20:12:59 15-уми Июни 2025 сол
ДОДСИТОНӢ: ДАР БОРАИ "МОВАРОУННАҲР" МАҚОЛА НАНАВИСЕД 04.05.2012 21:33 987
Додситонии кулли Тоҷикистон аз ширкати сохтмонии “Мовароуннаҳр” дархост кардааст, ки матбуот дигар дар бораи ин ширкат мақолаҳо ба нашр нарасонад.
МАНЪИ ФАЪОЛИЯТИ МАСҶИДИ ҶОМЕЪИ "МУҲАММАДИЯ" 03.05.2012 16:17 1097
Додгоҳи ноҳияи Ваҳдат фаъолияти масҷиди ҷомеи «Муҳаммадия» - и ноҳияи Ваҳдатро манъ кард. Ҷамшед Ёров, вакили дифои муассисони «Муҳаммадия» гуфт, додгоҳ дар ин масҷид адои намозҳои панҷгонаро иҷозат дод ва гузоштани намози ҷумъаро манъ кард.
ГЕНЕРАЛИ АМРИКОӢ АЗ ДИДБОНГОҲИ САРҲАДИИ ПАНҶИ ПОЁН ДИДАН КАРД 03.05.2012 10:32 825
Дирӯз, 2-юми майи соли 2012, генерал Вилям Фрейзер III, Фармондеҳи қушунҳои нақлиётии ИМА (USTRANSCOM) аз дидбонгоҳи сарҳадии Панҷи поён дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дидан кард. Фармондеҳии қушунҳои нақлиётии ИМА масъулияти таъмини тамоми талаботи нақлиётии вазорати дифои ИМА-ро ба дӯш дорад.
РӮЗИ ҶАҲОНИИ МЕҲНАТ - ИДЕ РӮ БА ФАРОМӮШӢ ДАР ТОҶИКИСТОН 01.05.2012 21:28 1047
Якуми май - Рӯзи ҷаҳонии меҳнат имсол низ дар Тоҷикистон бидуни шукӯҳу тантанаҳои вижа гузашт. Ягона нерӯе, ки аз ин рӯз танҳо бо баргузории як ҷаласаи идона ва табрики телефонии аъзо дар саросари кишвар таҷлил кард, коммунистҳои Тоҷикистон буданд.
ОҲАНДУЗДОНРО ДАР ДУШАНБЕ БОЗДОШТ КАРДАНД 01.05.2012 21:26 983
Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, дар шаҳри Душанбе як гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноятиро боздошт кардаанд.
БОЗ ЯК ТАРОНАИ МУАЛЛИФИ "ВВП" ДАР МАДҲИ ПУТИН 01.05.2012 21:24 969
Шоми рӯзи душанбе дар шабакаи Youtube таронаи дуввуми Толибҷон Қурбонхонов, муаллифи таронаи пурсару садои «ВВП» пайдо шуд. «Шукр худойро барои Вламидир» - суруди дуввуми ин овозхон пас аз таронаи маъруфи «ВВП» дар бораи президенти тозаинтихоби Русия Владимир Путин ба забони русӣ аст.
"АВТОСТАЙЛ" - МАҶАЛЛА БАРОИ ДӮСТДОРОНИ МОШИНҲО 01.05.2012 21:21 1014
Дар Тоҷикистон як моҳнома барои дӯстдорони мошинҳо бо номи «Автостайл» рӯи чоп омад. Афзоиши бесобиқаи худравҳо як гурӯҳ ҷавонони эҷодкорро водор кардааст то ба нашри ин маҷаллаи ранга даст бизананд.
ДИДОР БО САФИРИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ АФҒОНИСТОН 29.04.2012 22:26 1757
Сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Абдулғафури Орзу аъзои раёсати Анҷумани дӯстии Тоҷикистон ва Афғонистонро ба ҳузур пазируфт ва бо онҳо мулоқот доир намуд. Дар ин дидорбинӣ, ки бо ибтикори раёсати Анҷумани дӯстии Тоҷикистон ...
