17:16
бо вакти Душанбе
19-уми Майи 2012 сол
 

Обу ҳаво

Хазина

ДшСшЧшПшҶмШЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031     
ПОДШОҲИ ЯҲУД ВА МАСЕҲИЁНИ БЕГУНОҲ
Мақолаҳо - Ғунчаҳои умед
05.10.2011 08:59

Буд шоҳе дар ҷуҳудон зулмсоз,

Душмани Исою насронигудоз.

/images/stories/podshoh_2011.jpgПодшоҳи яҳудӣ бо ҳазрати Исо (а) сахт душманӣ дошт ва масеҳиёнро бо гуноҳи дӯстӣ бо Исо (а) аз дами теғ мегузаронид. Ин подшоҳ дубин буд, чаро ки Мӯсо ва Исоро дутоӣ медид, дам аз Мӯсо (а) мезад ва бо Исо (а) душманӣ меварзид, дар ҳоле ки он ду ба ростӣ яке буданд ва як ҳақиқатро мегуфтанду роҳашон яке буд, ҳарду дам аз ибодат ва бандагии Худо мезаданд ва мардумро ба ӯ мехонданд.

Ин шоҳи яҳудиро вазире буд, маккору ҳилагар, рӯзе ба шоҳ гуфт:

Гуфт: тарсоён паноҳи ҷон кунанд,

Дини худро аз малик пинҳон кунанд.

Масеҳиён дини худро аз малик пинҳон медоранд ва аз марг ҷон ба саломат мебаранд. Барои он ки онҳоро хуб бишносӣ, ман худро масеҳӣ ва пайрави ойини Исо (а) мехонам, ба миёни онҳо меравам ва оҳиста-оҳиста бо мурури замон роҳбари онҳо мегардам, пас ҳар кадоми онҳоро хуб хоҳам шинохт. Он гоҳ миёни онҳо тафриқа андохта, онҳоро ба чанд фирқа ва ё гурӯҳ ҷудо намуда, эшонро ба ҷони ҳам меандозам, то аз дарун заиф ва нотавон гарданд. Пас чун ту бар онҳо ҳуҷум оварӣ, аз эшон як тан боқӣ нагузорӣ:

Гуфт: Ӣэй шаҳ гӯшу дастамро бибур,

Биниам бишкофу лаб дар ҳукми мур.

Баъд аз он дар зери дор овар маро,

То бихоҳад як шафоатгар маро.

Шоҳ ба хости вазир, дастур дод, то гӯшу дасти вайро буриданд ва биниашро шикофтанду ба зери дор оварданд, он гоҳ бо миёнҷигии касе раҳояш карданд. Вазир бо ин найранг ба миёни масеҳиён рафт ва онҳо низ ӯро ба гумони ин ки ёре ниҳоят бо сабру тоқат ва дар роҳи дини масеҳ шиканҷа дидааст, ба гармӣ пазируфтанд ва дар атрофи ӯ ҷамъ омаданд.

Вазир шаш сол миёни онҳо монд ва назди онҳо мақому манзалати баланд ҳосил намуд, он гоҳ фитнагарӣ ва ихтилофандозиро оғоз кард ва миёни масеҳиён он миқдор, ки мехост тухми тафриқа ва низоъро пароканд. Онҳоро ба чанд гурӯҳ тақсим кард ва бар ҳар гурӯҳ амире аз байнашон ниҳод. Ӯ дар пинҳонӣ бар ҳар кадоми аз амирон гуфт, ки ҷонишини ман ту ҳастӣ ва ҳукми ҷонишинии худро ба ҳар яке аз онҳо дод. Сипас ҳар як аз ин амирон бо ҳаводорони худ дар баробари якдигар истоданд ва сахт биҷангиданд:

Хун равон шуд ҳамчу сел аз чапу рост,

Кӯҳ-кӯҳ андар ҳаво з-ин гард хост.

Мавлоно Румӣ бо овардани ин ҳикоят барои ҳар як хонанда гӯшзад ва панд доданист, ки душмани берунӣ танҳо дар сурате метавонад бар мардум ғолиб ояд, ки миллат ваҳдату ҳамбастагии худро аз даст бидиҳад ва дар баробари ҳам ба ҷангу низоъ бархезанд, ки агар чунин шавад, душман бе ҳеҷ заҳмате ба мақсади хеш хоҳад расид ва ин тадбирест, ки душманон аз дер боз андешидаанд, ки: "тафриқа андозу ҳукумат кун".

Таҳияи Бобоҷони Қаюмзод

Миқдори нигориши мавод: 531

Назарҳо  

 
0 #2 Rahmt 20.04.2012 12:01
салом
ҳукумат бо куфр пойдор аст вале бо зулм фру мерезад
Иқтибос
 
 
+2 #1 05.10.2011 20:23
(Яхудиён) (Сахюнистон) душманон бе ҳеҷ заҳмате ба мақсади хеш хоҳанд расид ва ин тадбирест, ки душманон аз дер боз андешидаанд, ки: "тафриқа андозу ҳукумат кун".
Иқтибос
 

Илова


Рамзи махфӣ
Refresh