00:01:02 21-уми Июни 2018 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014


Qissahoi hijrat - 2015
 
1-Ruzgor_Plast_2016.jpg
 

Тақвим

<< < Май 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Сад фарди маъруф

8.Сад варзишгари маъруфи тоҷик

Ниёгонамон варзишгаронро қадр менамуданд, хоса паҳлавонон манзалат доштанд, чунончӣ, Рустаму Сӯҳробу Сиёвуш қаҳрамонони давр маҳсуб меёфтанд. Мутаассифона, маҳорату истъедоди варзишгарон асрҳо зуҳур намекард, чун мусобиқоти расмӣ доир намегардид.

8-sad-fardi-maruf 8Танҳо оғози асри ХХ инсоният ба ташкили Бозиҳои Олимпӣ, чемпионатҳои ҷаҳонию қитъавӣ ва ниҳоятан ҷумҳуриявӣ, шаҳрию вилоятӣ даст ёфт ва варзишгарони тоҷик ҳам ба саҳна баромаданд. Аз солҳои 50- уми қарни гузашта фарзандони тоҷик дар намудҳои мухталифи варзиш вориди мусобиқоти гуногун гардида, ба комёбиҳо ноил шудаанд. Ҳоло 100 варзишгари тоҷик муаррифӣ мешаванд, ки дар мусобиқоти ҷаҳонӣ, қитъавӣ ва ҷумҳуриявӣ бештар муваффақ гардида, ситораашон дар олами варзиш ба таври хос ҷило медиҳад.

1.Долтабоев Рустам (1911-1969), футболбоз, яке аз поягузорони дастаи миллии футболи тоҷик.

2.Раҳматуллоев Искандаршо (1919-2007), гуштингир, се карат ғолиби Спартакиадаи ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Казоқистон (1951,1952,1953).

3.Олимов Азалшо (1930-1999), чемпиони мутлақи СССР оид ба самбо (1955).

4.Одинаев Нур (1936), яке аз беҳтарин волейболбозони тоҷик.

5.Ҳасанов Иброҳим (1937-2009), чемпиони 11 каратаи СССР оид ба қаиқронӣ.

6.Шарофов Росих (1938), ғолиби чандинкаратаи ҷумҳурӣ оид ба варзиши сабук (давидан), 13 маротиба дар чемпионати СССР иштирок кардааст.        

7.Ҳалимов Усмон (1941), чемпиони  ҳафткаратаи Тоҷикистон оид ба бокс, дорандаи медали биринҷии (1966), чемпионати СССР.

8.Ғуломҳайдаров Воҳид (Владимир) (1946), футболбоз, узви дастаи яккачини ҷавонони СССР (1964-1965).

9.Назаров Шариф (1946), мураббии футбол, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

10.Раҳимов Саидмӯъмин (1946-2009), чемпиони ҷаҳон оид ба самбо (1975).

11.Сулаймонов Мамадшариф (1946), чемпиони Осиёи Миёна ва Қазоқистон оид ба самбо (1977).

12.Олимова Раҳима (1948), чемпионкаи чандинкаратаи Тоҷикистон  оид ба акробатика.

13.Раҳматуллоева Зулфия (1949), чемпионкаи чандинкаратаи Тоҷикистон оид ба варзиши сабук.

14.Мирсаидова Муҳаббат (1950), чемпионкаи Осиёи Миёна ва Қазоқистон оид ба тирпарронӣ (1966).

15.Раҷабов Сафаралӣ (1951), чемпиони 49 каратаи Тоҷикистон оид ба мотоспорт.

16.Исоев Мӯсо (1952-1992), чемпиони чандинкаратаи Тоҷикистон оид ба самбо.

17.Сафаров Ҷонибек (1954), чемпиони чандинкаратаи Тоҷикистон оид ба шашка.

18.Турсунов Валерий (1954), футболбоз (дар 542 бозии дастаи "Помир" иштирок карда, 173 гол задааст).

19.Рустамова Зебуниссо (1955), чемпионкаи мутлақи ҷаҳон (1975) оид ба камонварӣ.        

