Баҳси гарми хонандагони "Рӯзгор" дар мавзуъи фоҳишагиву зани дуюм
Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Мирзоватан Миров дар тамоси телефонӣ бо "Рӯзгор" хостори ибрози миннатдорӣ ба Сафири Тоҷикистон дар шаҳри Маскав Абдумаҷид Достиев ва мушовири сафир Мирзодавлат Одинаев шуд.
Ҳунарманди варзида чанде пеш ба мусибати сахт рӯ ба рӯ гардид. Домоди ӯ Темур Нарзуллоевро дар Маскав шахсони номаълум ба қатл расонданд. Ҳамсари Мирзоватан Миров барои овардани ҷасади домодашон ба Маскав рафт ва ҳунарманд мегӯяд Сафир ва мушовираш бо истифода ҳамаи имконоту воситаҳо ба интиқоли саривақтӣ ва бемамониати ҷасад мусоидат намуданд.
"Рӯзгор" низ ба ҳунарманди асил Мирзоватан Миров ба муносибати даргузашти фоҷеабори домодаш Темур Нарзуллоев изҳори ҳамдардии амиқ мекунад ва ба бозмондагони эшон аз даргоҳи Худованди қодиру тавоно сабри ҷамил хоҳон аст.
Номаҳо ва зангҳои телефонии ин ҳафтаина бештар атрофи як масъалаи басо дардовар-зани дуюм будан ва ё фоҳишагӣ кардан, ки дар мақолаи Амруллоҳи Низом матраҳ шуда буд, чарх мезаданд. Дида мешуд, ки ин масъала воқеъан ҳам ба як дарди ҷомеа табдил шудааст. Рӯзгори нобасомон, мушкилоти рӯзгор, набудани ҷойи кор ва ғайра боис шудааст, ки мардон бештар ба муҳоҷират раванд, бисёриҳо баъди рафтан хонаводаҳоро фаромӯш кунанд ва занону тифлонашонро ба кӯйи номуродӣ ва сад мушкил рӯ ба рӯ созанд. Аз сӯи дигар мушкилоти дохилӣ иддае аз духтаронро ба танфурӯшиву фоҳишагӣ водор кардаст. Кор ба ҷое расида, ки баъзе ниҳодҳо пешниҳоди ошкор кардани фоҳишагиро дар миён гузоштанд. Ин дар ҷомеаи суннатии мо хеле сангин аст ва гумон аст давлат аз ин пешниҳод пуштибонӣ кунад.
Инак, рӯ меорем ба баррасии номаҳои расида:
Фоҳишагӣ балост, зани дуюм будан низ мушкил аст
Гумон мекунам журналист Амруллоҳи Низом масъалаи доғеро матраҳ кардааст. Дар ҳақиқат ин суол шояд аслан посух пайдо накунад, ки фоҳишаҳои расмӣ беҳтаранд ва ё занҳои дуюм. Ба андешаи ман ҳам ину ҳам он як дарди сари ҷомеаанд.
Ҷомеи имрӯзаи тоҷик омодаи пазириши ҳарду ҳам нест. Зани дуюм мушкилоти иловагӣ болои мард дар шароити тоқатфарсои буҳрони молиявист. Фоҳишагӣ доғи ҷомеа ва густариши бемориҳои лоилоҷ. Бинед, тибқи омори ахриан интишорёфта дар Тоҷикистон зарфи як сол шумораи мубталоён ба инфексияи ВИЧ то кадом ҳад боло рафтааст ва як теъдоди ин афрод аз муҳоҷирати меҳнатӣ бо ВИЧ баргаштаанд. Ин аз чӣ ҳикоят мекунад? Аз он ки дар Русия ин муҳоҷир даст ба зино задааст ва бо он бори гуноҳ ба Ватан баргаштаву хонаводаи поки худро олуда кардааст.
Ман зидди расмӣ кардани фоҳишагарӣ ҳастам, чуноне баъзе ниҳодҳо инро тавсия медиҳад ва барои амалӣ гардидани он талош мекунанд. Ин фарҳанги бегонагон аст ва набояд дар мо роҳ ёбад.
