Бемористони "Ибни Сино" хуб аст, вале хеле гарон
Ба ҳамаи дӯстон ва хонандагони азиз салом арз мекунем. Дар ин ҳафта аксари суолоти расида дар бораи гаронии табобат дар бемористонҳои кишвар, андешаҳо атрофи ҳунар ва ҳунарманд, китоб ва хонанда, буданд, ки тибқи имконоти мавҷуда посухашонро хоҳем дод.
Ва номаҳои интихобшудаи ин ҳафта барои чоп инҳо буданд:
Ҳунармандон пирӣ надоранд
Вақте мақолаи "Санъаткоре, ки ҳунараш марзҳоро убур кардааст"-ро мехондам, ин мисраҳои Бозор Собир ёдам омад:
Хоҳам, эй пардасози шоиста,
Парда то парда ҳамчу гулдаста.
З-устухони сафеди ман бошад,
Дастаи торат устухонбаста.
Дар ҳақиқат Ҷурабек Мурод ҳунарманди нотакрор аст. Аслан ҳар ҳунарманд нотакрор аст, ҳар кас бо як сабку услуби равиши сарояндагии худ рӯи саҳна меояд. Вале вижагии Ҷӯрабек он аст, ки ҳунараш бо гузашти бештар аз ним асри рӯи саҳна буданаш куҳна нашуд. Ҳоло ҳам ӯ месарояд ва ҳоло ҳам дилписанду ҷаззоб месарояд.
Мегуфтам баъди ба саҳна омадани писараш ӯ меравад, вале ҳоло ин назарам дигар шуд. Бо омадани Ҷонибек Ҷӯрабек гӯё умри дубора дар саҳна ёфт.
Майсара Мазбутова, унвонҷӯ
Китобҳои Маркесро аз куҷо метавон пайдо кард?
Китобҳои тарҷумашудаи Габриэл Гарсиа Маркесро аз куҷо дастрас кунам? Баъди аз олам гузаштани адиб фаҳмидам, ки як нависандаи сатҳи ҷаҳонӣ оламро тарк кардааст. Пеш шунида будам, вале намедонистам, ки бо забони тоҷикӣ низ ӯро тарҷума карда будаанд. Инро аз мақолаи "Рӯзгор" хондам. Шояд варианти электронӣ дошта бошанд.
Нигина, донишҷӯ
"Рӯзгор": бо забони тоҷикӣ чор асари адиб: "Хазони умри Одамхудо" (тарҷумаи Урун Куҳзод), "Сад соли танҳоӣ", "Ба полковник касе наменависад", "Одами хеле пире, ки болҳои бузург дорад" (тарҷумаи Абдулғаффори Абдулҷаббор) баргардон шудаанд. Яқинан "Хазони умри Одамхудо"-ро шумо дар ҷойе пайдо карда наметавонед, маргар, ки аз ягон фурушгоҳи китобҳои куҳна (агар бошад) суроғ кунед. Зеро ин китоб соли 1983 ва ҳамагӣ як маротиба чоп шудааст. Аммо то ҷое медонем, дар мағозаҳои китоб се асари дигари адиб пайдо мешаванд. Фақат бояд пурсид. Дар бораи варианти электронии ин китобҳо низ посух ҳамон аст. Бино ба гуфтаи устод Куҳзод "Хазони умри Одамхудо" дақиқан варианти электронӣ надорад, чун замоне он чоп шуд, компутар дар кишвар набуд. Аммо се асари баъдиро шояд варианти электронӣ бошад. Фақат аз мутарҷим бояд пурсид.
Ҳайдар Алиевро чаро ёд кардед?
Ростӣ нафаҳмидам, ки мақола дар бораи Ҳайдар Алиев ба кадом муносибат чоп шуд? Ситоиши роҳбареро кардед, ки роҳбарии кишварашро хонаводагӣ кардааст. Ё бо ин ишора мехоҳед кунед, ки Тоҷикистон низ ҳамин роҳро пеш гирад?
Аслан бо вуҷуди он ки Алиев як партократи асил буд ва шояд дар замонаш бо андешаҳои миллӣ аз дигар аъзои Бюрои сиёсӣ ва роҳбарони вақти кишварҳои пасошӯравӣ фарқ мекард, вале набояд аз ҳақиқат чашм пӯшид, ки як ҳокимияти диктаторӣ дошт, ки мухолифонашро бо ҳар шева буғӣ мекард.