20.Исмоилов Ҳусейн (1957), чемпиони ҷаҳон оид ба шамшерзанӣ (1976).

21.Назаров Анвар (1959), шоҳмотбоз, устоди варзиши байналмилалӣ.

22.Ҷумъева Сурайё (1960), чемпионкаи чандинкаратаи Тоҷикистон оид ба тирпарронӣ, устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ.

23.Ширинбеков Олег (1963), футболбоз.

24.Раҳимов Рашид (1965), футболбоз.

25.Муҳаммадиев  Муҳсин (1966), футболбоз.

26.Саидолимова Зебуниссо (1966), чемпионкаи 13 каратаи Тоҷикистон оид ба теннис.

27.Ҳамдамов Сӯҳроб (1966), шоҳмотбоз, устоди варзиши байналмилалӣ.

28.Исоев Ҷамшед (1967), шоҳмотбоз, устоди варзиши байналмилалӣ.

29.Пӯлодова Гавҳар (1967), чемпионкаи Европа (1983) оид ба камонварӣ, устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ.

30.Атобоев Даврон (1968), ғолиби мусобиқоти байналмилалӣ оид ба спринтер (давидан ба масофаи кутоҳ).

31.Назриев Хайрулло (1968), чемпиони мутлақи ҷаҳон (2012) дар байни собиққадорон оид ба дзю-до, ғолиби чандин мусобиқоти байналмилалӣ.

32.Урунов Фурқат (1969), чемпиони мутлақи ҷаҳон оид ба тэкван-до (2010) байни собиқдорон.

33.Олимов Абдураззоқ (1969), чемпиони 10 каратаи Тоҷикистон оид ба гуштини озод, устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ оид ба бокс.

34.Валихоҷаева Лола (1970) чемпионкаи ҷаҳон (1988) оид ба камонварӣ.

35.Ғоибова Гулнора (1970), чемпиони чандинкаратаи Тоҷикистон оид ба шашка.

36.Идрисов Мурод (1970), чемпиони чандинкаратаи Тоҷикистон оид ба армрестлинг, устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ.

37.Наҷмиддинов Залом (1970), устоди варзиши дараҷаи камонварӣ.

38.Ёқубова Роза (1970), чемпионкаи СССР (1988) оид ба велосипедронӣ.

39.Исмоилова Сабоҳат (1970), чемпионкаи 10- каратаи Тоҷикистон оид ба самбо ва дюздо, устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ.

40.Набиева Наргиз (1971), ғолиби мусобиқоти байналмилалӣ ва иттифоқӣ оид ба камонварӣ.

41.Амриллоев Муродулло (1972), чепиони чандинкаратаи ҷаҳон оид ба шашкаи байналмилалӣ, аввалин гроссмейстери тоҷик оид шашка.   

42.Икромов Сайриддин (1972), ғолиби чандинкаратаи мусобиқоти байналмилалӣ оид ба самбо, устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ .

43.Аланазаров Олим (1973), устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ оид ба гуштини юнонӣ- римӣ, ғолиби чандин мусобиқаи байналмилалӣ.

44.Раҳимов Саидаҳтам (1973), дорандаи Ҷоми Ҷаҳон (1996,1998) оид ба самбо.

45.Малахбеков  Раҳимқул (1974), дорандаи медалҳои нуқра ва биринҷии олимпӣ (1996, 2000), ду каратаи чемпиони ҷаҳон (1995, 1997) ва ду карат чемпиони Европа (1993,2002) оид ба бокс.

46.Амонатов Фаррух (1975), шоҳмотбоз, аввалин гроссмейстери байналмилалӣ (2002) аз байни тоҷикон.

47.Холназаров Толеъ (1975), чемпиони ҷаҳон оид ба вазнбардории сеҳарбаи пауэрлифтинг (1998).

48.Ғайратов Нусратулло (1976), чемпиони ҷаҳон( 2011) оид ба муайтай (гуштин).

