17:43:57 08-уми Июни 2026 сол
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН РАФТ 27.03.2011 15:19 2136
Пас аз зӯҳри рӯзи 26-уми март раисҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар Наврӯзи байналмилалӣ ба Эрон рафт. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар дода ва гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафараш ба вилояти Суғд, аз Хуҷанд ба Эрон парвоз кардааст.
ПИСАРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ҲИЗБИ ҲОКИМРО ТАРК МЕКУНАД 26.03.2011 14:26 2168
Рустами Эмомалӣ, писари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, узвияти худ дар ҳизби халқӣ-демукроти Тоҷикистонро ба таълиқ даровардааст. Бар асоси иттилоъи як манбаъи ин ҳизб ин амр мутобиқи муқаррарот дар бораи таъиноти вай барои фаъолият дар яке аз идороти давлатӣ сурат мегирад.
САФАРИ ШОҲЗОДА РАҲИМ ОҒОХОН БА ДУШАНБЕ 26.03.2011 14:23 2222
Тибқи иттилоъи масъулони Шабакаи Тавсеъаи Оғохон дар Тоҷикистон сафари шоҳзода Раҳим Оғохон, писари бузурги Карим Оғохони ҷаҳор, раҳбари исмоъилиҳои ҷаҳон ба Тоҷикистон як рӯз ба таъвиқ афтодааст. Бино ба иттилоъи ин манобеъ шоҳзода Раҳим Оғохон рӯзи 27 март вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон хоҳад шуд.
РАИСИ ҶУМҲУРИ ПЕШИНИ УКРОИН МУТТАҲАМ БА ҚАТЛ ШУД 25.03.2011 16:53 2050
Леонид Кучма, раиси ҷумҳури пешини Укроин, ки тавассути додситонҳо барои парвандаи марги хабарнигоре дар соли 2000 мавриди бозҷӯйӣ қарор гирифтааст, мегӯяд расман муттаҳам ба қатл шудааст. Ӯ ба хабарнигорон гуфт, ки ҳанӯз иттиҳомҳои худро нахондааст.
ХУДКУШӢ БАРОИ НАДОШТАНИ КУРТАИ НАВРӮЗӢ 25.03.2011 16:49 2497
Тибқи иттилоъи бахши Вазорати корҳои дохилаи вилояти Хатлон, надоштани либоси идона дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз сабаби ба худкушӣ даст задани як духтар дар ин вилоят шудааст.
ДАР МУНОҚИШАИ МАЗҲАБИИ ПОКИСТОН 8 СУННӢ КУШТА ШУД 25.03.2011 16:46 2656
Мақомоти расмии Покистон гуфтаанд, имрӯз афроди мусаллаҳи номаълум ба сӯи пайравони мазҳаби шиа тиарандозӣ кардаанд ва дар он 8 нафар кушта, 5 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.
БАН КИ МУН: ҚАЗЗОФӢ ОТАШБАСИ СММ САРФИ НАЗАР МЕКУНАД 25.03.2011 16:42 2532
Бан Ки Мун-Дабири кулли СММ дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти ин созмон гуфт, нируҳои ҳукумати Либия аз риояти отшабас сарфи назар кардаанд, бо вуҷуди ин ки ҳамлаҳои ҳавоии нируҳои эътлофи байналмиллалӣ бар зидди нируҳои Муаммар Қаззофӣ идома дорад.
НАХУСТИН ДОВТАЛАБ ДАР ҲАВЗАИ СИНО 24.03.2011 18:54 2065
Толибшоҳ Саидзода, аввалин довталабест, ки барои сабти ном ба унвони номзад ба вакилии МН аз ҳавзаи Сино муроҷиат кардааст. Толибшоҳ Саидзода, ки ҳамзамон муҳаррири ҳафтаномаи "Миллат" низ мебошад, дар як гуфтугӯ бо радиои Озодӣ ин нуқтаро таъйид намуда иброз дошт, ки аризаи вай аз ҷониби комиссияи ҳавзавии сабти номи номзадҳо ....
