ШАЙТОНРО ДИДАМ, КИ ҒУРУР, ҲИРС, КИНА, ДУРӮҒ МЕФУРӮХТ…
Дирӯз шайтонро дидам дар наздикии бозор чизҳояшро паҳн карда буд ва фиреб мефурӯхт. Мардум гирдаш ҷамъ шуда буданд. Ғулғулае ба по карда буданду ҳар касе чизе мехарид.
Дар суфрааш ҳама чиз буд, ғурур, ҳирс, кина, дурӯғ, хиёнат ва ғайра. Ҳар кас чизе мехарид ва дар муқобилаш чизе медод. Баъзеҳо порае аз қалбашонро медоданду баъзеҳо порае аз рӯ ҳашонро, баъзеҳо имонашонро медоданду баъзеҳо озодагиашонро ва шайтон механдиду даҳонаш буи ҷаҳаннам мекард ва дилам беҳузур мешуд. Мехостам ҳамаи нафратамро бар рӯ яш туф кунам. Мисли инки фикри маро хонда буд, ки муаддабона гӯфт:
«Ман ба касе кор надорам. Ман дар ҳамин кунҷак васоиламро паҳн кардаам ва оромона замзама мекунам. Ман касеро маҷбур намекунам, ки аз ман чизе бихарад. Мебинӣ, ки одамҳо худашон гирди ман ҷамъ шудаанд».
Ман ба ӯ ҷавоб надодам. Сарашро наздики ман оварду гуфт: «Аммо ту бо инҳо фарқ дорӣ. Ту одами бо имон ва доно ҳастӣ. Имон ва илм одамро наҷот медиҳанд. Инҳо содаанду гурусна, барои ҳамин зуд фиреб мехӯранд».
Шайтонро бад медидам, аммо идомаи суханонаш ширин буд, барои ҳамин гузоштам гапаш тамом шавад ва ӯ фақат гап мезад. Бештар маро таъриф мекард. Дар пеши суфрааш соатҳо нишастам, ки ногоҳ чашмам ба қуттии ибодат афтод. Шайтон мехост ибодатро ҳам бифурӯшад. Фикр кардам ки ҳоло як бор ман аз шайтон як чиз медуздам. Бигзор ин дафъа ӯ фиреб бихӯрад.
Пинҳонӣ аз шайтон он қуттиро гирифтам ва дар ҷебам пинҳон кардам. Аз онҷо бархостам ва ба хона омадам. Дари қуттиро боз кардам ва дидам ки дар дохилаш ба ҷуз ғурур чизи дигаре нест. Фаҳмидам, ки фиреб хӯрдаам. Қуттӣ аз дастам афтод, даст рӯи дилам гузоштам дидам дилам нест. Фаҳмидам ки дар канори суфраи шайтон мондааст. Ба сӯи ӯ давидам. Дар тӯли роҳ фақат ӯро нафрин мекардам. Лаънаташ мекардам, мехостам гаррданашро бишканам.
Аммо вақте расидам, ки ӯ набуд. Онгоҳ нишастам ва зор-зор гиря кардам. Аз Худо бахшиш пурсидам. Ба шайтон лаънат гуфтам ва ашкҳоям, ки тамом шуд аз ҷоям хестам ва хостам бе дилам ба хона баргардам. Ногоҳ садои ошноеро шунидам. Садои дилам буд. Худованд чун нолаҳоятро шунид маро ба сӯи ту боз гардонд, аммо ту бояд ҳушёр бошӣ. Ман бе ихтиёр сар ба саҷда гузоштам ва бори дигар гиря кардам ва аз меҳрубонии худо, аз раҳму шафқаташ ва аз гузашташ ташаккур кардам.
Аз он пас ҳеҷ гоҳ намехоҳам аз шайтон чизе бишнавам, чи расад ба ин ки бидуздам.
Хонандаи азиз, шайтон баъзе вақтҳо ба воситаи илму дониш ва ибодатҳоямон моро мефиребад. Дониш ва ибодат гоҳе вақтҳо инсонро мағрур мекунанд. Шайтон ҳам аз ҳар кас бо ҳар роҳ истифода мекунад. Дар достонҳо ва ривоятҳо бисёр хондаем ва шунидаем, ки гоҳе ибодат ва илм ҳам мавриди истифодаи шайтон қарор гирифтааст. Пас дар ҳар ҳолат бояд эҳтиёт кард.
Бобоҷони Қаюмзод
-
22.03.2026 15:28
447
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
22.03.2026 15:27
428
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
560
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
06.05.2026 14:20
315
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
350
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
407
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
231
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
956
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
987
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
687
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1370
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2296
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
24.05.2026 11:42
111
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон
-
08.05.2026 19:20
262
“Риояи қонунгузориҳо оиди ҷавонон ва ноболиғон зери назорат аст”
-
08.05.2026 19:18
289
“Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон!”
-
18.05.2026 19:15
185
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
19.04.2026 14:28
350
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
-
19.03.2026 23:09
538
«Наврӯз - ҷаҳонпаҳлавони миллати мост!»
-
10.12.2025 16:56
873
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1189
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1138
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2279
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2341
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3374
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
505
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1857
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
1999
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
968
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1154
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1126
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
04.06.2026 12:50
248
Чемпионати ҷаҳонии футбол 2026
-
24.05.2026 11:44
77
Дастгирии ҷавонон - афзалияти сиёсати давлатии Пешвои миллат
-
08.05.2026 19:22
274
“Хизмат ба Ватан фарз аст!”
-
01.06.2026 12:36
186
Номае ба биҳишт: Зодрӯзи Фариштаи ман дар иди кӯдакон
-
20.07.2025 13:08
1346
Аз зиндагии доштаатон лаззат баред!
-
07.10.2019 10:46
4394
Гулханди ғунчаҳо











































Шарҳҳо
Одам аз бебасари бандаги одам кард,
Гавхаре дошт вале назри Кубоду чам кард.
Яне аз хуи гуломи зи сагон хортар аст,
Ман надидам саге, ки пеши саге хам кард.
RSS Обуна