ҶАНГАНДАҲОИ АМРИКО ДАР НАЗДИКИИ МАРЗҲОИ ЭРОН 29.04.2012 14:44 1628
Чанде аз расонаҳои амрикоӣ аз истиқрори ҷангандаҳои "F-22" дар наздикии марзҳои Эрон иттилоъ додаанд. Шабакаи 'Fox News' дар гузорише эълом кард, ки нерӯҳои ҳавоии Амрико чанде аз пешрафтатарин ҷангандаҳои 'F-22'-ро дар яке аз ...
ВКД ДАР ҶУСТУҶӮИ "ДИЛДОДА"-И ПЕШИНИ ФАРЗОНА 26.04.2012 16:15 1417
Фаррух Рӯзиев, ҷавоне, ки ҳамроҳи Фарзонаи Хуршед аз додгоҳ фирор карда буд, дигарбора аз сӯи мақомот ҷустуҷӯ мешавад. Субҳи рӯзи 25-уми апрел дар ин бора яке аз хонандагони торнамои "Озодӣ" нома навишта ва гуфта буд, ки Фаррух Рӯзиев бо ҳамроҳии як нафари ...
ПАРВАНДА АЛАЙҲИ НАШРИЯИ «МИЛЛАТ» ҚАТЪ ШУД 25.04.2012 17:53 1071
Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баррасии парванда алайҳи рўзномаи «Миллат»-ро қатъ кард. Ин қарор дар ҳоле содир мешавад, ки ҳудуди як моҳ пеш додгоҳи шаҳри Душанбе баҳси Вазорати кишоварзии Тоҷикистон бо нашрияи "Миллат" -ро ба фоидаи ахирӣ ...
ОҒОЗИ ПАРВОЗҲО АЗ ХУҶАНД БА БАРНАУЛ 24.04.2012 20:00 974
Нахустин парвоз дар масири Хуҷанд-Барнаул-Хуҷанд имрӯз 24-уми апрел аз тарафи ширкати хусусии «Сомонэйр» анҷом шуд. Фурудгоҳи байнулмилалии шаҳри Барнаули Русия ҳавопаймои мусофирбари навъи Boeing-737- и мутааллиқ ба «Сомонэйр»-ро бо 148 мусофир қабул кард.
ХИСОРОТИ СЕЛ ДАР МАНОТИҚИ МУХТАЛИФИ ТОҶИКИСТОН 24.04.2012 19:58 970
Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон аз хароб шудани чаҳор манзили маскунӣ дар асари сел дар ноҳияи Истравшани вилояти Суғд хабар дод. Ҳамчунин, сел дар ин ноҳия ба беш аз 10 манзили дигар хисорот ворид карда ва се пули иртиботии миёни деҳоти Исравшанро хароб кардааст.
ПАРВАНДАИ 18 ТОҶИКИСТОНӢ ДАР РУСИЯ БА ДОДГОҲ ИРСОЛ ШУД 24.04.2012 12:52 783
Пулиси Русия мегӯяд, ки таҳқиқи парвандаи ҷиноии 18 шаҳрванди Тоҷикистонро анҷом дода ва онро барои муҳокима ба додгоҳи ноҳияи Лефуртувскийи шаҳри Маскав равона кардааст.
ИНТИХОБИ ФАРОНСАВИҲО КИСТ - ҲОЛЛАНД Ё САРКОЗӢ? 24.04.2012 08:08 871
Натоиҷи шумориши орои интихоботи Фаронса ҳокист, Франсуа Ҳолланд дар даври аввал бар Никола Саркозӣ баранда шудааст. Франсуа Ҳолланд, номзади ҳизби сотсиалист 28,63 фоиз ва Никола Саркозӣ, раиси ҷумҳури кунунии Фаронса 27,08 фоиз раъй ба даст овардаанд ва акнун дар даври дувуми интихобот, ки рӯзи 6 май хоҳад гузашт, бо ҳам ....

sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854