Аслиддин Бобохонов, Душанбе
Худованд ин ҳуснро ба ман на барои танфурӯшиву зино додааст
Ман зани дуюмам. Гумон мекардам агар бо касе идивоҷ кунам, шояд мушкилотам роҳи ҳал пайдо мекунад. Вале дидам, ки мушкилам дучанд шуд. Аз шавҳари аввал ду ва аз шавҳари дуюм, ки зани никоҳии дуюмаш ҳастам, як фарзанд дорам. Вале ҳоло пушаймонам, ки кош ҳамин фарзанди сеюмро таваллуд намекардам.
Аслан шиква аз тақдир ва доди Худованд гуноҳи бузург аст. Вале он мард, ки ки бо ман ба болои зани аввалаш издивоҷ кард, тадриҷан вазифаи шаръии шавҳарии худро як сӯ гузошт. Имрӯз ба гуфтае ман боз бо ҳамон мушкилоти худ андармонам. Боз рӯз то шаб заҳмат мекашам, то акнун на ду, балки се тифлро хӯронаму пӯшонам. Шавҳар пеши ман замоне меояд, ки мехоҳад ком ситонад...
Акнун тасмим гирифтам худро аз чанголи ӯ низ бираҳонам ва танро ба тақдири Ҳақ супораму ба тарбияи фарзандон ҷидан машғул шавам. Ҳусну ҷамол дорам, вале Худованд ин ҳуснро ба ман на барои танфурӯшиву зино ва гуноҳ додааст. Ман иншооллоҳ бо ин роҳ нахоҳам рафт. Ман нафрат ба мардоне дорам, ки аз бечорагии занон ба нафъи нафси ҳароми худ истифода мекунанд. Кош даст медоштам, ки худ эшонро буғӣ мекардаму мекуштам.
М. Ваҳдат
Куҷост боимоне, ки заниmдуюмро азиз дорад?
Агар марди боимон бошад, зани дуввум будан албатта, хуб аст. Вале куҷоянд ин гуна мардон? Муллоҳо? Гумон намекунам, ки ҳамон муллои ду ва се зандошта вазифаи шаръии худро тибқи фармудаи Худову Расул (с) иҷро мекунад. Зеро ман шоҳидам ва бо чашмони худ дидам, ки мулло дугонаи маро зани дуввум карду баъд ғайб зад. Ҳоло ин дугона саргардон аст, ӯро намеёбад, ки талоқашро гираду боз издивоҷ кунад.
Албатта, ман бо ин ҳама аҳли динро гунаҳгор карданӣ нестам. Медонам, ки мулло Салим (номро худам дигар кардам) як ҳамсояи мо марди хеле тақводорест ва соҳиби молу мулки зиёд ҳам ҳаст. Вақте ба ӯ пешниҳод карданд барои савоб фалониро ба никоҳат даровар, зеро ту имкон дорӣ, посух дод, ки никоҳ кардан хеле осон, вале иҷрои вазифаи шаръӣ мушкил аст. Аз Худо метарсам. Ва Салим моҳе ду ё се бор ба он зан бо воситаи ҳамсараш кӯмак мекунад, вале издивоҷро аз тарси Худо қабул накард. Ҳафтае қабл он зан шавҳар кард ва ҳоло аз ҳамсоягии мо кӯч баст ба хонаи шавҳараш. Аммо зани дуввум, на балки занмурдаеро гирифт. Яъне, сабр карду бахт ёфт.
Нозанин, Ҳисор
Ман аз ночорӣ танфурӯшӣ мекунам
Ба ман тавсия доданд, ки "Рӯзгор" хонам ва бахусус мақолаи "Кадоме беҳтар: фоҳишаҳои расмӣ ё занҳои дуввум?"-ро. Хондам, ҳарчанд гоҳ гоҳ газета мехонам, ин бор аз маҷбурӣ хондам, ки дар ин бора чӣ менависанд. Мақола шояд аз дилсӯзӣ навишта шудааст, вале гумон мекунам журналист ба асли масъала ҳоло ҳам сарфаҳм нарафтаст.
