Духтарон аз хурдӣ омода бошанд, ки рӯзе бояд модар шаванд
Салом ба ҳамаи азизоне, ки ҳафтаи сипаришуда бо "Рӯзгор" буданд. Дар оғоз чанд сухан мехостем дар бораи саҳифаи "Пурсишеву посухе" бигӯем. Хонандаи мо Шамсиддин Назарзода аз шаҳри Хуҷанд аз аввалин оромгоҳи мусалмонон суол карданд.
Хостанд додананд, ки аз кай ва чӣ гуна қабристони мусалмонон аз дигарон ҷудо шуд. Посухи суол тақозо дошт, ки дар ин масъала як мақола ҷудогона интишор шавад, чун мавзуъ доманадор ва донистани он барои ҳар фарди мусалмон зарур аст. Вале мо як посухи хеле кутоҳро дар ин саҳифа ҷо кардем ва мақолаи Абдушарифи Боқизода, муфассири Қуръонро дар ин бора дар яке аз шумораҳои ояндаи "Рӯзгор" чоп хоҳем кард.
Он чизе ки мехостем иловатан бигӯем он аст, ки аз хонандагон хоҳиш кунем суолоти худро мушаххас нависанд ва кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки бештар аз масоили илмӣ, адабӣ, фарҳангӣ ва динӣ пурсанд.
Ин ҳафта мо 12 савол дарёфт кардем, ки ба 4 савол ин ҷо посух додем. Панҷ саволи дигарро барои ҷавоб навиштан ба шахсон ва вазоратҳо равон кардем. Се савол комилан номушаххас буд ва аз онҳо сарфи назар шуд. Вале бо муаллифонашон телефонӣ дар тамос шудем ва иллатро барояшон гуфтем.
Дар шумораи гузашта номаи хонандаи мо Садбарг аз шаҳри Қурғонтеппа чоп шуда буд, ки аз саҳифаи "Ҳамешабаҳор" ва маҳфили Хайрандеш мепурсид. Садбарг менавишт: "Хуш будам, ки пайваста аз тариқи "Рӯзгор" аз ин маҳфил огоҳ мешудам ва ашъори ширкаткунандагонашро ҳам мехондам. Мутаассифона, ҳар шодӣ интиҳое доштааст ва ҳоло мебинам, ки чанд шумора ба инҷониб "Ҳамешабаҳор" дар "Рӯзгор" чоп намешавад. Шояд маҳфил қатъ шуд ё матлаби он интишор намешавад. хулоса барои мо номуайян аст. Мехостам донам, ки сабаб чист"?
Ва айнан ба ҳамин савол мо ба худи Хайрандеш муроҷиат кардем. Посух дод, ки маҳфил дар ҷараён аст, вале мушкиле пеш омадааст, ки саҳифаи "Ҳамешабаҳор"-ро наметавонад омода кунад. Мушкили сирф техникист ва тасмим дорад аз аввали сентябр ба ин масъала расидагӣ кунад. Яъне, шумо саҳифаи "Ҳамешабаҳор"-ро дар "Рӯзгор" сар аз моҳи сентябр хоҳед хонд. Албатта, агар мушкилоте, ки Хайрандеш гуфт, роҳи ҳалли худро пайдо кунад.
Ва инак, муруре ба номаҳои расида:
Ёди театри солҳои донишҷӯӣ
Қурбоналӣ Раҳмонов аз зумраи сарояндагони писандидаи мардум аст. Солҳост ӯро гӯш мекунам, вале боре ҳам аз наздик надидаам. Дурии роҳ моро аз дидори ҳунармандон маҳрум мекунад.
Солҳои донишҷӯӣ қариб ҳар ҳафта театр мерафтам. Толори холиро дида дилам зиқ мешуд, вале медидам, ки ҳунармандон барои 10 кас ҳам бошад, тавре саҳнадорӣ мекарданд, ки гӯё он пури одам аст. Аслан мо санъаткорони хуб зиёд дорем, вале миллат ҳоло дар ғами нону об аст, ки аз куҷо ёбаду фарзандонаш гуруснаву ташна намонанд.
