18:49:06 08-уми Июни 2026 сол
САФАРИ САФИРОНИ ИМА ВА БРИТОНИЁ БА ВОДИИ РАШТ 01.04.2011 15:51 2080
Сафири ИМА Кен Гросс ва Сафири Бритониё Тревор Мур аз 28 то 30 март ба Ғарм ва водии Рашт ташриф оварданд то минтақаро беҳтар омӯзанд ва роҳҳои вусъат додани ҳамкориҳоро пайдо намоянд. Рӯзи якуми боздиди худ аз Рашт сафирон бо раиси ноҳия Саидумрон Абдураҳмонов ...
ЭЪЛОМИ АСОМИИ НОМЗАДҲОИ ИНТИХОБОТИ МИЁНДАВРАӢ 01.04.2011 14:54 1917
Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон асомии панҷ номзад ба интихоботи миёндавраии порлумониро, ки моҳи май баргузор хоҳад шуд, эълом кард. Ба гуфтаи масъулони ин ниҳод, се нафар аз ин афрод намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва ду нафар номзадҳои инфиродӣ будаанд.
ШУРӮИ ДОДГОҲИ МАҲБУСОНИ ФИРОРӢ 31.03.2011 11:36 2471
Ҳайъати низомии Додгоҳи олии Тоҷикистон ба баррасии парвандаи маҳбусони фирорӣ, ки дубора боздошт шудаанд, оғоз кард. Дар ин бора ба радиои "Озодӣ" як манбаъ аз Додгоҳи олии Тоҷикистон хабар дод. Ба қавли ин манбаъ, ҳоло дар курсии ҷавобгарӣ 11 маҳбуси ...
СОНЕҲАҲО ДАР РӮЗҲОИ НАВРӮЗӢ 13 КУШТА ДОД 31.03.2011 11:23 2454
Дар рӯзҳои таҷлил аз Наврӯз дар Тоҷикистон 24 садами утумубилӣ рух дод ва бар асари ин ҳаводис 13 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Бар асоси иттилоъи бахши пулиси роҳи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар сонеҳаҳо, ки аз 18 то 23 уми моҳи март дар роҳҳои ин кишвар ....
ДАВЛАТИ СУРИЯ ИСТЕЪФО КАРД 30.03.2011 11:26 2197
Ба дунболи беш аз як ҳафтаи нооромӣ телевизиюни давлатии Сурия эълом карда, ки давлати ин кишвар истеъфо дода ва Башор Асад низ ин истеъфоро пазируфтааст.
КОҲИШИ МӮҲЛАТИ ҲАБСИ ФАРЗАНДОНИ МИРЗО ЗИЁЕВ 29.03.2011 15:26 2286
Додгоҳи таҷдиди назар мӯҳлати ҷазои Муҳаммадризо ва Саидмуҳаммад Зиёевҳоро ба муддати 15-солӣ кам кард. Санавбар Холова, узви ҳайати Додгоҳи таҷдиди назари Додгоҳи олии Тоҷикистон, дар сӯҳбат ба радиои "Озодӣ" хабари мазкурро тасдиқ кард.
Ҳ. ЗАРИФӢ ДАР ШӮРОИ ПОРЛАМОНИИ САҲА СУХАНРОНӢ МЕКУНАД 29.03.2011 15:24 2350
Қарор аст Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе дар Вена дар Шӯрои порламонии САҲА суханронӣ кунад.
ДАР ДУШАНБЕ МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ БАРРАСӢ МЕШАВАД 29.03.2011 15:23 2452
Тибқи хабари “Ховар”, 29, 30-юми март дар шаҳри Душанбе коршиносон аз Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Туркманистон тарҳеро зери номи “Таҳаққуқи стратегияи зидди террористии СММ дар Осиёи Марказӣ” баррасӣ мекунанд.
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА КОРҲОИ КИШОВАРЗӢ 29.03.2011 13:30 2290
Бахши вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон афроди мустаъид ба кори ин вилоятро барои ширкат дар корҳои кишоварзӣ даъват кардааст.
НОМЗАДИИ АМИРҚУЛ АЗИМОВ БА ВАКИЛИИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН 28.03.2011 12:24 2265
Дабири Шӯрои Амнияти Тоҷикистон дар интихоботи миёндавраии ҳавзаи Сино сабқат мекунад. Усмон Солеҳ, масъули шӯъбаи иттилооти ҲХДТ, гуфт, вакилони конфронси 27-уми ҲХДТ дар ноҳияи Сино аз номзадии ҷаноби Азимов пуштибонӣ намудаанд.
БАРГУЗОРИИ ҶАШНИ ҶАҲОНИИ НАВРӮЗ ДАР ТЕҲРОН 28.03.2011 11:55 2183
Дувумин "ҷашни ҷаҳонии Наврӯз" бо ҳузури Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон ва бархе аз сарони кишварҳои минтақа дар маҷмуъаи Саъдободи Теҳрон оғоз ба кор кард. Ин маросим дорои бахшҳои мухталифе фарҳангӣ ва ҳунарӣ аз кишварҳое назири Тоҷикистон, Афғонистон, Ироқ ва Арманистон аст.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН РАФТ 27.03.2011 15:19 2136
Пас аз зӯҳри рӯзи 26-уми март раисҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар Наврӯзи байналмилалӣ ба Эрон рафт. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар дода ва гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафараш ба вилояти Суғд, аз Хуҷанд ба Эрон парвоз кардааст.
ПИСАРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ҲИЗБИ ҲОКИМРО ТАРК МЕКУНАД 26.03.2011 14:26 2168
Рустами Эмомалӣ, писари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, узвияти худ дар ҳизби халқӣ-демукроти Тоҷикистонро ба таълиқ даровардааст. Бар асоси иттилоъи як манбаъи ин ҳизб ин амр мутобиқи муқаррарот дар бораи таъиноти вай барои фаъолият дар яке аз идороти давлатӣ сурат мегирад.
САФАРИ ШОҲЗОДА РАҲИМ ОҒОХОН БА ДУШАНБЕ 26.03.2011 14:23 2222
Тибқи иттилоъи масъулони Шабакаи Тавсеъаи Оғохон дар Тоҷикистон сафари шоҳзода Раҳим Оғохон, писари бузурги Карим Оғохони ҷаҳор, раҳбари исмоъилиҳои ҷаҳон ба Тоҷикистон як рӯз ба таъвиқ афтодааст. Бино ба иттилоъи ин манобеъ шоҳзода Раҳим Оғохон рӯзи 27 март вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон хоҳад шуд.
РАИСИ ҶУМҲУРИ ПЕШИНИ УКРОИН МУТТАҲАМ БА ҚАТЛ ШУД 25.03.2011 16:53 2050
Леонид Кучма, раиси ҷумҳури пешини Укроин, ки тавассути додситонҳо барои парвандаи марги хабарнигоре дар соли 2000 мавриди бозҷӯйӣ қарор гирифтааст, мегӯяд расман муттаҳам ба қатл шудааст. Ӯ ба хабарнигорон гуфт, ки ҳанӯз иттиҳомҳои худро нахондааст.