ТАЛОШҲО БАРОИ ТАШКИЛИ БИРЖАИ САҲМИЯҲОИ РОҒУН
Ҷамъияти саҳҳомии “Нерӯгоҳи Роғун” аз Биржаи фондӣ, ё савдои коғазҳои қиматноки Тоҷикистон хостааст, ки бозори фурӯши саҳмияҳои ин нерӯгоҳро ташкил кунад. Як манбаъ дар вазорати молияи Тоҷикистон дар сӯҳбати бидуни микрофон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир Биржаи фондӣ масъалаи ба рӯйхат гирифтани саҳмияҳои Роғунро баррасӣ мекунад ва ташкили биржаи саҳмияҳо бар уҳдаи «Амонатбонк» гузошта мешавад.
820 миллиони саҳмияҳои Роғун
Ҳукумати Тоҷикистон дар натиҷаи як маъракаи густарда шурӯъ аз 6 январи соли равон то ба ҳол тавонистааст ҳудуди 15 дарсади саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғунро фурӯшад. Тибқи иттилоъи расмӣ, ҳукумат ба маблағи 6 миллиард сомонӣ саҳмия ба фурӯш баровард, аммо фақат 820 миллион ба даст овард. Коршиносон яке аз далоили кундии фурӯши саҳмияҳоро фақат ба шаҳрвандони Тоҷикистон фурӯхтани саҳмияҳо медонанд. Онҳо муассирии иқдом дар мавриди ба бозори коғазҳои қиматнок баровардани саҳмияҳоро таҳти шубҳа мегузоранд, зеро ин дафъа низ танҳо атбои кишвар ҳақ доранд, онҳоро харидорӣ кунанд.
Олим Давлатов, коршинос дар умури молия мегӯяд, баҳсҳои сиёсӣ перомуни сохтмони нерӯгоҳи Роғун, ки ба сатҳи байнулмилал баромадааст, эътимоди мардумро ба саҳмияҳояш низ костааст. Ӯ афзуд: «Аҳолии Тоҷикистон дигар бо боварӣ ба ин тарҳ наменигарад. Бештари мардум розиянд, ки ба нархи арзонтар, шояд ними нарх ва 3 бар 1 онҳоро фурӯхта, лоақал қисми маблағашонро баргардонанд».
Биржаи мардумии саҳмияҳо
Аммо ҳамсӯҳбати мо аз вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, дар бозори коғазҳои қиматнок саҳмияҳои Роғун ба ҳеҷ далел арзон фурӯхта намешаванд, зеро ин як иншооти стратегист ва дар оянда ба саҳҳомонаш фоидаи зиёд хоҳад овард. Бекзод, яке аз донишҷӯёни Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон яке аз афродест, ки ба қиматҳои арзонтар аз ҳамсабақон ва дигар афрод саҳмияҳои Роғунро ба маблағи ҳазор сомонӣ харидорӣ кардааст.
Вай мегӯяд, онҳо аз коруфтодагӣ саҳмияҳояшонро фурӯхтаанд. «Агар саҳмияи «100 сомонӣ» бошад, ба маблағи 50 ва «500 сомонӣ» бошад ба 300 сомонӣ харидам. Ман бовар дорам, ки рӯзе мерасад «Роғун» фаъол мешавад ва ман аз саҳмияҳоям фоидаи калон ба даст меорам», - меафзояд ӯ.
Саҳҳомони аслӢ интизори фурсатанд
Манбаъи мо дар вазорати молия вуҷуди ҳамчунин бозори ғайрирасмии тиҷорати саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғунро таъйид ё такзиб накард, аммо гуфт, ин гуна бозор шояд дар сатҳи маблағҳои хурд вуҷуд дошта бошад. Вай афзуд, рӯйхати афроде, ки беш аз 5 ҳазору 100 сомонӣ саҳмия харидаанд дар вазорати молия вуҷуд дорад, аммо то ба ҳол касе аз фурӯши онҳо ба шахси дигар иттилоъ надодааст. Вай афзуд, агар касе саҳмияашро фурӯшад бояд вазоратро огоҳ кунад, то он ба номи саҳҳоми нав сабт шавад.
Тибқи ин манбаъ, шурӯъ аз соли нави милодӣ саҳҳомони нерӯгоҳи Роғун метавонанд ба 5 бонки Тоҷикистон — Амонатбонк, Ориёнбонк, Тоҷпромбонк, Бонки рушди Тоҷикистон ва Агробонк муроҷиат кунанд. Вай афзуд, онҳо саҳмияи худро нархгузорӣ мекунанд ва бонкҳо саҳмияҳоро ба даллолон ё брокерҳои Биржаи фондӣ пешниҳод менамоянд. Ҳамчунин харидорон метавонанд ба ин Биржа тариқи бонкҳо дархост бифиристанд.
Дурнамои бозори дасти дуввуми саҳмияҳо
Олим Давлатов мегӯяд, иқдоми ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди ташкили бозори дасти дуввуми саҳмияҳо агар дар кӯтоҳмуддат номуваффақ аст, дар дарозмуддат саҳҳомони аслии нерӯгоҳи барои рушди кишвар муҳимро рӯи кор меорад, ки барои сохтмони он ҷиддан кӯшиш хоҳанд кард. Тибқи иттилои вазорати молияи Тоҷикистон, тайи соли равон ба ҷои 650 сомонӣ, ки дар нақша буд, ҳудуди 500 миллион сомонӣ аз буҷаи кишвар ба бунёди нерӯгоҳи Роғун равона шудааст.
Тибқи ин манбаъ соли оянда ин маблағ 850 миллион долларро ташкил хоҳад дод. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳоли ҳозир ташхиси фанниву муҳитизистии нерӯгоҳи Роғун аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ ва низ фишорҳои мухолифи тарҳ Ӯзбакистон сари Тоҷикистон идома дорад. Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, ин ҳол шурӯъи корҳои асосӣ дар сохтмонро ба таъхир гузоштааст.
Фарҳоди Милод, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/rogun/3953-2010-12-22-16-51-28.html
-
22.03.2026 15:28
447
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
22.03.2026 15:27
428
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
560
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
06.05.2026 14:20
315
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
349
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
407
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
231
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
956
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
985
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
687
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1370
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2296
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
24.05.2026 11:42
111
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон
-
08.05.2026 19:20
262
“Риояи қонунгузориҳо оиди ҷавонон ва ноболиғон зери назорат аст”
-
08.05.2026 19:18
288
“Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон!”
-
18.05.2026 19:15
185
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
19.04.2026 14:28
349
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
-
19.03.2026 23:09
538
«Наврӯз - ҷаҳонпаҳлавони миллати мост!»
-
10.12.2025 16:56
873
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1189
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1138
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2279
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2341
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3374
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
505
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1856
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
1999
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
967
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1153
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1126
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
04.06.2026 12:50
247
Чемпионати ҷаҳонии футбол 2026
-
24.05.2026 11:44
77
Дастгирии ҷавонон - афзалияти сиёсати давлатии Пешвои миллат
-
08.05.2026 19:22
274
“Хизмат ба Ватан фарз аст!”
-
01.06.2026 12:36
186
Номае ба биҳишт: Зодрӯзи Фариштаи ман дар иди кӯдакон
-
20.07.2025 13:08
1346
Аз зиндагии доштаатон лаззат баред!
-
07.10.2019 10:46
4394
Гулханди ғунчаҳо










