Бахшиш мепурсам аз ҳама, вале ман яке аз ҳамон занҳои фоҳиша. Моро ҳама ҳақорат мекунанд, аммо касе намепурсад, ки чаро мо чунинем. Шахсан ман агар гапи рост гӯям, аз ҳамин фоҳишагии худ ҳич лаззат намебарам. Ман вақте тан мефурӯшам, ёду хотирам сӯи додаракони гуруснаам, онҳо чашм ба роҳи мананд. Як акаи маслуқ дар хона дорам, ду додару як хоҳари ноболиғ ва падари нобинову модари ҷанҷолӣ. Рости гапа мегум, чӣҷои пинҳон карданд. Хуб ина ман тан нафурӯхтам, пас кӣ бояд моро хӯронаду пӯшонад? Худкушӣ кунем? Охир худкушӣ гуноҳест, ки Худо намебахшад? Кӣ дасти моро мегирад? Амруллоҳи Низом, давлат? На ину на он.
Албатта, журналист хеле дилсӯзона гуфтааст, ки ин занҳо агар зани дуюму сеюм бошанд беҳтар аст. Дуруст аст. Зан будан, наҷот аз фоҳишагист. Вале агар шахсан ман зани касе шавам, вазифаи имрӯзаи маро он шавҳар иҷро мекунад? Вай ба зимма мегирам, ки хонаводаи бемолу мулки маро бо таом таъмин кунад? Ҳаргиз. Вай танҳо маро таъмин мекунад ва шояд ҳаминро ҳам накунад. Чун медонам, ки духтари холама як мансабдор гирифту ҳомиладор карду партофт. Ку ин хел марди боимон?
Ва боз мегӯям, ки фоҳишагии ману даҳҳо ман барин занону духтарон аз ночорист, на барои лаззат ёфтан, балки барои наҷот аз гуруснагиву нодорӣ. Ва агар мо давлате медоштем, ки моро бо ҷои кори хуб таъмин мекард, ин беҳтар аз фоҳишагиву зани дуввуму сеюм шудан буд.
С. Норак
Шеър бо тасвири зебо шеър аст
Мусоҳибаи шоири шинохта Гулназар Келдӣ аз он ҷиҳҳат бароям писанд омад, ки аз боби тасвирҳои шоирона дар шеър суҳбат мекард. Ман касеам, ки вақте шеър мехонам, аз тасвирҳои шоирона басо ба ваҷд меояд. Ҳоло 4 дафтари калоне дорам, ки ба истилоҳ шоҳбайтҳоро гирд меоварам ва дар саҳифаи Фейсбук ҳам танҳо ҳамин байтҳои нобро, ки дӯстон мегузоранд, барои худ ёддошт мекунам.
Дар ҳақиқат шеърхонӣ лаззати аҷиб дорад ва чун инсон байтеро мехонад, ки дархӯри кайфияти ӯст, ба ваҷд меояд ва онро зуд ёддошт мекунад, ки барои дигарон бихонад. Бинед, Низомии Ганҷавӣ саҳнаи ба гӯри Лайлӣ даровардани Маҷнуни дар фироқи маъшуқааш сӯхтаро чӣ гуна аҷиб ба риштаи тасвир кашидааст:
Паҳлугаҳи дахмаро кушоданд,
Дар паҳлуи Лайлияш ниҳоданд.
Шаҳро ба шаробхона бурданд,
Сармаст ба соқияш супурданд.
Чӣ тасвири шоирона ва чӣ лаззатбахшу таскиндиҳанда аст: "Шаҳро ба шароббхона бурданд, Сармаст ба соқиаш супурданд". Ва ин гуна мисраҳо дар достони "Лайливу Маҷнун" басо зиёданд. Ман тавсия медиҳам ба хонандагон, ки бештар шеър хонанд, зеро шеър ғизои маънавист ва лаззати беинтиҳост.
Масъуд Равшан, донишҷӯ
Адибро аз зиндагии шахсиаш ҳам бипурсед
Саҳифаи "Шеър дар "Рӯзгор"-ро хондам. Вақеъан хеле хуб шуд, ки билохира ҳафтанома ин саҳифаро ташкил кард. Ман суҳбати шоираи хуби мо Шарияро дар "Рӯзгор" хонда будам, ки аз беминбарии шеър шиква мекард ва гумон мекунам агар саҳифаи "Шеър дар "Рӯзгор" ҳамешагӣ бошад, кӯмаки хубе барои ҳам шоирону ҳам хонандагон мешавад. Хонанда бо ин васила аз ашъори тозаи адиб ошно мешавад ва адиб ҳам дар навбати худ бо хонандааш иртибот мегирад.
