ВАЗИРОН Э. РАҲМОНРО БА САФАРИ БЕЛГИЯ ДАЪВАТ КАРДАНД
04.05.2012 21:45
1286
Тарафҳо вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистон, равобит бо Узбакистон ва интихоботи соли 2013-ро баррасӣ карданд. Муовини сарвазир ва вазири корҳои хориҷии Белгия Дидйе Рейндерс, ки пас дидор бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ...
РАҲМОН БА МАРОСИМИ ТАҲЛИФИ ПУТИН ДАЪВАТ НАШУДААСТ
04.05.2012 21:37
1213
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар маросими таҳлифи (савгандёдкунӣ) Владимир Путин, раиси ҷумҳурии мунтахаби Русия, ширкат нахоҳад кард. Тибқи иттилоъи манобеъи Вазорати умурои хориҷаи Тоҷикистон, барои ширкат дар ин маросим аз сӯйи Русия даъватнома ворид нашудааст. Ба ин далел ҳеҷ касе аз мақомоти баландпояи Тоҷикистон барои ширкат дар ин маросим озими Маскав ....
МАСЪАЛАИ ПОЙГОҲИ РУСИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН ҲАЛ ШУДААСТ?
03.05.2012 16:22
1112
Вазири дифои Русия мегӯяд, ба ҳадси ӯ, масъалаи ҳузури ҳарбии Русия дар Тоҷикистон ҳалли барои тарафҳо қобили қабулро пайдо хоҳад кард. Анатолий Сердюков ба хабаргузории "Интерфакс" гуфтааст, "дар ҷараёни мулоқоти дуҷониба, рӯзи 24-уми апрел ...
ҶУНБИШИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН САБТИ НОМ НАШУД
03.05.2012 16:20
1267
Вазорати адлияи Тоҷикистон санадҳои пешниҳодкардаи Ҷунбиши миллӣ барои сабти номи расмиро нокомил хонд. Қиёмиддин Шоев, масъули ин созмон ба мо гуфт, вазорати адлия ҳуҷҷатҳои Ҷунбиши миллиро имрӯз, 3 май қабул накард, зеро барои он се ҳуҷҷати дигар, аз ҷумла қарори анҷумани муассисон намерасад.
АЪЗОИ ПАРЛУМОНИ АВРУПО БА ДУШАНБЕ МЕОЯНД
03.05.2012 10:34
1256
Намояндагии Осиёи-марказии Парлумони Аврупо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 то 5 маи соли 2012 ташриф меоранд. Ба ҳайати намояндагӣ 9 нафар вакилони Парлумони Аврупо (ПА) шомиланд, ки намояндагони гуруҳҳои асосии сиёсии Парлумони ...
ЧАНД МУШКИЛАИ МУҲИТИ ФИКРИИ ТОҶИКИСТОН Ё ЧАРО БА МАВҚЕИ МИЛЛӢ НАМЕРАСЕМ? - 4
02.05.2012 11:09
2142
Мушкили дигаре, ки гоҳо дар фазои фикрии сиёсӣ ба чашм мерасад, фарқ нагузоштан байни мафҳумҳои «давлат» ва «ҳукумат» ва ё сӯиистифода аз омезиши ин ду мафҳуми калидӣ мебошад. Ин омезиш боис мешавад, ки мо моҳияти мавқеи ҳамдигарро ...
ИСЛОМ НЕ, МУСАЛМОНҲО БА ҲИЗБ НИЁЗ ДОРАНД
01.05.2012 15:28
2078
Дар ҳафтаномаи “Фараж”, аз 25.04.12 мақолаеро бо номи “Тӯраҷонзода: Ислом ба ҳизб ниёз надорад” хонда, дар таъаҷҷуб мондам. Худоё! Рӯзҳои охир чизе нанавишта будам... Зери мақола назар кардам, ки муъаллифи он Салим Содирзода будааст.
ХУРӮҶИ НИРӮҲОИ НИЗОМИИ НАТО АЗ АФҒОНИСТОН ВА ПЕШОМАДҲОИ ОН БАРОИ ТОҶИКИСТОН
01.05.2012 15:21
1562
Чӣ тавр вазъият дар Афғонистон пас аз хуруҷи нирӯҳои низомии НАТО тағир меёбад ва он чӣ гуна ба Тоҷикистон асар дорад, бисёриҳоро ба андеша меорад. Доир ба ин мавзӯъ ақидаҳои худбинонаи зиёде мавҷуданд, ва дар баробари он хатарҳои ҳақ ...
