ЛАВРОВ: РУСИЯ ХОСТОРИ ҲАЛЛИ СИЁСИИ ҚАЗИЯИ ЛИБИЯ АСТ
15.04.2011 23:49
2088
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, ки кишвараш хостори хатми амалиёти низомӣ ва ҳалли сиёсиву дипломатии қазияи Либия аст.
УЛАМОИ ЯМАН ХОСТОРИ ИСТЕЪФОИ АЛӢ АБДУЛЛО СОЛЕҲ ШУДАНД
15.04.2011 23:46
1971
Дар шаҳри Санъо, пойтахти Яман, намоишҳои оммавии ҷонибдорон ва мухолифини раисиҷумҳур Алӣ Абдулло Солеҳ шурӯъ шуданд. Баъд аз намози ҷумъа ҳазорон нафар ба хиёбонҳои шаҳр рехтанд.
ВУД: "МУЛЛО АБДУЛЛО КУШТА ШУД"
15.04.2011 19:56
2712
Абдулло Раҳимов, мулаққаб ба Мулло Абдулло ва даҳ ҷонибдори ӯ дар як амалиёти вижаи мақомоти қудратӣ кушта шудаанд. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилӣ гуфт, ки ин амалиёт тавассути сохторҳои қудратии Тоҷикистон ...
ДАРГИРИИ МУСАЛЛАҲОНA ДАР НОҲИЯИ РАШТ
15.04.2011 19:39
2208
Дар даргирии мусаллаҳонa дар ноҳияи Рашт 3 корманди Вазорати умури дохилӣ ва 1 маъмури амниятӣ кушта шудаанд. Дар ин бора як манбаъ дар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон ба хабаргузории “Азия-Плюс” иттилоъ додааст.
РАСМУССЕН: "ҲАР ҚАДАР ЛОЗИМ ШАВАД, НАТО АМАЛИЁТИ ЛИБИЯРО ИДОМА ХОҲАД ДОД"
14.04.2011 21:21
1707
Имрӯз раҳбари НАТО Андерс Фог Расмуссен ӯҳдадор шуд, ки ин эътилофи низомӣ рисолати худро дар Либия «ҳар қадар лозим шуд, идома хоҳад дод».
ШУМОРИ ГУМОНБАРОНИ ТАРКИШИ МИНСК АФЗОИШ МЕЁБАД
14.04.2011 21:19
2089
Беларус дар бораи боздошти боз ду гумонбари дигари таркиши террористӣ дар метрои пойтахт - шаҳри Минск, ки рӯзи 11 апрел рух дод, хабар дод. Ҳоло шумори умумии гумонбарони таркиш панҷ нафар гуфта мешавад.
ИХРОҶИ ДАҲҲО ДОНИШҶӮ АЗ ДОНИШГОҲҲОИ ТОҶИКИСТОН
14.04.2011 18:22
1721
Кашфи чандин санади тақаллубӣ мунҷар ба ихроҷи даҳҳо донишҷӯ аз донишгоҳҳои умдаи Тоҷикистон шудааст. Дар ин робита ҳамчунин дар мавриди иддае аз мудирони мактабҳои ҳамагонии мутавассити кишвар парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда ва бархе аз онҳо боздошт шудаанд.
САФАРИ РАҲБАРИ ПОКИСТОН БА АФҒОНИСТОН
14.04.2011 18:20
1914
Нахуствазири Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ рӯзҳои шанбеву якшанбе барои дидору гуфтугӯ бо раҳбари Афғонистон Ҳомид Карзай ба Кобул сафар мекунад. Бино ба иттилои вазорати хориҷаи Покистон, нахуствазир ба Кобул бо даъвати Карзай парвоз хоҳад кард.
ПОКИСТОН: ДАР АМАЛИЁТИ ЗИДДИ ТОЛИБОН 18 ҶАНГӢ КУШТА ШУД
14.04.2011 18:17
1732
Мақомоти Покистон гуфтанд, ки артиш ва нирӯҳои ниманизомии онҳо бо пуштибонии чархболҳои низомӣ маконҳои Толибонро дар минтақаи қабиланишини Моҳманд, воқеъ дар наздикии марзи Афғонистон ҳадаф қарор доданд.
ПРЕЗИДЕНТИ СОБИҚИ ТУНИСРО ДАР 18 МАВРИДИ ҶИНОЯТ АЙБДОР МЕКУНАНД
14.04.2011 18:14
1835
Вазири адлияи Тунис гуфт, ки додситонҳо талош доранд раиси ҷумҳурии барканоршуда Зануллобиддин Бен Алиро аз рӯи 18 банди қонун, аз ҷумла кштор ва қочоқи маводи мухаддир дар додгоҳ муҳокима кунанд.
МУҲОКИМАИ ПАРВАНДАИ ПИСАРИ СОБИҚ ДОДСИТОНИ КУЛЛ
14.04.2011 15:55
1610
Додгоҳи олӣ баррасии парвандаи Файзулло Бобохонов, собиқ додситони ноҳияи Ҳисорро шурӯъ кард. Додситонӣ Файзулло Бобохоновро дар асоси 10 модда, ба 22 мавриди нақзи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон муттаҳам мекунад.
ДАР НУРОБОД "ТАМРИНОТИ ЗИДДИТЕРРОРИСТӢ" ОҒОЗ ШУДААСТ
14.04.2011 15:15
1534
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гузоришҳо дар бораи оғози амалиёти вижа алайҳи Мулло Абдулло дар шарқи ин кишварро рад кард. Гуфта мешавад, ки нерӯҳои интизомӣ дар ин минтақа тамриноте оғоз кардаанд, ки ҳадафи он мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ унвон шудааст.
ОҒОЗИ АМАЛИЁТ АЛАЙҲИ ГУРӮҲИ МУЛЛО АБДУЛЛО
14.04.2011 14:45
1556
Амалиёти вижаи нерӯҳои қудратӣ алайҳи гурӯҳи Мулло Абдулло дар Самсолиқи ноҳияи Нуробод оғоз шудааст. Як манбаъ аз ситоди Мирзохӯҷа Аҳмадов бо таъйиди ин хабар ба “Озодӣ” гуфт, дар ин амалиёт афроде аз гурӯҳи онҳо низ иштирок ва ба нерӯҳои давлатӣ кӯмак мекунанд.
ҲИМОЯТИ ДОДГОҲИ ОЛӢ АЗ ЯК ОМӮЗГОРИ ҶАВОН
14.04.2011 14:43
1614
Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми додгоҳи ноҳияи Тавилдара дар мавриди қазияи барканории як омӯзгори маҳаллӣ аз симаташро ботил кардааст. Маҳмадалӣ Ҳакимов, омӯзгори ҷавон, ки дар мактаб-парваришгоҳи ноҳияи Тавилдара кор мекард ...
БОЗДОШТИ 15 РӮЗАИ ҲУСНӢ МУБОРАК БАРОИ АНҶОМИ ТАҲҚИҚОТ
13.04.2011 16:05
1595
Телевизиони давлатии Миср рӯзи чаҳоршанбе аз боздошти «15 рӯзаи Ҳуснӣ Муборак барои анҷоми таҳқиқот» хабар дод. Дар ҳамин ҳол Ало ва Ҷамол Муборак, ду писари ӯ ба Қоҳира мунтақил шудаанд. Гуфта мешавад оқои Муборак дар замони боздошт низ дар Шармушайх хоҳад монд.