21:25:24 20-уми Июни 2018 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014


Qissahoi hijrat - 2015
 
1-Ruzgor_Plast_2016.jpg
 

Тақвим

<< < Май 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Габриэл Гарсиа Маркес: Худоё, агар ман боз каме вақт медоштам...

"Пеш аз субҳ вай фармон дод, ки бачаҳоро ба киштии сементкаш бор кунанд ва тантанавор берун аз соҳилҳои мо гуселонанд; ва дар он ҷо киштиро таркониданд ва бачаҳо ҳич чизро нафаҳмида ба қаъри баҳр фуру рафтанд. Вақте ки се афсар ба ҳузури ӯ омаданд ва иҷрои фармонро арз намуданд, вай аввал унвони онҳоро се рутба баланд бардошт ва барои хизмати содиқона медал дод ва сипас, фармон дод, ки онҳоро чун ҷинояткор парронанд, -"Зеро фармонҳое ҳастанд, ки медиҳанд, вале иҷрояш ҷиноят аст, бало занад, ҳайфи бачаҳои бечора!"

1 markis 3655665Ин иқтибосе буд аз машҳуртарин асари нависандаи маъруф Габриэл Гариса Маркес. Аз чӣ бошад баъди даргузашташ ҳарчанд мекӯшам нависандаи Колумбия нависам, забонам намепечад ва қалам ҳам намеравад. Гумон мекунам вай нависандаи тоҷик аст ва шояд қазоқ ҳам ӯро қазоқу рус рус ва олмонӣ олмониаш хонад. Чун маҳсули эҷоди ӯ ҳама марзҳои забониро шикастааст, дар мағз андар мағзи ҳама ақвом ҷо гирифтааст ва сатре надорад, ки танҳо мутааллиқ ба миллату қавми худаш бошад. Ҳар сатри ӯ таърихи башар аст, ҳар навиштаи ӯ сарнавишти инсони имрӯз аст. Исоне, ки бо вуҷуди музаффариятҳои беҳамто ва сарвату давлати беҳудуд дар ин олам танҳост.

Оре, дар нахустин рӯзи даргузашташ дар хабаре навишта будам бо ин унвон: Танҳотарин марди Сайёра даргузашт. Ва ҳоло ҳам дар ҳамин андешаам. Ӯ миёни ин олами пуршарру шӯр ва миёни андуҳи бехабароне, ки бо ин ҳама дороиву сарват рӯзе хоҳанд мурд, танҳо буд. Вай бештар аз дигарон танҳоиро дарк карда буд. Вай ҳатто навишт: "Замони ҷавонӣ фоҳишаҳо дӯстони ман буданд. Ман назди онҳо на барои шаҳватронӣ, балки барои он мерафтам, ки аз танҳоӣ наҷот ёбам. Ман ҳамеша мегуфтам: барои он издивоҷ кардам, ки танҳо ношто накунам. Албатта, Мерседес (ҳамсараш) маро мегуфт, ки ҳаромзода ҳастам".

Бале, вай ҳатто мубоширату ишқварзӣ бо маъшуқаҳои фоҳишаашро, ки китоберо ҳам ба онҳо бахшидааст, аз алами танҳоӣ номидааст.

Вале ӯ рафт аз ин олам ва боз даҳсолаҳову садсолаҳо мегузаранд ва гумон намекунам каси дигаре мисли ӯ танҳоиро тавонад бинвисад. Гумон аст. Ҳамчуноне Урун Куҳзод мегӯяд, "инсон ҳамеша дар байни инсонҳост. Вале баъзан андешаҳое дорад, ки миёни одамон ифода карда наметавонад. Яъне, одам дар баробари он ки дар байни ҷомеа зиндагонӣ мекунад, вале боз андешае дорад, ки гумон мекунад дигарон надоранд ва ё дигарон онро қабул намекунанд. Аммо Маркес муваффақ шудааст, ки ин танҳоиро кушояд".

Маркес  ба Тоҷикистон тавассути Урун Куҳзод ворид шуд

Дар Тоҷикстон аз миёни ҳамаи шоҳасарҳои Габриэл Гарсиа Маркес танҳо се роману як қиссаи ӯ тарҷума ва нашр шудаанд: "Хазони умри Одамхудо", "Сад соли танҳоӣ", "Ба полковник касе наменависад" ва "Одами хеле пире, ки болҳои бузург дорад". "Хазони умри Одамхудо" соли 1983 интишор ёфт ва муаллифи тарҷума нависандаи маъруф Урун Куҳзод буд. Ба дигар маънӣ устод Куҳзод аввалин касе буд, ки баъди ошноӣ бо ин романи аҷоиб тасмим гирифт хонандаи тоҷикро бо он ошно созад. Ва ҳақ бар ҷониби шоири шинохта Сиёвуш Ҷунайдӣ, ки дар саҳифаи фейсбуки худ он рӯзи азои Маркес навишт: "Мо тоҷикон (шахсан ман) албатта, мадюни устоди азиз Куҳзод ҳастем, ки чӣ бамавқеъ моро бо осори ин адиб ошно кард".