49.Ғафуров Икром (1977), ду карат чемпиони ҷаҳон (2001, 2003) оид ба  таэкван-до.

50.Муҳиддинов Мансур (1977), чемпиони чандинкаратаи Тоҷикистон оид ба бокс, устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ.

51.Муҳиддинов Тоҷиддин (1977), чемпиони 5 каратаи Тоҷикистон, чемпиони ИДМ (1995) оид ба бокс, устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ.

52.Назаров Наврӯз (1977), чемпиони 7 каратаи Тоҷикистон оид ба муҳорибаи юнонӣ- римӣ.

53.Абураҳимов Хайрулло (1978), чемпиони 5 каратаи Тоҷикистон оид ба пауэрлифтинг, чемпиони 8 каратаи Тоҷикистон оид ба армрестлинг.

54.Баҳромов Шаҳоб (1978), ду карат чемпиони ҷаҳон (1997, 2001) оид ба таэкван-до.

55.Султонов Темур (1978), ду карат чемпиони ҷаҳон (1995, 1996), оид  ба  таэкван-до.

56.Бердиев Шӯҳрат (1979), чемпиони ҷаҳон (1997), оид ба таэкван-до.

57.Собиров  Парвиз (1980), ғолиб мусобиқоти байналмилалӣ оид ба дзю-до.

58.Шарифӣ Дилшод (1980), теннисбоз, ғолиби чандин мусобиқоти байналмилалӣ.

59.Аёмиддини Маҳмадраҷаб (1981), дорандаи медалҳои нуқра ва биринҷии чемпионати ҷаҳон (2001, 2002) оид ба муҳорибаи универсалӣ.                     

60.Хайруллоева Нигина (1981), чемпионкаи чандкаратаи Тоҷикистон оид ба каратэ.                                                                                               

61.Хокиров Ахтам (1981), чемпиони дукаратаи ҷаҳон (1998,1999) оид ба муштзурӣ (кулачный бой).

62.Азизов Анвар (1982), ду карат чемпиони ҷаҳон (2001, 2003), оид ба таэкван-до.                                                                                                  

63.Боқиев Расул (1982), дорандаи медали бириҷии Олимпӣ (2008), чемпиони ҷаҳон (2005) оид ба дзю-до, чемпиони ҷаҳон оид ба гуштини кураш (2005), дорандаи Ҷоми Ҷаҳон (2011) оид ба дюз-до.

64.Назаров Дилшод (1982), чемпион секаратаи Осиё (2006, 2009, 2010), ғолиби чандин мусобиқоти байналмилалӣ оид ба гурзпартоӣ.

65.Пиров Зоирҷон (1982), ду карат чемпиони ҷаҳон (2003, 2007) оид ба таэкван-до.

66.Фазлиев Аҳмад (1982), чемпиони ҷаҳон (2003) оид ба таэкван-до.

67.Сайфиддинов Дилшод (1982), ду карат чемпиони ҷаҳон (2003, 2007) оид ба таэкван-до.

68.Назирматов Фирӯз (1983), чемпиони ҷаҳон (2001) оид ба таэкван-до.

69.Тӯраев Далер (1983), чемпиони ҷаҳон (2001, 2003) оид ба таэкван-до.

70.Сайфиддинов Далер (1983), чор карат чемпиони ҷаҳон (2001, 2002, 2008,2009) оид ба таэкван-до, чемпиони ҷаҳон (2006) ва чемпиони мутлақи ҷаҳон (2009) оид ба кикбоксинг.

71.Усаров Соҳиб (1983), боксчӣ, чемпиони Европа (2009).

72.Азизов Азиз (1984),ч емпиони секаратаи Тоҷикистон оид ба болдинг.

73.Достиев Шералӣ (1984), боксичии касбӣ, дорандаи  медалҳои биринҷии чемпионатҳои ҷаҳон (2005, 2006).

74.Одилбеков Атрур (1984), чепиони ду каратаи Осиё  (2005, 2007), ғолиби чанд мусобиқаи байналмилалӣ оид ба унифайт, (гуштин), устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ.