ХУРӮҶИ НИРӮҲОИ НИЗОМИИ НАТО АЗ АФҒОНИСТОН ВА ПАЁМАДҲОИ ОН
29.04.2012 23:03
2697
Бо ибтикори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ ва Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Афғонистон дар Душанбе таҳти унвони «Хурӯҷи нирӯҳои низомии НАТО аз Афғонистон ва паёмадҳои он» як конференсияи илмӣ баргузор гардид ...
ЧАНД МУШКИЛАИ МУҲИТИ ФИКРИИ ТОҶИКИСТОН Ё ЧАРО БА МАВҚЕИ МИЛЛӢ НАМЕРАСЕМ? - 3
29.04.2012 22:32
2696
Падидаи дигаре, ки рӯи фазои фикрӣ ва ҷамъиятии мо таъсири зиёд дорад, вуҷуди андаке ифрот дар ҷамъгароӣ ва якнавохтсозист. Яъне, мо бисёр мехоҳем ҳамаи афроди ҷомеа бо ҳам монанд бошанд, як хел фикр кунанд, мисли мо биандешанд ...
ФАТТОҲ САИДОВ: "АЗ ҚАЗИЯИ ҶӮРАЕВ ҲАНГОМА МЕСОЗАНД"
27.04.2012 08:49
1291
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, сарвари собиқи корхонаи кимиёи Исфара ва вакили маҷлиси Суғд дар озодӣ аст. Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бар фасод ба мо гуфт, расонаҳои Тоҷикистон аз қазияи мазкур "ҳангома" месозанд ...
ДУШАНБЕ АЗ МАСКАВ ЧӢ МЕХОҲАД: ЭҲТИРОМ, ИМТИЁЗ Ё ПУЛ?
26.04.2012 16:13
1266
То ҳол ҷузъиёти гуфтугӯи Сергей Лавров бо мақомоти тоҷик дар бораи пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон рӯшан нест. Баробари анҷоми сафари вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров, ба Душанбе хабарнигорону коршиносон дар пайи маълумоте мегарданд, ки оё ҷузъиёти гуфтугӯ бар сари тамдиди пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон аз чӣ иборат ....
ЧАНД МУШКИЛАИ МУҲИТИ ФИКРИИ ТОҶИКИСТОН Ё ЧАРО БА МАВҚЕИ МИЛЛӢ НАМЕРАСЕМ? - 2
26.04.2012 09:58
2233
Мушкилаи мушобеҳи дигаре, ки муҳити илмию фикрии мо гоҳо бо он рӯ ба рӯст, то ҳадде «сиёҳусафед» боқӣ мондани дидгоҳи фикрӣ ва нигоҳи сиёсии бахше аз мост. Моҳияти аслии ин навъи нигоҳ, яъне тафаккури «сиёҳусафед», дар он аст, ки ҳангоми муносибат ...
КАБИРӢ: «ИҚДОМҲОИ ЗИДДИ ҲНИТ МУҚОБИЛИ РАҲМОН НИГАРОНИДА ШУДААНД!»
26.04.2012 09:44
1671
Наҳзат як ҳизби маъмулӣ нест, он бештар як ҳаракат аст, ки дар қолаби ҳизб амал менамояд. Вақте таҳлилгарон мегӯянд, ки нерӯи имрӯзаи наҳзат аз заъфи ҳукумат ва ё аз заъфи ҳизбҳои оппозитсионии дунявист, ин қисман дуруст аст. Вале як чизро ба инобат намегиранд ...
ЛАВРОВ: ТОҶИКИСТОН БА ҲУЗУРИ НЕРӮҲОИ РУСИЯ АЛОҚАМАНД АСТ
24.04.2012 20:17
1295
Вазири хориҷаи Русия гуфт, ки Тоҷикистон ба вуҷуди пойгоҳи низомӣ ва дигар таъсисоти низомии Русия дар ин кишвар алоқаманд аст. Ба гуфтаи Сергей Лавров, ягонҳои пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон ба нерӯҳои вокуниши сареъи Созмони Паймони Амнияти ...
















