| ШАҲСУТУНИ ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН |
| Видео - Бе шарҳ | |||
| 13.05.2011 17:10 | |||
|
Шаҳсутуни парчами давлатии Тоҷикистон баландтарин дар ҷаҳон хоҳад буд
Дар қисмати поёнӣ диаметри ин шаҳсутун ё худ лӯлаҳо каме бештар аз чор метрро ташкил медиҳад. Дар нуқтаи баландтарини он бошад диаметри шаҳсутун аз як метр беш нест. Ба қуллаи ин шаҳсутун тавассути зинапояҳое, ки дар дохили лӯлаҳо кафшер шудаанд, баромадан мумкин аст. Парчамро бошад тавассути генератор ба нӯги шаҳсутун мебардоранд. Ба гуфтаи сохтмончиён парчами Тоҷикистон дар фарози ин шаҳсутун аз дилхоҳ нуқтаи шаҳр намоён хоҳад буд. арор аст расми ба истифода додани ин шаҳсутуни парчами давлатии Тоҷикистон дар рӯзҳои таҷлили 20-солагии Иди истиқлолияти давлатӣ дар аввалҳои сентябри соли ҷорӣ баргузор гардад. Хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» ба маҳали сохтмони ин иншооти ҷашнӣ рафта аз рафти бунёди ин шаҳсусутун бо усули чандрасонаӣ гузорише таҳия намудааст, ки инак он пешкаши муштариёни арҷманди сомонаи «Рӯзгор» мегардад.
«Рӯзгор»
|







Назарҳо
Mo Tojikon ob az labi honahomon meguzarad kanalizatsiya sokhtana nametonem in guna bayrak mesokhta budaem.
Nakhandoned!!!! !!!!!!!!!!!!!!! !!!!
RSS лентаи назарҳо.