Ҳоҷӣ Исмоили ПИРМУҲАММАДЗОДА: «Марги Султони Ҳамад фарҳангӣ буд»
Ҳоҷӣ Исмоили Пирмуҳаммадзода – олими барӯманд, шахсияти шинохта рӯзи панҷшанбеи гузашта ба манзили устод Султони Ҳамад ташриф оварданд, то соатеро бо пайвандони марҳум сипарӣ кунанд. Ин марди нуронӣ ва ин олими хушбаён ва сухандон ҳарфҳое ба забон оварданд, ки барои фарзандону дӯстони устод Ҳамад мояи ифтихор буд.
Мо сабти садои ишонро худи ҳамон рӯз дар сомона гузоштем ва ҳоло бо хоҳиши зумрае аз дӯстон, ки имкони шунидани навори савтӣ надоштанд, он суханонро айнан рӯйи коғаз овардем, ки ин ҷо мегузорем.
Ҳоҷӣ Исмоили Пирмуҳаммадзода гуфтанд: Имрӯз Султони Ҳамад моро тарк гуфт. Бисёр як шахсияти аҷоиб буд ва дар журналистикаи тоҷик хизматҳои бисёр калон дорад. Якҷоя бо ғуруби моҳи шарифи Рамазон ин кас ҳам моро тарк гуфт.
Ҳоҷӣ Исмоили ПИРМУҲАММАДЗОДА: «Марги Султони Ҳамад фарҳангӣ буд»