75.Тӯйчиев Муродҷон (1984), чемпиони ҷаҳон (2010) оид ба гуштини камарбандӣ.

76.Абураҳмонов Муҳаммад (1985),чемпиони ҷаҳон (2011) оид ба курашӯ (гуштин).

77.Қурбонов Ҷаҳон (1985), чемпиони Осиё  (2005) оид ба дзю-до, ғолиби чанд мусобиқаи байналмилалӣ.

78.Мамадалиев Шералӣ (1985), боксчии касбӣ, дар мусобиқати байналмилалӣ 11 ғалаба ба даст овардааст.

79.Ҷӯраев Хуршед (1985), ғолиби мусобиқоти байналмилалӣ оид ба бокс, устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ.

80.Замиров Саидмаҳмуд (1986), чемпиони ҷаҳон (2007), чемпиони Осиё (2011) оид ба зурхона.

81.Икромова Заррина (1986), соҳиби медали биринҷии чемпионати ҷаҳон (2006), Ҷоми Европа (2003,2004,2006) оид ба киксбоксинг.

82.Миров Маҳмад (1986) чемпиони ҷаҳон (2011) оид ба гуштинии камарбандӣ.                                                                                                    

83.Нарзибеков Мададӣ (1986), боксчи касбӣ, ғолиби мусобиқоти байналмилалӣ.

84.Сангов Низом (1986), дорандаи Ҷоми Осиё (2010) оид ба вазнбардорӣ.

85.Сатторов Масрур (1987). чемпиони ҷаҳон (2007), оид ба таэкван-до.

86.Улмасов Рустам (1987), чемпиони ҷаҳон (2007) оид ба таэкван-до.

87.Умедов Баҳриддин (1987), ғолиби мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба каратэ-до.

88.Хоркашов Набимуҳаммад (1987), дорандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон (2009), чемпиони Осиё (2010) оид ба самбо, ғолиби чанд мусобиқаи байналмилалӣ.    

89.Юнусов Анвар (1987), чемпиони Осиё (2011), ғолиби мусобиқоти байналмилалӣ  оид ба бокс, устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ.

90.Мирзоева Надима (1988), ғолиби мусобиқаҳои ҷумхуриявӣ ва байналмилалӣ оид ба дави марафонӣ.

91.Шарифи Далер (1988), чемпиони ҷаҳон (2007), чемпиони Осиё (2006), чемпиони Европа (2006), чемпиони Америка (2007) оид ба киксбоксинг.

92.Шарифов Баҳодур (1988), ғолиби чанд мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбо.

93.Муҳаммадраҳимова Шаҳло (1989), чемпионкаи ҷаҳон (2007) оид ба такэван-до.

94.Хоҷаев Салим (1989), ғолиби мусобиқоти байналмилалӣ оид ба муҳорибаи юнонӣ-римӣ.

95.Каримов Акмалиддин (1990), чемпиони Осиё (2009), дорандаи медали биринҷии  чемпионати ҷаҳон (2010) оид ба самбо.

96.Алибеков Некрӯз (1991), чемпиони Осиё (2010) оид ба таэкван-до, устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ.

97.Ҷалилова Малика (1991), чемпионкаи чандинкаратаи Тоҷикистон оид ба гимнастикаи бадеӣ.

98.Ҷӯраев Соҳиб (1991), шоҳмотбоз, устоди варзиши байналмилалӣ.

99.Чориева Мавзуна (1992), дорандаи медали биринҷии Олимпиада-2012 оид ба бокс.                                                                                

100.Тағойназарова Сабина (1993), чемпионкаи ҷаҳон (2011) оид ба таэкван-до. 

Мураттибон: Ёр Муҳаммад, Ҷамил Валиев, Кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №29, 18 декабри соли 2013



Шарҳҳо   

 
0 #1 RE: Сад фарди маъруфGuest 08.09.2016 14:55
Фотех Мухторов, яке аз аввалин варзишкори сатхи чахони дар риштаи самбо чаро ёдовар нашудааст?(((
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


RuzgorPlast-banner 1