"Рӯзгор" нобиғаҳои олами адабро низ муаррифӣ кунад
Дуруд ба ҳамаи азизони хонанда. Аввалин суоли ҳафтаи сипаришуда ба "Рӯзгор" то ҳадде ғайримунтазира буд. Хонандаи доимии мо аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Муҳаммадраҷаб Оқилов мепурсид, ки истилоҳи одами хубу бадро шарҳ диҳем. Яъне, киро метавон хуб гуфт ва киро бад. Ростӣ ин як суолест, ки посухи доманадор мехоҳад. Ва дар як саҳифаву ду саҳифа наметавон ҷавоб дод ва хонандаро қонеъ кард.
Вале посухи кутоҳ ин аст, ки инсони комил ва хуб он аст, ки аз вуҷудаш ҷомеа, хонавода, атрофиён ва дӯстон ҳаловат мебаранд. Инсони хуб мисли мушкест, ки аз он ҳамеша бӯи хуш меояд, рафтораш, нишасту хесташ, суханонаш хубанд, лаҳни гуворои суҳбат дорад, дилхарош нест, мулоим ва ҳалиму меҳрубон аст. Дӯстонашро дӯст медорад, ба одамон пайваста некӣ мекунад. Ва худи Муҳамадраҷаб низ ин гуна одамонро дар атрофаш мушоҳида мекунад.
Инсонҳои бад касонеанд, ки ҳама аз вуҷудашон безоранд. Дағал, моҷароҷӯ, ғайбатчӣ, дурӯғгӯ, иғвогар...Инҳо низ худ мушаххасанд. Дар муносибат бо ин гуна шахсон одамон хеле эҳтиёткоранд. Мегӯянд аз одами бад ҳазар бояд кард, ки шарраш нарасад. Хайр, ки надорад, аз шарраш бояд эҳтиёт кард.
Номаҳое, ки дар ин шумора истифода шудаанд, дар вақту замони гуногун расидаанд ва мо онҳоро нигоҳ дошта будем, то дар мавриде якҷо истифода кунем. Зеро ин номаҳо пешниҳоду дархост ва эродҳоянд. Аз номаи Садбарг сар мекунем, ки пазмони маҳфили "Ҳамешабаҳор" шудааст.
Саҳифаи "Ҳамешабаҳор" куҷо шуд?
Ман дар гузашта яке аз ширкаткунандагони фаъоли маҳфилҳои адабии шоири хуби мо Хайрандеш дар шаҳри Қурғонтеппа будам. Он замон ин маҳфилҳо бо номи "Хайрандеш" амалӣ мешуданд. Баъдан Хайрандеш аз Қурғонтеппа ба Душанбе кӯч баст ва маҳфилашро ҳам "Ҳамешабаҳор" ном кард. Ман чун даҳҳо нафари дигар аз ширкат бинобар дурии роҳ маҳрум шудем.
Вале хуш будам, ки пайваста аз тариқи "Рӯзгор" аз ин маҳфил огоҳ мешудам ва ашъори ширкаткунандагонашро ҳам мехондам. Мутаассифона, ҳар шодӣ интиҳое доштааст ва ҳоло мебинам, ки чанд шумора ба инҷониб "Ҳамешабаҳор" дар "Рӯзгор" чоп намешавад. Шояд маҳфил қатъ шуд ё матлаби он интишор намешавад. хулоса барои мо номуайян аст. Мехостам донам, ки сабаб чист?
Садбарг, Қурғонтеппа
"Рӯзгор": Дар ҳақиқат чунин аст, яъне чопи "Ҳамешабаҳор" муддатест қатъ шудааст. Аммо на бо гуноҳи мо. Балки мутасаддиёнаш маводҳоро чанд муддат ба инҷониб пешниҳод намекунанд. Сабабшро худи мо ҳам намедонем. Аммо чун шумо суол кардед, ҳатман аз Хайрандеш мепурсем ва посухашро дар шумораи оянда чоп мекунем. Вале ҳоло ду матлаб тақрибан дар ин мавзуъ дорем, ки дар саҳифаи 14 метавонед мутолиа кунед.
Мехоҳам доктор Абдуллоҳ президенти Афғонистон шавад
Интихоботи Афғонистон ҳам баргузор шуд, аммо намедонем кӣ пирӯз асту кӣ мағлуб. Ман ҳамеша аз доктор Абдуллоҳ пуштибонӣ мекардам. Медонед чаро?
Ман аслан ин марди Худоро намешиносам, аз наздик надидаам. Вале аз тариқи маҳвора дар телевизионҳои афғонӣ мебинам. Хуб суҳбат мекунад. Симои басо тоҷикона дорад. Босавод аст, маълум, ки боадаб ва ашрофзода аст.
Аз сӯи дигар дӯст дорам, ки ӯ президент шавад. Ва агар ӯ бошад ба гумонам ормонҳои Масъуду Раббонии шаҳид зинда мешаванд. Зеро доктор ҳам шогирдони ин ду тан буд.
Ва ниҳоят: мо тоҷикон муддате нони бародарони афғониро хӯрдаем ва ба поси хотири намак мехоҳем ин кишвари ҳамсоя, ҳамзабон ва ҳамдин босуботу обод бошад. Мехоҳем ба ҷанг хотима диҳанд, мехоҳем инсоният боло гирад ва Афғонистони азиз рӯ ба рушд орад.
