02:37:38 16-уми Июни 2025 сол
ДАР ТОҶИКИСТОН 3500 НАФАР БА СПИД ГИРИФТОРАНД 20.05.2012 09:42 1073
Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар ҳамоише ёдоварӣ шуд, ки дар даҳсолаи ахир дар Тоҷикистон 500 нафар аз бемории AIDS ё СПИД даргузаштаанд. Дар ҳамоиш намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ЮСАИД, пизишкону кормандони беморхонаҳои Душанбе ва марказҳои мубориза бо СПИД ва бемориҳии сил ширкат доштанд.
УМЕДВОРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ БОНКИ ҶАҲОНӢ БАРОИ ТАРҲИ РОҒУН 20.05.2012 09:40 1060
Тоҷикистон умедвор аст, ки Бонки Ҷаҳонӣ расидагӣ ба тарҳи сохтмони ниругоҳи барқи обии Роғунро то моҳи феврали соли 2013 ба поён мерасонад.
БОНКИ ҶАҲОНӢ ДАР ТАЪЛИМИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК КӮМАК МЕКУНАД 20.05.2012 09:39 985
Бино ба хабари “Азия-Плюс”, Бонки Ҷаҳонӣ изҳори омодагӣ кардааст, ки дар таълими муҳоҷирони кории тоҷик қабл аз муҳоҷират кӯмак хоҳад кард.
БАҲСИ ЭРОНУ СУРИЯ ДАР МУЗОКИРОТИ РАҲБАРОНИ G8 19.05.2012 19:49 1025
Раисиҷумҳури Амрико дар Кемп Девид аз раҳбарони 8 кишвари пешрафтаи саноатии ҷаҳон ё G8 истиқбол кард. Дар Кемп Девид мулоқоти дурӯзаи раҳбарони ин кишварҳо баргузор мешавад ва зоҳиран дар ин мулоқот буҳрони қарзии Юнон ва буҳрони қаламрави ...
ҒОРАТИ МАСОЛЕҲИ РОҒУН. АЗ МАҚОМДОРОН ТО КОРГАРИ ОДДӢ 18.05.2012 22:22 1159
Мақомоти тоҷик як сокини шаҳри Ваҳдатро ба иттиҳоми дуздии масолеҳи сохтмони нерӯгоҳи Роғун боздошт кардаанд. Бино ба маълумоти вазорати умури дохилӣ, ЗайдуллоТолибови 41-сола, ки ронандаи нақлиёти сементкашии ҳамин нерӯгоҳ мебошад, аз чанд муддат ба ин тараф масолеҳи вобаста ба ин нерӯгоҳро ба яғмо мебурдааст.
РАҲМОН БА ПУТИН ГУФТ, ДАР БАЪЗЕ МАСЪАЛАҲО ТАФОҲУМ ЗАРУР АСТ 16.05.2012 07:46 1099
Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар посух ба сипосгузории ҳамтои руси худ Владимир Путин дар масъалаи ҳимоят аз кори пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон гуфт, байни ду кишвар ягон масъалаи ҳалношуда вуҷуд надорад ва дар кори пойгоҳи ҳарбии Русия низ ягон мушкиле дар миён нест.
БОЗДОШТИ ШАШ ЗАН БА ЗАННИ КӮДАКФУРӮШӢ ДАР ЯК МОҲИ АХИР 16.05.2012 07:45 1155
Масъулони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯянд, ки рӯзи 14 май ду занро ба иттиҳоми "фурӯш ва хариди кӯдак" боздошт кардаанд. Бар асоси иттилоъи ин вазорат, ин севумин ҳодисаи боздошти занон ба занни даст доштан дар фурӯши кӯдак дар тӯли як моҳи ...
