Куҷоянд шогирдону пайравоне, ки ҳалқа гирди устод Қаноат зананд?
Дуруд ба ҳамаи хонандагони иззатманд ва касоне, ки бо зангҳои телефониву номаҳои худ хотири моро шод карданд. Бештари андешаҳои хонандагон дар ҳафтаи сипаришуда атрофи мусоҳибаи ҳунарманди варзида Тағоймурод Розиқов давр мезад. Ин аввалин бор буд, ки як сӯҳбат ба ин ҳад вокунишеро ба дунбол дошта бошад. Тағоймурод Розиқов чун устоди сахтгир ва ҳунарманди варзида хеле ошкору бепарда ҳарф мезад ва вазъи имрӯзаи театр ва кинои кишварро ба боди интиқод мекашид.
Ва аҷиб ҳам он аст, ки аксари касоне, ки вокуниш нишон доданд, ӯро ҷонибдорӣ мекарданд. Аслиддин, хонандаи “Рӯзгор” аз Ваҳдат мегуфт, ки Тағоймурод Розиқовро шахсан хуб мешиносад ва он чӣ дар сӯҳбат бо хабарнигори “Рӯзгор” гуфтааст, дар сӯҳбатҳои маъмулӣ ҳам мегӯяд. Ин хонандаи мо, ки худро дастпарвари донишкадаи ҳунарҳои зебо номид, гуфт, ки устод Тағоймурод замоне, ки ӯ таҳсил мекард, борҳо дар ҷаласоти гуногун ҳатто низоми таълиму тадрис дар ин боргоҳи ҳунарро танқид карда буд. Аз ин рӯ он чӣ имрӯз дар мусоҳиба гуфтааст, нав нест, суханҳои такрории ӯст.
Ҳабибаи Мустафоқул аз шаҳри Душанбе мегӯяд бо ҳама эҳтироме, ки бо устод дорад ва аз ӯ дарс ҳам омӯхтааст, вале ба андешаҳояш наметавонад розӣ бошад. “Тағоймурод Розиқов дар ҳақиқат як сутуни санъати тоҷик аст ва инро бояд эътироф намуд. Вале нобиға нест, ки ҳарфаш ба куллӣ қобили қабул бошад. Мо ҳунармандони асил миёни ҷавонон ҳам дорем, ки аз чашми устод дур мондаанд. Дуруст, ки дар пояи Ато Муҳаммадҷон нестанд, вале ҳастанд, ки метавонанд оянда гаҳвораҷунбони санъати театрӣ бошанд. Ҳамон Ато Муҳаммадҷону Нуруллоҳ Абдуллоҳу дигарон, ки зикрашон меравад, бо гузашти солҳо ба ин мартабаҳо расиданд. Онҳо низ аввал шогирдони мактаби театрӣ буданд, баъди такомули касбӣ ба мартабаҳои устодӣ расиданд. Аз ин рӯ имрӯзиёнро набояд нодида гирифт.
Хонандаи доимии мо Хушвақт Хошоков аз ноҳияи Ҷилликӯл пешниҳод кард, ки дар ҳар шумора сархате аз байтҳои ноби классикони адабиёт дошта бошем. Маълум, ки ин хонандаи мо аз ҷумлаи касонест, ки шоҳбайт меписанданд. Вале чун баъзе нашрияҳо ин корро мекунанд, намехоҳем тақлид кунем. Аммо дар мавридҳои ҷудогона, иду айём вобаста ба ҳамон санаву ҳамон ҷашнвора ин корро хоҳем кард, чуноне то ҳол мекунем.
Ва инак, муруре ба номаҳои дигари то ин замон расида:
Тағоймурод Розиқов басо ошкоргӯӣ мекунад
Ҳунармандони касбӣ ва шинохта беҳунарии ҳамкасбони ҷавонашонро наметавонанд пинҳон нигоҳ доранд. Дар ҳақиқат, Тағоймурод Розиқов дар даъвои худ ҳақ аст, ки асолати театр дигар намондааст ва мо ҳоло на коргардон дорем ва на ҳунарманд. Эҳтимол бисёриҳо бо Тағоймурод Розиқов ҳамфикр нестанд ва худро дар ҳунар беҳамто медонанд.