Ду моҳ қабл пойтахт рафта будам. Ба театри Лоҳутӣ сар задам, мутаассифона он рӯз намоиш надоштанд. Дами дар ҳунарманди дӯстдоштанӣ Шералӣ Абулқайсовро дидам ва аз ӯ пурсидам. Гуфт, ки фардо барнома дорем. Вале мутаассифона, ман наметавонистам фардоро мунтазир бошам. Баргаштам ба деҳа. Баъзан дили инсон чиҳое мехоҳаду наметавонад дастрас кунад.
Олим Соҳибназаров, Дарбанд
Ишқ ҳам мегузарад...
Таронаҳои Фарзонаи Сафариён хушам омад. Хеле самимиву дилрас. Гумон мекунам нависандаи хуб мешавад, агар ба гуфтаи устоди шодравон Худойназар Асозода истеъдодашро сайқал диҳад. Аммо баъзан донишҷӯёни соҳибистеъдод баъди хатми донишгоҳ вориди зиндагии дигар мешаванд ва таронасароиро ҳам фаромӯш меакунанд. Аз навиштаҳои Фарзона ҳамон бӯи муҳаббат ба зиндагӣ меояд ва баъзан маҳзункунанда. Ин табиист, дар ин синну сол маъмулан ишқу ҳавас ба ҳам меоянд ва баъзан душвор мешавад дарк кард, ки ишқи асил кадом аст. Ҳамон ишқ бо Худованд асил ва номурданист, боқӣ ҳама аз байн мераванд.
Ситора, омӯзгор
Кош мулло Ҳайдарҳо барвақт носеҳи мардум мешуданд...
Ба гуфтаҳои устод Иброҳим Усмон ҳамнавоям. Дуруст гуфтаанд, ки ҷанг бадбахтист. Ҷанг набошад сулҳ ҳам даркор нест.
Ҳамаи касоне ки ҷангро сар карда буданд, билохира пушаймон шуданд. Ҳатто домулло Ҳайдарро бинед чӣ гуфтааст: "Онҳое, ки ба ҷанги Сурия мераванд, ба 4 китоби Худованд муқобил мебароянд. Сиёсати давлат аст, ки пеши роҳро мегирад, вагарна инҳо дар ҳамин ҷо хеста чӣ корҳое накарда истодаанд..." Кош ин домулло ҳамин гапи 4 китоби Худоро соли 1992 мегуфт. Ё он вақт ин китобҳоро намедонист?
Сайрам Носирова, Восеъ
То кай бе барқ биншинем?
Аз зиндагии бебарқи деҳот мехоҳам бинвисам. Ҳасад мебарам ба сокинони пойтахт, ки 24 соат барқ доранд, вале вой бар мо, ки беш аз ниме аз шабонарӯз дар хонаҳои сарду торик ба сар мебарем. Ҳукумати Тоҷикистон 10 шабакаи телевизионӣ ҳам дошта бошад, фоида надорад, чун 90 дар сади Тоҷикистоон аз тамошои барномаҳои он аз бебарқӣ маҳруманд. Мо аслан як ҳаёти бенуру зиёро пушти сар мегузорем. Фарзандонамон дар рушании шамъ дарс мехонанд, баъзан аз беҳезумӣ наметавонем барояшон таоми гарм пазем. Намедонам ин ҳол то ба кай давом мекарда бошад?
Ҳар сол зимистон ба умедем, ки ақалан дар баҳору тобистон соҳиби барқу рушноӣ мешавем. Вале имсол ин гуна умед ҳам надорем. Ними баҳор гузашту лимит барҳам нахӯрд. Баҳонаи "Барқи тоҷик" зиёд. Гоҳ беобиву гоҳ чизи дигар.