ПОКИСТОН РОҲРО БА РӮИ НАТО БОЗ МЕКУНАД 15.05.2012 14:33 1075
Покистон ба НАТО иҷозат медиҳад, то барои икмолоти нерӯҳояш дар Афғонистон, аз хоки ин кишвар истифода кунад. Ҳино Раббонӣ Кҳар, вазири умури хориҷии Покистон рӯзи душанбе гуфт, ки кишвараш ба ин натиҷа расидаст, ки роҳҳои икмолоти ба рӯи нерӯҳои ...
ҲХДТ АЗ ТАФТИШИ ДОДСИТОНӢ "СОФ" БАРОМАД 14.05.2012 20:39 915
Додситонии кулл санҷиши фаъолиятҳои молиявии Ҳизби халқӣ – демократии Тоҷикистонро ҳам ба охир расондааст. Усмон Солеҳ, масъули ҳизб ба мо гуфт, ин санҷиш ҳудуди як моҳ тӯл кашид ва чанд камбудии хеле кӯчакро марбут ба коргузорӣ ошкор кард.
ДАР УЗБАКИСТОН БА НАЗДИКИИ МАРКАЗИ ЗИЛЗИЛА БО РОҒУН ИШОРА КАРДАНД 14.05.2012 08:35 1087
Дар Узбакистон заминҷунбии субҳи рӯзи якшанбе дар Тоҷикистон то 4 дараҷаи ҷадвали Рихтер ҳис шуда ва нашрияҳои ин кишвар наздикии маркази онро ба Роғун далели нигарониҳои худ номидаанд.
“АМИР”-И ҲИУ ДАР ҚУБОДИЁН БОЗДОШТ ШУДААСТ 10.05.2012 19:50 1133
Раёсати умури дохилии Хатлон гуфт, "амир"-и Ҳаракати Исломии Узбакистон дар ноҳияи Қубодиён боздошт шудааст. Як манбаъ дар ин раёсат ба мо гуфт, Зилмурод Эшонхонови 39-сола, "амир"-и Ҳаракати Исломии Узбакистон дар Қубодиён бо ду ҳамсафи ...
ДОДСИТОНИИ КУЛ ҲИЗБИ ШОДӢ ШАБДОЛОВРО ҶАРИМА БАСТ 10.05.2012 12:40 1038
Додситонии кулли Тоҷикистон Ҳизби коммунистро барои риоя накардани шароити қонуни андоз ба маблағи 2 ҳазору 641 сомонӣ ҷарима бастааст. Дар ин бора намояндагони Ҳизби коммунисти Тоҷикистон иттилоъ дода ва гуфтанд, ки ин ҷаримабандӣ дар пайи ...
ҲАЛОКАТИ ЯК КОРМАНДИ МИЛИСА АЗ ЗАРБАИ БАРҚ 08.05.2012 23:24 943
Имрӯз аз зарбаи барқ як корманди раёсати умури дохилии вилояти Хатлон ба ҳалокат расида, ду нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Хабаргузории “Азия-плюс” навиштааст, ки ин ҳодиса субҳ ҳангоми сафороии кормандони милиса дар ҳавлии раёсати вилоятӣ рӯх додааст.
ТОҶИКИСТОН ИНТИҚОЛИ БАРҚ БА АФҒОНИСТОНРО АЗ САР ГИРИФТ 08.05.2012 23:23 882
Тоҷикистон интиқоли барқи худро барои Афғонистон аз тариқи хатти баландшиддати "Сангтӯда-Пули Хумрӣ" пас аз таваққуфи якҳафтаина шурӯъ кардааст.
ДАЪВОИ ДОДГОҲИИ ҲНИТ ЗИДДИ ДОДСИТОНИИ КУЛЛ 08.05.2012 09:08 727
Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯи ҲНИТ гуфт, ки ҳадаф аз даъво алайҳи додситонӣ, муайян кардани қонунмандии санҷиши фаъолияти ин ҳизб аз сӯи додситонӣ аст, ки аз моҳи январ то марти соли ҷорӣ ҳам дар созмонҳои ноҳиявию вилоятӣ ва ҳам дар дафтари марказии ҳизб баргузор гардид.

sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854