Аз ҳамин саҳифа донистам, ки хонум Махфират Юсуфӣ соҳиби чандин маҷмуъаи шеърӣ будааст. Вале номи китобҳояш бозгӯяндаи кадом дардест, ки шоираро гирифтор кардааст. Бинед: "Гаҳвораи ғам", "Дардҳои ниҳон", "Печутоби сарнавишт" ва ғайра. Мехостам "Рӯзгор" дар атрофи ин масъала бо Махфират суҳбат кунад. Умуман бо шоирону шоираҳо чаро наметавон дар бораи зиндагии шахсиашон, ҳоли хонаводаву тарбияи фарзандон суҳбат накард. Бо адиб суҳбат дар атрофи коргоҳи эҷодиаш кам аст, зиндагии хонаводаи аксари адибони мо шоистаи пайравӣ ба дигарон аст. Аксари онҳо хонаводаҳои намунавӣ доранд. Мехостем ин гуна суҳбатҳо дар "Рӯзгор" бихонем.
Моҳбегим Асалбекова, Вахш
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №7, 19 феврали соли 2014
-
25.10.2025 14:42
392
“Конститутсия ва Истиқлолият”
-
11.10.2025 12:56
455
Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
-
11.10.2025 12:48
444
Изҳороти матбуотӣ барои намояндагони васоити ахбори омма аз рӯйи натиҷаҳои музокирот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин
-
26.09.2025 12:42
327
«Мурофиаи судии Токио»
-
07.09.2025 20:36
373
«Шаҳрванд, сиёсатмадор, сарбоз»
-
08.05.2025 09:39
1101
Иди Ғалаба муборак, ҳамватанони азиз!
-
19.10.2025 11:34
397
Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест 2025»
-
19.10.2025 11:32
327
Иштирок дар Конфронси вазирони меҳнати кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ
-
19.10.2025 11:30
339
Муҳтавои санадҳои ҳамкории баимзорасида бо ҷониби Федератсияи Русия
-
16.10.2024 00:22
1532
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
14.10.2024 18:41
1467
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
2164
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
19.10.2025 11:37
396
Иштироки Вазири энергетика ва захираҳои об дар «Ҳафтаи энергетикии Русия”
-
12.10.2025 18:38
262
«Қонун зери назорат қарор дорад!»
-
12.10.2025 18:35
226
«Муроҷиатҳо зери назоратанд!»
-
24.09.2025 19:54
276
«Абуалӣ Ибни Сино ва худшиносии миллӣ!»
-
24.09.2025 19:51
367
«Забони мо ҷаҳони мо!»
-
21.09.2025 15:05
299
«Шоҳнома» — бузургтарин ҳамосаи миллӣ
-
25.09.2025 15:50
256
Ҳифзи меҳнат ва таъмини он
-
28.08.2025 19:19
399
Ташрифи ҳайати губернатории вилояти Томски Федератсияи Русия ба Тоҷикистон
-
18.05.2025 13:40
869
Вохӯрӣ бо роҳбарияти Хадамоти федералии меҳнат ва шуғли Русия
-
28.02.2025 13:34
1436
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1502
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
2402
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
1108
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
1077
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
2290
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
10.09.2025 16:47
318
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
10.09.2025 16:45
323
Истиқлол мубораку поянда бод, Tоҷикистони азиз!
-
10.09.2025 16:43
365
Истиқлол - ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик
-
27.04.2025 14:10
921
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров
-
19.04.2025 15:59
1091
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
916
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
07.10.2019 10:46
3436
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
3588
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
4059
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
16.08.2025 12:02
508
Русия ва ИМА ба барқарор кардани муносибатҳо шурӯъ карданд
-
07.08.2025 16:09
511
Русия ва ИМА дар мавриди мулоқоти Путин ва Трамп ба мувофиқа расиданд
-
20.07.2025 13:13
597
Аз вазъи мураккаби ҷаҳон то Ваҳдати тоҷикон










