Марзия, Бохтар
Суҳбат дар "Рӯзгор" кам шуд
Суҳбатҳои "Рӯзгор" бо ходимоти театру кино кам шудаанд. Ҷойи ин гуна суҳбатҳои хубро мақолаҳо гирифтаанд. Гумон мекунам мақола шавқовар аз суҳбат нест. Пас бояд "Рӯзгор" ба гузаштаи худ баргардад. Шахсан ба ман аз нақл дар бораи ҳунарманде хондани суҳбати ӯ писанд аст. Мехостам бо Ҳошим Гадо суҳбат хонам. Ин ҳунарманд ва нобиғаи театр ба синни пирӣ расида бошад ҳам ҳамоно аз саҳна нарафтааст. Порсол моҷарои хонаи сардаш пахш шуда буд. Вале номаълум монд, ки хонаашро таъмир карданд ё на. Чаро инро напурсем?
Чаро мумкин нест аз ҳаёти шахсии ҳунармандон, зиндагонии оилавии собиқадорони ҳунар, ки дарси ибратанд, суҳбатҳо бо худи онҳо ё ҳамсарону пайвандонашон чоп накунем? Бовар кунед ин хеле муҳим аст.
Шоҳин Иззатбеков, омӯзгор
Дар тарбияи фарзанд набояд умед ба мактаб баст
Духтархолаам баъди се моҳи тӯяш ба хона баргашт. Натавонист дар хонадони шавҳараш зиндагонӣ кунад. Сад баҳона пеш меовард. Аз дағалмуомилагии хушдоман, то беҳурматии шавҳараш. Намедонистем ба кадом гапаш бовар кунем. Мӯсафеди падараш хомӯшона гӯш меандохту мегуфт: сабр, ки накардӣ, умре наметавонӣ соҳибхона шавӣ.
Мақолаи "Танҳо барои ҷавонписарон"-ро хондаму ҳамин рӯйдод пеши назарам омад. Мо наметавонем фарзандонро ба ҳаёти мустақилона омода кунем. Нозпарварӣ дар хонадон онҳоро ба сахтиҳои оянда мутобиқ намекунад. Ин хеле бад аст. Духтарон бояд аз синни хурдӣ омода бошанд, ки рӯзе бояд модар шаванд. Албатта, ба онҳо наметавон дар он синну сол ин гуна гуфт, вале омода бояд кард. Чӣ гуна? Дар сахтӣ зистану тоб овардан ба мушкилот. Пӯхту пазу рӯбичини хона. Агар духтар аз хурдӣ вобаста ин кор нашавад ва волидон гӯянд, ки ҳоло ҷавон аст, баъд ёд мегирад, бовар кунед аслан ёд намегирад.
Муҳити мактаби имрӯза мактаби замони интернет аст ва фарзандон дар ин муҳит бад калон мешаванд. Вале агар пойдевори тарбияи оилавӣ аз хурдӣ мустаҳкам бошад, мешавад, ки назорат кард, мешавад умед баст, ки муҳити нав камтаъсир хоҳад буд.
Аз ин рӯ чун омӯзгор хоҳиш мекунам аз волидони арҷманд, ки дар тарбияи фарзандонашон фақат ба умеди мактаб нашаванд. Кӯдак 6 соат дар мактаб аст, боқӣ 18 соат бо онҳост. Мо бо ҳам метавонем фарзандро солим ба камол расонем.
Шарофат Қароева, омӯзгор, Ваҳдат
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №15, 16 апрели соли 2014
-
22.06.2025 14:51
132
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
256
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
266
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
491
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
593
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
482
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
25.06.2025 11:36
136
Мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ
-
23.06.2025 14:53
137
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
207
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
14.10.2024 18:41
973
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1682
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3373
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:34
131
«CASA-1000» намунаи ҳамкориҳои энергетикии минтақавӣ
-
25.06.2025 11:31
115
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
130
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
20.03.2025 11:59
507
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
753
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
875
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
455
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
490
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
463
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
751
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1013
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1878
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
621
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
601
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1791
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2112
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2106
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2319
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
522
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
468
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
942
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3067
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3506
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3499
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
653
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
675
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
621
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?