Аммо биёед аз рӯи инсоф бингарем. Мо ҳамоно бо касоне фахр дорем, ки аз насли Розиқов ҳастанд ва ё аз ҷумлаи шогирдони муваффақи онҳоянд. Дар саҳна ҳамоно барои ҳамин Тағоймурод Розиқов, Ҳошим Гадо, Ҳабибулло Абдураззоқов, Шералӣ Абдулқайсов, Шодӣ Солеҳ, Нуруллоҳ Абдуллоҳ, Қурбони Собир, Ортиқ Қодир, Қиёмиддин Чақалов, Ибодуллоҳ Машрабов ва боз иддае дигар кафкӯбӣ мекунем. Ва ба синну соли инҳо бингаред: аксарияти онҳо наздик ба шаст ё болотар аз онанд.
Аммо ку оне аз насли имрӯз ба ҷуз Барзу Абдураззоқ, ки барояш кафкӯбӣ кунем? Ва Тағоймурод Розиқов дар чанд маврид аз Барзу ба унвони коргардоне ёд мекунад, ки ҳамеша иқдомоташ ба қурбонӣ анҷом гирифтааст. Бо машаққат саҳнаҳои ҷолиб офаридааст, даст ба намоишномаҳои ҷаҳонӣ бурдаву дар онҳо муваффақ будааст, вале ё як бор намоиш дода шудаанд ё ду бору се бор. Аммо ҳоло мебинем ин коргардон дар ҷумҳурии ҳамсоя муваффақ мешавад ва соҳиби обрӯ мегардад.
Дилам дар ҳақиқат барои санъати театрии тоҷик месӯзад, ки мебинам баъди даргузашти Ато Муҳаммадҷон барин нобиғаҳо, дигар нобиға надорад.
Анвар Исохоҷаев, нафақахӯр, омӯзгори собиқ ва аз дӯстдорони санъати театрӣ
Чаро танҳо Барзуро ситоиш мекунанд?
Устоди санъат Тағоймурод Розиқов ҳам аз Барзу Абдураззоқов чун коргардони чирадаст ёд мекунад ва ба ҳунари ин марди бархоста аз хонадони ҳунарманди асил эҳтиром қоил аст. Ӯ мегӯяд: “Мо имрӯз умуман синамо надорем. Мутассифона, сатҳи театрҳои мо ҳам бисёр паст аст. Бубинед, дар давоми 22 соли Истиқлол оё мо дар сатҳи “Эдип”-и Ҳошим Гадо саҳнае офарида тавонистем? Не, ин гуна спектакл пайдо нашуд. Сабабаш дар он аст, ки беҳтарин коргардонҳо рафтанд аз Тоҷикистон... Бовар кунед, мо имрӯз қариб коргардон надорем. Хайр танҳо як Барзу ҳаст. Спектаклҳое, ки Барзу мемонад, халқи мо қабул надорад. Давлат Убайдуллоев дорем дар театри Лоҳутӣ, Миралибекову Мирзоватан Миров ба нафақа баромаданд. Театрҳои мо умуман коргардон надоранд...”
Ман аксари намоишномаҳои театрҳои пойтахро мебинам ва то ҷое ба Тағоймурод Розиқов розиам. Ҳарчанд арзёбиаш аз “Шабе дур аз Ватан”-ро мунсифона намедонам. Чун ин ба ҳукми як моноспектакли бисёр хуб аст, ки аз оғоз то анҷом чун риштаи хаёл инсонро аз паси худ мебарад ва то саҳна рушан намешавад, кас наметавонад аз он чашм канад. Вале дар дигар мавридҳо арзёбии ӯро қабул дорам. Имрӯз дар ҳақиқат мо на синамои хуб дорем ва на театри касбиву коргадону ҳунарманди касбӣ.
Сайёра Низомова, унвонҷӯ
Шахсиятҳо дар ҳифзи миллатанд
Силсиласӯҳбатҳои “Рӯзгор” дар бораи аллома Садриддин Айнӣ, яке аз чеҳраҳои тобноки фарҳанги миллат ва Қаҳрамони Тоҷикистон маро хеле писанд омад. Саҳнаҳои норушани ҳаёти ин адиби барҷастаро рушан мекунад ва бисёр маълумоти зарурӣ ба омӯзиши тарҷумаи ҳоли ӯ медиҳад. Сад дареғо, ки Камол Айнӣ ҳам рахти сафар бастааст ва шояд асрори зиёдеро аз рӯзгори қиблагоҳаш ба хок бурдааст.