Абдуғаффори Абдуҷаббор низ ба хизмати беназири Урун Куҳзод ишора мекунад ва дар сарсуханаш ба китоби "Сад соли танҳоӣ" менависад: "Шоистаи зикр мешуморам ва обрӯю хушбахтии адабиёти тоҷик медонам хидмати бебаҳои нависандаи маъруф устод Урун Куҳзодро дар ҷодаи ошно намудани эҷодиёти Маркес ба хонандаи тоҷик. Ман тарҷумаи романи "Хазони умри Одамхудо"-ро дар назар дорам, ки эшон тайи солҳои 1968-1975 басо равону зебо ва шоирона ва айни замон услубан дақиқ, тобишу оҳангаш нишонрас анҷом додаанд. Мавридаш аст қайд намоем, ки Гариэл Гариса Маркес романи "Хазони умри Одамхудо"-ро дар эҷодиёташ дар мақоми аввал гузоштааст ва изҳори боварӣ карда, ки маҳз тавассути ҳамин асар ӯро бақои умр насиб хоҳад гашт".

Устод Куҳзод сабаби рӯ овардан маҳз ба романи "Хазони умри Одамхудо"-ро ин гуна шарҳ дод: "Ман "Сад соли танҳоӣ"-ро ҳам хондам, "Ба полковник касе наменависад"-ро низ хондам. Вале "Хазони умри Одамхудо" аз чанд ҷиҳат ба ман наздик буд. Дар бораи диктаторҳои олам китобҳо хеле зиёд иншо шудаанд, аммо диктатори офаридаи Маркес сурати ҷомеи тамоми диктаторҳои олам аст. Яъне, образи ҳамаи онҳоро Маркес дар як асар таҷассум кардааст. Вақте масъалаеро мехоҳад ҳалл кунад, чорчӯбаи муҳокимаронии маъмулии худро вайрон мекунад. Сабаби дигар шояд он буд, ки ман тарҷумони касбӣ нестам ва барои тарҷумаи як романи Маркес вақти зиёд даркор буд. Вале мо саргарми корҳои худ будем, дар матбуот фаъолият доштем, худамон баъзе чизҳо эҷод мекардем. Аз сӯи дигар алоқамандие, ки дар ман баъди хондани "Хазони умри Одамхудо" пайдо шуд, аз мутолиаи асарҳои дигари ин адиб пайдо нашуд".

Урун Куҳзод ҳамчунин гуфт, аслан ба тарҷумаи "Хазони умри Одамхудо" замоне даст зад, ки муддате бекор монда буд. Ва чун онро комил ба анҷом расонд ва пешниҳод кард, чоп накарданд. Сабаб он буд, ки он замон нашриётҳо тибқи нақшаи қаблан тарҳрезишуда китоб интишор медоданд ва мебоист аввал навбат мегирифтанд ва баъд иқдом ба чоп мекарданд. Ва чун китоб тарҷума шуд, Тоҷикистон нашриёти зиёд ҳам надошт, ки агар яке рад кунад, дигаре қабул намояд.

"Сад соли танҳоӣ"

"Ман баҳсе бо профессорони адабиёт дар Куба доштам. Онҳо мегуфтанд: "Сад соли танҳоӣ" китоби ғайриоддӣ, вале он роҳи ҳалли мушкилро пешниҳод намекунад. Ба онҳо гуфтам, ки китобҳои ман вазъро тасвир мекунанд, вале онҳо набояд роҳи ҳалро пешниҳод кунанд".

Ин асаре, ки барои Маркес шуҳрати ҷаҳонӣ овард ва баъдан ба даҳҳо забони дунё тарҷума ва нашр гардид, тавассути тарҷумони босалиқа Абдуғаффори Абдуҷаббор дар фосилаи замонии ҳудудан сӣ сол аз романи "Хазони умри Одамхудо" ба хонандаи тоҷик расид. Ҳамон шоҳасаре, ки аз назари мутарҷим  тӯли се даҳсолаи охири асри ХХ "то ин ҳад таваҷҷуҳи  нақди адабиро ба худ ҷалб карда натавониста буд". Ё ба қавли яке аз шинохтатарин мунаққидони Колумбия Алваро Делгадо "Сад соли танҳоӣ" дар таърихи суханофаринии ин кишвар "чун асари ҳақиқатан миллӣ, халқӣ дар зумраи арзишҳои фарҳангии умумибашарӣ зуҳур кард".

Дар сарсухани худ ба китобе, ки соли 2011 мураттаб аз се асари Маркес интишор додааст, Абдуғаффори Абдуҷаббор бештар ба суханони худи Маркес дар таҳияи "Сад соли танҳоӣ" ва "Ба полковник касе наменависад" такя мекунад. Аз ҷумла адиби оламшумул мегӯяд "Сад соли танҳоӣ" "таҷассуми шоиронаи айёми бачагии ман асту халос". Ва ё ин иқтибос дар мавриди истифода устура ва эҷодиёти шифоҳии мардум дар ин асар худи Маркес менависад, ки "Модаркалонам саргузаштҳои воҳиманокро комилан оромона ҳикоят мекард, ба ҳадде, ки гӯё бо чашмонаш дида бошад. Ман фаҳмидам, ки услуби ба худ хоси афсонагӯӣ ва образҳои пуробурангаш аз ҳама бештар барои ба ҳаққоният шабоҳат пайдо кардани ҳикоя мусоидат менамояд. Ба ин тарз такя карда, ман "Сад соли танҳоӣ"-ро офаридам.