ГЕНЕРАЛИ НАТО БО ТУРКИЯ ДАР БОРАИ ЛИБИЯ МУЗОКИРА МЕКУНАД 24.03.2011 18:45 2079
Ҷеймс Ставридис-дарёсолори Амрико ва фармондеҳи боломақоми нируҳои НАТО дар Анкара бо мақомоти расмии Туркия мулоқот кард. Вай дар ин мулоқот бетамоюлии Туркияро баррасӣ кард, кишвареро, ки намехоҳад фармондеҳии минтақаи ғайрипарвоз дар Либия дар ихтиёри нируҳои НАТО қарор бигирад.
ДАР ТАРКИШ ДАР БАЙТУЛМУҚАДДАС 25 КАС МАҶРӮҲ ШУДАНД 23.03.2011 20:20 2194
Бар асари таркиш дар Байтулмуқаддас 25 нафар ҷароҳат бардоштанд. Ба гуфтаи табибони исроилӣ, вазъи 15 нафар вазин аст. Бар пояи иттилоъи пешакӣ, маводи мунфаҷира дар як борхалта дар канори истгоҳи автобусҳо гузошта шуда буд.
ҲАБСИ БЕШ АЗ ҲАЗОР ТАН АЗ МУХОЛИФИНИ ҲУКУМАТ ДАР ЭРОН 23.03.2011 20:16 2109
Мақомоти Эрон дар як соли ахир беш аз 1250 нафарро барои ширкат дар намоишҳои эътирозӣ ваё барои ақоиди сиёсӣ ҳабс карданд. Ин иттилоъ дар гузориши Хонаи ҳуқуқи башари Эрон, як созмони мустақар дар хориҷи кишвар, оварда шудааст.
КУРСҲОИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ АФСАРОНИ ТОҶИКУ АФҒОН 23.03.2011 01:44 2074
Сафорати ИМА дар Душанбе, барои 12 нафар афсари Хадамоти Гумрук, қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва 12 нафар афсари полиси сарҳадии Афғонистон барномаи таълимӣ доир намуд. Шӯъбаи Сафорати ИМА оид ба назорати воридотӣ ва амнияти марзҳо бо ин иқдоми худ ...
МОШЕ КАТСАВ БАРОИ ҲАФТ СОЛ МАҲКУМ БА ЗИНДОН ШУД 22.03.2011 15:31 2318
Додгоҳи шаҳри Тел-Авив имрӯз раисиҷумҳури пешини Исроил Моше Катсавро барои таҷовуз ба номус ва дастдарозӣ ба занҳо барои ҳафт сол маҳкум ба зиндон кард.
ТЕЪДОДИ ҚУРБОНИЁНИ ОФАТ ДАР ҶОПОН АЗ 9 ҲАЗОР НАФАР ГУЗАШТ 22.03.2011 15:29 2390
Теъдоди қурбониёни заминларза ва тсунамии мудҳиш дар Ҷопон аз марзи нӯҳ ҳазор нафар убур кард. Бар пояи иттилоъи расмӣ, беш аз 12-у ним ҳазор нафар то ҳол беному нишонанд.
ДАР ТАРКИШ ДАР ПОКИСТОН ҲАМА КӮҲКАНҲО КУШТА ШУДАНД 22.03.2011 15:26 2225
Дар вилояти Балуҷистон, воқеъ дар ҷанубу ғарби Покистон, бар асари таркиш дар кони ангишт ҳамаи 43 кӯҳкан ба ҳалокат расидаанд. Имрӯз охирин ҷасадҳо аз ин кон, ки дар 40 километрии шарқи Кветта ҷойгир аст, берун оварда шуданд. Ифтихор Аҳмад, муфаттиши корҳои кӯҳӣ, эълом дошт, ки амалиёти наҷот дар ҷойи ҳодиса ....