ кунад. Албатта, ин як пешниҳод аст, ба назарам пазириши он ороиши "Рӯзгор"-ро хуб хоҳад кард.
Абдуманнон Шарифзода, Қурғонтеппа
Мирзо Шукурзода хеле пажуҳишгари заҳматкашида аст
Гузориши хеле ҷолиб аз маҳфили навбатии "Муколамаи тамаддунҳо" чоп кардед. Ман худ ширкаткунандаи ин маҳфил будам ва он хеле шавқовар гузашта буд.
Аслан Мирзо Шукурзода олим ва пажуҳишгари тавоно ва хеле серкор аст. Гумон намекунад, ки мисли ӯ каси дигаре дар пажуҳиши таърихи миллат муваффақ омада бошад. Охирин китоби ӯ "Размандагони Ҳиндукуш" дар бораи Аҳмадшоҳ Масъуд хеле хонданӣ ва ҷолиб буд. Агар имкон бошад бигзор суҳбати вижае бо ин олими шинохта дар бораи ин ҷанбаи пажуҳишҳояш анҷом диҳед, ҳарчанд ёд дорам, ки як суҳбаташ дар "Рӯзгор" чоп шуда буд. Суҳбатҳои такрорӣ бо ин гуна афрод руҳияи миллии шахсро боло мебарад.
Комрон, донишҷӯ
Моҳпайкар ҳунарманди хуб аст, вале чаро кам китоб мехонад?
Моҳпайкар Ёроваро аз намоишномаи "Шабе дур аз Ватан" барои худ кашф кардам, ки хеле ҳунарманди хуб аст. Вале мусоҳибаашро хонда ду суол пеши назарам омад: Чаро хабарнигор аз нақшаш дар "Шабе дур аз Ватан" напурсидааст? Ва дигар: чунин бардошт кардам, ки ин ҳунарманди дӯстдоштанӣ кам китоб мехондааст. Ба саволи мухбир дар мавриди зарфи чанд соли охир "китоби кадоме аз нависандагони тоҷикро хондед?", танҳо дар бораи чанд ҳикоя аз "Сармаддеҳ"-и Баҳманёр ёд кардааст. Магар мешавад, ки ҳунарманди саҳнаи театру синамо ин қадар кам китоб хонад? Ё ман ғалат фаҳмидам?
Мунисаи Абдураҳим
Адли Умар (р)-ро каси дигар надошт
Ин сухани ман нест, инро ҳама мегӯянд. Одилтарин шахсияти садри Ислом баъд аз сари Пайғамбар (с) ҳазрати Умар ибни Хаттоб буд. Марде, ки ҷоҳилиятро дидаву фаҷеатҳои онро медонист, ҷоҳилият ва беадолатиҳои онро дида буд, адолату баробариро дар Ислом ёфт ва то охирин нафаси умр дар пояи ҳамин ғояи адолат зист. То Умар (р) буд, адолат риоя мешуд, вале баъди ӯ дигар шоҳони исломӣ ҳам шоҳигарӣ карданд. Яъне, хӯи фиръавнӣ аз машомашон нарафт.
Ман аз ин силсилаҳикояҳо истиқбол мекунам. Мо бояд дар бораи чор ёри биҳиштии Пайғамбари бузургвор (с) зиёд донем. Ин чор ҷонишини Расул (с) дарсҳои шигифтангез ва омӯхтаниву шуниданӣ аз худ боқӣ гузоштаанд, ки адли Умар танҳо яке аз он дарсҳост.
Ҳоҷӣ Собири Сафо, Душанбе
Чаро аз вазъи нақлиёти шаҳр наменависед?
Ман ҳар рӯз мушкилоти нақлиёти шаҳри Душанберо бо чашмони худ мебинам. Гумон мекунам ҳама аз ин ба дод омадаанд. Ҳатто дар кӯчаи марказӣ ҳамон тролейбуси 1 ва автобуси 3 тухми анқоянд. Ҷолибтар аз ҳама маъмулан тролейбусҳо субҳгоҳон вақте ки бояд мардумро ба сари корашон расонанд, дар нимароҳ мемонанд, чун барқашон якбора гум мешавад. Ва аламовар он аст, ки барқ, ки хомӯш шуд, ронандаҳо баҳузур мешинанду пули мусофиронро барнамегардонанд.
Шаҳрдории пойтахт ҳатто наметавонад, ки хиёбони Рӯдакиро бо нақлиёт фаровон таъмин кунам. Ҳатто баъди соати 7-и бегоҳ тақрибан ҳам автобуси 3 ғайб мезанад ва ҳам тролейбуси 1. Айб нест магар?
Шоҳина Асалбек, донишҷӯ
"Рӯзгор": Шоҳинаи азиз! Мо аз вазъи нақлиёт навиштаем. То ин замон ду номаи бетаҳрир аз ин боб чоп кардаем ва ояндаи низ чоп хоҳем кард. Мо комилан ба гуфтаҳои шумо мувофиқем. Дар ҳақиқат ҳарчанд таваҷҷуҳи шаҳрдориро ба ин масъала эҳсос мекунем, вале гумон дорем, ки он кам аст. Нақлиёти пойтахт танзими ҷиддӣ мехоҳад. Вазъро бояд дигаргун сохт, таҷрибаи ҳамсоягонро бояд омӯхт ва аз он кор бояд гирифт. Ҳатто он чӣ дар шаҳри Хуҷанд дар ин замина анҷом медиҳанд, бо Душанбе қиёснашаванда аст. Дар маркази вилояти Суғд мушкили чанд сомонӣ то куҷо пардохт кардан вуҷуд надорад, зеро дар маршруткаҳо дақиқу саҳеҳ навишта шудаст. Хатсайрҳои нақлиёти пойтахт мушаххасанд, вале ронандагон хатсайрҳои худро дорнад, ки он назорат карда намешавад. Хулоса, мо низ ин мушкилро медонем, мубинем ва аз он нигаронем. Ва минбаъд низ хоҳем кӯшид ба ин масъала ҷиддитар таваҷҷуҳ намоем.
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №06, 12 феврали соли 2014
-
09.06.2025 13:12
217
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
219
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
29.05.2025 11:19
274
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
07.05.2025 23:59
445
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
554
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
437
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
93
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
160
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
168
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
935
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1646
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3333
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
70
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
85
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
131
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
474
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
724
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
844
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
413
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
456
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
426
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
701
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
978
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1835
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
585
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
562
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1757
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
2069
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2283
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2965
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
475
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
428
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
909
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3027
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3472
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3454
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
615
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
641
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
585
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?