Забони тарҷумаи ин романи машҳур басо равону содда ва ба услуби шевои қиссапардозист, ки хонандаро шавқманд ва донистани рӯйдоди саҳифаи баъдӣ мекунад ва ҳамин тавр намехоҳад китобро як сӯ гузорад. Ин хидмати тарҷумон аст, ки асарро бо забони тоҷикӣ равону шево баргардон кардааст.

Абдуғаффори Абдуҷаббор пайи ҳам се асари адиби марҳумро бо забони тоҷикӣ тарҷума кардааст, ки ҳар кадом ҷойгоҳу мақоми хоса дар эҷодиёти Маркес доранд.

Номаи видоии Габриэл Гарсиа Маркес

2 markis 3655665Шахсиятҳои маъруфе чун Маркес ғайриоддӣ марги худро пешбинӣ мекунанд. Аз сӯи дигар ҳарчанд ӯро итминон медоданд хатари саратон аз ӯ рафъ шудааст, вале медонист, ки гумон аст ин беморӣ раҳоӣ бошад, рӯзе мерасад, ки атрофиёнаш ӯро дар ҳоли видоъ дармеёбанд. Ва хеле пештар аз он ки марг суроғаш омад, як номаеро ба унвони нома видоъ иншо ва ҳатто расонаӣ кард.

Аз мутолиаи нома пайдост, ки Маркес мехоҳад муддате боз дар ҳаёт бошад, чун ҳарфҳои ногуфтаашро бигӯяд, аз ин рӯ менависад: "Агар Худованд сонияе фаромӯш мекард, ки ман зочаяки латтагинам ва ба ман каме ҳаёт мебахшид, эҳтимолан ман ҳама чизеро, ки фикр мекардам, намегуфтам; ман бештар дар бораи он меандешидам, ки мегуфтам.

Ман ашёро на бо арзишашон, балки аз рӯи моҳият ва аҳамияташон арзёбӣ мекардам.

Ман кам мехобидам, бо дарки он ки ҳар дақиқаи чашмони пӯшида ин аз даст додани шаст сонияи умр аст, бештар орзу мекардам.

Ман мерафтам, вақте дигарон аз рафтан худдорӣ мекарданд, ман бедор мешудам, вақте дигарон мехобиданд, ман гӯш мекардам, вақте дигарон ҳарф мезаданд.

Оҳ, чӣ гуна аз яхмоси шоколадӣ лаззат мебурдам!

Агар Худованди меҳрубон ба ман боз каме ҳаёт медод, ман басо оддиву хоксорона либос мепӯшидам, бо аввалин нури офтоб аз хоб мехестам ва на танҳо ҷисм, балки руҳамро урён мекардам.

Худоё, агар ман боз каме вақт медоштам, нафрату адоватамро дар ях мекӯфтам ва мунтазири намудор шудани офтоб мешудам. Ман чун Ван Гог бо ситораҳо расм мекашидам, суруди Бенедет-тиро хонда, орзу мекардам ва суруди Серра беҳтарин таронаи маҳтобии ман будӣ. Ман бо ашки худ гулҳоро таҳорат медодам, то ин ки дардро аз хори онҳо бигазам.

Ман ба одамон исбот мекардам, ки онҳо ҳақ нестанд, вақте мегӯянд дар пирӣ дӯст доштанро бас мекунанд, баръакс онҳо аз он пир мешаванд, ки қатъи муҳаббат мекунанд!

Ба кӯдак бол мебахшидам ва худ ба ӯ парвоз карданро ёд медодам. 

 Ман ҳам аз шумо зиёд омӯхтам, одамон.

Ман фаҳмидам, ки ҳар кас мехоҳад дар қуллаи куҳ зиндагонӣ кунад, ин дар ҳолест, ки хушбахтии асосӣӯро дар нишебӣ интизор аст. 

Ман фаҳмидам, ки вақте навзод бори аввал ангушти падарашро бо панҷаҳои бисёр хурдаш меқапад, вай тамоми умр аз он медорад.

Ман дарк кардам, ки инсон танҳо вақте ҳақ дорад ба дигаре аз боло ба поён бингарад, ки мехоҳад барояш кӯмак расонад, ки ба пой бархезад.

Ман аз шумо бисёр омӯхтам, вале агар ҳақи гапро бигӯям, аз ин ба ман фоидаи хеле кам аст, зеро сандуқро пур кардаву мемирам..."

Таҳияи Бобоҷони Шафеъ, «Рӯзгор»

Бознашразҳафтаномаи «Рӯзгор» №18, 07 майисоли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ


RuzgorPlast-banner 1