Ҳайдар Алиев шояд роҳбари хуб бошад, вале на ба ҳадде, ки ситоиш мекунанд. Ман бисёр дар Озарбойҷон зистаам, муддати қариб 8 сол ва дар шеваи роҳбарии ӯ ягон чизи ғайриоддиро надидам. Коре кард, ки ба ҷойи худ писарашро овард ва ҳокимиятро авлодӣ кард. Ва акнун ин писар боз солҳо дар тахт менишинад ва ҳар бор конститутсияро нақз мекунад, то худро номзад созад. Яъне, суқути Шӯравӣ ба ҷуз дар кишварҳои назди Балтик дигар дар ҳама мамолики ба истилоҳ тозаистиқлолаш ҳокимони якумриро сари қудрат овард.
Аслишо Аминҷонов, омӯзгор
Қаноатро дар Русия мехонанду дар мо не
Чӣ хабари хуш шунидам: достони Муъмин Қаноатро дар Волгоград бо забони русӣ чоп кардаанд ва боз мегӯянд, ки дар ин шаҳр ин достонро ҳама мехонанд. Аз ин хабар инсонро ҳисси ифтихору фараҳ фаро мегирад. Китоби устоди бузурги назмро дар Русия чоп мекунанд ва боз менависанд, ки онро мардум дӯст медоранд.
Ман "Суруши Сталинград"-ро замоне қариб пурра аз бар карда будам ва ҳоло ҳам бо вуҷуди пирӣ шояд ниме аз достонро аз ёд донам. Аммо афсӯс мехӯрам, ки насли имрӯз китоб намехонанд ва ҳатто номи достонҳои ин марди шарифро аз ёд намедонанд. Ман инро аз гирудори набераҳоям мегӯям. Ҳар қадар маҷбурашон мекунам, ғайр аз китоби дарсиашон, ки он ҳам барои баҳо гирифтан аст, аслан дар даст китоб намегиранд.
Ҳоҷӣ Асомиддин, нафақахӯр
Ёди бузургон ба хайр бод
Аҷаб аксе чоп кардед: "Устод Нурӣ бо эшони Абдухалилҷон". Ин пири тариқатро хуб медонам ва аз суҳбати файзбораш ҳам баҳра бурдаам. Устод Нуриро низ ва борҳо дидаву баҳраҳо бардоштаам. Равонашон шод бод!
Маҳмадкарими Исо
Бемористон "Ибни Сино" хуб асту, хеле гарон ва на барои ҳама
Дар бораи бемористон "Ибни Сино" навиштед. Хондам ва чун корафтода будам, мехоҳам фикрамро нависам. Ба андешаи ман бо вуҷуди низоми хуби табобат ва мавҷудимяти табибони ҳозиқ нарх дар ин бемористон осмонист ва барои камбағал нест. Розӣ шавед. Ба назар чунин мерасад, ки дастандаркоронаш чунин бемористонро барои элита сохтаанд, то ҳам соҳиби пул шаванд ва ҳам хизмати сарватмандонро кунанд.
Дар баробари ин давлат чаро чунин табобаткадаро намесозад, ки ҳам мутахассис ҷалб кунад ва ҳам бо сифати олӣ табобатро ба роҳ монад? Агар як шахс бо сарфи миллионҳо доллар аз ҷайбаш қодир бошад, ки ин гуна дармонгоҳ бисозад ва онро ба манбаъи даромад табдил диҳад, чаро давлат ин корро наметавонад анҷом диҳад? Магар давлати мо камбағалтар аз ин гуна соҳибкорон аст? Ё метавонаду махсус намесозад, ки аз ин ҳисоб дигарон соҳиби сарвату мол шаванд?
Куҷост гуманизм, куҷост муҳаббат ба инсон, куҷоянд ғамхорони миллат дар ин давлат? Кӣ ин суолҳоро посух мегӯяд? Медонам, агар ба вазорати тандурустӣ муроҷиат кунед, садҳо мисол меоранд, ки онҳо низ доранд шифохонаҳои хуб. Оре, дар сухан доранд, вале аз рӯи инсоф агар гирем, ягонтои онҳо ба бемористони "Ибни Сино" баробар намеоянд. Пас чӣ бояд кард? Ман намедонам, шояд дигарон донанд?
Маърифат Холиқназарова, Душанбе
Бознашразҳафтаномаи «Рӯзгор» №19, 14 майисоли 2014
-
09.06.2025 13:12
213
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
216
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
29.05.2025 11:19
272
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
07.05.2025 23:59
443
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
552
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
433
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
89
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
156
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
165
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
932
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1644
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3331
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
66
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
82
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
126
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
471
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
723
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
842
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
411
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
453
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
423
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
697
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
975
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1833
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
583
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
558
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1753
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
2066
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2281
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2963
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
471
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
425
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
906
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3025
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3470
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3450
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
613
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
639
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
582
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?