Муҳаммадсафо Қодиров, Вахш
"Рӯзгор": Ин орзуи ҳар фарди озода аст. Оромиву суботи Афғонистонро мо ҳама мехоҳем. Интихобот баргузор шуд, мардуми Афғонистон райъи худро доданд ва шумориши оро идома дорад. Ҳоло гуфтан барвақт аст, ки ғолиб киву мағлуб кӣ. Умед мекунем ин бор мардуми Афғонистон дар интихобашон иштибоҳ накунанд. Зеро дар ин марҳилаи сарнавиштсоз ин кишвар ниёз ба як роҳбаре дорад, ки зери ливои ваҳдат ҳама гуруҳҳоро муттаҳид созад. Саҳнаҳои интихобот ва ширкати фаъолонаи мардумро шумо дар саҳифаи 7 "Рӯзгор" метавонед мурур кунед.
Нобиғаҳои адабиёти оламро муаррифӣ кунед
Ман 4 моҳ шуд бо "Рӯзгор" ошноям. Ҳар ҳафта мехонам. Шояд дурӯғ гуфта бошам. Баъзан пайдо намекунам. Вале ба гумонам зарфи ин чор моҳ аксари шумораҳояшро хондаам.
Чизе ки ман мехоҳаму намеёбам ин маълумот дар бораи шинохтатарин адибони муосири олам аст. Ман дӯстдори адиби шинохтаи колумбӣ Габриэл Маркес ҳастам. Мехостиам дар боари ӯ матлаб бихонам. Мехостам зиндагиномаи Ҷек Лондон ва Хеменгуейро бидонам. Ҳаёти ин ду адиби барҷаста пур аз фоҷеаҳо буд. Ман ҳамагӣ як маротиба "Мартин Иден"-ро хондаам, вале бо гузашти 3 даҳсола ҳам ҷузъиёти онро фаромӯш намекунам.
Меҳоҳам дар бораи Сервантес бидонам…Умуман зиёданд хостаҳои дил. Гумон мекунам агар гӯшае боз шавад ва нобиғаҳои олами адаб муаррифӣ шаванд, хеле хуб хоҳад буд.
Носир Шоҳинҷонов, Панҷакент
"Рӯзгор": Пешниҳоди хуб аст. Талош хоҳем кард дар наздиктарин фурсат ин хостаро ба ҷо орем. Ва агар тасмим гирифтем, ки гӯшаеро ихтисос хоҳем дод, шуморо огоҳ мекунем. Бо мо бошед!
Чаро матлаби ояндаи худро пешакӣ муаррифӣ намекунед?
Ман танҳо як хонандаам, рӯзноманигор нестам ва намедонам кореро чӣ гуна метавон крад. Вале бо вуҷуди ин суол ва пешниҳод дорам: Чаро шумо наметавонед баъзе матлабҳои ҷолибро пешакӣ эълон кунед, то хонандаатон мунтазир бошад?
Ва пешниҳоди ман ин аст, ки ин корро кунед. Масалан, порае аз матлаберо оред ва гӯед, ки он кай чоп хоҳад шуд. Ба гумонам кори хуб мешавад. Хонанда мунтазир мешавад, ки кай онро мехонад.
Саодат Холмирзоева, Ёвон
"Рӯзгор": Ташаккур ба хонандаи азизамон Саодат Холмирзоева, ки ҳам эрод гирифтаанд ва ҳам пешниҳод кардаанд. Ин албатта, чандон мушкил надорад. Дар ҳоле, ки мо пешакӣ медонем шумораи навбатӣ дарбаргирандаи кадом матолиб хоҳад буд. То ин замон сари ин масъала наандешидем, вале акнун мекӯшем дархости шуморо амалӣ созем.
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №14, 09 апрели соли 2014
-
01.06.2025 19:19
177
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
29.05.2025 11:19
227
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
29.05.2025 11:16
183
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Вячеслав Володин мулоқот намуданд
-
07.05.2025 23:59
404
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
509
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
379
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
01.06.2025 19:16
203
Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати воломақоми вилояти мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин
-
01.06.2025 19:14
166
Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Ёвари Дабири кулли СММ, Директори минтақавии Барномаи рушди СММ Ивана Живкович
-
30.05.2025 00:36
210
Вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Латвия
-
14.10.2024 18:41
869
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1581
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3274
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
09.06.2025 13:03
118
Шарифа Худобахш: «Тадқиқоти криосфера бояд ба низоми идоракунии захираҳои об ворид карда шавад»
-
03.06.2025 16:17
153
Шиносоӣ бо рафти сохтмони роҳи мошингард аз дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортути шаҳри Душанбе
-
01.06.2025 19:11
151
Тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба шуғли аҳолӣ
-
20.03.2025 11:59
422
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
654
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
804
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
369
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
400
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
383
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
655
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
933
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1777
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
504
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
489
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1700
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
2023
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2227
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2912
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
421
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
380
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
839
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
2974
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3421
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3402
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
576
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
602
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
542
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?