Он чӣ аз ду сӯҳбати чопшуда пайдост, касро ба ин хулоса мебарад. Тоҷикон дар ҳақиқат ба қадри бузургонашон баъди марги онон мерасанд. Имрӯз мо мебинем, ки устоду пири шоирони муосир Муъмин Қаноат дар инзивоъ қарор гирифтааст ва кам ӯро дар ҷаласоти ҳукумативу чорабиниҳои фарҳангӣ мебинем. Синни устод ҳам ба ҷое расидааст, аммо куҷоянд шогирдону пайравоне, ки ҳалқа гирди ӯ зада бошанд ва нагузоранд, ки гоҳ Бадахшон раваду гоҳи дигар ба Душанбе ояд.
Китоби хотироти ин гуна як адиби барҷаста ҳамагӣ ба теъдоди 500 адад чоп шудааст. Ҳол он ки мебинем танҳо аз пули Президенти садҳо номгӯ китобҳо бо теъдоди зиёд нашр шудаву дар рафҳои мағозаҳо чанг зер карда хобанд. Вале шахсан ман ёддоштҳои устод Қаноатро пайдо накардам. Аммо сангзании адибаконеву олимаконеро ба ин устоди бузург хондам. Дилам ба ҳоли ҳамон олимон месӯзад, ки намедонанд кистанд онҳо, вале санг ба сари бузургони миллат мезананд, ки гӯё иштибоҳ карда бошанд. Ин миллат ба куштани бузургонаш ҳамеша омода аст, вале замоне ба эҳтиромаш садо баланд мекунад, ки ӯро дигар дар ҳаёт намебинад. Рости гап, аз ин гуна афрод ва аз ин гуна миллат нафратам меояд.
Замоне шоиреро хуб азият додаанд ва чунон дилмонда аз қавму қабилаву муосиронаш шудааст, ки гуфтааст:
Одамизоде, ки мегӯянд агар ин мардуманд,
Эй Худо, бахшой бар ман, тфу бар одамӣ.
Ва он ки устод Айнӣ дӯсти Шароф Рашид ва пири ӯ дар шеъру шоирӣ ва нависандагӣ будааст, хеле ҷолиб аст. Устод Айнӣ аз ин дӯстиву аз ин устодиву шогирдӣ ба нафъи миллат истифода кардааст. Куҷост имрӯз Айнии дигар, ки Эмомалӣ Раҳмону Ислом Каримовро ба ҳам орад ва тухми кинаву душманиро миёни ду кишвар аз байн бардорад. Бузургон тавони ин корро доранд. Вале дар он мартаба мо дигар бузургон надорем. Ва сарварони имрӯза ҳам мисли онҳое нестанд, ки фарҳангро амалан пули иртиботии наслҳо донанд.
Меъроҷиддин, Душанбе
Рӯҳи Муаззама шод бод
Сӯҳбати Марямбонуи Фарғонӣ ёди маро ба Муаззама Иброҳимова бурд. Танҳо як ҳикояи ӯро хонадаам, вале ҳич аз ёдам намеравад. Симояшро нек дар хотир дорам, ҳамеша ҳунангез ба назар менамуд. Имрӯз меандешам, ки шояд медонист умраш хеле кутоҳ аст. Афсӯс, ки намедонам аз ӯ нишоне аз фарзанд монда ё на. Вале ҳамон як ҳикоя, ки дар ёди ман мондааст, худ гувоҳи барҷастагии истеъдоди нависандаи ғурамарг буд. Имрӯз даҳҳо ҳикоя мехонам, вале кам чизе дар хотирам нақш мебандад. Шояд пир шудаам ва ё шояд ин гуна асари хотирмонро наметавон пайдо кард. Ба ҳар ҳол Абдуҳамид Самад зинда бошад. Ӯро хеле дӯст медорам. Адиби шириннавис аст, забонаш табъи дило, сужаҳояш диққати касро ба худ ҷаллб мекунанд.
