МУШАХХАСОТИ БЕШТАРИ САҲМИЯҲОИ РОҒУН
Ҳукумати Тоҷикистон дар охирин ҷаласаи худ намунаҳои саҳмиябаргаҳои нерӯгоҳи Роғун, тартиби ба фурӯш гузоштан ва замони баҳрабардорӣ аз онро баррасӣ кардааст. Ба гузориши вазири молияи Тоҷикистон, ин саҳмияҳо дар ду шакл ба фурӯш гузошта хоҳанд шуд.
Саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун бо арзиши 500, 1000 ва 5000 ҳазор сомонӣ ба фурӯш гузошта мешавад. Намунаи дигари он бо арзиши бештар аз панҷ ҳазор сомонӣ аст, ки дар сурати харидории он аз сӯи муассиса ва ё шахсони алоҳида ба онҳо сертификат ё шаҳодатнома бо зикри номашон дода хоҳад шуд. Дар баргаҳои саҳмияи Роғун, номи ҷамъияти саҳҳомии Роғун зикр шуда, нақши сарбанд, хати интиқоли барқ ва нишони Тоҷикистон тасвир шудааст.
Ин баргаҳои саҳмия, ба гуфтаи вазири молияи Тоҷикистон, чор сатҳи ҳифозатӣ доранд, то аз нашри тақаллубии онҳо ҷилавгирӣ шавад. Дорандаи ҳар як саҳмия дар идораи ҷамъияти саҳҳомӣ дорои як овоз мебошад. Ин саҳмияҳо аз аввали моҳи январ ба фурӯш бароварда мешаванд. Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон мегӯяд, бо оғози кори нахустин чархаи нерӯгоҳи Роғун, саҳмдрон ба гирифтани баҳра ё фоида оғоз мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, ба чанд далел имкони ҷалби таваҷҷӯҳи умумӣ барои сармоягузории Роғун мушкил аст. Яке, таҷрибаи Сангтӯда аст, ки дар миёнаи солҳои навади асри гузашта мардум бар ивази дастмузди худ онро харидорӣ карданд, аммо сарнавишти онҳо номаълум аст. Ва он сармояҳо коғазе беш дар дасти соҳибони саҳмия нестанд.
Масъалаи дигар, ба қавли коршиносон, ҷанбаи ҳуқуқии харидории саҳмияҳост. Шокирҷон Ҳакимов, устоди ҳуқуқ дар Донишгоҳи байналмилалии Душанбе мегӯяд, қабл аз ба фурӯш гузоштани саҳмияҳо бояд Оинномаи ҷамъияти саҳҳомии Роғун дар матбуот мунташир шавад, то харидорони саҳмия ба шароити иштирок ошно шаванд.
Қабл аз ин Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, аз ҳар хонаводаи тоҷик даъват карда буд, ба арзиши се ҳазор сомонӣ саҳмияҳои Роғунро харидорӣ кунанд. Ба гуфтаи раисҷумҳури Тоҷикистон, то кунун дар сохтмони Роғун як миллиард доллар ҳазина шудааст, ки 800 миллиони он дар замони Шӯравӣ ва 200 миллион доллари он ҳам аз буҷаи ҳукумати феълии Тоҷикистон пардохт шудааст. Барои ба кор андохтани нахустин чархаи Роғун ба ҳудуди 600 миллион доллар сармоягузории дигар ниёз аст.
Раҳматкарими Давлат, «Озодӣ»
-
22.03.2026 15:28
448
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
22.03.2026 15:27
431
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
562
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
06.05.2026 14:20
318
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
353
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
408
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
233
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
959
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
988
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
691
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1375
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2300
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
24.05.2026 11:42
112
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон
-
08.05.2026 19:20
265
“Риояи қонунгузориҳо оиди ҷавонон ва ноболиғон зери назорат аст”
-
08.05.2026 19:18
293
“Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон!”
-
18.05.2026 19:15
188
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
19.04.2026 14:28
351
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
-
19.03.2026 23:09
540
«Наврӯз - ҷаҳонпаҳлавони миллати мост!»
-
10.12.2025 16:56
878
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1191
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1139
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2283
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2344
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3376
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
506
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1861
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2005
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
970
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1156
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1128
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
04.06.2026 12:50
270
Чемпионати ҷаҳонии футбол 2026
-
24.05.2026 11:44
80
Дастгирии ҷавонон - афзалияти сиёсати давлатии Пешвои миллат
-
08.05.2026 19:22
276
“Хизмат ба Ватан фарз аст!”
-
01.06.2026 12:36
187
Номае ба биҳишт: Зодрӯзи Фариштаи ман дар иди кӯдакон
-
20.07.2025 13:08
1349
Аз зиндагии доштаатон лаззат баред!
-
07.10.2019 10:46
4395
Гулханди ғунчаҳо










































