21:38:46 14-уми Июни 2026 сол
ҲАФТАИ АВРУПО 2011 – "ҶАВОНОН МОРО НАЗДИК МЕСОЗАНД" 02.11.2011 09:54 1282
Имрӯз, 2-юми ноябр, бо ибтикори Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон  ҷашни ҳарсолаи фарҳангии "Ҳафтаи Аврупо" дар шаҳри Душанбе шурӯъ ба кори худ карда он  то 15 ноябр идома мекунад. "Ҳафтаи Аврупо – 2011" якчанд чорабиниҳоро дар бар мегирад ...
ЛАГЕРИ “ҶАВОНОН БАРОИ ҶОМЕАИ БЕҲТАР” БА КОРИ ХУД ШУРӮЪ КАРД 02.11.2011 09:51 1290
Якумин лагери ҷавонон таҳти шиори “Ҷавонон барои ҷомеаи бехатар” аз сӯи Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ташкил карда шуд. Сӣ нафар ҷавони  синну солашон аз чордаҳ то бистсола бо ҳамроҳии даҳ нафар кормандони милитсия ва сарварони ҷомеа ...
6 НОЯБР - РӮЗИ ИДИ ҚУРБОН ДАР ТОҶИКИСТОН 01.11.2011 20:44 1246
Шӯрои уламои Маркази исломӣ рӯзи баргузории Иди Қурбонро шашуми ноябр муқаррар кардааст. Эшони Абдулбасир Саидов, муовини раиси Шӯрои уламо дар суҳбат ба Радиои Озодӣ ин хабарро таъйид кард ва гуфт, ин тасмим дар нишасти рӯзи сешанбеи аъзои ин шӯро гирифта шудааст.
ШОҲЗОДА ОҒОХОНИ IV, ПЕШВОИ ИСМОИЛИҲО ДАР ДУШАНБЕ 31.10.2011 13:06 1798
Шоҳзода Оғохони IV-пешвои исмоилиёни ҷаҳон бо як сафари серӯза вориди Тоҷикистон шудааст. Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз (31 октябр) Оғохони чаҳорум ҳамроҳ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар маросими гузоштани санги таҳдоби як пуле, ки Тоҷикистону Афғонистонро ба ҳам васл хоҳад кард, ширкат мекунанд.
АЛМОСБЕК ОТАМБОЕВ - РАИСИҶУМҲУРИ НАВИ ҚИРҒИЗИСТОН 31.10.2011 13:04 1714
Баршумурдани баргаҳои раъй дар интихоботи президентии Қирғизистон ба охир расид. Бар пояи иттилои муқаддамотии Кумиссюни марказии интихоботии Қирғизистон, дар интихобот аз номзадии Алмосбек Отамбоев каме бештар аз 63 дарсади раъйдиҳандаҳо пуштибонӣ кардаанд.
ДАР ПОКИСТОН ҲУКМИ БОЗДОШТИ ПАРВИЗ МУШАРРАФ СОДИР ШУД 30.10.2011 19:03 1792
Додгоҳи Кветта дар Покистон ҳукми боздошти генерал Парвиз Мушарраф ва Шавкат Азиз раисҷумҳур ва нахуствазири собиқи Покистонро ба ҷурми қатли Акбари Багтӣ, яке аз раҳбарони қабилае дар иёлоти Балуҷистонро содир кард.
РАҲМОН РАИСОНИ ДУ НОҲИЯРО АЗ КОР РОНД 29.10.2011 20:00 1942
Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз раисони ду ноҳияро аз мақомҳояшон сабукдӯш кард.
ТОҶИКИСТОН АЗ БЕЛОРУС 1100 ТРАКТОР МЕХАРАД 29.10.2011 19:59 1477
Мақомоти расмӣ мегӯянд, Ҷумҳурии Белорус соли оянда ба Тоҷикистон 110 трактор ворид хоҳад кард. Қарордод дар ин замина зимни сафари Александр Лукашенко ба Тоҷикистон бо арзиши 22 миллион доллар имзо шудааст.
ДАР КОБУЛ 13 САРБОЗИ АМРИКОӢ КУШТА ШУД 29.10.2011 19:58 1818
Дар пойтахти Афғонистон шаҳри Кобул, як бомбгузори маргталаб рӯзи шанбе бо инфиҷори мошини бомбгузоришудааш дар назди корвони нерӯҳои байналмилалӣ 13 сарбози амрикоиро куштааст.
АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО БА ДУШАНБЕ ОМАД 28.10.2011 15:05 1391
Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус рӯзи панҷшанбе дар раъси як ҳайати баландпоя вориди Тоҷикистон шуд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмонони белорусиро нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ва дигар мақомоти расмӣ истиқбол карданд.
САФОРАТИ ИМА МАКТАБРО БАРҚАРОР МЕКУНАД 27.10.2011 22:03 1322
27 октябри соли 2011 майор Арнел Девид, командири корҳои шаҳрвандӣ ва Уэсли Стронг, сардори гурӯҳи кӯмакрасонии ҳарбӣ-шаҳрвандӣ аз сафорати ИМА дар маросими ифтитоҳи мактаби аз нави таъмиршудаи рақами 10-и деҳаи Лоҷирки ноҳияи Тавилдара...
ХОҲИШМАНДОНИ ХИЗМАТ ДАР САФИ АРТИШ МЕАФЗОЯД 27.10.2011 20:30 1039
Аз даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ ҳамагӣ 25 рӯз сипарӣ шуда бошад ҳам, аллакай 49 – 50 фоизи нақшаи даъват таъмин гаштааст.
НОЗИЯ, МЕҲРНИГОР ВА ЗИКРУЛЛОҲ. ДАР “НЕБО СОДРУЖЕСТВА” 27.10.2011 13:52 1290
Ҷашнвораи “Небо содружества” бо иштироки овозхонҳои кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе баргузор хоҳад шуд. Олим Акрамов, раҳбари кулли ширкати “Базморо”, ки ташкили консертҳо ва сафарҳои ҳунариро бар дӯш дорад, ба хабаргузории “Азия-Плюс” гуфтааст, ки Тоҷикистонро дар ин ҷашнвора Нозияи Кароматуллоҳ, Меҳрнигори Рустам ва Зикруллоҳ Ҳакимов намояндагӣ мекунанд.
БОЗДОШТИ ГУРӮҲИ ҚОЧОҚБАРОНИ ӮЗБАК ДАР ТУРСУНЗОДА 26.10.2011 11:34 1218
Ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода, дар ғарби ин кишвар як гурӯҳи созмонёфтаи қочобари маводди мухаддир боздошт ва аз онҳо 233 килугромм маводди мухаддирро мусодира кардаанд. Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти Кумитаи амнияти миллии...
МАРШАЛ ФАҲИМ БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯД 25.10.2011 20:02 1337
Интизор меравад, рӯзи чаҳоршанбе Муҳаммадқасим Фаҳим, муовини аввали раисиҷумҳури Афғонистон вориди Душанбе шавад. Ин хабарро як манбаъ дар вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар сӯҳбат ба мо таъйид кард.