Самандар Мирзозодаи ёвонӣ, собикадори маориф
Ҳоли мо миёни туркон
Аз мусоҳиба бо Саид Солеҳов ман бардошти худро дорам. Барҳо шунида будам ва имрӯз ҳам аз ин сӯҳбат итминон ҳосил кардам, ки барои тоҷикон дар Қазоқистон монеъа нест. Макотиби тоҷикӣ дар маҳалҳои тоҷикнишин фаъоланд ва ҳатто онҳо ба номҳои бузургони миллати худамон Садриддин Айниву Мирзо Турсунзода гузошта шудаанд. Тоҷикистон низ бо тааҳҳудоти байнидавлатӣ онҳоро бо китобҳои дарсӣ таъмин мекунад ҳатто дар Чимкент муҷассамаи Фирдавсӣ гузошта шудааст.
Вале войи мо, ки дар Узбакистон хорем. Макотиби тоҷикиро дар ин кишвар дар мебанданд, шаҳрҳои бузурги мо Самарқанду Бухороро аз охирин нишони тоҷикияташон маҳрум месозанд, алломаҳои моро хор кардаанд ва мо ҳатто наметавонем гури Аҳмади Дониш барин олиму адиби забардастро пайдо кунем. Зеро ин бузургвор сатре бо узбакӣ эҷод накардааст.
Аз сӯҳбати Саид Солеҳов ба ин хулоса расидам, ки турк будан ба маънои зиддият бо форсу тоҷик нест. Тоҷикон танҳо дар Узбакистон хоранд, вале боре нашунидаам, ки ҳуқуқашон дар Қирғизистону Турманистону Қазоқистон нақз шуда бошад. Вале дар Узбакистон ин баръало намудор аст, ҳарчанд эҳтироми узбак дар Тоҷикистон заррае коста нашудааст.
Мирмӯҳсини Шоҳсалим, Истаравшан
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №22, 30 октябри соли 2013
-
06.01.2026 20:24
314
Худогоҳии миллӣ ва муттаҳидии ҷомеа - посухи устувор ба ифротгароӣ ва терроризм
-
31.12.2025 13:59
511
Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026
-
24.12.2025 15:32
435
Паёми Пешвои миллат – ҳидоят дар роҳи созандагӣ
-
26.09.2025 12:42
666
«Мурофиаи судии Токио»
-
07.09.2025 20:36
736
«Шаҳрванд, сиёсатмадор, сарбоз»
-
08.05.2025 09:39
1448
Иди Ғалаба муборак, ҳамватанони азиз!
-
22.12.2025 20:28
434
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
10.12.2025 17:00
412
Доир ба заминаҳои қонунгузории гузариш ба иқтисоди рақамӣ ҳамоиш баргузор гардид
-
10.12.2025 16:54
474
Иштироки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми 11-уми байналмилалии “БОР”
-
24.12.2025 15:28
271
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
821
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
1852
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
17.01.2026 11:42
275
“Дар тарбияи кӯдакон масъул бошем! „
-
17.01.2026 11:39
288
“Тазими ҷашну маросим дар соли 2025 дар вилояти Хатлон”
-
17.01.2026 11:37
268
Таҳлилу ҷамъбасти иҷрои қонунгузории нақлиёт дар Хатлон
-
12.11.2025 14:38
518
«Давлатхоҷа Довудӣ муҳаққиқи бузурги марзи Хатлон!»
-
24.09.2025 19:57
753
«Синои тоҷик - фарзанди башарият аст!»
-
24.09.2025 19:54
971
«Абуалӣ Ибни Сино ва худшиносии миллӣ!»
-
10.12.2025 16:56
393
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
708
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
677
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
1794
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1853
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
2800
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
1428
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
1409
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
2624
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
21.11.2025 11:56
605
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
662
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
661
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
27.04.2025 14:10
1264
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров
-
19.04.2025 15:59
1441
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
1245
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
07.10.2019 10:46
3810
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
3997
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
4436
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
06.01.2026 01:02
543
Ҷанги маводи мухаддир не, ҷанги нафту доллар аст!
-
28.08.2025 19:30
934
Вақте ҳамлу нақл боҳуштар мешавад: Ӯзбекистон ба сӯи пешрафти технологияҳои рақамӣ ҳаракат мекунад
-
16.08.2025 12:02
866
Русия ва ИМА ба барқарор кардани муносибатҳо шурӯъ карданд










































